Таърихи таъсиси кафедра
Кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон яке аз кафедраҳои асосии факултети химия буда, соли 1961 таъсис ёфтааст ва то имрӯз барои омода намудани мутахасисони соҳибкасб дар соҳаи химияи органикӣ, корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ, устодони муассисаҳои олӣ ва миёнаи махсус фаъолияти пурсамар намуда истодааст.
Кафедраи химияи органикӣ, кафедраи баззавӣ ва аввалин кафедраи мустақил дар факултет ба ҳисоб меравад, ки бо ҳамин ном ташкил ёфта, то ҳол фаъолият намуда истодааст. Яке аз сабабҳои асосӣ барои ташкил намудани кафедра вуҷуд доштани мутахассисони баландихтисос вобаста ба самти мазкур дар факултет баҳисоб мерафт.
Фаъолияти кафедраи химияи органикӣ ба таъмини раванди таълим аз рӯйи фанҳо ва мавзӯъҳои махсус дар факултети химия ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи мавҷудият кафедраро устодони зерин роҳбарӣ намуданд: н.и.х., дотсент Нӯъмонов Эшонқул Усмонович (1961 – 1965); н.и.х., дотсент Зегелман Александр Борисович (1965 – 1976); н.и.х., дотсент Юсупов Тилло Юсупович (1976 – 1987); н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Холиқов Ширинбек Холиқович (1987 – 2009); н.и.х., дотсент Қодиров Мурод Зокирович (2009 – 2017); -н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Раҷабов Сироҷиддин Икромович (2017 -2021); н.и.х., дотсент Қодиров Мурод Зокирович (2021 то имрӯз).
Фаъолияти кафедра ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи химияи органикӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ, кормандони илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи химия, кормандони илмӣ-истеҳсолӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, кормандони ташкилӣ-идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, олӣ ва муассисаҳои истеҳсолӣ равона карда шудааст.
Кафедраи химияи органикӣ кафедраи асосии факултети химия буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз рӯйи фанҳои ба кафедра вобасташуда машғулиятҳои таълимӣ – лексияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои лабораториро мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмин менамояд; ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ маслиҳат медиҳад, аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоии донишҷӯёнро дар шакли санҷиш ва имтиҳонҳо аз рӯйи натиҷаи аз худ намудани маводи таълимӣ таъмин менамояд, кори мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла вазифаҳои хонагӣ, кори курсии онҳоро ташкил ва мунтазам назорат мекунад, кори таълимию методиро, ки ба дарачаи баланд гузаронда шудани раванди таълимро таъмин менамояд, ба ҷо меорад, дар байни талабагон кори тарбиявӣ мебарад.
Фаъолияти илмию-тадқиқотӣ
Самтҳои асосии корҳои илмӣ- тадқиқотӣ:
• Синтез ва таҳқиқи хосиятҳои ҳосилаҳои кислотаҳои карбонӣ, аминокислотаҳо, пептидҳо, кислотаи атсетилсалитсилат, пайвастаҳои гетеросиклӣ ва стероидҳо. Ҷустуҷӯ ва коркарди усулҳои нави синтез ва истифодаи онҳо дар тиб. • Экстраксияи компонентҳои органикӣ аз таркиби растаниҳои табобатӣ. Омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявӣ ва биологии компонентҳои ҷудокардашуда ва татбиқи амалии онҳо.
• Тайёр ва нашри китобҳои дарсӣ оид ба бахшҳои гуногуни химияи органикӣ (химияи биоорганикӣ, нанохимия, химияи пайвастаҳои табиӣ, химияи аминокислотаҳо, пептидҳо ва сафедаҳо, таҳлили пайвастаҳои органикӣ, пайвастаҳои гетеросиклӣ, фуллеренҳо, усулҳои хроматографии таҳқиқи таркиби маҳсулоти растанӣ ва экстрактҳо).
• Ҳосилкунӣ ва омӯзиши композитсияҳо дар асоси аминокислотаҳои алифатӣ, ароматӣ, гетеросиклӣ ва пайвастаҳои координатсионии онҳо бо растаниҳои доруворӣ.
• Ҳосилкунӣ ва омӯзиши хосиятҳои фармакологии композитсияҳои изолейцин, триптофан ва ҳосилаҳои кислотаи атсетилсалитсилат бо растаниҳои доруворӣ ва фуллурен С60
• Ҳосил намудан ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявии композитҳо дар асоси дипептидҳои триптофандор бо растаниҳои ангат, решаи тиллоӣ ва экстракти пудинаи боғӣ
• Фармакологические свойства координационных соединений серебра и меди с триптофаном и изолейцином.
• Хосиятҳои фармакологии пайвастаҳои координатсионии нуқра ва мис бо триптофан ва изолейсин.
• Таҳқиқ намудани реаксияҳои муовизаи изогипсии нуклеофилии атоми хлор дар ҳосилаҳои глитсерин: аз ҷумла, дар α-монохлоргидрини глитсерин ва α,γ-дихлоргидрини глитсерин, инчунин кушодани ҳалқаи оксирании эпихлоргидрин зери таъсири гурӯҳҳои амалкунандаи карбоксилӣ ва аминии аминокислотаҳо ва пептидҳо;
• Ҷустуҷӯи соҳаҳои истифодаи амалии ҳосилаҳои нави алифатӣ, ароматӣ ва гетеросиклии синтезкардашудаи глитсерин барои ба вуҷуд овардани маводи нави биологӣ, танзимкунандаҳои сабзиши растаниҳо, экстрагентҳо, лигандҳо барои раванди маҷмӯи хосиятҳои химиявие, ки ба вуҷуд меоянд ва реактивҳои химиявӣ;
• Коркарди роҳҳои беҳтари синтези ҳосилаҳои нави эпихлоргидрин, α-монохлоргидрини глитсерин ва α, γ-дихлоргидрини глитсерин; ошкор намудани хусусиятҳои мусбии онҳо, муқаррар намудани вобастагии таркиби химиявӣ ва фаъолнокии биологӣ;
• Омӯзиши қонуниятҳои таҷзияи ҳосилаҳои эпихлоргидрин, α-монохлоргидрини глитсерин ва α, γ-дихлоргидрини глитсерин дар зери зарбаи электронӣ ва тасдиқ намудани сохт, таркиб ва тозагии ин моддаҳо бо ёрии спектрҳои ИС, Масс, РМЯ, хроматографияи тунукабат ва ХГМ;
Фаъолияти таълимӣ:
Кафедра тахассусӣ буда, аз рӯйи ихтисоси «Химик. Омӯзгори химия” мутахассис омода мекунад. Дараҷаи касбӣ – бакалавр -химик, магистр химик.
Таълими фанҳои химиявӣ ба донишҷӯён бо аз рӯйи принсипи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва илмию истеҳсолӣ барои эҳтиёҷоти фаъолияти амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи химияи органикӣ асос ёфта, маҳз бо ҳамин мақсад курсҳои нави таълимӣ пайваста таҷдид ва амалӣ карда мешаванд. Азхудкунии фанҳои химиявии ихтисос аз ҷониби донишҷӯён бо роҳи аз тарафи кафедра таъмин намудани сикли фанҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:
Бакалавриат (шуъбаи рӯзона ва шакли таҳсилоти фосилавӣ) Фанҳои умумикасбӣ: 1. Химияи органикӣ; 2. Химияи пайвастаҳои калонмолекулӣ. Фанҳои тахассусӣ:
1. Химияи пайвастаҳои табиӣ;
2. Асосҳои назарияи химияи органикӣ;
3. Химияи аминокислотаҳо, пептидҳо ва сафедаҳо;
4. Таҳлили пайвастаҳои органикӣ;
5. Химияи гереросиклҳо.
Фанҳои интихобӣ:
1. Химияи биоорганикӣ;
2. Химияи ангишт.
Магистратура (шуъбаи рӯзона) самти «Химик. Омӯзгори химия» Фанҳои умумӣ:
1. Усулҳои муосири синтези моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол;
2. Равандҳои химияи органикӣ;
3. Назарияи кислотанокӣ ва асонокии пайвастаҳои органикӣ.
Докторантура PhD самти «Химик. Омӯзгори химия»
1. Методологияи таҳқиқот;
2. Химияи органикӣ ва асосҳои биохимия;
3. Асосҳои биотехнология;
4. Химияи аминокислотаҳо ва пептидҳо;
5. Химияи ангишт;
6. Химияи фуллурен.
Марказҳо, кабинетҳо, лабораторияҳо:
Кафедра дорои лабораторияҳои таълимию илмӣ, ҳуҷраи маводтайёркунӣ, инчунин аудиторияи дорои технологияи инноватсионии омӯзиши маърифатӣ: видеолексияҳо, слайдҳо, конфронсҳои видеоӣ, тестгузаронӣ барои таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо намудҳои муосири таъмини программавӣ ва захираҳои электронӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим.
Докторантура: Дар кафедра кор бо унвонҷуёён аз рӯйи ихтисоси 02.00.03 «Химияи органикӣ» ва докторантони PhD аз рӯйи ихтисоси 6D060600 «Химияи органикӣ» бурда мешавад. Корҳои анҷомдодаи кафедра оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ:
1. Ҳимояи рисолаи номзадии Ёров М.Ё. дар мавзӯи «Синтез ва табдилоти ҳосилаҳои нави 1,3-диоксоланҳои дорои бақияи фурфурол». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,17. 02 марти соли 2023 аз рӯй ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ.
2. Ҳимояи рисолаи номзадии Раҳимова Х.С. дар мавзӯи «Синтез ва омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявию биологии баъзе эфирҳои 3α-, 7α-диатсетокси -5β-кислотаи холан». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,17. 15 феврали соли 2024 аз рӯй ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ.
3. Ҳимояи рисолаи номзадии Кабирзода З.О. дар мавзӯи «Синтез, омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявии ҳосилаҳои нави эпи-, α-моно- ва α,γ-дихлоргидрини глитсерол дар асоси катехоламинҳо». Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,17. 01 феврали соли 2024 аз рӯй ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ.
4. Ниёзӣ Фурӯзон докторанти PhD кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Синтез, таҳқиқи физикӣ – химиявӣ ва биологии пептидҳои хурдмолекула бо иони руҳ ва фуллерен С60». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2027.
5. Халимов М.М. докторанти PhD кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Ҳосилкунӣ ва омӯзиши композитсияҳои дипептиди изолейтсил-триптофан ва растании решаи тиллоӣ». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2027.
6. Ҳакимова М.Л. докторанти PhD кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Синтез ва таҳқиқи триэфирҳои глитсерол дар асоси баъзе аминокислотаҳо». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2027.
7. Дилдораи Ёрализод унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявӣ ва биологии кислотаи атсетилсалитсилат бо эпихлоргидрин ва монохлоргидрин». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2027.
8. Ҳасанов У.А. унвонҷӯи кафедра. Мавзӯи таҳқиқот: «Омӯзиши хосиятҳои биологии ҳосилаҳои диглитсерол-С60». Мӯҳлати тахминӣ барои ҳимоя соли 2027. Ҳамкории байналмилалӣ: Кафедраи химияи органикӣ бо шабакаи васеи робитаҳо бо донишгоҳҳо, факултетҳо, марказҳои илмии Федератсияи Россия ҳамкорӣ мекунад: Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, кафедраи химияи умумии таҳлилӣ ва амалии Донишгоҳи давлатии нафту техникии Уфа, Институти тиббию фармасевтии Пятигорск – филиали Муассисаи федералии давлатии таълимии таҳсилоти олии «Донишгоҳи давлатии тиббии Волгоград»-и Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ва ғайра хамкории дутарафаи илмӣ дорад.

КОДИРОВ МУРОД ЗОКИРОВИЧ
Вазифа:
Мудири кафедра
Унвон:
дотсент
Дараља:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 93 598 38 47
Почтаи электронӣ: kaf.org.chem@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараљаи илмӣ: номзади илмњои химия, ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д.047.003.01. дар назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: дотсент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи пайвастҳои табиӣ , Асосҳои назарияви химияи органикӣ,Таҳлили пайвастаҳои органикӣ, Химияи аминокислотаҳо, пептидҳо ва сафедаҳо. (самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 42 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рўи ихтисос: 36сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Синтез ва таҳқиқи ҳосилаҳои аминокислотагӣ ва пептидии кислотаи атсетилсалитсилат
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
1. КодировМ.З. Применение 2,4,5-трихлорфениловых эфиров как С-защитной группы / Г. М.Бобизода, М. З.Кодиров, С. З.Зафаров, Д. А.Шарипова // Международный научно-практический журнал Endless light in science/ г.Алматы, Казахстан, 2023. –С. 560-564.
2.Кодиров М.З., Синтез и свойства новых водорастворимых производных фуллерена С60 / С.З.Зафаров, М.З.Кодиров, Д.Э.Иброхимзода, М.Умархон// Международный научно-практический журнал ENDLESS LIGHT IN SCIEHCE. – Астана, Казахстан. 2023. -С.93-102. ISSN 2709-1201.
3. Кодиров М.З. Результат применения комплексов металлов при терапии воспалительных глазных заболеваний / Г.М.Бобизода, Ф.Ф.Раджабов, М.З.Ќодиров // Наука и инновация. -Душанбе 2024. -№1, -С. 72-75. ISSN
2312-3648.
4. Кодиров М.З. Сравнительная оценка методов конденсации при синтезе трипептида Gly-Lys-Glu / М.З.Кодиров, М.М.Собиров, Ф.Ниёзи, С.З.Зафаров // Сборник статей VI Международной научной конференции: «Вопросы физической и координационной химий», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образова-ния» (2020-2024 годы), 90-летию доктора химических наук, профессора Якубова Хамида Мухсиновича и памяти доктора химических наук, профессора Юсупова Зухуриддина Нуриддиновича, 75-летию и 53-летию научно-педагогической деятельности доктора химических наук, про-фессора Рахимовой Мубаширхон. Душанбе, 2024. –С.137-142.
5. Кодиров М.З. Синтез и термическая устойчивость композита фуллерена С60 на основе гистидина и тирозина /М.З. Кодиров, С.З.Зафаров, У. Мавзуна, И.М. Носиров // Материалы международной научно-практической конференции на тему “Роль химии и химической промыш-ленности в ускоренной индустриализации Таджикистана”, посвященная провозглашению 2020-2040 годов “Двацатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и обра-зования”. –Душанбе, 2024. –С.39-42.
6. Kodirov M.Z. Modification of α, b,γ-aminobutyric acids with C60 fullerenes and their study / M.Z.Kodirov, G.M.Bobizoda, S.Z.Zafarov // Bulletin of the Tajik national university. Series of natural sciences/ -Dushanbe. 2024. No.2. -P. 117-123.ISSN 2413-452X
7. Кодиров М.З. Синтез композиты фуллерена С60 на основе аминокислот и изучение биологические свойство / С.З.Зафаров, М.З.Кодиров, Мавзунаи Умархон// Международный научный журнал “Endless light in science” –Астана, Казахстан, 2024. –С.235-241, ISSN 2709-1201.

Вазифа: И.в. профессори кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷа: Доктори илмҳои химия
Алоқа: (+992) 904600460
Почтаи электронӣ: ikromovich@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муҳандис
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия аз рўйи ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шўрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя шудаст.
Унвони илмӣ: и.в. профессор
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Таҳлили пайвастаҳои органикӣ, Химияи аминокислотаҳо, пептидҳо ва сафедаҳо, химии глисерин. (самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 20 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рўйи ихтисос: 20 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез, омўзиши реаксияи мутақобили ҳосилаҳои глисерол ва диглисерол бо аминокислотаҳо ва пептидҳо
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзўи “Рушди самтҳои нав дар химия ва технологияи химиявӣ” бахшида ба гиромидошти хотираи академики АМИТ, доктори илмҳои химия, профессор Сафиев Ҳайдар (26 октябри соли 2023).- Душанб. 2023. Саҳ. 238-241.
- Таъсири баъзе ҳосилаҳои фенилаланилпропан-2-олҳо ба қобилияти нешзанӣ ва сабзиши тухмии ду навъи гандум/ М.М. Якубова., С.И. Раљабзода., С.Э. Асоев Р.А. Аловиддинзода // Журнали “Паёми Донишгоњи Миллии” Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. 2023 №1. Саҳ185-193.
- Омўзиши қобилияти физиологии 1,3-диамино-кислотапропан-2-олњои ғайрисимметрӣ / С.Э. Асоев М.М. Якубова., С.И. Раҷабзода Р.А. Аловиддинзода. Р. А. Олимов // Журнали “Илм ва Фановари”-и Донишгоҳи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе. 2023. №2. Саҳ226-232.
5. Раҷабзода С.И. Каталитическая активность металлполимерных комплексов, полученных путем сорбции ионов переходных металлов акриламидным гидрогелем, в процессе окисления сульфида натрия / С.И.Раджабзода, Э. Шералӣ, Т.С. Маликов, Р.А. Аловиддинзода, М.Б. Каримов // SCIENCE AND TECHNOLOGIES ALMATY, KAZAKHESTAN 26 FEBRUALY -2024 С. 245-251.
6. Раҷабзода, С.И. Омўзиши баъзе ҳосилаҳои аминокислотагию пептидии глитсерин дар шароити саҳроӣ / С.Э.Асоев, С.И. Раҷабзода, М.М. Яқубова // Маљмуаи мақолаҳои конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «рушди самтҳои нав дар илм: вазъи кунунӣ ва дурнамои он» бахшида ба 20-солагии таъсисёбии институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи Миллии Тоикистон (25-26 октябри соли 2024), Душанбе. -2024.-С.372-377.
7. Раджабзода С.И. Синтез новых производных монохлоргидрина глицерина/ И.И.Хикматзода, С.И. Раджабзода //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.366-369.
8. Раджабзода С.И. Синтез и изучение реакция взаимодействия некоторых производных диглицерола с N-защищенными аминокислотами/ С.И.Раджабзода, Г.А. Каримзода, Ш. А. Авезов //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе.-2024. –С.332-337.
9. Раджабзода С.И. Синтез формаля диглицерола/ С.И. Раджабзода, У.А. Хасанов, М. Икромов //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе-2024. –С.296-299.
10. Раджабзода С.И. Таҳқиқи баъзе моддаҳои органикӣ бо усулҳои физикӣ-химиявӣ аз таркиби решаи газна. / Иззатуллоев А.С., Раджабзода С.И., //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.369-372.
11. Раджабзода С.И. Роҳҳои ҷудокунии равғани донаи ангур ва таҳқиқи хусусиятҳои биологии он / Раҷабзода С.И., Раҷабзода Ф.К. // Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.323-329.
12. Раджабзода С.И. Назарияи умумии экстрактҳо, хусусиятҳои ботаникӣ, паҳншавӣ ва тавсияҳо оиди хуч / Ҷалимов М.М., Юсуфзода А.Ю., Каримов Ф.У., Раљабзода С.И. // Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе.-2024. –С.96-101.
13. Раджабзода С.И. Омўзиши муқоисавии таркиби элементарии баъзе намудҳои ҷинси INULA, ки дар Тоҷикистон мерўяд / А.Ю. Юсуфзода, С.И. Раджабзода, Қ.Р. Бобоёрзода, Ш.Ф. Шарипова // Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.91-96.
14. Radjabzoda S.I. The Technology Of Processing Organic (Mixed) Fertilizers From Municipal And Agricultural Solid Waster For Uze In Agriculture And Elimination Of Environmental Problems From Polymers Waste / S.I. Radjabzoda, V. Shaliygin, R.S. Kalandarova // Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.303-305.
15. Раҷабзода С.И. Таҳқиқи мавҷудияти пигментҳои фотосинтетикӣ дар ниҳолҳои навъи гандуми Наврўз ва Ватан/ С.И. Раҷабзода, Асоев С.Э., М.М. Якубова //Журнали “Илм ва Фановари”-и Донишгоҳи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе, 2024 №2. – С. 240-244.
16. Раҷабзода С.И. Модификатсияи диглитсерол бо атсеталҳо, кеталҳои ди- ва полиолҳо / С.И. Раљабзода, Ф.Н. Шарипов, М.С. Икромов // Вестник национального университета Таджикистана. Отделение естественных наук ISSN 2413-452X./ №3. Душанбе, 2024. – С. 120-129.
17. Раҷабзода С.И. Синтез некоторых ди и триэфиров глицерола / С.И. Раљабзода, Ф.Н. Шарипов, М.С. Икромов // Вестник Филиала Московского государственного университета им. Ломоносова М.В в Душанбе. Отделение естественных наук. ISSN 2709-6238/ №3 (41) 2024. Душанбе, 2024. – С. 69-74.
18. Раҷабзода С.И. Модификатсияи дихлоросиклопропанҳо ва диглитсерол / С.И. Раҷабзода, Ф.Н. Шарипов, М.С. Икромов, Р.А. Олимзода // Вестник нацонального Дангаринского университета. Отделение естественных наук. ISSN 2410-4221, №2 (28). Дангара, 2024. -С. 108-120.
19. РаҷабзодаС.И., Ф.У. Каримов, С.Ҷ. Юсуфӣ. Таҳияи технологияи экстракти хушки меваҳои дулонаи туркистонӣ (Сrataegus turkestanica pojark), ки дар Тоҷикистон мерўяд / Раҷабзода С.И., Ф.У. Каримов, С.Ҷ. Юсуфӣ// Илм ва фановарӣ №2. – Душанбе, 2024. С.138-143.

САИДОВ САМИР САНГИНМУРОДОВИЧ
Вазифа:
Дотсенти кафедра
Унвон:
дотсент
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 009552855
Почтаи электронӣ: s.samir.61.@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д 013.02.01 дар назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: дотсент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи аминокислотҳо, пептидҳо ва сафедаҳо, Химияи гетеросиклҳо. (самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣ-химия» (2023)
Таҷрибаи умумии корӣ: 39 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 39сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Синтез ва омӯзиши энкефалинҳо
Таҷрибаомӯзии илмӣ: –
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Саидов С.С. Синтез тетрапептида Z-Gly-Phe-Ala-Arg-OH / С.С.Саидов, С.Ғ.Ашуров, Х.Ч.Камилов // Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди самтҳои нав дар химия ва технологияи химиявӣ” бахшида ба гиромидошти хотираи академики АМИТ, доктори илмҳои химия, профессор Сафиев Ҳайдар (26 октябри соли 2023).- Душанб. 2023. Саҳ. 213-216.
- Саидов С.С. Синтези трипептиди бензилоксикарбонил-фенилаланил-аланил-аргинин / С.С. Саидов, С.Ғ.Ашуров, С.Ҳ.Шоев // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Вазъикунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар, солҳои 2022 – 2026 – солҳои рушди саноат, 65 солагии таъсисиёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, Лутфулло Солиев (15-16 – уми марти соли 2023)”. -Душанбе. 16.03.2023. С. 248-250.
- С.С.Саидов. Синтези дипептиди эфири этилии третбутилокси карбонил глитсил-аланин / С.Г.Ашуров, С.С.Саидов// Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо” бахшида ба “солҳои 2020-2040” “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” “65-солагии Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “55-солагии кафедраи усули таълими химияи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”. -Душанбе. 19-20.10.2023. С.202-222.
- С.С. Саидов. Вирус ящура пикорновирусов /С.С. Саидов, С.Ғ. Ашуров// Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (бо иштироки байналмилалӣ) дар мавзӯи «Ҷанбаҳои экологӣ-физиологии фаъолияти системаҳои зинда бо таъсири омилҳои гуногуни муҳит” бахшида ба 70 – солагии доктори илмҳои биология, профессор Устоев Мирзо Бобоҷонович. Душанбе. 2024. С. 113-117.
- С.С. Саидов. Структура вирус ящура и проблема создания синтетических вакцин /С.С. Саидов, С.Ғ. Ашуров// Конференсияи илмии байналмилалӣ: “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), 90-солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотари доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75-солагӣ ва 53-солагии фаъолияти илмӣ-таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон. Душанбе. (15-16 май) 2024. С.152-162.
6. Саидов С.С. Синтези трипептиди Вос-Tyr-(Bzl)-Pro-Phe-OH / С.С. Саидов, Х.Ч. Камилов, С.Ғ. Ашуров //Конференсияи илмии байналмилалӣ: “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), 90-солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотари доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75-солагӣ ва 53-солагии фаъолияти илмӣ-таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон. Душанбе. (15-16 май) 2024. С.142-147.
7. Саидов С.С. Синтез нового димерного гексапептида Z-Phe-Pro-Gly-NH-(CH2)6-NH-Gly-Pro-Phe-Z / С.С. Саидов, С.Ғ. Ашуров // Материалы международной научно-практической конференции на тему: «Роль химии и химической промышленности в индустриализации Таджикистана». Душанбе. 24 майи соли 2024. С. 83-87.
8. С.С. Саидов. Экстраксия ва муайян кардани таркиби химиявии растании гиёҳӣ янтоқ-шутурхор / С.Ғ.Ашуров, С.С. Саидов, С.Ҳ.Шоев // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Вазъикунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар, солҳои 2022 – 2026 – солҳои рушди саноат, 65 солагии таъсисиёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, Лутфулло Солиев (15-16 – уми марти соли 2023)”. -Душанбе. 16.03.2023. С. 268-270.
9. С.С. Саидов. Синтез нового димерного гексапептида Сbо-Рhe-Pro-Gly-NH-(CH2)4-NH-Gly-Pro-Phe-Cbo. / Саидов С.С, Ахмедов С., Камилов Х.Ч. // Материалы международной научно-практической конференции XIV Ломоносовские чтение «Роль филиала московского государственного университета имени М.В. Ломоносова в городе Душанбе в развитии науки и образования». Душанбе. 22-23 ноября 2024. Часть II. C. 273-277.
10. С.С. Саидов. Синтези дипептиди Сbо- Gly-NH-(CH2)4-NH-Gly- Cbo / Саидов С.С, Ахмедов С., Ашуров С.Ғ. // Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ “Ҷабҳаҳои биофарматсевтии таҳияи маводи доруворӣ”. Душанбе. 15.окт.2024. С.213- 215.
11. С.С. Саидов. Синтези дипептиди Вос- Gly-NH-(CH2)4-NH-Gly- Вос / Саидов С.С, Ахмедов С., Шоев С.Ҳ // Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ “Ҷабҳаҳои биофарматсевтии таҳияи маводи доруворӣ”. Душанбе. 15.окт.2024. С.216- 218.
12. С.С. Саидов. Синтези пента-пептиди карбо-бензокси-аланил-глитсил-фенил-аланил-аланил-аргинин / Саидов С.С, Шоев С.Ҳ., Ҳасанов У.А. // Маводи конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “30- солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, Ҷилди I. Душанбе, 2024. -С. 107-109.

АШУРОВ СИРОДЖИДДИН ГУЛОМОВИЧ
Вазифа:
Дотсенти кафедра
Унвон:
дотсент
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 939225079
Почтаи электронӣ: ashurov-2025@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д 013.02.01. дар назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: дотсент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи гетеросиклҳо. (самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 35 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 35сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Синтез ва омӯзиши энкефалинҳо
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Ашуров С.Г. Синтези дипептиди эфири этилии третбутилокси карбонил глитсил-аланин / С.Г.Ашуров, С.С.Саидов// Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Истифодаи усулҳои муосири таълим дар муассисаҳои таълимӣ: мушкилот ва дурнамо” бахшида ба “солҳои 2020-2040” “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” “65-солагии Факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, “55-солагии кафедраи усули таълими химияи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”. -Душанбе. 19-20.10.2023. С.202-222.
- С.Ғ.Ашуров Синтез тетрапептида Z-Gly-Phe-Ala-Arg-OH / С.Ғ.Ашуров, С.С.Саидов, Х.Ч.Камилов // Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Рушди самтҳои нав дар химия ва технологияи химиявӣ” бахшида ба гиромидошти хотираи академики АМИТ, доктори илмҳои химия, профессор Сафиев Ҳайдар (26 октябри соли 2023).- Душанб. 2023. Саҳ. 213-216.
- Ашуров С.Г. Экстраксия ва муайян кардани таркиби химиявии растании гиёҳӣ янтоқ-шутурхор / С.Ғ.Ашуров, С.С. Саидов, С.Ҳ.Шоев // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Вазъикунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар, солҳои 2022 – 2026 – солҳои рушди саноат, 65 солагии таъсисиёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, Лутфулло Солиев (15-16 – уми марти соли 2023)”. -Душанбе. 16.03.2023. С. 268-270.
- С.Ғ.Ашуров Синтези трипептиди бензилоксикарбонил-фенилаланил-аланил-аргинин / С.С. Саидов, С.Ғ.Ашуров, С.Ҳ.Шоев // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Вазъикунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар, солҳои 2022 – 2026 – солҳои рушди саноат, 65 солагии таъсисиёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, Лутфулло Солиев (15-16 – уми марти соли 2023)”. -Душанбе. 16.03.2023. С. 248-250.
5. Ашуров С.Ғ. Структура вирус ящура и проблема создания синтетических вакцин /С.С. Саидов, С.Ғ. Ашуров// Конференсияи илмии байналмилалӣ: “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ”, бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), 90-солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотари доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75-солагӣ ва 53-солагии фаъолияти илмӣ-таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон. Душанбе. (15-16 май) 2024. С.152-162.
6. Ашуров С.Ғ. Вирус ящура пикорновирусов /С.С. Саидов, С.Ғ. Ашуров// Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ (бо иштироки байналмилалӣ) дар мавзӯи «Ҷанбаҳои экологӣ-физиологии фаъолияти системаҳои зинда бо таъсири омилҳои гуногуни муҳит” бахшида ба 70 – солагии доктори илмҳои биология, профессор Устоев Мирзо Бобоҷонович. Душанбе. 2024. С. 113-117.

ШОЕВ СӮҲБАТУЛЛО ҲИДОЯТУЛЛОЕВИЧ
Вазифа:
Муаллими калони кафедра
Унвон:
Муаллими калони кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 907388327
Почтаи электронӣ: shoevsuhbatuiio-1980@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д 047.003.03. дар назди Институти химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: муаллими калони кафедра
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи пайвастҳои табиӣ,
Химияи аминокислотҳо, пептидҳо ва сафедаҳо. (самти таълим:
1-31050102 -ХИМИЯ)
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣ-химия» (2020)
Таҷрибаи умумии корӣ: 23 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 20 сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Экстраксия ва мусовияти ҷузъи таркибии аз ҷиҳати биологӣ фаъоли мумиёи табиӣ.
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
2.С.Ҳ.Шоев. Экстраксия ва муайян кардани таркиби химиявии растании гиёҳӣ янтоқ-шутурхор /С.Ғ.Ашуров, С.С. Саидов, С.Ҳ. Шоев, // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи “Вазъикунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ”, бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар, солҳои 2022 – 2026 – солҳои рушди саноат, 65 солагии таъсисиёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор, Лутфулло Солиев (15-16 – уми марти соли 2023)”. -Душанбе. 16.03.2023. С. 268-270.
3. Шоев С.Ҳ. Синтези дипептиди Вос- Gly-NH-(CH2)4-NH-Gly- Вос / Саидов С.С, Ахмедов С., Шоев С.Ҳ // Маводи конференсияи байналмилалии илмию амалӣ “Ҷабҳаҳои биофарматсевтии таҳияи маводи доруворӣ”. Душанбе. 15.окт.2024. С.216- 218.
4. Шоев С.Ҳ. Синтези пента-пептиди карбо-бензокси-аланил-глитсил-фенил-аланил-аланил-аргинин / Саидов С.С, Шоев С.Ҳ., Ҳасанов У.А. // Маводи конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “30- солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)”, Ҷилди I. Душанбе, 2024. -С. 107-109.

ОДИНАЕВ САИДЖАФАР ХУДОЙБЕРДИЕВИЧ
Вазифа:
Муаллими калони кафедра
Унвон:
Муаллими калони кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 909994890
Почтаи электронӣ: Saidjafar86@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-003. дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: муаллими калони кафедра
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи пайвастҳои калонмолекулӣ (самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣ-химия» (2023)
Таҷрибаи умумии корӣ: 15 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 15сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Синтез и исследование производных глицерина
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
1. Одинаев С.Х. Омӯзиши реаксияи эфири этилии L-триптофан бо 2-хлорметилоксиран / С.Х.Одинаев, Ҳасанов У.А. // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе. 2023.
2. Одинаев С.Х. Омӯзиши реаксияи мутақобилаи диглитсерол бо аминокис-лотаҳои қатори алифатӣ / У.А.Ҳасанов, С.Х.Одинаев, С.И. Раҷабзода // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». -Душанбе. 2023.
3. Одинаев С.Х. Синтези ҳосилаҳои γ-аминокислотаҳои равғанӣ дар асоси эпихлоргидрин ва монохлоргидрини глитсерин: хосиятҳо ва истифодабарии онҳо дар синтези маҳини органикӣ / Қ. Амонов, С.И Раҷабзода., С.Х.Одинаев // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе. 2023.
4. Одинаев С.Х. Синтези 6-арилокси-4-бром-2,1,3-бензоксадиазолҳо дар асоси 2,6-дибром-4-фторнитробензол / Ш.Б. Зайнудинов, С.Х. Одинаев, Қ. Одинаев //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.337-341.
5. Одинаев С.Х. Реакции взаимодействия эфиров-О-бензил-L-тирозина и третбутилокси-О-бензил- L -тирозина с эпитиохлоргидрином/ С.И. Раджабзода, Ш. Ашрафзода, С. Х. Одинаев //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.314-318.
6. Одинаев С.Х. Реакции замещенных циклических ацеталей и гем-дихлорциклопропанов/ М. Икромов, Ш.Б. Зайнуддинов, С.Х. Одинаев //Сборник статей международной научной конференции «развитие новых направлений в науке: современное состояние и перспективы», посвященной 20-летию основания Научно-исследовательского института таджикского национального университета (25-26 октября 2024 г.), Душанбе. -2024. –С.299-303.

ШАРИПОВА ДИЛРАБО АЗИЗБЕГОВНА
Вазифа:
муаллими калони кафедра
Унвон:
муаллими калони кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 900033817
Почтаи электронӣ: dilrabosharipova-1983@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз рӯйи ихтисоси 02.00.03-Химияи органикӣ. Диссертатсия дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя карда шудааст.
Унвони илмӣ: муаллими калон
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Химияи пайвастаҳои табиӣ
(самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 13 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 13 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез ва таҳқиқи ҳосилаҳои аминокислотагии фуллерен С60
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Применение 2,4,5-трихлорфениловых эфиров как С-защитной группы / Г. М.Бобизода, М. З.Кодиров, С. З.Зафаров, Д. А.Шарипова // Международный научно-практический журнал Endless light in science/ г.Алматы, Казахстан, 2023. –С. 560-564.
- М.З. Қодиров, С.З.Зафаров // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанб. 2023. Саҳ. -.

ЗАФАРОВ СОРБОН ЗАФАРОВИЧ
Вазифа:
муаллими калони кафедра
Унвон:
муаллими калони кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 937700395
Почтаи электронӣ: Szafarov91@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз рӯйи ихтисоси 02.00.03-Химияи органикӣ. Диссертатсия дар шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳимоя карда шудааст.
Унвони илмӣ: муаллими калон
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, Стереохимия, Химияи фуллерен
(самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 9 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 9 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез ва таҳқиқи ҳосилаҳои фуллерен С60
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
1. С.З. Зафаров. Применение 2,4,5-трихлорфениловых эфиров как С-защитной группы / Г. М.Бобизода, М. З. Кодиров, С.З. Зафаров, Д. А.Шарипова // Международный научно-практический журнал Endless light in science/ г.Алматы, Казахстан, 2023. –С. 560-564.
2. Зафаров С.З. Синтез и свойства новых водорастворимых производных фуллерена С60 / С.З. Зафаров, М.З.Кодиров, Д.Э Иброхимзода., М.Умархон//Международный научно- практический журнал ENDLESS LIGHT IN SCIEHCE. – Казахстан. 2023. С.93-102. ISSN 2709-1201.
3. Зафаров С.З., Синтез, свойства некоторых фуллерена С60 –производных аминокислот и пептидов, а также их противогепатитная активность / С.З.Зафаров, Д.Э.Иброхимзода, М.З.Қодиров, М.Умархон// Sciences of Europe (Praha, Czech Republic). ISSN 3162-2364.
4. Зафаров С.З. Ба воситаи ВЭЖХ ҷудо намудани сис- ва транс-изомерҳои 1.2. -N, N1 – диамино-тетраметил-1.2 n, n1 – дихлордифенил-этилен / С.З.Зафаров, Д.Э.Иброхимзода, У.Мавзунаи, Ҳ. Гулаҳмадов // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе.2023.
5. Зафаров С.З. Синтези Gly – Gly – OH ва пайвасти он бо фулллерен С60 / С.З.Зафаров, М.З. Қодиров, Г.М.Бобизода, У.Мавзунаи //Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023 – Соли забони русӣ» ва «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе. 2023.

КАБИРЗОДА ЗУХРО ОДИЛШО
Вазифа:
ассистенти кафедра
Унвон:
ассистенти кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 901050428
Почтаи электронӣ: zuhro.kabirzoda.91@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои химия
Унвони илмӣ: ассистент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, химияи пайвастаҳои калонмолекулӣ
(самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 2 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 2 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез ва таҳқиқи хосиятҳои физико-химиявии ҳосилаҳои эпи-, моно- и дихлоргидринии глисерин бо катехоламинҳо
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Кабирзода З.О. Синтез ва омӯзиши 1,3-дихлор-3-фталилглитсил-L-аланил-дофамин-пропанол-2 /З.О.Кабирзода// Паёми Донишгоҳи Миллиӣ. Бахши илмҳои табиӣ. №1. -Душанбе. 2023. С. 244-253.
- Кабирзода, З.О. Синтез ва омӯзиши 1,3-дихлор-3-фталилглитсил-l-аланил-дофамин-пропанол-2/ З.О. Кабирзода, С.И. Раҷабзода// Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «Соли 2023 – Соли забони русӣ» ва «Соли 2025 – Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе. 2023.
- Кабирзода, З.О. Синтези 3-глитсил-пролил-дофамин-пропан-1,2-диол/З.О.Кабир-зода, С.И. Раҷабзода// Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». -Душанбе. 2023.
- Кабирзода, З.О. Способ получения дипептид карбобензокси гликил-дофамин-1,3-дипропан-1,2-диол, обладающий гастропротекторным действием/ З.О. Кабирзода, С.С. Исмоилзода, С.И. Раджабзода// Маводи 111 конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавони ДМТ, бахшида ба “Рӯзи ҷонони Тоҷикистон” – 23 май ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040). 18-19 май. -Душанбе. 2023. С. 57-61.

РАХИМОВА ХОНИГУЛ СУБХОНКУЛОВНА
Вазифа:
ассистенти кафедра
Унвон:
ассистенти кафедра
Дараҷа:
Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 918469623
Почтаи электронӣ: khonigul77@gmail.com
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои химия
Унвони илмӣ: ассистент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, химияи пайвастаҳои калонмолекулӣ
(самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 7 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 7 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез ва таҳқиқи хосиятҳои 3α,7α-диатсетокси-5β- кислотаҳои холан
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Раҳимова Х.С. Фаъолияти биологии баъзе ҳосилаҳои қатори кислотаи холан/ Х.С. Рахимова, Ғ.М. Бобизода., С.И. Раҷабзода// Илм ва Фановарӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. -Душанбе. 2023. С 280-287. ISSN 2412-36-48.
- Раҳимова Х.С.Фаъолияти биологии баъзе ҳосилаҳои қатори кислотаи холан / Х.С. Рахимова, Ғ.М. Бобизода, С.И. Раҷабзода // Сборник материалов Международной научно-практической конференции «Новые достижения в области естественных наук и информационных технологий», посвященной «Двацатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук на 2020-2040 гг.». – Душанбе. С.106-108.

ХАСАНОВ УБАЙДУЛЛО АСРОРОВИЧ
Вазифа:
ассистенти кафедра
Унвон:
ассистенти кафедра
Дараҷа:
–
Алоқа: (+992) 918469623
Почтаи электронӣ: Hasanov-1994@mail.ru
Маълумоти асосӣ:Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ: –
Унвони илмӣ: ассистент
Фанҳои таълимӣ: Химияи органикӣ, химияи пайвастаҳои калонмолекулӣ
(самти таълим: 1-31050102 -ХИМИЯ)
Таҷрибаи умумии корӣ: 6 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯйи ихтисос: 6 сол.
Самтҳои таҳқиқот: Синтез ва таҳқиқи ҳосилаҳои глитсерин
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
1. У.А.Ҳасанов. Омӯзиши реаксияи эфири этилии L-триптофан бо 2-хлорметилоксиран / С.Х.Одинаев, Ҳасанов У.А. // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». – Душанбе. 2023.
2. У.А.Ҳасанов. Омӯзиши реаксияи мутақобилаи диглитсерол бо аминокис-лотаҳои қатори алифатӣ / У.А.Ҳасанов, С.Х.Одинаев, С.И. Раҷабзода // Маводи конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати устодону кормандони ИИТ ДМТ бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Гафуров», «Соли 2023-Соли забони русӣ» ва «Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо». -Душанбе. 2023.