Мудири кафедра:
доктори илмҳои техникӣ, дотсент
Самиҳов Шонаврӯз Раҳимович
Бо фармоиши ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 4-уми сентябри соли 2020 таҳти № 395-6 дар сохтори факултети химияи донишгоҳ тағйирот ворид карда шуд. Тибқи фармоиши мазкур дар заминаи кафедраи «Пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ»-и факултет (соли таъсис 1992) кафедраи «Технологияи истеҳсолоти химиявӣ» таъсис дода шуд. Зарурияти таъсис додани кафедраи номбурда дар он буд, ки дар баробари ихтисоси 48010300-технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонии кафедра боз ихтисоси 48010100-технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот аз кафедраи химияи ғайриорганикӣ ба кафедраи зикршуда гузаронида шуд. Ҳарду ихтисос аз рӯи таснифоти давлатӣ касби «Муҳандис-химик-технолог» мегирад.
Ҳоло кафедраи “Технологияи истеҳсолоти химиявӣ” дорои базаи васеи таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ буда, дар он 9 нафар устодон: мудири кафедра, д.и.т., профессор Самиҳов Ш.Р., д.и.х., профессор Каримзода М.Б., н.и.т., дотсент Раҷабов Ш.Х., н.и.х., муаллими калон Шоедарова З.А. н.и.х., муаллими калон н.и.х., Давлатова Х.С., ассистентон: Ҳомидова Ф.Р., Рӯзиев Б.Т., Солеҳова Г.Н. ва Гулов А.А. кору фаъолият намуда дар баробари ин 5 нафар кормандони ёрирасон: мудири озмоишгоҳи таълимӣ – Фарҳоди Идибек, муҳандис Субҳониддини Юсуп, лаборантон: Маҳмуродова Ф.Г., Раҷабова Н.А. ва Рӯзиева Н. фаъолият доранд.
Самти илмӣ-таҳқиқотии кафедра дар аввал марбут ба коркарди усулҳои синтез ва омӯзиши хосиятҳои муфиди глитсерин ва ҳосилаҳои гуногуни функсионалии он буд. Аз ҷониби устодони кафедра бори аввал синтези ҳосилаҳои нави глисерини дорои бақияи аминокислотаҳо, дипептидҳо ва фуллерен (С60) гузаронида шудааст, ки ин як самти нав дар химияи глитсерин маҳсуб меёбад. Дар асоси корҳои илмию таҳқиқотии гузаронида шуда беш аз 25 шаҳодатномаҳои муаллифи ба даст оварда шудааст, ки татбиқи онҳо метавонанд боиси дарёфти маводи нави муассир барои зироатҳои хоҷагии қишлоқ бошад ва барои дигар ҷиҳатҳои нигоҳдорӣ ва парвариши растанӣ истифода шавад.
Кафедра дорои 5 озмоишгоҳи таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ буда, раванди таълиму тарбия ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ҳайати профессорону омӯзгорони кафедра айни ҳол дар мавзӯи «Таҳқиқоти асосӣ ои технологияи коркарди ашёҳои табиӣ ва маҳсулотҳои нафтии Тоҷикистон» корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда, барои тайёр намудани мутахассисони ҷавони соҳаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ пайваста кӯшиш карда истодаанд.
Айни замон, устодон дар яке аз самтҳои ояндадори коркарди ангишт оид ба истеҳсоли гази генератории сӯзанда (синтез газ) бо роҳи газификатсияи он машғуланд. Аз ҷониби онҳо омӯзиши газификатсияи ангиштҳои Тоҷикистон на танҳо дар шароитҳои озмоишгоҳӣ, инчунин истеҳсоли гази генераторӣ дар сатҳи саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Устоди кафедра д.и.т., профессор Самиҳов Ш.Р. тибқи мавзӯи илмии кафедра як силсила корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба коркарди канданиҳои фоиданоки маъдании Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ бурда истодааст.
Бо роҳбарии ӯ дар дастгоҳи нимсаноатӣ, ки иқтидораш ба 60 кг/соат баробар аст, маъдани фосфордори кони Риват аз озмоиш гузаронида шудааст.
Аз ҷониби профессорон: Каримзода М.Б. ва Самиҳов Ш.Р. 4-монография ва 10-патент ба даст оварда, натиҷаи баъзеи онҳо дар истеҳсолот ва ҷараёни таълим ворид гаштаанд.
Дар кафедра маҳфили илмии “Технологҳои ҷавон” фаъолият мекунад, ки ба кори он донишҷӯён ҷалб карда шудааст, ки дар он асосан донишҷӯёни курсҳои 3-юм ва 4-уми ихтисосҳои 48010300 – технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ ва ихтисоси 48010100 – технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот шомил мебошанд.
Устодони кафедра дар самти таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, тарҷумаи китобҳо аз забони русӣ ба забони давлатӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос фаъолияти пурмаҳсул менамоянд. Аз ҷониби устодони кафедра 8 китоби дарсӣ ва зиёда аз 25 дастури таълимию методӣ навишта шудааст, ки донишҷӯён дар раванди таълим аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Корҳои тарбиявӣ қисми таркибӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи таълим маҳсуб мешавад. Устодони кафедра дар татбиқ намудани сиёсати давлат оид ба амалӣ гардонидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати донишгоҳ ва Садорати факултет баҳри боло рафтани ҳисси инсондӯстӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар байни донишҷӯён корҳои доимӣ мебаранд.
Фаъолияти илмӣ-таълимии кафедра дар ҳамкории зич бо донишгоҳҳо ва Институтҳои дохилӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла кафедра бо Институти химияи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ), Донишгоҳи техникии Тоҷикистони ба номи М.С. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ, Муассисаи илмии давлатии «ПИТ илмӣ-саноатӣ»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ, инчунин бо Институти масъалаҳои комплекси истифодабарии сарватҳои Академияи илмҳои Руссия (ИПКОН РАН), Донишгоҳи давлатии ба номи А.Навоии ш. Самарқанд, Институти нафту химияи ш. Уфаи-и Федератсияи Руссия, Донишгоҳи техникии Самараи Федератсияи Руссия, Маркази таҳқиқоти илмии Институти иктишофи геологӣ, металлҳои ранга ва нодири Русия (ФГУП ЦНИГРИ), Филиали Донишгоҳи давлатии Москваи ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотӣ-технологии Русия (МИСиС) дар ш. Душанбе ва якқатор корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои илмии судманд дорад.
Хатмкунандагони кафедра дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар заводи химиявии Ёвон, заводи нуриҳои азотии Вахш, заводи алюминии Тоҷикистон, корхонаи муштараки «Зарафшон», корхонаи муштараки «Пакрут», комбинати маъдантозакунии Анзоб, заводи гидрометаллургии Исфара, заводи машруботи Душанбе ва ғайра Институтҳо, Донишгоҳҳо ва Мактабҳои миёнаи махсуси ҷумҳурӣ софдилона фаъолият мекунанд.
Имрӯзҳо кормандон ва устодони кафедра дар авҷи фаъолияти илмию омӯзгорӣ қарор доранд. Қобили тазаккур аст, ки хизматҳои шоистати бисёре аз кормандони кафедра бо Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва чандин ордену медалҳои соҳавӣ ва давлатӣ қадр карда шудааст.