Кафедраи усули таълими химия

ТАЪРИХИ ТАШКИЛЁБИИ КАФЕДРАИ УСУЛИ ТАЪЛИМИ ХИМИЯ

Кафедраи усули таълими химия моҳи июли соли 1969 дар асоси кафедраи химияи ғайриорганикӣ таъсис дода шуд. Барои созмон додан ва мудирии кафедра аз Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон корманди институт н.и.х. Азизов Насрулло Азизович даъват карда шуда буд. Кафедраи навтаъсис иборат аз 5 воҳиди корӣ буд. Ба ғайр аз мудири кафедра дар он боз муаллимони калон Янушевская Э.Ф., Болдырева Л.В., ассистентҳо Абдуллоева О.А. ва Ҳомидов З.Ҳ. кор ва фаъолият мекарданд.

Баъдтар дар кафедраи навтаъсис лабораторияҳо, хонаи омӯзгорон ва хонаи нигоҳдории реактивҳо ва маводҳои таълимиро ташкил намуданд. Дар кафедра бо сарварии омӯзгорони варзида ба монанди Болдырева Людмила Васильевна (аз фанҳои технологияи химиявӣ, химияи ғайриорганикӣ), Лучникова Нелля Поликарповна (номзади илмҳои химия, аз фаннҳои таърихи химия ва экологияи химиявӣ), Кузнецова Нина Александровна (номзади илмҳои педагогика аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – усули таълими химия, фанҳои УТХ, муътадил ва самаранокгардонии раванди таълим, курсҳои махсуси УТХ), дотсент Ҳомидов Зариф Ҳомидович бо ихтисоси химик-технолог (аз фанҳои технологияи умумии химиявӣ, экологияи химиявӣ ва муҳофизати меҳнат ва фаъолияти бехатарии ҳаёт), Қобилов Нарзулло Қобилович номзади илмҳои химия (усули таълими химия, курсҳои махсуси УТХ), Егани Эффат Аббосовна (аз фанҳои технологияи химиявӣ, экологияи химиявӣ), Султонбеков Ғайрат (аз фанҳои технология, химияи ғайриорганикӣ) ва дигар кормандон самаранок фаъолияти педагогӣ мебурданд.

Инчунин муаллимони кафедра дар шуъбаи тайёрии донишгоҳ дарс гуфта, ҳамчунин дар гузаронидани олимпиадаҳои мактабӣ марбут ба химия фаъолона иштирок мекарданд. Онҳо дар пажуҳишгоҳҳои шаҳрӣ ва Марказии муаллимон тадрис мекарданд. Баъдтар ба кори кафедра устодон Лучникова Н.П., Егани Э.А., Қосимова С.И., Усмонова М.Х., Кузнецова Н.А. ва кормандони ёрирасон Тиллохонова М.М., Назирова Л.Ф., Татарова Е.В., Фролова Н. дар пешрафти назариявӣ ва амалии тайёр намудани кадрҳои педагогӣ саҳми худро гузоштанд. Кафедра дорои кабинет-озмоишгоҳ ва китобхона буда, инчунин бо маводи дидактикӣ ва василаҳои техникӣ муҷаҳҳаз аст.

Бояд гуфт, ки ин гуна омӯзиш танҳо дар се донишкадаи олии собиқ иттифоқи Шӯравӣ гузаронда мешуд. Декани факултети химия, доктори илмҳои химия Ёқубов Ҳамид Муҳсинович олими барҷастаи соҳаи химия ва роҳбари ботаҷриба ва умедбахш буд, ки ба ин гуна тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун замина гузошт. Ин барои республикаи куҳсор ва хоҷагии қишлоки Тоҷикистон махсусан муҳим буд. Ин усули тайёр кардани мутахассисони соҳаи химия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то ҳол амал мекунад.

Ба зиммаи омӯзгорони кафедраи усули таълими химия ва сарвари он Азизов Насрулло Азизович ташкил ва гузаронидани олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз химия, бурдани дарсҳои телевизионӣ дар студияи таълимии “Дониш”, гузаронидани дарсҳо ба муаллимони фанҳои химия ва биология дар донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузошта шуда буд.

Аъзоёни кафедра ин корҳоро бо маҳорати баланди методӣ, педагогӣ, илмӣ ва амалӣ иҷро менамуданд. Дарсҳои телевизиониро аз фанни химия дар давоми зиёда аз 10 (аз соли 1980-1990) сол дотсенти ин кафедра Қобилов Нарзулло ва шогирдонашон Холиқова Лутфия ва Бобоева Барфинисо ва дигарон бо маҳорати баланд ва шавқовару диққатҷалбкунанда мегузарониданд.

Бояд гуфт, ки дотсент Н. Қобилов курси такмили ихтисоси муаллимони кафедраи методикаи таълими химияи Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи В. А.И. Гертсени ш. Санкт-Петербурги Федератсияи Руссия бо роҳбарии профессорон Кузнетсова Н. Е. (дар Ленинград) ва Чернобелская Г.М. (дар Москва) гузаштааст. Донишҷӯён бо роҳбарии методистони номбурда дар кафедра корҳои рисолаи дипломии худро оид ба методикаи таълими химия пурмазмун ва босифат анҷом дода, аксари онҳо баҳои аъло гирифтаанд. Аксарияти онҳо унвони беҳтарин муаллимони химия ва омӯзгорони бошараф, кормандони шоистаи ҷумҳурӣ мебошанд.

Кафедра бо мактабҳои олии омӯзгории Санкт-петербург, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии педагогии ш. Тоболск иртиботи қавӣ дорад. Самти асосии омӯзиши илмӣ-методии кафедра марбут ба «Такмили таркиб ва усули тайёр кардани муаллимони химия» мебошад. Дар тӯли ин солҳо вазифаи мудири кафедраро инҳо иҷро кардаанд: н.и.х., дотсент Азизов Н.А. (сс.1969-1979); н.и.х., дотсент Лучникова Н.П. (сс.1979-1989), н.и.х. дотсент Қобилов Н.Қ. (сс.1989-1994). Аз соли 1994 то ноябри соли 2009 вазифаи мудирии кафедра ба ӯҳдаи н.и.х., дотсент Расулов С.А. буд.

Бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти №550-09 аз 09 ноябри соли 2009 кафедраи усули таълими химия ва кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо мутобиқи банди 100-и Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ бо мақсади амалӣ намудани қарори ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳ аз 30.09.2009 суратмаҷлиси №3 муттаҳид карда шуданд. Кафедраи навтаъсис номи кафедраи тахассусии «Химияи татбиқӣ» – ро гирифт ва вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д. гузошта шуд.

Дар кафедраи навтаъсис омӯзгорон ва кормандони зерин фаъолият карданд: мудири кафедра н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д., дотсентон: Расулов С.А., Рӯзиев Ҷ.Р., Қурбонова М.З., Акбарова М.М., муаллими калон: Раҷабова М.Н. ассистентон: Каримов Р.Қ., Тураев С.С., Рафиев Р.С., Ёрмамадова С.Г. мудири озмоишгоҳи таълимӣ: Абдурасулова Р.Т., кормандон: Қудратова С.Ҳ., Раҳимова М., Бойназарова Қ., Маликова Ф.А., Давлатмамадова М., Қурбонова Н. ва Достиев С.М.

Мутобиқи банди 118-и «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», банди 53-и «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва бо мақсади татбиқи қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 29–уми майи соли 2012, суратмаҷлиси №14 бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 14.09.2012 таҳти №269-09 кафедраи усули таълими химия аз нав барқарор ва мудири он н.и.х., дотсент Холиқова Л.Р. таъин карда шуд. Кафедраи усули таълими химия дар ҳайати 4-номзади илм, дотсент, 2–ассистент, 1-мудири озмоишгоҳи таълимӣ, 2–лаборант – ҷамъ 9 воҳиди корӣ фаъолият мекунад.

Соли 2016 бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 28.08.2016 таҳти №206-6 ба вазифаи мудирии кафедраи усули таълими химия н.и.х., дотсент Қурбонова М. З. таъин карда шуд.

Айни ҳол дар кафедраи усули таълими химия омӯзгорон ва кормандон: мудири кафедра н.и.х., дотсент Қурбонова М.З., дотсентон Холиқова Л.Р., Акбарова М.М., н.и.х., ассистент Назарова М.Т., н.и.п., муаллими калон Собиров Х.М. и ассистентон Каримов Р.Қ., Ёров М.Ё., мирзохонов Д.Ч., мудири озмоишгоҳи таълимӣ Абдурасулова Р.Т., лаборантон Ҷумъаева М.Б., Аловиддинова Ш.А. ва Холикова Н.М. бо корҳои илмию омӯзгорӣ машғуланд. Устодони кафедра дар зинаи бакалавриат, мутахассис ва магистрҳо (барои донишҷӯёни факултетҳои химия ва биология) аз фанҳои Усули таълими химия, Усулҳои ҳалли масъалаҳои химиявӣ, Мӯътадил ва самаранокгардонии раванди таълим, Экологияи химиявӣ, Тариқаҳои математикӣ дар равандҳои химиявӣ, Методология ва таърихи химия, Усулҳои физико-химиявӣ дар биотехнология ва ғайра дарс мегӯянд.

Дар муддати зиёда аз 50-сол аз тарафи устодони кафедра 75 – китоби дарсӣ зиёда ва дастурҳои методӣ ва васоити таълимӣ нашр карда шудааст.

Шогирдони кафедра дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳамчун омӯзгорони пурмаҳсул фаъолият доранд. Аксари онҳо дорои нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Хизмати шоиста» мебошанд. Устод Расулов С.А. яке аз методистони варзидаи кишвар ва берун аз он будандд, ки дар тайёр намудани барномаҳои қабули довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва калидӣ доранд. Соли 2007 бошад дотсент Қурбонова М.З. бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сазовор дониста шудааст.

Муаллимони кафедра ба монанди Қурбонова М.З. ва Холиқова Л.Р. дар шӯъбаи тайёрии донишгоҳ ва курсҳои такмили ихтисоси устодони донишгоҳҳо дарс мегуянд. Ҳамчунон устодони кафедра дар гузаронидани олимпиадаҳои фаннии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии хонандагони МТМУ ва литсейҳо марбут ба химия фаъолона иштирок мекунанд. Чандин солҳо барои ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои қабул ва олимпиадаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми устоди кафедра Расулов С.А. хело калон аст. Ҳар сола аз тарафи устод бештар аз 15 варианти китобчаҳои тестӣ аз фанни химия барои довталабагон тартиб дода мешавад.

Мудири кафедра Қурбонова М.З. низ котиби илмии Шӯрои экспертии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад.

Ҳамзамон устодони кафедра дар пажуҳишгоҳҳои шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва Марказии муаллимон дар курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони мактабҳои олӣ ва муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ дарс медиҳанд.

Дар пояи фаъолияти кафедра якчанд семинарҳои илмӣ – методӣ ва конференсияҳои ҷумҳуриявии илмию амалӣ гузаронида шудааст. Соли 2009 конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Мушкилоти муосири тадриси фанҳои химиявӣ дар мактабҳои олӣ ва миёна» ташкил ва гузаронида шудааст.

Дар конфронс устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (Исмаилова М.А., Икромӣ М.Б.), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (У. Зубайдов, Х. Бобиев), Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (С. Ҳакимхоҷаев) ва Муаллими шоистаи Тоҷикистон Н. А. Азизов. (аз ш. Исфара.) иштирок доштанд.

Ҳамчунин 11-12 октябри соли 2019 конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Истифодаи технологияи навин дар таълими фанҳои табиӣ дар МТМУ ва МТОК» ва «Навоварӣ дар таълими илмҳои табиӣ», бахшида ба 150 – солагии ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И. Менделеев (бо иштироки олимони хориҷӣ) баргузор гардид. Дар конференсия олимони варзида: Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ ва фармасевтӣ, профессор Бобизода Ғуломқодир Муккамал, д.и.п., профессори кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарипов Фаридун Файзуллаевич, н.и.х., дотсенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумруки Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистони вилояти Суғд Қобилов Нарзулло Қобилович, н.и.т., мутахассиси пешбар – коршиноси шуъбаи сӯзишворию энергетикӣ, химиявӣ ва технологии Вазорати саноат ва сиёсати инноватсионии шаҳри Уфаи ҷумҳурии Башқиристон Кимсанова Фирӯза Буриевна ва ҳамзамон олимон аз Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҶТ, Академияи илмҳои тибби ҶТ, Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ ва устодон Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмӣ иштирок намуданд. Қобили зикр аст, ки маводи конфронс аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Донишгоҳи Ню-Йорк), пажӯҳишгоҳҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Филиал ва утоқи методии кафедраи усули таълими химия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки устодон натиҷаҳои корҳои илмӣ ва методии худро дар онҷо татбиқ мекунанд. Ҳамчунон таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни ихтисоси 31050102 “Химик. Омӯзгор”-ро дар ҳамаи МТМУ – и шаҳри Душанбе , ноҳияҳои наздик ва дурри ҷумҳурӣ мегузаронанд.

Соли 2022 устодони кафедра Қурбонова М.З. ва Холиқова Л.Р. дар Институти такмили ихтисоси муаллимони ФР дар маркази такмили ихтисос ва маркетинги Институти химияи ба номи А.М. Бутлеров ва муассисаи таълимии федералии давлатии худмухтори таҳсилоти олии Донишгоҳи федералии Қазон (Приволжский) дар самти “Дидактикаи муосири химия (дар шакли таҷрибаомӯз)” аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Кафедра бо самти «Асосҳои назариявӣ-методологии навгардонӣ ва инкишофи дараҷаҳои гуногуни маълумоти илмҳои табиӣ (дар масоили муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон)» корҳои илмию таҳқиқотӣ мебарад.

Фаъолияти кафедра ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи усули таълими химия барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ, кормандони илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи химия, кормандони илмӣ-истеҳсолӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, кормандони ташкилӣ-идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, олӣ ва муассисаҳои истеҳсолӣ равона карда шудааст.

Кафедраи усули таълими химия яке аз кафедраи асосии факултети химия буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз рӯйи фанҳои ба кафедра вобасташуда машғулиятҳои таълимӣ – лексияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои лабораториро мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмин менамояд; ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ маслиҳат медиҳад, аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоии донишҷӯёнро дар шакли санҷиш ва имтиҳонҳо аз рӯйи натиҷаи аз худ намудани маводи таълимӣ таъмин менамояд, кори мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла вазифаҳои хонагӣ, кори курсии онҳоро ташкил ва мунтазам назорат мекунад, кори таълимию методиро, ки ба дараҷаи баланд гузаронда шудани раванди таълимро таъмин менамояд, ба ҷо меорад, дар байни донишҷӯён кори тарбиявӣ мебарад.

Фаъолияти илмию-тадқиқотӣ Самтҳои асосии корҳои илмӣ- тадқиқотӣ:

• Асосҳои назариявӣ-методологии навоварӣ ва такмили таълими илмҳои табиатшиносӣ дар зинаҳои гуногун (дар мисоли муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

• Коркарди шароитҳои дидактикӣ ва муайян намудани усулҳои муосири таълими фанни химия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Навгонӣ ва такмили раванди таълимӣ-тарбиявии таълими фанни химия мувофиқи талабот ва шароити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмии ҶТ.

• Таҳлили стандарти давлатӣ, барномаи таълими химия ва дар асоси онҳо тартиб додани нақша-конспектҳои такягоҳӣ

• Коркард ва интихоби корҳои лабораторӣ ва машғулиятҳои амалӣ аз фанни химия барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмӣ

• Омӯзиши роҳҳои баланд кардани салоҳиятнокии хонандагон аз фанни химия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмӣ

• Такмили воситаҳои айёнии таълими химия ва истифодаи онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умӯмӣ. Хусусиятҳои таҳсилоти химия дар мактабҳои ҶТ.

• Такмил ва истифодаи усулҳои гуногуни назорати дониши хонандагон аз фанни химия мувофиқи шароити муосир.

• Омӯзиши усулҳои гуногуни назорати таълими химия дар давлатҳои хориҷӣ (Россия, Казоқистон, Германия, Англия ва ғ.) ва муайян намудани мундариҷаи курси химияи онҳо

• Такмил ва истифодаи додани усулҳо ва воситаҳои назорати дониши хонандагон аз фанни химия бо усули тестӣ.

• Систематизатсияи мафҳумҳои умумӣ ва коркарди нишондодҳои методӣ доир ба назорати дониши хонандагон аз фанни химия.

• Тайёр ва нашри китобҳои дарсӣ оид ба бахшҳои гуногуни усули таълими химия (усулҳои таълими химияи ғайриорганикӣ, органикӣ биоорганикӣ, нанохимия, химияи фаъолияти ҳаёт, экологияи химиявӣ, технология ва воситаҳои таълими химия, методология ва таърихи химия ва ғ.).

• Омӯзиши хосиятҳои физикию химиявии хӯлаи алюминий бо металлҳои ишқорӣ, ишқорзаминӣ ва интиқолӣ.

• Синтез ва омӯзиши пайвастагиҳои координатсионии мис(II), руҳ бо ҳосилаҳои 1,3,4-тиадиазол ва парааминобензосульфамид.

• Синтез ва табдилоти ҳосилаҳои нави 1,3-диоксоланҳо, ки боқимондаҳои фурфуралӣ доранд.

Фаъолияти таълимӣ:

Кафедра тахассусӣ буда, аз рӯйи ихтисоси «Химик. Омӯзгори химия” мутахассис омода мекунад. Дараҷаи касбӣ – бакалавр -химик, магистр химик.

Таълими фанҳои химиявӣ ба донишҷӯён бо аз рӯйи принсипи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва илмию истеҳсолӣ барои эҳтиёҷоти фаъолияти амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи усули таълими химия дар муассисаҳои таълимӣ асос ёфта, маҳз бо ҳамин мақсад курсҳои нави таълимӣ пайваста таҷдид ва амалӣ карда мешаванд. Азхудкунии фанҳои химиявии ихтисос аз ҷониби донишҷӯён бо роҳи аз тарафи кафедра таъмин намудани сикли фанҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

Бакалавриат (шуъбаи рӯзона ва шакли таҳсилоти фосилавӣ) Фанҳои умумикасбӣ:

1. Усули таълими химия; 2.

Усули ҳалли масъалаҳои химиявӣ.

Фанҳои интихобӣ:

1. Технология ва воситаҳои таълим

2. Асосҳои химияи мактабӣ

3. Экологияи химиявӣ

Магистратура (шуъбаи рӯзона) самти «Химик. Омӯзгори химия» Фанҳои умумӣ:

1. Методология ва таърихи химия

2. Тариқаҳои математикии равандҳои химиявӣ

Докторантура PhD самти «Химик. Омӯзгори химия»

1. Методологияи таҳқиқотҳои илмӣ

2. Истифодаи воситаҳои техникӣ дар таълими химия

3. Назария ва методикаи таълими химияи умумӣ

4. Методология ва таълими химия

5. Муътадил ва самаранокгардонии раванди таълими химия

6. Методҳои ҳалли масъалаҳои ҳисобӣ

7. Ташкил ва гузаронидани корҳои беруназсинфӣ.

Марказҳо, кабинетҳо, лабораторияҳо:

Кафедра дорои лабораторияҳои таълимию илмӣ, ҳуҷраи маводтайёркунӣ, инчунин аудиторияи дорои технологияи инноватсионии омӯзиши маърифатӣ: видеолексияҳо, слайдҳо, конфронсҳои видеоӣ, тестгузаронӣ барои таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо намудҳои муосири таъмини программавӣ ва захираҳои электронӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим мебошад.

Докторантура:

Дар кафедра кор бо унвонҷуён аз рӯйи ихтисоси ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия) ва 02.00.04 «Химияи физикӣ» ва докторантони PhD аз рӯйи ихтисоси 6D01120 «Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия)» бурда мешавад.

Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:

1. Ҳимояи рисолаи номзадии Собиров Хушанг Мардонович дар мавзӯи «Муносибати салоҳиятноки таълими химия дар синфи 11-уми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон». Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-044 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 121 аз 28 октябри соли 2021 аз рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

2. Ҳимояи рисолаи номзадии Назарова Меҳрубон Толибҷоновна дар мавзӯи «Хосиятҳои физикӣ ва химиявии хӯлаи алюминийи АБ1 бо литий, натрий ва калий». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,17, аз 10 июни соли 2021 аз рӯй ихтисоси 02.00.04 – Химияи физикӣ.

3. Ҳимояи рисолаи номзадии Ёров Муродбег Ёрович ассистенти кафедра дар мавзӯи «Синтез ва табдилоти ҳосилаҳои нави 1,3-диоксоланҳои дорои бақияи фурфурол». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-010 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,17, аз 02 марти соли 2023 аз рӯй ихтисоси 02.00.03-Химияи органикӣ.

4. Каримов Раҳматулло Қудратович ассистенти кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии профессор Яқубов Ҳ.М. ва рушди химияи координатсионӣ дар Тоҷикистон». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-046 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав. (735140, ш. Бохтар кучаи Айнӣ, 67. Мӯҳлати ҳимоя соли 2023 рӯй ихтисоси 07.00.10 –Таърихи илм ва техника (таърихи химия)

5. Абдурасулова Рухшона Тошмуродовна унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Асосҳои методии баланд бардоштани фаъолияти эҷодии хонандагон дар дарси химия тавассути таълими проблемавӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2023 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

6. Қурбонова Муқадас Завайдовна мудири кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Хосиятхои физикию химиявии хӯлаҳои алюминий-бериллий АБ1 бо металҳои ишқорӣ, ишқорзаминӣ, титан, ванадий ва ниобий» Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2024 рӯй ихтисоси 02.00.04-Химияи физикӣ

7. Холиқова Лутфия Розиқовна докторанти кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Системаи методии ташаккули малакаи универсалии хонандагон дар дарсҳои химия тавассути рафтори салоҳиятнокӣ» Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2025 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

8. Акбарова Мунира Мухитдиновна докторанти кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Асосҳои методии таълими интерактивии фанҳои химия ҳамчун воситаи ташаккули салоҳиятҳои асосии донишҷӯён» Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2025 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

9. Рустамов Мансур унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Асосхои методии ташаккули фаъолияти эчодии муаллимони ояндаи химия бо ёрии ҳамкории педагогӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2025 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

10. Бобоев Кукандбой унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Усулҳои истифодаи захираҳои электронии таълимӣ дар таълими химия барои рушди мустақилияти маърифатии шунавандагони шӯъбаҳои тайёрии донишгоҳҳо». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2024 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

11. Низомов Муҳибулло докторанти PhD-и кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Асосҳои методии инкишофи фикрронии хонандагон дар дарси химия бо воситаи технологияи иттилоотию комуникатсионӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2024 рӯй ихтисоси 6D011200 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

12. Одинаев Самандар Анварович унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Усулҳои ташкил ва гузаронидани корҳои амалӣ аз фанни химия дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2026 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

13. Атахонова Хакима Рашидхоновна унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Муносибатҳои методӣ ба рушди салоҳияти методии омӯзгорони фанҳои табиатшиносии мактабҳои таҳсилоти умумӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2026 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

14. Аловдинова Шахло Абрудиновна унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Ташаккул ва тараққиёти химия ҳамчун фанни таълимӣ дар системаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2026 рӯй ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия).

Ҳамкории байналмилалӣ:

Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра дар натиҷаи ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотии шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ – гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ «Химияи татбиқӣ ва экология» дар ҳамкорӣ бо Институти химияи АИ ҶТ ба номи В.И. Никитин, Институти илмӣ-тадқиқотии назди ДМТ, Пажуҳишгоҳи рушди Маориф, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикситон ба номи академик М.С. Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикситон ба номи Ш. Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикситон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н. Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии Қазон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Воронеж, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Красноярск ба номи В.П. Астафьева сурат мегирад.

ҚУРБОНОВА МУҚАДАС ЗАВАЙДОВНА

Вазифа: мудири кафедра

Унвони илмӣ: дотсент

Дараҷљаи илмӣ: номзади илми химия

Тамос: +992985154233

E-mail: mukadas_qi75@mail.ru

Маълумоти асосӣ: Химик. Омӯзгор.

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ. Рисола дар Шӯрои диссертатсионии D047.003.01 дар Институти химияи АУҶТ ба номи В.И. Никитини Ҷумњурии Тоҷикистон дифоъ шудааст.

Унвони илмӣ: дотсент

Фанҳои таълимӣ: Методикаи таълими химия, Технология ва воситаҳои таълими химия, Экологияи химиявӣ, Мӯътадил ва самаранокгардании раванди таълим ва Химияи умумӣ (Самти таълим: 1-31050102-Химия);

Маълумот дар бораи такмили ихтисос:

1. Институти такмили ихтисоси муаллимони ФР дар маркази такмили ихтисос ва маркетинги Институти химияи ба номи А.М. Бутлерова ва муассисаи таълимии федералии давлатии худмухтори таҳсилоти олииДонишгоҳи федералии Қазон (Приволжский) дар самтиДидактикаи муосири химия (дар шакли таљрибаомўз)”, 2022с.

2. Институти такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣхимия» (2020с.)

Собиқаи умумии корӣ: 27 сол.

Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 26 сол.

Самтҳои илмӣ: Хосиятҳои физикӣ ва химиявии хӯлаи алюминийи Al-Be1 бо металлҳои ишќорї, ишќорзаминї, титан, ванадий ва ниобий ва усулҳои таълими химия.

Муҳимтарин нашрияҳо (дар 5 соли охир):

  1. Курбонова М.З., Меликов Б.Х., Абдурасулова Р.Т., Бобоев К.Т., Холикова Л.Р. Использование активных методов обучения химии для развития личности учащихся // Педагогический журнал. Москва.: Ногинск. -2021. -Т.11. -№5-1А., -С. 148-154.
  2. Курбонова М.З., Кобилов Н.Ќ., Рустамов М. Ѓ., АбдурасуловаР.Т. Роль темы «Молекулы и атомы» в формировании научно-диалектического мировоззрения учащихся // Вестник таджикского национального университета (серия гуманитарных наук). -№5.-2021, -С. 240-245
  3. Курбонова М.З., Рустамов М.Г., Холикова Л.Р., Абдурасулова Р.Т. Творческие активности учащихся при использовании технологии проблемного обучения в процессе изучения химии// Materials of the Scientific Collection «InterConf», (48): with the Proceedings of the 8th International Scientific and Practical Conference «Challenges in Science of Nowadays» (April 4-5, 2021). Washington, USA.- 2021. -Р.300-307 
  4. Ганиев И.Н., Рахимова Н.О., Курбонова М.З., Давлатзода Ф.С., Якубов У.Ш. Влияние добавки титана на коррозионно-электрохимические свойства алюминиевого сплава AБ1 // Журнал неорганические материалы.:Москва.-Т.58,-№8. -2022. -С.924–928 (Scopus).
  5. Ganieva I.N., Rakhimova N.O., Kurbonova M.Z., Davlatzoda F. S., and U. Sh. Yakubova Effect of Titanium Additions on the Corrosion and Electrochemical Properties of Aluminum Alloy AB1// ISSN 0020-1685, Inorganic Materials. -V.58, №8. -Р.893–897. © Pleiades Publishing, Ltd., -2022. (Scopus).
  6. Курбонова М.З., Ганиев И.Н.,Рахимова Н.О., Назарова М.Т. Влияние титана, ванадия и ниобия на микроструктуру и механические свойства алюминиевого сплава AБ1 // Вестник ТНУ. Серия естественных наук. – 2020. -№1. -С.187-195.
  7. Курбонова М.З., Рахимова Н.О., Эмомов И.А., Ганиев И.Н. Электрохимическое поведения алюминиевых сплавов AБ1 с барием // Вестник педагогического университета (Издание Таджикского государственного педагогического университета имени С. Айни), Серия естественных наук.-№ 1(10-11).- 2021. С.184-191
  8. Ганиев И.Н., Назарова М.Т., Якубов У. Ш., Сафаров А. Г., Курбонова М.З.Влияние лития на удельную теплоемкость и изменений термодинамических функций алюминиевого сплава АБ1// Теплофизика высоких температур. -2020. -Т.58. -№1. – С.55-60 (Scopus)
  9. Ganieva I.N., Nazarova M. T., Yakubova U. Sh., Safarov A. G., Kurbonova M. Z. Influence of Lithium on Specific Heat Capacity and Changesinthe Thermodynamic Functions of Aluminum Alloy AB1//High Temperature.- 2020.Vol. 58.-№1, -РР. 58–63(Scopus).
  10. Ганиев И.Н., Якубов У.Ш., Назарова М.Т., Курбонова М.З. Влияние добавок калия на температурную зависимость теплоемкости и изменений термодинамических функций алюминиевого сплава АБ1 //Вестник Казанского государственного технического университета им. А.Н. Туполева.- 2019. Т.75.- №4. -С.16-22.
  11. Ганиев И.Н., Назарова М.Т., Курбонова М.З., Якубов У.Ш. Влияния натрия на удельную теплоемкость и изменений термодинамических функций алюминиевого сплава АБ1 // Известия СПбГТиД (Технический университет). -2019. -№51(77). -С.25-30.
  12. Курбонова М.З., Ганиев И.НРахимова Н.О., Назарова М.Т. Влияние титана, ванадия и необия на микроструктуру и механические свойства алюминиевого сплава АБ1 // Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. – 2020. -№1. -С.187-195.
  13. Ганиев И.Н. Малый патент Республики Таджикистан № ТJ 1002. от 01.03.2019г. «Сплав на основе алюминия с бериллием» / Ганиев И.Н., Одиназода Х.О., Сафаров А.М., Исмонов Р.Д., Ганиева Н.И., Азимов Х.Х., Назарова М.Т., Курбонова М.З.//№1801241; заявл. 01.03.2019г., опубл. 14.06.2019.
  14. Курбонова М.З. Малый патент Республики Таджикистан №TJ1123 от 13.04.2020 г. Алюминиевый сплав с бериллием» / Курбонова М.З., Ганиев И.Н., Рахимова Н.О., Назарова М.Т. // №1801241; заявл. 01.03.2019г., опубл. 13.04.2020.
  15. Ганиев И.Н. Малый патент Республики Таджикистан № ТJ 2201633. от 04.02.2022г. «Сплав алюминия и бериллия» / Ганиев И.Н., Сафаров А.М., Қурбонова М.З., Эмомов И.А., Исмонов Р.Д., Яқубов У.Ш., Рахимова Н.О., Абуали Элмурод //№1801241; заявл. 01.03.2019г., опубл. 14.06.2019.