Таърихи ташкили кафедра
Кафедраи химияи ғайрорганикӣ аз соли 1959 дар таркиби кафедраҳои химияи умумӣ ва химияи органикӣ амал мекард. Баъдтар соли 1963 кафедраи химияи умумӣ номи химияи ғайрорганикӣ ва физикию коллоидиро гирифт, ки соли 1964 он ба кафераҳои химияи ғайриорганикию химияи физикию коллоидӣ тақсим шуд. Дар он солҳо омӯзгорони кафедраи химияи умумӣ дар ҳамаи шӯъбаҳои факултетҳои табиатшиносӣ аз фанни химияи ғайриорганикӣ ва умумӣ дарсҳои лексионӣ, амалӣ машғулиятҳои озмоишгоҳӣ низ мегузарониданд. Солҳои 1964 – 1975 сарварии кафедраи химияи ғайриорганикиро номзади илмҳои химия, профессор С.М. Баситова ба ӯҳда дошт.
Соли 1964 дар кафедра 11 – нафар омӯзгор кор ва фаъолият доштанд. Баъдан вазифаи мудирии кафедраро ба тадриҷ н.и.к., дотсент Ю.Б. Лискова (солҳои 1975-1980), н.и.к., дотсент Ф.Ш. Шодиев (солҳои 1980 – 1985), н.и.к., дотсент Л.С. Юсупова (солҳои 1985-1992), д.и.к., профессор А.О. Аминҷонов (солҳои 1992-2003), д.и.к., профессор О.А. Азизқулова (солҳои 2002 – 2009), д.и.к., профессор С.М. Сафармамадов (солҳои 2009 – 2012), д.и.х., профессор узви вобастаи АИ ҶТ А.О. Аминҷонов (солҳои 2012-2014), н.и.х, дотсент Ю.Ф. Баходуров (солҳои 2014-2023) мудирии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2023 сар карда то ҳол вазифаи мудири кафедраи химияи ғайриорганикиро номзади илмҳои химия, дотсент Сафаров С.И., ба уҳда дорад.
Аз соли 1968 тайёр кардани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ тибқи тахассуси химияи ғайриорганикӣ ба роҳ монда шуд. Аз он замон то соли 2005 дар кафедраи химияи ғайрорганикӣ кадрҳои баланихтисоси соҳаи химияи ғайрорганикӣ тайёр карда мешуданд. Дар заминаи кафедра аз соли 2005 ихтисоси нав – химия ва технологияи металлҳои ранга таъсис ёфт, ки дар кафедра мутахассисонро дар ин самт низ тайёр намуданд.
Дар баробари корҳои илмию – таҳқиқотӣ устодон ва кормандони кафедра корҳои методиро низ иҷро менамоянд, то ин ки сифати таълим беҳтар гардад. Аз ҷониби устодони кафедра 7- китоби дарсӣ ва зиёда аз 50 дастур ва васоити таълимӣ ба табъ расидааст, ки ҳамаи онҳо мавриди истифодаи донишҷӯён қарор доранд. Ҳамаи устодони кафедра корҳои илмӣ-таҳқиқотиро идома дода, дар баробари корҳои методӣ, корҳои таълимиро пурсамар иҷро менамоянд. Аз ҷумла д.и.х., профессор Азизқулова О.А. бо муаллифӣ ва ҳаммуаллифӣ зиёда аз 12 китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиро ба табъ расонидаанд. Узви Вобастаи АИ ҶТ, профессор Аминҷонов А.О. бо ҳаммуаллифии дотсентон Бекназарова Н.С., Мабатқадамова К.С., профессор Сафармамадов С.М. ва дигарон китобҳои дарсию оммавӣ ба табъ расидаанд. Дар кафедра мактаҳои илмии устодон Азизқулова О.А., Сафармамадов С.М. амал карда истодаанд ва таҳти роҳбарии ин устодон унвонҷӯён ва аспирантҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ иҷро менамоянд. Ғайр аз ин дар кафедра “Маҳфили илмии донишҷӯён” мунтазам фаъолият менамояд. Дар семинару машваратҳои ин маҳфил асосан донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм ҷалб карда мешаванд ва онҳо бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад намуда малака ва савияи дониши худро таҳти роҳбарии профессор Азизқулова О.А. ва дигар устодон баланд менамоянд.
Таи солҳои гуногун олимони шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ ба кафедра даъват шуда буданд: академики АИ Иттиҳоди Шӯравӣ Александра Василйевна Новосёлова, профессор Наталия Николаевна Желиговская, ҳарду аз Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, профессор Наил Сибгатович Ахметов аз Институти технологиии химияии шаҳри Қазон, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи илмҳои табиатшиносии Россия Юрий Николаевич Кукушкин ва дотсент Ким Вениаминович Котегов, ҳарду аз Институти технологии ба номи Ленсовети шаҳри Санкт – Петербург ва дигарон.
Аксари рисолаҳои номзадии кормандон ва аспирантони кафедра, ба мисли И.Ш. Шоймуродов, Л.С. Юсупова, Ф.Ҳ. Ҳакимов, А.О. Аминҷонов, Н.Қ. Қобилов, О.А. Азизқулова, Н.А. Шатковская, Т.Р. Раҷабов, К.У. Аҳмадов, Н.М. Қурбонов, Маҳмуд Муҳамад Машъалӣ, С.Ч. Гагиева ва дигарон дар марказҳои илмии шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Иваново ва Воронеж ҳимоя карда шудаанд. Дар Шӯрои диссертатсионии тахассусии Пажуҳишгоҳи химияи АИ ҶТ Ф.Ш. Шодиев, Ю.Б. Лискова, Н.Ҳ. Ашурова, К.Г. Яъқубов, С.М. Сафармамадов, Н.А. Вербитская, Т.М. Нурматов, Р.Д. Юрина, Шайх Абдул Балде, Г.В. Билюкова, Н.С. Бекназарова, Л.Р. Холиқова, Э.Ҷ. Ғозиев, Н.Г. Кабиров, Ю.Ф. Баҳодуров, К.С. Мабатқадамова, М.И. Абдулҳаева, Б.Т. Бобоева, У.М. Ҷурабеков, Х.С. Давлатова, Х.Ғ. Мудинов А.Ш. Эгамбердиев Д.Ч. Мирзохонов инчунин дар Шурои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон С.И. Сафаров Муборакқадамов Д.А. О.Н. Назаров З.А., Шоедарова ва Т.Б. Бобокалонов, рисолаҳои номзадиашонро бомувафақият дифоъ намудаанд. Дар ин муддат зиеда аз 40-нафар унвонҷӯен, аспирантон ва кормандони кафедраи химияи ғайриорганикӣ рисолаҳои номзади ва доктории худро дифоъ намудаанд. Дар солҳои гуногун дар асоси дастовардҳои илмии кафедра 14 конференсияи байналмиллалии “Пайвастҳои координатсионӣ ва ҷанбаҳои истифодабарии онҳо” гузаронида шудаанд. Соли 1990 дар семинари умумииттифоқии “Таъсири байнизарравӣ дар маҳлулҳо” дар пояи кафедра ва дигар бахшҳои Донишгоҳ дар семинари шаҳри Душанбе, таҳти сарварии узвӣ вобастаи АИ Иттиҳоди Шуравӣ, дорандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ Крестов Геннадий Алексеевич гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии кормандони кафедра дар зиёда аз 60 шаҳодатномаи ихтироотӣ, патентҳо, 2500 мақолаҳои илмӣ ва ғайра дар саҳифаҳои маҷалаҳои умумииттифоқӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ интишор шудаанд. Дастовардҳои илмии профессор А.О. Аминҷонов бо нишони нуқрагии Маркази байналхалқии тарҷумаҳолӣ “LEADING Educators of the World” (Кембриҷ, Англия) сарфароз гардонида шудааст.
Дар муддати зиёда аз 3–даҳсолаҳо устодон, кормандон ва аспирантҳо корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар мавзӯи “Синтез ва таҳқиқи пайвастҳои координатсионии як қатор d-металлҳои интиқолии Re (V), Mo (V), Cu (II), Zn (II), Fe (II) ва (III), Hg (II), Ag (I) бо лигандҳои органикии нитрогендор ва сулфурдор” иҷро намуда, рисолаҳои номзадии худро дифоъ намудаанд. Донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 бошад, корҳои курсӣ ва дипломии худро таҳти роҳбарии устодони баланд ихтисоси кафедра дар мавзӯи номбурда иҷро намуда, сазовори баҳои аъло ва хуб гардиданнд.
Ҳоло ҳайати устодони кафедра дар мавзӯи “Таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ дар соҳаи коркарди технологияи нав ва мукамалгардонии технологияиҳои мавҷудбудаи маводҳои ғайриорганикӣ ва омӯзиши химияи координатсионии металлҳои интиқолӣ бо лигандҳои сулфурдор ва нитрогендор” пурсамар фаъолият менамоянд. Устодон ва кормандони кафедра дар машваратҳои чандинкаратаи умумиитифоқии ба номи Л.А. Чугаев, конференсияҳои байналмилалӣ, конференсияи IX-уми байналмиллалии “Мушкилоти солвататсия ва ташкилшавии комплексҳо дар маҳлулҳо” (Перм, Россия 2004), конференсияҳои байналмилалиии “Хонишҳои Валихоновӣ” – (солҳои 2005 – 2007, Кокшетау, Қазоқистон), конференсияи илмию амалии байналмилалии “Илми муосири химия ва ҷабҳаҳои амалии он” (Душанбе, 2006), конференсияи байналмиллалии “Илми муосир: масъалаҳо ва дурнамо” (Душанбе, 2008), конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни ДМТ (Душанбе, 1990 – 2007), аз ҷумла конференсия бахшида ба “60 – cолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” дар шаҳри Душанбе соли 2005, “ 15 – солагии Истиқлолияти ҶТ”, “2700 – солагии шаҳри Кӯлоб”, “Соли тамаддуни ориёӣ” (Душанбе, 2006) , конференсияи Ҷумҳуриявии илмӣ – амалии соли илмию назариявии “Масъалаҳои муосири химия ва технологияи химиявӣ” (Душанбе,2009) конференсияи илмӣ – ҷумҳуриявии “Масъалаҳои муосири химияи координатсионӣ” (Душанбе, 2011), конференсияи XIII-уми байналмиллалии илмӣ – техникӣ “Технологияи химиявии ғунҷоиши баланди илмӣ дошта” (Иваново – Суздал, 2010), конференсияи байналмилалии илмӣ – «Актуальные проблемы научного знания. Новые технологии ТЭК-2017 (Тюмень: ТИУ, 2017.), конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ», конференсияҳои байналмилалии ҳарсолаи хонишҳои XV Нуъмоновӣ, конференсияи байналмилаии «Проблемаҳои актуалии физикаи муосир» (Душанбе, 2019), конференсияи чумҳуриявии илмию амалӣ (бо иштироки олимони хориҷӣ) бахшида ба 150-солагии Ҷадвали даврии элементҳои химиявии Д.И.Менделеев) ва ғайра баргузор гардида маърӯзаҳо карда шуданд. Таҳти сарварии устодони кафедра зиеда аз 100 – нафар донишҷӯёни курсҳои гуногун дар конференсияҳои байналмиллиалӣ, умумииттифоқӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявии дар шаҳрҳои Новосибирск, Алма – Ато, Минск, Самара, Тошканд, Ашқобод, Душанбе ва ғайра баргузор гардидаи “Донишҷӯ ва пешрафти илмӣ – теҳникӣ” натиҷаи корҳои илмии худро маърӯза кардаанд, сазовори дипломҳои дараҷаи I ва II инчунин мукофотҳои гуногун гардидаанд.
Ҳайҳати профессорон ва устодони кафедра
Кафедра базаи васеи таълимӣ ва илмӣ дорад. Ҳоло дар кафедра 12 нафар устодони баландихтисос кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 3 нафар докторҳои илми химия, профессорҳо: О.А. Азизқулова, С.М. Сафармамадов, К.С. Мабатқадамова, дотсентҳо: С.И. Сафаров Ю.Ф. Баҳодуров, Т.Р. Раҷабов, Н.С. Бекназарова, М.И. Абдулҳаева, Б.Т. Бобоева, У.М. Ҷурабеков н.и.к муалимони калон: А.Ш. Эгамбердиев, Д.А. Муборакқадамов кор ва фаъолият менамоянд. Дар кафедра ҳоло 3 нафар доктор Phd аз рӯи ихтисос ва 4 нафар унвонҷӯён пурсамар фаъолияти илмӣ менамоянд.
Фаъолияти илмӣ-педагогӣ
Фаъолияти илмии кафедра бо номи профессор Баситова Саодат Мухаммедовна алоқаманд аст. Таҳти роҳбарии Соадат мухамедован шаш нафар номзади илм тайёр шудааст. Аминҷонов А.О. дар рушди кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои донишгоҳ ва умуман ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. Вай мактаби илмӣ ташкил кардааст, ки ҳоло ҳам фаъолият мекунад ва кимиёгарони ғайриорганикиро таёр мекунад. Таҳти роҳбарии Аминҷонов А.О. 18 рисолаи номзадӣ ва 5 рисолаи докторӣ омода карда шуданд. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳбарии профессорҳо Азизқулова О.А. ва Сафармамадов С.М. бомуваффақият анҷом дода шуда истодаанд.
Аз тарафи ҳайати устодону профессорони кафедра усулҳои синтез кор карда баромада, таркиб ва сохтори зиёда аз 3000 пайвастагиҳои нави координатсионии як қатор металлҳои гузаранда бо лигандҳои органикӣ муқаррар карда шудаанд. Усули оригиналии ҳосилкунии комплексҳои металлҳои гузаранда, ки дорои атсидолигандҳои гуногун дар сфераи дохилии координатсионӣ мебошанд, пешниҳод карда шудааст. Бори аввал дар химияи пайвастагихои координатсионии рений (V) силсилаи байниҳамдигар ивазшавии лигандхо ва қатори лаббилияти асидо-лигандхо муқаррар карда шудааст. Механизмҳои термолизи комплексҳои рений (V) муайян карда шудаанд. Қариб бист электродҳои нави лигандҳои оксиду-барқароршавӣ сохта шудаанд, ки онҳо барои омухтани просессҳои комплексҳосилшавии ионҳои металлҳои гуногун дар маҳлул васеъ истифода мешаванд. Қонуниятҳои дахлдори тағйир додани қиматҳои константаҳои ҳосилшавии комплексҳои рений (V), молибден (V), мис (II), нуқра (I), тиллои (I.) (III), оҳани (II), (III) бо лигандҳои тиоамиди ва амидӣ вобаста ба ҳарорат ва консентратсияи кислотаҳои гидрогалогенӣ, ҳалкунандаҳои обӣ-органикӣ ошкор карда шуданд.
Мувозинати кислотагӣ-асосии баъзе лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ дар ҳалкунандаҳои обӣ органикӣ мавриди омузиш қарор гирифтааст. Бо усули тақсимшавии байнифазавӣ энергияи Гиббси гузариш ( trG)-и баъзе лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ аз об ба ҳалкунандаи обӣ-органикӣ муайян карда шудааст. Таъсири табиат ва миқдори ҳалкунанда ба тағйирёбии ҳолати солватии баъзе лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ муқаррар карда шудааст.
Таъсири ҳарорат ва табиати ҳалкунанда ба мувозинати комплексҳосилшавӣ ва робитаи байниҳамдигарии солвататсияи реагентҳо дар ҳалкунандаҳои омехта ва тағйирёбии тавсифи термодинамикии реаксияҳои комплексҳосилшавии баъзе металлҳои интиқолӣ муайян карда шуд.
Тағйирёбии устувории пайвастҳои комплексии рений (V) вобаста ба табиати лигандҳои органикӣ муқаррар карда шуда, қатор дар тағйирёбии устувории онҳо пешниҳод карда шуд. Усули муайян кардани константаҳои ҳосилшавии комплексҳои рений (V) ва молибден (V) дар муҳити кислотаи гидрогалии камконцентрат пешниҳод шудааст. Исбот шудааст, ки ҳангоми ба аммиаки газнок дучор шудан ба комплексҳои рений (V) се намуди реаксия ба амал меояд. Ба намуди якум реаксияҳое дохил мешаванд, ки танҳо ҳангоми чойгиршавии ионҳои галогенидҳо аз сфераи дохилии комплексҳо ба амал меоянд, ба намуди дуюм реаксияҳои димеризатсияи комплексҳо бо ивазшавии ҳамаи лигандҳои галогенидҳо ва ба намуди сеюм реаксияҳое дохил мешаванд, ки дар натичаи онҳо ионҳои координатсионии тиосианат дар зери таъсири NH3 ба гуруҳи тиоамидин табдил меёбанд.
Бори аввал оид ба омуҳтани таъсири пайвастагиҳои координационии рений (V), молибден (V), мис (II), никел (II), ба тобоварии шуоъ ва электрификацияи як катор полимерҳо тадкикоти калон гузаронда шуд. Таъсири гайриоддии зиддирадиационии комплексҳои рений (V) ошкор карда шуд, ки бо зиёд шудани коэффициенти тобоварии радиационии полимерҳо дар зери таъсири нурҳои ултрабунафш ё γ-шуоъ алокаманд аст. Қоидаҳои мувофиқи самаранокии хосиятҳои антирад ва антистатикии комплексҳои рений (V) вобаста ба табиати лигандҳои тиоамидӣ ошкор карда шудаанд. Мукаррар карда шудааст, ки пайвастагиҳои комплексии рений (V) нисбат ба материалҳои полимерй ва дар шароити вайроншавии фотомеханикии онҳо хосиятҳои зидди радиационй зоҳир мекунанд. Муайян карда шуд, ки ин комплексҳо дар шароити вакуум ва дар зери таъсири газҳои гуногун ва омехтаҳои онҳо хосиятҳои физики, механики ва электрофизикии полимерҳоро беҳтар карда метавонанд.
Мактаби илмии Аминҷонов А.О. ба кор карда баромадани асосҳои илмии технологияи вакуумй ва вакуумӣ-автоклавӣ ба даст овардани масолеҳи композитсионии дороӣ дараҷаи муайяни хосиятҳояшон: худхомушшаванда, ба зангзанй тобовар, хосиятҳои диэлектрикй ва механикии баланд, ки ба талаботи саноати электронй, бинокорй, авиация ва машинасозӣ, ракетасозӣ ва кайҳонй мувофик аст, ҳиссаи калон гузоштанд. Мукаррар карда шудааст, ки пайвастагиҳои координатсионии баъзе металлҳои гузаранда дар консентратсияи хурд ба танзими максадноки сохтор ва хосиятҳои системаҳои олигомери ва полимерҳои хаттии баландмолекула мусоидат мекунанд. Онҳо барои додани сохторҳо ва хосиятҳои зарурӣ ба полимери ба ҳам пайвастшуда ва ҳамзамон давраи коркарди гармии онҳоро кам мекунанд. Воситаҳои техникй ва усули санчиши бе вайрон кардани процесси ба вучуд овардани полимери ба хам пайвастшуда бо усули электрофизикй кор карда баромада шудаанд.
Қисми дигари тадқиқоти илмӣ ба омузиши фаъолияти биологии пайвастагихои комплексии синтезшуда бахшида шудааст. Муқаррар карда шудааст, ки координацияи лигандҳои органики ба металл боиси хеле кам шудани заҳролудшавии онҳо мегардад. Нақши радикалҳои алкилӣ ва мавқеъи онҳо дар молекулаҳои пайвастагиҳои гетероциклии силсилаи азолҳо оид ба дараҷаи заҳролудии пайвастагиҳои комплексии рений (V) ошкор карда шуд. Муайян карда шудааст, ки комплексҳои металлии синтезшуда бо лигандҳои амидӣ ва тиамидӣ дорои фаъолияти сипаршакл, таъсири холеретикӣ, адаптогенӣ (таъсири муҳофизатӣ ба организми зинда аз шуоъҳои ионизатсиякунанда), таъсири зидди захмӣ, таъсири анаболитикӣ, хосиятҳои нейротропӣ (антагонизм ба витамини В6), хосиятҳои радиоопактивӣ ва афзоиши занбӯруғҳо. Бо истифода аз комплекси ду ивазнашавандаи оксобромо-тиосемикарбазиди рений (V) як биоанализи зуд, боэътимод ва хеле ҳассос барои муайян кардани миқдори витамини B6 таҳия шудааст. Натичахои тадкикоти илмии кафедра ба таври умум эътироф ва истинодхои васеъ доранд. Коркардхои илмии кормандони кафедра дар истехсолот татбики амалй пайдо карданд.
Пайвастҳои координатсияи металлҳои гузариши d-ва ҷанбаҳои амалии татбиқи онҳо
• Синтез ва омӯзиши комплекҳосилкунии рений, молибден, мис, оҳан, кобальт, никел, руҳ, тилло, нуқра ва марганец бо тиопирин, 8-оксихинолин ва баъзе ҳосилаҳои 1,2,4-триазол, имидазол, тимочевина дар маҳлулҳои консентратсияи гуногуни H2SO4, баъзе маҳлулҳо ва NG. Электролитхои нав дар асоси комплексхои синтезшуда барои бо галваникй руйпушкунии металлхо ва бо рохи электрохимиявй сайқал додани онҳо кор карда баромада шуд. Омӯзиши хӯлаҳои баъзе металлҳо бо металлҳои нодир. ки хосиятхои пуркимати электрохимиявй доранд. Тозакунии баъзе металлҳои қиматбаҳо. Синтез ва омӯзиши баъзе хосиятҳои гидроксиди натрий.
Омӯзиши хосиятҳои физикӣ-химиявии пайвастагиҳои координатории Mo(V), Re(V), Cu(II), Zn(II), Fe(II), (III) Ag(I), Au(III), Co(II), Ni(II) бо тиопирин, 8-оксихинолин ва баъзе ҳосилаҳои 1,2,4-триазол, тиоганура ва ғайра. Синтези пайвастагиҳои координатсионии аз ҷиҳати биологӣ фаъол, инчунин синтези оксидҳо, намакҳо ва баъзе пайвастагиҳои координатсионӣ ба воситаи электрохимиявӣ. Бо усули электрохимиявй сайкал додани маснуоти металлй. Барои ба даст овардани гидроксиди натрий бо ёрии электрохимия. Омӯзиши диаграммаи фазавии системаҳои дар асоси хӯлаи сурма бо элементҳои нодири замин.
• Омӯзиш, синтез ва марҳилаи рентгении (рентгении сохтории) баъзе комплексҳои омехтаи лигандҳои синтезшудаи Mo (V), Re (V), Cu (II), Zn (II) ва Mn (II) Ag (I), Au (III), Co (II), Ni (II) бо ҳосилаҳои тиадиазол, 1,2,4-трикиолиин, трикиолиин, дигар лигандҳои органикӣ. Кор карда баромадани технологияи хосилкунии нукра, ки хангоми сайкал додани электрохимиявии маснуоти металлхои киматбахо дар асоси термикии боқимонда ва баъд аз ишқоронии металлхои киматбахо хосил мешавад.
• Омӯзиши термодинамикаи ҳосилшавии комплексҳои Mo (V), Re (V), Cu (II), Zn (II), Mn (II), Ag (I), Au(I), (III), Co (II), Ni (II) бо ҳосилаҳои тиадиазол, 1,2,4-триазол тиол, тиопирин, 8-хатти оксигенҳо ва комплексҳои тақсимотии узвҳо. зарраҳо дар маҳлул. Синтези гидроксиди натрий бо усули электрохимиявй.
• Омӯзиши раванди комплексҳосилшавии Mn(II) Ag(I), Au(III), Co(II), Ni(II), Cu (II) бо ҳосилаҳои тиадиазол, 3-метил-1,2,4-триазолитиол, тиопирин, 8-оксихинолин ва бо баъзе лигандҳои органикӣ дар муҳит ва ҳарорати гуногуни кислотаҳо. Истеҳсоли масолеҳи дорои хосиятҳои баланди магнитӣ дар асоси хӯлаҳои сурма ва висмут бо металлҳои нодири замин
Фаъолияти таълимӣ:
Кафедра мутахасистаёркунанда буда айни ҳол аз руйи ихтисоси ихтисоси 31050102- «Химик-муаллим» мутахассис тайёр мекунад. Тахассуси баъдидипломӣ: кимиё-муаллим, бакалавр – кимиё, магистр – кимиё-муаллим.
Тайёр кардани донишҷӯёни ихтисоси кимиёшинос-муаллим дар кафедраи химияи ғайриорганикӣ аз рӯи фанҳои зерин амалӣ карда мешавад:
Бакалавриат (рузона ва ғоибона)
Общепрофессиональные дисциплины:
- Химяи ғайриорганикӣ
- D-элемантҳои химиявӣ
- Кристалохимия
- Химияи бионооргнаики
- Назарияи химияи ғайриорганики
- Химяи пайвастҳои координатсиони
- Синтези моддаҳои ғайриорганики
- Усулхои тахлил пайвастаҳои комплекси
- S ва P элементҳои химияви
Марказҳо, лабораторияҳо:
Дар кафедра лабораторияҳои таълимӣ (мудири лабораторияҳо Назаров О.Н.), инчунин лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои пешбурди корҳои илмии докторантҳо, довталабон, магистрон ва корҳои курсӣ ва хатмии донишҷӯён мавҷуданд, ки барои баланд бардоштани самаранокии раванди илмию таълимӣ заруранд.
Докторантура ва аспирантура:
Кафедра бо довталабон аз рӯи ихтисоси 02.00.01 – химияи ғайриорганикӣ кор мебарад.
Корҳои анҷомдодаи кафедра дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ:
- Соли 1992 А. Аминчонов дар шурои диссертационии назди Институти махлулхои гайри обии Академияи илмхои Россия дар шахри Иваново дар мавзуи «Пайвастҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ» аз руи ихтисоси 02.00.01 рисолаи докторӣ ҳимоя кард;
- Соли 2000 ҳимояи рисолаи доктории дотсент О.А. Азизкулова дар шӯрои диссертатсионии Институти химияи Академиям фанҳои Тотористон ба номи В И. Никитин.
- Соли 2008 дотсенти кафедра С.М.Сафармамадов дар шӯрои диссертатсионӣ дар Донишгоҳи давлатии Воронежи Федератсияи Русия дар мавзӯи «Пайвасҳои комплексии рений (V) бо ҳосилаҳои тиокарбамид, лигандҳои азолдор ва ҷанбаҳои татбиқи онҳо» аз рӯи ихтисоси 02.00.01-химияи ғайриорганикӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардааст;
- Соли 2023 дотсенти кафедра Мабатқадамзода К.С. дар шӯрои диссертатсионии 6DKOA-010-и ДМТ дар мавзӯи «Комлексҳосилшавии металлҳои интиқолӣ бо амидҳо ва тиоамидҳо дар маҳлулҳои обӣ ва обии органикӣ» аз рӯи ихтисоси 02.00.01-химияи ғайриорганикӣ рисолаи докторӣ дифоъ кардааст;
Дар айни замон довталабони зерин ба ҳимояи рисолаи номзадӣ омодагӣ мебинанд:
• довталаби кафедра Хамидова Ф. Мавзӯи тадқиқот: «Пайвастҳои координатсионӣ молибдени (V) бо 1,2,4-триазолтиол ва тиосемикарбазид», ихтисоси 02.00.01-химияи ғайриорганикӣ;
• Мирзохонов Д.Ч., аспирантура. Мавзӯи тадқиқот: «Ташаккули комплексии Cd (II) бо метилҳосилаҳои имидазол ва 2-меркаптомидазол»
• Сурайёи С.Б. доктор аз рӯи ихтисоси докторӣ мебошад. Мавзӯи тадқиқот: «Таъсири ҳалкунандаҳо ба комплексҳосилшавии нуқра (I) бо 2-меркаптомидазол дар маҳлули обӣ ва обӣ-органикӣ» ихтисоси 02.00.01-химияи ғайриорганикӣ;
• Баҳроми Дилшод, доктори илмҳои фалсафа. Мавзӯи тадқиқот: «Пайвастаҳои комплексии тилло (I), (III) бо 2-метилимидазол ва тиопирин» аз рӯи ихтисоси 02.00.01-химияи ғайриорганикӣ;
Ҳамкории байналмилалӣ:
Кафедра бо бисёр донишгоҳҳо ва институтҳои илмӣ ҳамкории зичи байналмилалӣ дорад. Институти химияи махлули Академияи илмхои Россия, Донишгоҳи миллии Кирғизистон ба номи Ж.Баласагин, Университети миллии Казокистон ба номи Ал-Фаробй, Университети давлатии тадкикоти илмии Перм, Донишгоҳи давлатии технологияи химиявии Иваново, Донишгохи давлатии технологии Сибир, Институти химия ва технологияи химиявии Академияи илмҳои Ҷумхурии Киргизистон.
Айни замон устодон ва кормандони кафедра дар мавзӯи «Таҳқиқоти илмӣ, амалӣ дар соҳаи коркарди технологияи нав ва такмили технологияи мавҷудаи маводи ғайриорганикӣ ва омӯзиши химияи координатсионии металлҳои гузаранда бо лигандҳои сулфур ва нитрогендор» бомуваффақият кор карда истодаанд. Аз тарафи онҳо як қатор пайвастагихои нави координационии металлҳои зикршударо бо лигандхои органикии ҳалқаи нитроген ва сулфурдор синтез ва омӯхтанд. Чанбаҳои амалии истифодаи пайвастагиҳои комплексии синтезшударо ёфта истодаанд.
Солҳои гуногун аз рӯи дастовардҳои илмии кафедра зиёда аз 10 конференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуданд.
Натиҷаҳои корҳои илмии кормандони кафедра дар зиёда аз 60 ихтироот ва патентҳо, инчунин дар зиёда аз 2000 мақолаҳои илмӣ ва маводи конференсия инъикос ёфтаанд. Комёбихои илмии профессори кафедра А. Аминчонов бо сари синаи нукраи Маркази байналхалкии биографии «LEADING Educators of the World» (Кембридж, Англия) сарфароз шудааст.

САФАРОВ САЙМУҲАМАД ИСЛОМОВИЧ
Вазифа: мудири кафедраи химияи ғайриорганикӣ
Унвон: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992)904348489
E-mail: safarov.888@mail.ru
Таҳсилоти асосӣ: Химик- омӯзгор.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-003-и назди Донишгоҳи милли Тоҷикистон
Фанҳои тадрисшаванда: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ
ва ғайриорганикӣ, химияи таҳлили, усулҳои физики-химиявӣтаҳлил, электрохимия (Самти таълим: 1-31050102-Химия);
Собиқаи корӣ: 14 сол.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 14 лет.
Равияи илми: комплексҳосилкунии рений, ва симоб бо лигандҳои органики сулфурдор.
Маълумот дар бораи такмили ихтисос:
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси Табиатшиносӣ–химия» (2024)
Интишоороти нашршуда:
- Исследование процесса термолиза тиоцианатного комплекса рения (V) с 1- ацетил-4-метилтиосемикарбазидом Сафаров С.И.Курбонова Ф.Ш., Серия естественных наук 2018. № 4. Стр 189-196 ISSN2413-452X УДК 546.546/719 Вестник ТНУ
- Исследование процесса окисления N, N- диэтилтиомочевины в среде 6моль/л HCl при различных температурах. Сафаров, С.И. Аминджанов А.А., С.М. Сафармамадов, Ш.А. Одинаев, Таджикского национального университета–Душанбе. «Сино»-2016-С. 150-153. Вестник ТНУ
- Комплексообразование рения (V) с N,N-диэтилтиомочевиной в среде 6 моль/л НСl при 308К Сафаров С.И. Баходуров Ю. Ф. Таджикского национального университета. серия естественных наук. №1 (1)- Душанбе, 2017.
- Исследование процесса комплексообразования рения (V) c N- ацетилтиомочевиной в среде 5,5 моль/л HCl при 298К Сафаров С.И. Нуров Б., Курбонова Ф.Ш Вестник Таджикского национального университета Серия естественных наук. №3. 2019. с.165-170.УДК 543:546.719+546.13 ISSN
- Омӯзиши раванди комплексҳосилшавии рений (V) бо N,N – диэтилтиомочевина дар муҳити 4,0 мол/л HCl дар ҳарорати 298К
Сафаров С.И., Қурбонова Ф.Ш., Муродов К.С. Вестник
педагогического университета. Естественные науки. №2 14), 2022.
С.150-163.
- Исследование процесса комплексообразования рения (V) c N-ацетилтиомочевиной в среде 5,5 моль/л HCl при 318К Сафаров С.И. Қурбонова Ф.Ш., Известия Ошского технологического университета 2/2020
- Материалы международной конференции «Современные тенденции развития системы образования и науки в цифровую эпоху» Ош. 2020.С. 102-107. ISSN1694-660X
- Исследование процесса термолиза оксохлоро-N-ацетилтиомочевинного комплекса рения (V) Сафаров С.И. Курбонова Ф.Ш., Низомов М.М., Вестник Таджикского национального университета Серия естественных наук 2020. №4. С.261-268. УДК:547.421.4 ISSN 2143-452Х
- Исследование процесса термолиза тиоцианатного комплекса рения (V) с 1 – ацетил – 4 – метилтиосемикарбазидом Сафаров С.И. Ф.Ш. Курбонова, А.С. Содатдинова, / Вестник ТНУ, Серия естественных наук, 2018/№4, стр. 189 – 196 ISSN 2413-452X УДК 546; 546.719
- Таҳқиқи пайвастҳои комплексии рений (V) бо N,N,–диэтилтиомочевина бо тариқаи спектроскопияи инрфасурх Сафаров С.И. Курбонова Ф.Ш., Вестник педагогического университета. 2023 Сероия естественных наук №3 (19) ISSN 2707-9996.
- Колексообразование Ртути (II) с N-Ацетилтиомачевиной приионой силе 0.1мол/л NaCIO4 и температуре318 К
Р.С. Халимова. Курбонова Ф.Ш., Сафаров С.И. /Политехнический весник. Серия Инжинерные иследования / 2024/№2,(66) стр. 106-109 ISSN 2520-2227

САФАРМАМАДЗОДА САФАРМАМАД МУБОРАКШО
Вазифа: профессори кафедра
Унвон: Профессор
Дараҷа: доктори илмҳои химия
Тамос: (+992) 938270404
Почтаи электронӣ: sash65@mail.ru
Маълумоти асосй: химик-муаллим.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.01-Кимияи ғайриорганикӣ. Рисола дар шӯрои диссертатсионии D 212.038.08 аз фанҳои химияи Донишгоҳи давлатии Воронеж дифоъ шудааст.
Фанхои тадсил: химияи ғайриорганикӣ, химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, химияи махлулхои ғайриобй (Директорати таълим: 1-31050102-ХИМИЯ.);
Маълумот дар бораи такмили ихтисос:
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣ–химия» (2020)
Таҷрибаи умумии корӣ: 41 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 40 сол.
Самтҳои илмӣ: комплекссозии металлҳои гузаранда (Re, Cu, Ag, Au, Fe) дар маҳлулҳои обӣ ва обии органикӣ.
Таҷрибаомӯзии тадқиқотӣ:
- Нашрияҳои асосӣ (дар 3 соли охир):Комплексообразование серебра (I) c 1-метил-2-меркаптоимидазолом в растворителе вода-этанол Содатдинова А.С., Усачева Т.Р., Сафармамадзода С.М. Известия высших учебных заведений. Серия: Химия и химическая технология. 2022. Т. 65. № 8. С. 22-31.
- Complex formation of H[AuCl4] with 2-methylimidazole Bakhromi D., Safarmamadzoda S.M., Muborakkadamov D.A., Fritskii I.O. Russian Journal of Inorganic Chemistry. 2021. Т. 66. № 6. С. 820-826.
- Formation of complexes of silver(i) and 2-mercaptobenzimidazole in water–ethanol solutions Safarmamadov S.M., Karimova Z.I., Bakhodurov Y.F., Mabatkadamzoda K.S. Russian Journal of Physical Chemistry A. 2020. Т. 94. № 6. С. 1119-1124.
- Устойчивость комплексов серебра с 2-меркаптоимидазолом Бобосаидзода С.С., Содатдинова А.С., Сафармамадзода С.М., Ниёзов Н.Н. Доклады Национальной академии наук Таджикистана. 2021. Т. 64. № 11-12. С. 687-693.
- Сафармамадзода С.М., Ашуралиев М.О., Одилова З.А. Комплексообразование серебра(I) с 1–этил-2H-имидазолин-2-тионом. Вестник ТНУ. Вестник Таджикского Национального Университета Серия естественных наук 2025. №1.С.152.
- Содатдинова А.С., Сафармамадзода С.М.,
Усачева Т.Р., Мабаткадамзода К.С. Комплексообразование
серебра(I)с 1-метил-2-меркаптоимидазолом в водно-диметилсульфоксидном
растворителЕ
Журнал физической химии. 2024. Т. 98. № 4. С. 24-30.

АЗИЗҚУЛОВА ОНАҶОН АЗИЗҚУЛОВНА
Вазифа: профессори кафедра
Унвон: профессор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия
Алоқа: (+992) 935007455
E-mail: ona-41@mail.ru
Таҳсилоти асосӣ: Химик-омӯзгор.
Ученая степень: доктори илмҳои химия аз рӯи ихтисос 02.00.01-Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шӯрои диссертатсионии Д 031.02.01 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13.12.2000 дифоъ шудааст.
Дараҷаи илмӣ: профессор.
Ихтисоси асосии муаллим: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, Асосҳои химияи ғайриорганикӣ, химияи пайвастаҳои ғайриорганикӣ (Самти таълим: «1-31050102-Химия» фаъолияти илмӣ-педагогӣ);
Собиқаи корӣ: 63 сол.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 63 сол.
Самти илмии кор: Синтез ва таҳқиқи пайвастаҳои координатсионии металҳои интиқолӣ (Мо, Cu, Zn) бо лигандҳои органики нитроген- ва сулфурдор.
Таҷрибаомӯзии илмӣ: соли 1987 дар институтӣ технологии ба номи Ленсовет ш. Ленинград (дар муҳлати 1 моҳ).
Интишороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
1. Azizkulova, O.A. Synthesis and Study of Coordination Compounds of Copper (II) with N-Acetylthiourea / O.A. Azizkulova, Kh.S. Davlatova, F.Kh. Khakimov, U.M. Jurabekov // Synthesis and study of coordination compounds of copper (II) with N-acetylthiourea. Central Asian Journal of Medical and Natural Science, 2025. V. 06 № 01, 285–291. ISSN: 2660-4159
2. Аминов, Ҳ.М. Хосиятҳои кислотагӣ-асосии 1-формил-3-тиосемикарбазид / Ҳ.М. Аминов, О.А. Азизқулова, У.М. Ҷурабеков // Вестник ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Бахши илмҳои табиӢ. 2024. №5-2 (63). – С. 133 – 140. ISSN 2707-9996
3. Egamberdiev, A.Sh. Complex formation of molybdenum (V) with 1-phenyl-2,3-dimethylpyrazoline-5-thion in 4 mol/l HCI medium at 273-338 K / A.Sh. Egamberdiev, O.A. Azizkulova, U.M. Jurabekov, F.R. Khamidova, M.I. Abdulkhaeva // E3S Web of Conferences 05056. CONMECHYDRO – 2023 -V. 401, P. 2-13. https: // DOI.org/10.1051/e3sconf/202340105056.
4. Абдулҳаева, М.И. Раванди комплексҳосилкунии молибден (V) бо 1-метил-2-меркаптоимидазол дар муҳити 4,5 мол/л НСI ва ҳарорати 328 К / М.И. Абдулҳаева, О.А. Азизқулова, У.М. Ҷурабеков, А.Ш. Эгамбердиев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ 2023. №1. -C. 218-229. ISSN 2413-452X.
5. Азизқулова, О.А. Ҳосиятҳои кислотагӣ-асосии 1-атсетил-3-тиосемикарбазид / О.А. Азизқулова, Ҳ.М. Аминов, А.С. Самадов, У.М. Ҷурабеков // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табии. -Душанбе, 2023. -№3. -С. 246-253, ISSN 2413-452X.
6. Давлатова, Х.С. Синтез и физико-химические исследования координационных соединений меди (II) с некоторыми тиоамидными лигандами [Текст] / Х.С. Давлатова, О.А. Азизкулова, Г.Н. Солехова, У.М. Джурабеков. // Вестник Таджикского национального университета серия естественных наук. Душанбе- 2023, № 4. С. 255-262.

РАДҶАБОВ ТОДҶИДДИН РАДҶАБОВИЧ
Вазифа: дотсенти кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992)935696170
E-mail: khimiya59@mail.ru
Таҳсилоти асосӣ: Химик-омӯзгор.
Ученая степень: кандидат химических наук по специальности 02.00.01-Неорганическая химия. Диссертация защищена в диссертационном совете при Институте технологии им. Ленсовета, г. Санкт-Петербург (1988г)
Преподаваемые дисциплины: Неорганическая химия, Общая и неорганическая химия, (Направление подготовки: 1-31050102-Химия);
Общий стаж работы: 50 лет.
Стаж работы по специальности: 50 лет.
Область научных интересов: комплексообразования никеля и кобальта с серусодержащими органическими лигандами.
Важнейшие публикации (за посл. 3 лет):
- Zafarov S.Z. Synthesis of new derivatives of 3-azabicyclo[3.3.1]nonan based on N-(2-hydroxy-3,5-dinitrophenyl) benzamide / L. Mukhtorov, E. Ivanova, L. Perelomov, M. Nikishina, T. Radjabov, S. Zafarov, I. Shakhkeldyan, Y. Atroshchenko // Journal Results in Chemistry. 2021 (3). 100198.

БЕКНАЗАРОВА НАЗИРА СОИБНАЗАРОВНА
Вазифа: дотсенти кафедр
Унвон: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992)935476644
E-mail: nazira64@inbox.ru
Таҳсилоти асосӣ: Химик- омӯзгор.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии
Д 047.003.01 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ученое звание: дотсент
Преподаваемые дисциплины: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ
ва ғайриорганикӣ, Кристаллохимия (Самти таълим: 1-31050102-Химия);
Собиқаи корӣ: 39 сол.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 39 сол.
Соҳаи илм: Комплексҳосилкунии рений, оҳан, платина ва симоб бо лигандҳои органики сулфурдор.
Интишоороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Ҳасанов О.К. Омузиши заҳролудшавии шадиди комплекси Fe (III) бо тиопирин / Бекназарова Н.С., Атовуллозода Р.А., Назруллозода С.Х., Рахматуллоев Б.К., Раджабов Х.И., Хасанов О.К. // Паёми тиббии АМИТ. Душанбе -2022. Т. 12. № 1 (41). С. 91-95.
- Н.С. Бекназарова.Комплексҳосилкунӣ дар систем оҳан(III) – ФДПТ – 6 мол/л НСl – 273 К дар ҳалкунандаи омехта/ Н.С. Бекназарова, О.К. Ҳасанов// Маҷмуи мақолаҳои конференсияи байналмилалӣ: “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ”. (15-16 май 2024 г.), Душанбе. – 2024. -С. 65-71.
- Н.С. Бекназарова. Комплексҳосилкунии рений(V) бо 1-фенил-2,3-диметилпиразолин-5-тион дар маҳлул /Бекназарова Н.С., Шоалифов Ҷ.О.// Конференсияи илмӣ- байналмилалии «Рушди самтҳои нав дар илм: ҳолати ҳозира ва дурнамо» (25-26 октября 2024.) Душанбе. – 2024. С. 134-137.
- Н.С. Бекназарова. Муайянкунии устувории комплексҳои Маводи конференсияи байналмилалии илмю амалӣ «Ҷабҳаҳои биофарматсевтии таҳияи маводи доуворӣ» (15-октябр 2024). Душанбе. – 2024. С. 203-206.
- Н.С. Бекназарова. Комплексҳосилкунии симоби (II) бо 1-фенил-2,3-диметилпиразолин-5-тион дар 308 К дар муҳити 2 мол/л HNO3./ Бекназарова Н.С., Шоалифов Ҷ.О.// Маводи конференсияи илмӣ-амалӣ «Имкониятҳои нав дар илми тиб, маориф ва илм» бо иштироки байналмилалӣ. ДДТТ ба номи. Абуали ибни Сино. Душанбе 2024. Том 2. С.99.
- «Тарзи муайян намудани таркиби баргардандагии электроди оксиду барқароршавӣ». Бекназарова Н.С., Шоалифов Ҷ.О., Ҳасанов О.К. Патенти хурди ҶТ. – №TJ 1350. 2023. Дархост №2001465.
- Пайвастаҳои комплексии симоби(II) ва рений(V)ҳосилаҳои пиразол ва хинолин./Монография Шоалифов Ҷ.О., Бекназарова Н.С., Мабаткадамзода К.С. Душанбе: Матбааи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 2024.-199 с.
- Н.С. Бекназарова.Комплексообразование в систем железа(III) – ФДПТ – 6 моль/л НСl – 273 К в смешанном растворителе./ Н.С. Бекназарова, О.К. Хасанов// Сборник научных статьей VI Маҷмуи мақолаҳои конференсияи байналмилалИ: “Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ”. (15-16 май 2024 г.), Душанбе. – 2024. -С. 65-71.

БАХОДУРОВ ЮСУФ ФАЙЗУЛЛОЕВИЧ
Вазифа: дотсенти кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Алоқа:(+992)935844920, 203166868
E-mail: Yusuf68@mail.ru
Таҳсилоти асосӣ: Химик- омӯзгор.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии
Д 047.003.01 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон 14.11. 2007 дифоъ шудааст.
Дараҷаи илмӣ номзади илмҳои химия, дотсент
Ихтисоси асосии муаллим: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ
ва ғайриорганикӣ, Асосҳои химияи ғайриорганикӣ (Самти таълим: 1-31050102-Химия);
Собиқаи корӣ: 35 лет.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 30 лет.
Самти илмии кор: комплексҳосилкунии рений, мис, нуқра бо лигандҳои органики сулфурдор ва нитрогендор (тиопирин, 1- этил-2- меркаптоимидазол, 2- меркаптобензимидазол).
Интишоороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- FORMATION OF COMPLEXES OF SILVER(I) AND 2-MERCAPTOBENZIMIDAZOLE IN WATER–ETHANOL SOLUTIONS Safarmamadov S.M., Karimova Z.I., Bakhodurov Y.F., Mabatkadamzoda K.S. Russian Journal of Physical Chemistry A. 2020. Т. 94. № 6. С . 1119-1124.
- Устойчивость 2-меркптобензимидазольных комплексов серебра (I) в водно- метанольных растворах (статия). 1Сафармамадов С.М.,2 Мабаткадамзода К.С,3Баходуров Ю.Ф., Саодатдинова А.С., Вестник Таджикского национального университета 2020 . №2, с. 168-176.
- Исследование процесса комплексообразования в системе медь (11) с 1- фенил – 2,3-диметилпиразолин-5- тион HCL – ацетон потенциометрическим методом. Баходуров Ю.Ф., Хасанов Ф.Н. «Журнал физической химии». Россия.Том, 97, № 2, стр. 193-198. 2024г.

АБДУЛҲАЕВА МАЪРИФАТ ИСМОНҚУЛОВНА
Вазифа: Дотсенти кафедра
Унвон: Дотсент
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 558490220
E-mail: abdulhaeva0470@mail.ru.
Таҳсилоти асосӣ: Химик– омӯзгор.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01 – Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии
Д 047.003.01 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ихтисоси асосии муаллим: Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ
ва ғайриорганикӣ, Асосҳои химияи ғайриорганикӣ (Самти таълим: 1-31050102-Химия,1-020406-01 Химия. Биология);
Собиқаи корӣ: 38лет.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 20 лет.
Самти илмии кор: комплексҳосилкунии молибден бо лигандҳои органикии сулфурдор ва нитрогендор дар маҳлулҳои кислотагӣ, обӣ ва обӣ-органикӣ.
- Интишоороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- 1. Абдулҳаева М.И., Азизқулова О.А., Ҷурабеков У.М., Эгамбердиев А.Ш. Раванди комплексҳосилкунии молибден (V) бо 1-метил-2-меркаптоимидазол дар муҳити 4,5 мол/л НСI ва ҳарорати 328 К (Процессы комплексообразования молибдена (V) с 1-метил-2-меркаптоимидазолом в среде 4,5 моль/л НСI и температуры 328 K) Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ 2023. №1. -C. 218-229.
2. Egamberdiev A.Sh. Complex formation of molybdenum (V) with 1-phenyl-2,3-dimethylpyrazoline-5-thion in 4 mol/l HCI medium at 273-338 K / A.Sh. Egamberdiev, O.A. Azizkulova, U.M. Jurabekov, F.R. Khamidova, M.I. Abdulkhaeva // E3S Web of Conferences 05056. CONMECHYDRO – 2023 -V. 401, P. 2-13. https://DOI.org/10.1051/e3sconf/202340105056.
3. Азизкулова О.А., Эгамбердиев А.Ш., Абдулхаева М.И., Хамидова Ф.Р., Джурабеков У.М. Исследование комплексообразования молибдена (V) с 1-фенил-2,3-диметилпиразолин-5-тионом в среде 4,0 моль/л HCI при 288 К методом потенциометрического титрования // Вестник педагогического университета. Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. Естественных наук. № 1(10-11). 2021, -С. 29-34.
4. Азизкулова О.А., Хамидова Ф.Р., Эгамбердиев А.Ш., Абдулхаева М.И., Джурабеков У.М. Исследование процесса комплексообразования молибдена (V) с 1,2,4-триазолтиолом в среде 6 моль/л HCI при 298 К // Известия Ошского технологического университета. №2, -Ош 2020, — С 94-98.

БОБОЕВА БАРФӢ ТОИРОВНА
Вазифа: дотсенти кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷа: номзади илмҳои химия
Тамос: (+992) 201404017
E-mail: boboevabarfi@gmail.com
Маълумоти асосӣ: Химик. Муаллим.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз рӯйи ихтисои 02.00.01-Химияи ғайриорганикӣ. Рисолаи илмӣ (диссертатсия) дар Шӯрои диссертатсионии Д 047.003.01 назди Институти химия ба номи В.И.Никитина АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя карда шуд.
Унвони илмӣ: дотсент
Фаннҳои таълимӣ: химияи ғайриорганикӣ, химияи умумӣ ва ғариорганикӣ, (Самти таълим: 1-31050102-Химия);
Фаъолияти умумии корӣ: 38сол.
Фаъолияти корӣ аз рӯйи ихтисос: 33сол.
Самти фаъолияти илмӣ: комплексҳосилкунии руҳ ва миси (II) бо лигандҳои органикии нитроген-, сулфур– ва оксигендор.
Нашриёти муҳим (дар 3 соли охир):
- Бобоева Б.Т. Синтез и исследование свойств координационных соединений цинка (II) c 4 – (4 бромофенил) бутен ––3 – 2 – оном // Вестник Педагогического университета имени Садриддина Айни, серия естественных наук, Душанбе – 2023. №2(18). Ст. 100-106.
- Бобоева Б.Т., Холиқова Л.Р. Синтез и исследование комплексных соединение меди (II) с ко-амоксиклавом в водно-спиртовой среде//Термезский филиал Ташкентской медицинской академии «Актуальные проблемы химии и биологии» /Сборник материалов республиканской научно – практической конференции с Международным участием Ташкент – 2024. Ст. 59-65.

МАБАТҚАДАМЗОДА КИМЁ САБЗҚАДАМ
Вазифа: дотсенти кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷа: доктори илмҳои химия
Тамос: (+992) 935436503
Почтаи электронӣ: kimyo84@mail.ru
Маълумоти асосй: химик-муаллим.
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.01-Химияи ғайриорганикӣ. Рисола дар шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-010 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ шудааст.
Унвони илмӣ: дотсент
Фанхои дарсӣ: химияи гайриорганикӣ, химияи умумӣ ва гайриорганикӣ, халкунандахои гайриобй, кристаллохимия, химияи пайвастагихои координатсионӣ, (Самти таҳсил: 1-31050102-Химия);
Таҷрибаи умумии корӣ: 19 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 19 сол.
Самтҳои илмӣ: комплексҳосилкунии маҳлулҳо тилло, кадмий, оҳан, нуқра ва мис бо лигандҳои органикии дорои сулфур.
Нашрияҳои асосӣ (дар 3 соли охир):
- Мабаткадамзода К.С. Устойчивость комплексов Fe(III) с 1-фенил-2,3-диметилпиразолин-5-тионном в 1 моль/л H2SO4/ К.С. Мабаткадамзода / Изв. НАНТ. Отд. физ. — мат., хим., геол. и техн. наук., 2022. – №2 (187) – С.98-105.
- Мабаткадамзода К.С. Устойчивость 1-фенил-2,3-диметилпиразолинтионных комплексов Fе(III) в сернокислом и солянокислом растворах/ К.С. Мабаткадамзода / Доклады НАНТ., 2022. Т. 65, № 1-2. С. 92-97.
- Sodatdinova A.S., Safarmamadzoda S.M., UsachevaT.R, Mabatkadamzoda K.S. Complexation of Silver (I) with 1-Methyl-2-mercaptoimidazole in the Aqueous Dimethylsulfoxide Solvent. Russian Journal of Physical Chemistry, Chemical Thermodynamics and thermochemistry. A, 2024. Vol.98, №4. рр.538-542.
- Сафармамадзода С.М., Мудинов Х.Г., Мабаткадамзода К.С. Исследование термических свойств координационных соединений серебра(I) с 1,2,4-триазолами. Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. 2024. № 1. С. 156-164

ДЖУРАБЕКОВ УБАЙДУЛЛО МАХМАДСАФИЕВИЧ
Вазифа: дотсенти кафедра
Унвон: дотсент
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
алоқа: (+992) 918960660, 903048600
E-mail: ubaid011002@mail.ru.
Таҳсилоти асосӣ: Химик–технолог.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01-Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д 047.003.02 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дараҷаи илмӣ: дотсент
Ихтисоси асосии муаллим Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ
ва ғайриорганикӣ, Асосҳои химияи ғайриорганикӣ (Самти таълим: 1-31050101-Химияи татбиқӣ);
Собиқаи корӣ: 21 сол.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 18 сол.
Самти илмии кор: комплексҳосилкунии молибден, мис ва руҳ бо лигандҳои органикии сулфурдор ва нитрогендор дар маҳлулҳои кислотагӣ, обӣ ва обӣ-органикӣ
Интишоороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
1. Azizkulova, O.A. Synthesis and Study of Coordination Compounds of Copper (II) with N-Acetylthiourea / O.A. Azizkulova, Kh.S. Davlatova, F.Kh. Khakimov, U.M. Jurabekov // Synthesis and study of coordination compounds of copper (II) with N-acetylthiourea. Central Asian Journal of Medical and Natural Science, 2025. V. 06 № 01, 285–291. ISSN: 2660-4159
2. Аминов, Ҳ.М. Хосиятҳои кислотагӣ-асосии 1-формил-3-тиосемикарбазид / Ҳ.М. Аминов, О.А. Азизқулова, У.М. Ҷурабеков // Вестник ДДОТ ба номи С.Айнӣ, Бахши илмҳои табиӢ. 2024. №5-2 (63). – С. 133 – 140. ISSN 2707-9996
3. Egamberdiev, A.Sh. Complex formation of molybdenum (V) with 1-phenyl-2,3-dimethylpyrazoline-5-thion in 4 mol/l HCI medium at 273-338 K / A.Sh. Egamberdiev, O.A. Azizkulova, U.M. Jurabekov, F.R. Khamidova, M.I. Abdulkhaeva // E3S Web of Conferences 05056. CONMECHYDRO – 2023 -V. 401, P. 2-13. https: // DOI.org/10.1051/e3sconf/202340105056.
4. Абдулҳаева, М.И. Раванди комплексҳосилкунии молибден (V) бо 1-метил-2-меркаптоимидазол дар муҳити 4,5 мол/л НСI ва ҳарорати 328 К / М.И. Абдулҳаева, О.А. Азизқулова, У.М. Ҷурабеков, А.Ш. Эгамбердиев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ 2023. №1. -C. 218-229. ISSN 2413-452X.
5. Азизқулова, О.А. Ҳосиятҳои кислотагӣ-асосии 1-атсетил-3-тиосемикарбазид / О.А. Азизқулова, Ҳ.М. Аминов, А.С. Самадов, У.М. Ҷурабеков // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табии. -Душанбе, 2023. -№3. -С. 246-253, ISSN 2413-452X.
6. Давлатова, Х.С. Синтез и физико-химические исследования координационных соединений меди (II) с некоторыми тиоамидными лигандами [Текст] / Х.С. Давлатова, О.А. Азизкулова, Г.Н. Солехова, У.М. Джурабеков. // Вестник Таджикского национального университета серия естественных наук. Душанбе- 2023, № 4. С. 255-262.

ЭГАМБЕРДИЕВ АЗИЗ ШАРИФОВИЧ
Вазифа: муаллими калони кафедра
Унвон: –
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
алоқа: (+992) 927141104
E-mail: Aziz.2288@mail.ru.@mail.ru.
Таҳсилоти асосӣ: Химик–технолог.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия аз руи ихтисоси 02.00.01-Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсионии Д 047.003.03 назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ.
Дараҷаи илмӣ: муаллими калон
Ихтисоси асосии муаллим Химияи ғайриорганикӣ, Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, Асосҳои химияи ғайриорганикӣ (Самти таълим: 1-31050102-Химия);
Собиқаи корӣ: 19 сол.
Собиқаи корӣ аз руи ихтисос: 15 сол.
Самти илмии кор: комплексҳосилкунии молибден, мис ва руҳ бо лигандҳои органикии сулфурдор ва нитрогендор дар маҳлулҳои кислотагӣ, обӣ ва обӣ-органикӣ
Интишоороти муҳимтарин (дар 3 соли охир):
1. Egamberdiev, A.Sh. Complex formation of molybdenum (V) with 1-phenyl-2,3-dimethylpyrazoline-5-thion in 4 mol/l HCI medium at 273-338 K / A.Sh. Egamberdiev, O.A. Azizkulova, U.M. Jurabekov, F.R. Khamidova, M.I. Abdulkhaeva // E3S Web of Conferences 05056. CONMECHYDRO – 2023 -V. 401, P. 2-13. https: // DOI.org/10.1051/e3sconf/202340105056.
2. Абдулҳаева, М.И. Раванди комплексҳосилкунии молибден (V) бо 1-метил-2-меркаптоимидазол дар муҳити 4,5 мол/л НСI ва ҳарорати 328 К / М.И. Абдулҳаева, О.А. Азизқулова, У.М. Ҷурабеков, А.Ш. Эгамбердиев // Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ 2023. №1. -C. 218-229. ISSN 2413-452X.
3. Азизкулова О.А., Эгамбердиев А.Ш., Абдулхаева М.И., Хамидова Ф.Р., Джурабеков У.М. Исследование комплексообразования молибдена (V) с 1-фенил-2,3-диметилпиразолин-5-тионом в среде 4,0 моль/л HCI при 288 К методом потенциометрического титрования // Вестник педагогического университета. Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. Естественных наук. № 1(10-11). 2021, -С. 29-34.
4. Азизкулова О.А., Хамидова Ф.Р., Эгамбердиев А.Ш., Абдулхаева М.И., Джурабеков У.М. Исследование процесса комплексообразования молибдена (V) с 1,2,4-триазолтиолом в среде 6 моль/л HCI при 298 К // Известия Ошского технологического университета. №2, -Ош 2020, – С 94-98.

МУБОРАКҚАДАМОВ ДАВРОН АҲМАДҶОНОВИЧ
Вазифа: муаллими калон
Дараҷа: номзади илмҳои химия
Тамос: (+992) 501219086
Почтаи электронӣ: m.i.davron@mail.ru
Маълумоти асосӣ: химик муҳандис.
Фанҳои таълим: химияи ғайриорганикӣ, химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ.
Маълумот дар бораи такмили ихтисос:
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бахши «Табиатшиносӣ – химия» (2020-2024)
Таҷрибаи умумии корӣ: 23 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 23 сол.
Самти илмӣ: комплексхосилшавии тилло(I), (III) ва нуқра бо лигандҳои органикии нитроген ва сулфурдор.
Нашрияҳои асосӣ (дар 3 соли охир):
- Бахроми Д., Сафармамадов С.М., Фрицкий И.О., Мубораккадамов Д.А. / Комплексообразование Н[AuCl4] с 2-метилимидазолом// Журнал неорганической химии, том 66, №6 2021, С. 721-728.
- Safarmamadzoda S.M., Kurbonbekov, D.S., MuborakkadamovD.A. / Influence of temperature on the stability of 2-ethylimidazole Au (III)// From Chemistry Towards Technology Step-by-Step, 3(3), pp. 116-122 [online].
- Сафармамадзода С.М., Курбонбеков Дж. С., Мубораккадамов Д.А., Содатдинова А.С. / Взаимодействие Н[AuCl4] с 2-этилимидазолом при 298К / Весник ТНУ, Серия естественных наук 2022. №3. С. 293-301.
- Д. Бахроми, С.М. Сафармамадов, Д.А. Мубораккадамов / Комплексообразование золота (I) с 2-метилимидазолом Извест. высш. учеб. завед. Химия и химич. техн. – Иваново, 2023. № 4. С 27-34.
- Safarmamadzoda S. M., Kurbonbekov J. S., Muborakkadamov D. A. / Interaction of [AuCl2]– with 2-ethylimidazole at 278-318К. BULLETIN OF THE TAJIK NATIONAL UNIVERSITY Series of natural sciences 2024. No.1. pp. 135 -145.