КОНФЕРЕНСИЯҲО

ДАР СОЛҲОИ 2023-2024 ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА КАФЕДРАҲОИ ОН КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ЗЕРИН ГУЗАРОНИДА ШУД:

1.Дар факултети химия конференсияи ҷумҳуриявӣ илмию назариявии устодон ва кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)» ва «Бузургдошти Мавлоно Чалолиддини Балхӣ» баргузор карда шуд.

2.Дар пояи кафедраи химияи ғайриорганикӣ Конференсияи якуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Дурнамои рушди таҳқиқи химияи пайвастаҳои координатсионӣ ва истифодаи амалии онҳо” бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», гиромидошти хотираи профессор Баситова Саодат Мухаммедовна, 80-умин мавлуд ва 60-солагии фаъолияти илмӣ-педагогии доктори илмҳои химия, профессор Азизқулова Онаҷон Азизқуловна гузаронида шуд.

3.Дар пояи кафедраи химияи таҳлилӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: «Саҳми усулҳои замонавии таҳлил дар рушди илм ва истеҳсолот» бахшида ба «20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» баргузор гардид.

4.Дар пояи кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявӣ мизи гирди умумиҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди истихроҷ ва коркарди нафту газ дар Тоҷикистон», бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 75-солагии хотираи д.и.х., профессор Усмонов Раҳматҷон гузаронида шуд.

5.Дар пояи кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ Конференсияи VI илмии байналмилалӣ: «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ»,  бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф 2020-2040», 90- солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов,   гиромидошти  хотираи доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович  Юсуфов, 75- солагӣ ва 53 – солагии фаъолияти илмӣ –таълимии  доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон (15-16 майи соли 2024).

ДАР СОЛҲОИ 2021-2022 ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ ВА КАФЕДРАҲОИ ОН КОНФЕРЕНСИЯҲОИ ЗЕРИН ГУЗАРОНИДА ШУД:

1. Конференсияи якуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди таҳқиқи химияи пайвастҳои координатсионӣ ва истифодаи амалии онҳо», бахшида ба гиромидошти хотираи профессор Баситова Саодат Мухаммедовна, 80-умин мавлуд ва 60-солагии фаъолияти илмӣ-педагогии доктори илмҳои химия, профессор Азизқулова Онаҷон Азизқуловна (30-31 марти соли 2022);

2. Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «Солҳои рушди саноат (солҳои 2022-2026)» ва «Бузургдошти мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» (20-27 апрели соли 2022);

3. Мизи мудаввари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушди истихроҷ ва коркарди нафту газ дар Тоҷикистон», бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва 75-солагии хотираи доктори илмҳои химия, профессор Усманов Раҳматҷон (14 сентябри соли 2022);

4. Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Саҳми усулҳои замонавии таҳлил дар рушди илм ва истеҳсолот” бахшида ба 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) (5 октябри соли 2022);

5. Маҷмӯаи мақолаҳои конференсияи II байнал-милалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои муосири химия, татбиқ ва дурнамои онҳо”, бахшида ба 60-солагии кафедраи химияи ораганикӣ ва гиромидошти хотираи д.и.х., профессор Холиқов Ширинбек Холиқович 14-15 майи соли 2021

6. Конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар мувзӯи «Пайвастҳои комплексӣ ва ҷанбаҳои истифодабарии онҳо», бахшида ба «70-солагии хотираи узви вобастаи АИ ҶТ, д.и.х., профессор Аминҷонов Азимҷон Олимович» 20-21 октиябри соли 2021

7. Конференсияисеюми байналмилалии илмию амали дар мавзӯи «Рушди илми химия ва соҳаҳои истифодабарии он» бахшида ба 80-солагии гиромидошти хотираи д.и.х., узви вобастаи АМИТ, профессор Кимсанов Бӯрӣ 10 ноябр соли 2021

8. Конференсияи панҷуми байналмилалии илмию амалиро дар мавзӯи «Масъалаҳои кимиёи физикӣ ва координат-сионӣ», ки бахшида ба гиромидошти хотираи докторони илмҳои кимиё, профессорон Хомид Мухсинович Яқубов ва Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов 15-16 ноябр соли 2021

9. Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Заминаҳои рушд ва дурнамои илми химия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бахшида ба 60-солагии факултетихимия ва гиро-мидошти хотираи д.и.х., профессор, академики АИ ҶТ Нӯъмонов Ишонқул Усмонович12-14 сентябри 2020.