ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ КАФЕДРА
Кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ моҳи сентябри соли 1964 ташкил шуд, ки он аз таркиби кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ ҷудо гардид. Аввалин мудир ва ташкилкунандаи кафедра Яқубов Ҳомид Муҳсинович, н.и.х., муаллими калон (баъд д.и.х., профессор) мебошад, ки дар созмон додани озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ, Хонишҳои синоӣ ва ташаккули ҳайати омӯзгории кафедра саҳми босазо гузошт.
Дар солҳои гуногун вазифаи мудирии кафедраро шахсони зер ба ӯҳда доштанд: Яқубов Ҳомид Муҳсинович (солҳои 1964-1975), Мансуров Марат Маъруфович (солҳои 1975-1980 ва 1985 – 1998), Юсуфов Зуҳуриддин Нуриддинович (солҳои 1980-1985 ва 2003-2010), Оффенгенден Евсей Яковлевич (1981-1985, дар давраи сафари хидматии Юсуфов З.Н. ба Донишгоҳи Кобул), Суяров Қурбон Ҷураевич (1998-2003 ва 2010-2014), Давлатшоева Ҷаҳонгул Асанхоновна (2014-10.01.2019), Файзуллоев Эркин Фатҳуллоевич (10.01.2019-01.09.2019). Аз 28 феврали соли 2020 инҷониб мудири кафедра, н.и.х., дотсент Давлатшоева Ҷ.А. мебошад.
Дар марҳилаи ибтидоӣ барои хондани лексия олимони варзидаи университетҳои Москва ва Ленинград даъват карда шуда буданд, чун академики Академияи илмхои СССР Николский Б.П., Герасимов Я.И., профессорон Палчевский В.В., Пендин А.А., Парамонова В.И., дотсент Е.И. (аз университети Ростови лаби Дон). Дар ҳамин давра н.и.т., дотсент Богданов В.П., муаллими калон Оглоблина Н.П., лаборантҳо Исмоилова М.А., Дигурова З.У., баъдан устодони калон Кадралиев М.И., Виниченко Г.М., Чернакова С.Я.Н. дарсҳои лексионӣ ва машғулиятхои лабораторӣ гузаронда, коллоквиумҳо қабул намуда, дар ташаккул ва инкишофи кафедра хиссаи калон гузоштанд.
Дар кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ раванди таълим дар баробари иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Кафедра барои ихтисосҳои факултетҳои химия, биология, геология, физика, фарматсевтӣ ва тиббӣ аз фанҳои зерин раванди таълимро амалӣ менамояд: химияи физикӣ, химияи коллоидӣ, химияи квантӣ, сохти модда, тариқаҳои физикии таҳқиқот, химияи физикӣ ва коллоидӣ, химия (шакли таълими фосилавӣ барои факултети физика), курсҳои махсус ва фанҳои интихобии донишҷӯён.
Фаъолияти кафедра ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи химияи физикӣ ва коллоидӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ, кормандони илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи химия, кормандони илмӣ-истеҳсолӣ дар муассисаҳои истеҳсолӣ ва корхонаҳои саноатӣ, кормандони ташкилӣ-идоракунӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, олӣ равона карда шудааст.
Кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ кафедраи тахассусии факултети химия буда, вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: аз рӯйи фанҳои ба кафедра вобасташуда машғулиятҳои таълимӣ – лексияҳо, семинарҳо ва машғулиятҳои лабораториро мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмин менамояд; ба донишҷӯён аз рӯйи фанҳои таълимӣ маслиҳат медиҳад, аттестатсияи ҷорӣ ва ниҳоии донишҷӯёнро дар шакли санҷиш ва имтиҳонҳо аз рӯйи натиҷаи аз худ намудани маводи таълимӣ таъмин менамояд, кори мустақилонаи донишҷӯён, аз ҷумла вазифаҳои хонагӣ, кори курсии онҳоро ташкил ва мунтазам назорат мекунад, дар байни донишҷӯён кори тарбиявӣ мебарад, корҳои таълимӣ- методиро, ки барои ба дараҷаи зарурӣ гузаронидани раванди таълимро таъмин мекунад, иҷро менамояд.
Дар солҳои гуногуни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони кафедра 8 китоби дарсӣ, 16 дастури таълимию методӣ ва теъдоди зиёди барномаҳои таълимӣ ба табъ расидаанд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра ҳамеша бо ҳамкории мустақим бо мактабҳои илмии академикҳо аз Федератсияи Россия Николский Б.П., Спитсин В.И., Флёров Г., Кукушкин Ю.Н., Зеленцов В.В., профессорон Салников Ю.И., Глебов А.Н., Туртэ К.И., Дятлова Н.М., Костромина Н.А. ба роҳ монда мешуданд, ки барои инкишофи кафедра хеле судманд буд.
Дар кафедра аз рӯйи мавзӯъҳои: «Омӯзиши оксредметрӣ ва спектрофотометрии таҳқиқоти баъзе металлҳои валенташон тағйирёбанда», «Физикӣ – химияи маҳлулҳои электролитҳо» ва «Пайвастаҳои комплексӣ» корҳо анҷом дода шуданд. Таҳти роҳбарии профессор Яқубов Ҳ.М. (гурӯҳи дотсентон: Юсупов З.Н., Калантарова Е.Я., Оффенгенден Е.Я., Жемчужникова Т.А. (Насонова) ва Мансуров М.М. дар соҳаҳои гуногуни химияи координатсионӣ ба таҳқиқоти илмӣ машғул буданд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра ҳамеша бо ҳамкории мустақим бо мактабҳои илмии академикҳо аз Федератсияи Россия Николский Б.П., Спитсин В.И., Флёров Г., Кукушкин Ю.Н., Зеленцов В.В., профессорон Салников Ю.И., Глебов А.Н., Туртэ К.И., Дятлова Н.М., Костромина Н.А. ба роҳ монда мешуданд, ки барои инкишофи кафедра хеле судманд буд. Ин ҳамкорӣ имкон дод, ки дар марказҳои илмии зикршуда ва дар Тоҷикистон омӯзгорон, аспирантон ва кормандон, ки аксаран хатмкунандагони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии ДМТ буданд, рисолаҳои худро ҳимоя кунанд: Абдуллоев Ш.Х. (1987), Баталова Н.Б. (1977), Бахус Е.Н. (1988), Бобритская Л.С., Бухоризода Р.А. (1982), Винниченко Г.М. (1987), Исмоилова М.А. (1978), Калонтарова Е.Я. (1974), Квятковская Л.В. (1974), Кувшинов В.А. (1975), Қудратова Л.Ҳ. (1977), Мансуров М.М. (1973), Маликов Т.С. (1989), Насонова Т.А. (1975), Назирмадов Б. (1984), Норов Ш.К., Нурматов Т.М. (1990), Оффенгенден Е.Я. (1972), Раҷабов У.Р., Раҳимова М.М. (1990), Салим Мухаммад Ришод (Миср, 1990), Суяров Қ.Ҷ. (1989), Семенова Г.Л. (1990), Ткачук Е.Х., Фозилова М.Ф. (1976), Юсупов З.Н. (1977), Юсупов Ш.Т. (1990), Давлатшоева Ҷ.А. (1994), Мирзоева М.М. (1994), Комилов Х.Ч. (1996), Қурбонов Б.Р. (1994), Шарипов И.Ҳ. (2004), Ёрмамадова С.Г. (2006), Кандрашина Т.Ф. (2006), Назарова Х.Д. (2006), Имомов Р. (2009), Ашрафулсодот Гасимӣ (аспиранти ҶИЭ, 2012), Файзуллоев Э.Ф. (2015), Эшова Г.Б. (2018), Бобоев М.У. (2019), Идиев С. (2021), Маҷидов И.К. (2023), Қудратова Ш.Ҳ. (2023), Назарова М.Т., Камолова И., Мираминзода Ф. (2024), Ҷамолиддинзода Ф.Ҷ. (2025).
Аз зумраи хатмкунандагони кафедра 5 нафар аз рӯи мавзӯи илмии кафедра рисолаи докторӣ ҳимоя кардаанд: Мансуров М.М. (1997), Норов Ш.К. (ш.Бухоро), Юсуфов З.Н. (1998), Раҷабов У.Р. (2009), Раҳимова М.М (2013). Устоди ҷавони кафедра Самадов А.С. ба Донишгоҳи давлатии педагогии Москва дар асоси барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ ба аспирантураи шуъбаи рӯзона аз 24.08.2017 то 23.08.2020 шомил гардид ва рисолаи номзадиро дар муҳлати муайяншуда ҳимоя намуда, дипломи номзади илмҳои химияро сазовор гашт.
Се нафар омӯзгорони кафедра профессорон Яқубов Ҳ. М., Юсуфов З.Н. ва дотсент Қудратова Л.Ҳ. дар маҷмӯъ 39 сол вазифаи декани факултети химияро аз 60 соли мавҷудияти факултет ба ӯҳда доштанд. Айни ҳол яке аз омӯзгорони кафедра, дотсент Файзуллозода Э.Ф. сарварии факултетро ба зимма дорад.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар шаҳодатномаҳои муаллифии ихтироот ва патентҳо инъикос ёфтаанд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он баҳои баланд гирифтанд. Ихтироотҳои илмии профессор Раҳимова М. дар Ҳамоишҳои V, VI, VII ва VIII Байналмилалии занҳои ихтироъкор (ш. Cеул, 2012, 2013, 2014) бо медалҳои тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ, дипломи ассотсиатсияи «Хонаи руссиягии Иттиҳоди байналмилалии илмӣ», сертификати Ассотсиатсияи занҳои ихтироъкори Аврупо, ҷоизаи махсуси Индонезия, «Зани беҳтарини ихтироъкор»-и Эрон, барои фаъолияти ихтироотиаш бо медали тиллои Ассотсиатсияи байналмиллалии «Ҳифзи моликияти зеҳнӣ» (Женева, 2013) қадр гаштааст.
Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра ҳамасола дар конференсияҳои сатҳҳои гуногун (конференсияҳои байналмилалӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва дохилидонишгоҳӣ) маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод мекунанд: конференсияи дуюми ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ДМТ – «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон-маркази тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон» (Душанбе, 2016); конференсияи XXVII байналмилалии Чугаев оид ба химияи координатсионӣ. Нижний Новгород-2017; Конференсия ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дурнамои инкишофи саноати кимиёи Тоҷикистон» (Душанбе, 2017), конференсияи байналмиллалии «Пайвастҳои комплексӣ ва ҷанбаҳои истифодабарии онҳо» (Душанбе, 2018); конференсияҳои ҳарсолаи ҳайати устодону кормандони ДМТ (2016-2025); конференсияи байналмилалии илмию амалии «Мушкилоти муосири химия, татбиқ ва дурнамои онҳо»бахшида ба 60-солагии кафедраи химияи органикӣ ва хотираи доктори илмҳои химия, профессор Холиқов Ширинбек Холиқович (Душанбе, 2021); конференсияи IV- V- и илмии байналмилалӣ «Масъалаҳои кимиёи физикӣ ва координатсинӣ» бахшида ба гиромидошти хотираи докторони илмҳои кимиё, профессорон Ҳомид Муҳсинович Ёқубов ва Зуҳуриддин Нуриддинович Юсупов (Душанбе, 2019, 2021); Конфронси XXIV умумироссиягии олимон-химикҳои ҷавон (бо иштироки байналмилалӣ), – Нижний Новгород, 2021; Конгресси байналмилалӣ оид ба химияи пайвастаҳои гетеросиклӣ (COST-2021) 12-16 октябри 2021, Сочи; конференсияи умумирусиягии олимони ҷавон “Рӯзҳои илм дар ДДХТИ”, Иваново, 2022; конференсияи шашуми байналмилалии илмӣ, Москва, ДРДХ (РУДН), 2022; 1st International Scientific Conference “Modern Materials Science: Topical Issues, Achievements and Innovations (ISCMMSTIAI-2022)”. –Тошкент, 2022; конференсияи шашуми байналмилалии илмии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Москва, 2022; конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ, бахшида ба 30-солагии факултети тиббии Донишгоҳи давлатии Ош, инчунин 75-солагии нахустин декани факултети тиббӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Жеенбаев Жолборс Жеенбаевич “Интегратсияи назария, маориф ва илм бо тибби амалӣ”. Донишгоҳи давлатии Ош – Ош, 2023; конференсияи X байналхалқии илмӣ-амалӣ, Ҷумҳурии Узбекистон, Андиҷон, 2023; конференсияи XXVI умумироссиягии химикҳои ҷавон (бо иштироки байналмилалӣ), Нижний Новгород, 2023; конференсияи байналмилалии илмию амалӣ, бахшида ба хотираи академики АМИТ, доктори илмҳои химия, профессор Ҳайдар Сафиев дар мавзӯи «Рушди самтҳои нав дар химия ва технологияи химиявӣ» (26 октябри 2023); конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ», бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ–саноатикунонии кишвар, солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» ва 65-солагии ташкилёбии кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ” ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев, Душанбе, 2023; конференсияи байналмилалии илмию амалии «Илм ва маориф: тамоюлҳои рушди ҷомеаи иттилоотӣ», бахшида ба 75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,Душанбе, 2023; Конференсияи VI илмии байналмилалӣ: «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ», бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф», 90- солагии доктори илмҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75- солагӣ ва 53 – солагии фаъолияти илмӣ –таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон (15-16 майи соли 2024); конференсияи илмӣ-амалии олимони ҷавон, аспирантон, ва донишҷӯён. Кинел, 2024; конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши химия ва саноати химиявӣ дар саноатикунонии Тоҷикистон», Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, 24.05.2024; конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Вазъи кунунӣ ва дурнамои таҳлили физико-химиявӣ», бахшида ба эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ–саноатикунонии кишвар, солҳои 2022-2026 – «Солҳои рушди саноат» ва гиромидошти хотири арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои химия, профессор Лутфулло Солиев (14-15-уми марти соли 2025).
Дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ устодони кафедра 6 монография, зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба табъ расонида, зиёда аз 50 шаҳодатномаи муаллифии ихтироот ва патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаанд.
Ҳоло дар кафедра 4 нафар магистрант, 3 нафар докторанти PhD бо фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд. Солҳои 2018-2025 дар кафедра 9 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи номзадӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафа (PhD) – доктори ихтисоси 6D060600-Химия (6D060604-Химияи физикӣ), 2024 дифоъ кардааст.
Ҳайати профессорону устодони кафедра
Коллективи омӯзгорони кафедра дорои базаи васеи таълимӣ ва илмӣ мебошад. Айни замон дар кафедра 10 нафар омӯзгорони баландихтисос, аз ҷумла 1 нафар доктори илмҳои химия, профессор М. Раҳимова, номзади илмҳои химия, дотсентон Файзуллозода Э.Ф., Давлатшоева Ҷ.А., Суяриён Қ.Ҷ., Қудратова Л.Ҳ., Назирмадов Б.Н., Самадова А.С., номзади илмҳои химия, ассистент Раҳимова Н.О., муаллими калон Ҷамолиддинзода Ф.Ҷ., ассистент Ҳакимзода Ҷ.Н., номзади илмҳои химия, дотсентон: Бобоназарзода Г.Б., Шоедарова З.А. (0,25ҳисса, ҳамкор). Ҳайати омӯзгорон ва кормандони кафедра бо масъулияти хоси худ дар масъалаи тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи химия барои кишвари мо бомуваффақият кор мекунанд.
Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ
Корҳои илмии кафедра дар ҳамкории зич бо марказҳои пешбари илмӣ: Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Университети давлатии Ленинград, Университети техникии Ленинград, Университети давлатии Қазон; бо институтҳои таҳқиқоти илмӣ: ИХУҒ (Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ), ИХФ (Институти химияи физикӣ), ИРХМХ (Институти реактивҳои химиявӣ ва моддахои холис), ИФТ (Институти физикаю техникӣ). Ин ба истеҳсоли кадрҳои баландихтисос ва дар сатҳи байналмилалӣ самаранок ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мусоидат кард.
Аввалин аспирантони кафедра Хрусталев В.А., Калонтарова Е.А., Квятковская Л.В., Оффенгенден Е.Я., Мансуров М.М., Қудратова Л.Х., Фозилова М.Ф. буданд. Онҳо корҳои худро дар Университети давлатии Ленинград ба номи А. Жданов анҷом доданд.
Таҳти роҳбарии профессор Яқубов Ҳ.М. ва бо иштироки устодон Юсупов З.Н., Раҳимова М.М., Мансуров М.М., Нурматов Т.М., Суяров Қ.Ҷ., Фишер В.Р. технологияи истеҳсоли микронурии оҳандор бо номи FеГа дар заводи гидрометаллургии Исфара ҷорӣ гардид.
Кори оғозкардаи Хамид Мухсиновичро шогирдонаш давом дода истодаанд. Профессор Юсупов Зухуриддин Нуриддинович яке аз шогирдони ӯ буд. Мавзуи таҳқиқоти илмӣ тағйир наёфта, балки васеъ ва мураккабтар гардид. Масъалаи асосӣ дар системаҳои таҳқиқшаванда аниқ муайян кардани таркиб ва устувории пайвастаҳои координатсионӣ буд.
Профессор Юсуфов З.Н. усули муайян кардани таркиб ва константаҳои ҳосилшавии пайвастаҳои координатсиониро (Патенти ҶТ № 295, аризаи № 37000501. 21.12.2000. Бюллетени № 21, 2001) пешниҳод кардааст, ки дар системаҳои гомо- ва гетерогении оксидшавӣ-барқароршавии 3d-металлҳои интиқолӣ ва лигандҳои узвӣ ҳосил мешаванд. Ӯ барои ҳисоб кардани мувозинати ионӣ дар системаҳои комплексҳосилкунанда барномаҳои ҳисоббарор тартиб дод, ки то ҳашт заррачаи асосии комплексии байни ҳам таъсиркунанда, новобаста аз мураккабиашон доранд, коркард намуд.
Аз ҳамон вақт инҷониб бо ёрии функсияи оксидшавии Юсуфов дар муддати кӯтоҳ бе саъю кӯшиши зиёд константаҳои устувории пайвастахои комплексии ҳосилшуда, инчунин дигар параметрҳои моделӣ бо саҳеҳии аниқ гирифтан имконпазир гардид.
Дар асоси натиҷаҳои тадқиқот таҳти роҳбарии профессор Юсупов З.Н. оид ба истифодаи пайвастаҳои координатсионии металлҳои интиқолӣ бо лигандҳои органикӣ дар байторӣ миқдори зиёди маводи таҷрибавӣ ба даст оварда шуд. Барои дибаферол, ки хосиятҳои зиддимикробӣ нишон медиҳад ва дибакупрол, ки таъсири зиддимикробӣ ва зидди замбуруғӣ дорад, патент гирифта шуд.
Аз соли 2010 инҷониб мавзӯъҳои илмии кафедра дар ҳамин самт (химияи координатсионӣ) бомуваффақият идома ёфта, роҳбари илмӣ профессор Раҳимова Мубаширхон мебошад. Принципҳои тартиб додани моделҳои химиявии равандҳои хосилшавии пайвастаҳои координатсионӣ дар системаҳои гомо-, гетерогении оксидшавӣ-барқароршавӣ, сарфи назар аз мураккабии таркиби онҳо кор карда баромада шуданд.
Моделҳо дар асоси барномаҳои компютерии Юсупов З.Н. имкон доданд, ки тамоми ҳисобҳои мувозинат дар муддати на камтар аз ним соат анҷом дода шаванд. Таҳқиқот оид ба синтези пайвастаҳои комплексии гетеровалентӣ ва гетероядроӣ ва ҳосил намудани кристаллҳои дараҷаҳои гуногуни тозагӣ вусъат ёфт.
Айни замон ҳайати омӯзгорон, докторантони PhD ва кормандони кафедра дар самти «Химия ва технологияи химиявӣ», масоили « Химияи координатсионӣ ва маводи маҳаллӣ» ва мавзӯи «Таҳқиқи параметрҳои моделии пайвастаҳои координатсионӣ бо металлҳои интиқолӣ, объектҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаҳои татбиқи онҳо» корҳои илмӣ бурда истодаанд.
Натиҷаҳои таҳқиқот дар шахҳодатномаҳои муаллифии ихтироот, патентҳо, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он бахҳои баланд гирифтаанд, инъикос ёфтаанд. Профессор Раҳимова М. дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон (Кувайт, 2024) барои патенти “Усули муайян кардани умри ҳуҷайраҳои сурхи хуни инсон” ба медали тилло мушарраф гардид. Дотсент Давлатшоева Ҷ.А. дар Форуми ихтироъкорони Фаронса (2023) барои патенти “Усули муайян кардани таркиби пайвастаҳои координатсионии глитсинат дар системаи гомогении оҳан (II), оҳан (III) ва константаҳои ҳосилшавии онҳо” бо медали нуқра ва инчунин бо медали биринҷии Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорон (Кувайт, 2024) мукофотонида шудааст.
Дар кафедра рӯзҳои 15-16 майи соли 2024 конференсияи VI-уми илмии байналмилалӣ: «Масъалаҳои химияи физикӣ ва координатсионӣ», бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиат-шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф», 90- солагии доктори илм-ҳои химия, профессор Ҳомид Муҳсинович Яқубов, гиромидошти хотираи доктори илмҳои химия, профессор Зуҳуриддин Нуриддинович Юсуфов, 75- солагӣ ва 53-солагии фаъолияти илмӣ–таълимии доктори илмҳои химия, профессор Раҳимова Мубаширхон баргузор гардид.
Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ
- Таҳқиқи раванди комплексҳосилшавӣ дар системаи Сu(Hg) – Cu(II) – кислотаи аскорбинат зимни ҳарорати 298 К дар қувваҳои ионии гуногун. Муқаррар кардани таркиб ва адади комплексҳои ҳосилшуда.
- Тартиб додани моделҳои химиявии комплексҳосилшавии Fe (II), Fe (III), Mn (II), Mn(IV) бо атсетат-ион дар 298 К. Муайян кардани таркиб ва константаи устувории комплексҳо.
- Таҳқиқи рН-метрии хосиятҳои кислотагӣ-асосии L – валин дар 350С. Муайян кардани шаклҳои имконпазири ионии L – валин дар маҳлули обӣ дар рН 3,0-12,0.
- Ҳисоб намудани бузургиҳои термодинамикии раванди ҷудошавии термикии экстрактҳои пӯстлохи сабзи чормағз.
- Таҳқиқи раванди комплексҳосилшавии Fe(III) бо тиомочевина, ҳарорати 298 К ва муҳити 2 мол/л НСI. Муайян намудани шумораи лигандҳои пайвастшуда ба атоми марказӣ ва қимати константаҳо бо усули Беррум.
- Омӯзиши термодинамикаи раванди гидроксокомплексҳосилкунии Fe (III) дар системаи Fe (II) – Fe (III) – Na (H)NO3 – H2O. Ҳисоби параметрҳои термодинамикии (DН, (DS, DG) раванди гидроксокомплексҳосилкунии Fe (III) дар система.
- Омӯзиши раванди комплексҳосилшавии руҳ бо триптофан дар ҳарорати 150С дар муҳити обӣ. Таъсири ҳарорат ба устувории пайвастаҳои комплексӣ. Муайян кардани константаи ионизатсияи триптофан ва сохтани диаграммаи тақсимшавии шаклҳои ионии триптофан ва комплексҳо.
- Таҳқиқи мувозинати комплексҳосилшавии Ag+бо ҳосилаҳои тиомочевина. Таъсири ҳарорат ба константаҳои устувории комплексҳо.
- Омӯзиши раванди комплексҳосилшавии Re(V) боN-метилтиомочевина дар муҳити 5 мол/л НСI. Муайян кардани бузургиҳои термодинамики раванди комплексҳосилшавӣ.
- Ҷустуҷӯи соҳаҳои истифодаи амалии пайвастаҳои координатсионии Cu(II) бо кислотаи аскорбинат, Fe (II), Fe (III), Mn (II), Mn (IV), Zn(II) бо атсетат-ионҳо ва аминокислотаҳо. Хосиятҳои фармакологии пайвастаҳои координатсионии нуқра ва мисс бо триптофан ва изолейцин.
- Омодакунии ҳисобот ва нашри китобҳои дарсӣ оид ба қисматҳои гуногуни химияи физикӣ ва коллоидӣ, нашри монографияҳо роҷеъ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ дар раванди таълим.
Фаъолияти таълимӣ:
Кафедраи химияи физикӣ ва коллоидӣ тахассусӣ буда, аз рӯйи ихтисоси «Химик. Омӯзгори химия” мутахассис омода мекунад. Дараҷаи касбӣ – бакалавр -химик, магистр химик.
Таълими фанҳои химиявӣ ба донишҷӯён бо аз рӯйи принсипи тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва илмию истеҳсолӣ барои эҳтиёҷоти фаъолияти амалӣ, пеш аз ҳама дар доираи химияи физикӣ ва коллоидӣ асос ёфта, маҳз бо ҳамин мақсад курсҳои нави таълимӣ пайваста таҷдид ва амалӣ мегарданд. Азхудкунии фанҳои химиявии ихтисос аз ҷониби донишҷӯён бо роҳи аз тарафи кафедра таъмин намудани сикли фанҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:
Бакалавриат ( шуъбаи рӯзона ва шакли таҳсилоти фосилавӣ)
Фанҳои умумикасбӣ:
- Химияи физикӣ;
- Химияи коллоидӣ;
- Тариқаҳои физикии таҳқиқот.
Фанҳои тахассусӣ:
- Химияи пайвастаҳои координатсионӣ;
- Моделсозӣ дар раванди комплексҳосилшавӣ;
- рН- метрия дар комплексҳосилшавӣ;
- Хосиятҳои физикӣ-химиявии МСФ;
- Спектрофотометрия дар комплексҳосилшавӣ.
Фанҳои интихобӣ:
- Сохти модда;
- Механикаи квантӣ ва химияи квантӣ;
- Асосҳои нанохимия;
- Химияи газҳо ва моеъҳо.
Магистратура (шуъбаи рӯзона) самти «Химик. Омӯзгори химия»
Фанҳои умумӣ:
- Назарияи маҳлулҳо;
- КИД: Спектрофотометрияи абсорбсионӣ-электронӣ.
Доктор PhD самти «Химик. Омӯзгори химия»
Фанҳои умумӣ:
- Методологияи таҳқиқоти илмӣ;
- Бобҳои асосии химияи физикӣ;
- Пайвастаҳои комплексии металлҳои интиқолӣ.
Фанҳои тахассусӣ:
- Физика ва химияи маҳлулҳои ғайриобӣ;
- Моделсозии равандҳои химиявӣ;
- Оксредметрия ва функсияи оксидонӣ;
- Асосҳои физики равандҳои сорбсионӣ.
Марказҳо, кабинетҳо, лабораторияҳо:
Кафедра дорои лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ, ҳуҷраи маводтайёркунӣ, инчунин аудиторияи дорои технологияи инноватсионии омӯзиши маърифатӣ: видеолексияҳо, слайдҳо, конфронсҳои видеоӣ, тест барои таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо намудҳои муосири таъмини программавӣ ва захираҳои электронӣ барои баланд бардоштани самаранокии раванди таълим мебошад.
Докторантура:
Дар кафедра кор бо унвонҷӯён аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 «Химияи физикӣ» ва докторантони PhD аз рӯйи ихтисоси 6D060600 «Химияи физикӣ» бурда мешавад.
Корҳои анҷомдодашуда роҷеъ ба омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ
дар кафедра:
- Соли 2021 аспирант Самадов Абдурасул Саидович дар ҷаласаи Шурои ҳимояи рисолаҳои докторӣ ва номзадии ПДС 0200.002 «Илмҳои химия» дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар мавзуи «Тавсифотҳои термодинамикии реаксияҳои мувозинатии комплексҳосилшавиии ионҳои нуқра (I) ва мис(I, II) бо тиомочевина ва ҳосилаҳои он дар маҳлулҳои обӣ» аз рӯйи ихтисоси 02.00.04-химияи физикӣ рисолаи номзадиро дифоъ намуд;
- Соли 2023 ассистент Раҳимова Нахтия Одинаевна дар Шурои диссертатсионии 73.1.002.03 дар Муассисаи давлатии илмии «Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ» дар мавзуи «Хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаи алюминий-бериллий AlBе1 бо титан, ванадий ва ниобий » рисолаи номзадӣ дифоъ кард. бо титан, ванадий ва ниобий» аз рӯйи ихтисоси 1.4.4-химияи физикӣ рисолаи номзадиро ҳимоя кард;
- Соли 2024 унвонҷӯ Мираминзода Фарида дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-010-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Комплексҳои гетеровалентии оҳан бо ионҳои ситрат» аз рӯйи ихтисоси 02.00.04-химияи физикӣ рисолаи номзадиро дифоъ намуд;
- Соли 2024 докторанти PhD Камолова Иқлима дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-010-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Равандҳои комплексҳосишавии Fe (II) ва Zn (II) бо мерказолил» диссертатсияро барои дарёфти унвони илмии доктори илмҳои фалсафа (PhD) – ихтисоси доктори илмҳои 6D060600-Химия (6D060604-химияи физикӣ) дифоъ кард;
- Соли 2025 ассистент Ҷамолиддинзода Фахриддин Ҷамолиддин дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-010-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳқиқи равандҳои комплексҳосилшавии рений(V) бо N-метил- ва N-этилтиомочевина» аз рӯйи ихтисоси 02.00.04-химияи физикӣ рисолаи номзадиро ҳимоя намуд.
Ҳамкориҳои байналхалқӣ
Кафедра бо донишгоҳҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ҳамкории зичи илмӣ дорад: Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Муассисаи федералии давлатии автономии таҳсилоти олии касбии «Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Томск», Донишгоҳи давлатии Ош ва Институти химия ва фитотехнологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи давлатии Намангон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидови Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ДАВЛАТШОЕВА ҶАХОНГУЛ АСАНХОНОВНА
Вазифа:
Мудири кафедра, дотсент
Унвони илмӣ:
Дотсент
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия
Тамос:
E-mail kfk1964@mail.ru
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия аз ихтисоси 02.00.01– Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар ҷаласаи Шурои тахассусии Д 063.37.03 Донишгоҳи давлатии технологии Қазон ҳимоя шудааст, 12.04.1994.
Фанҳои тадрисӣ:
Кимиёи физикӣ, Механикаи квантӣ ва химияи квантӣ, Сохти модда, Асосҳои таҳқиқоти илмӣ, Химияи пайвастаҳои координатсионӣ, Методологияи таҳқиқоти илмӣ, Моделсозӣ дар раванди комплексҳосилшавӣ (Самти омодакунӣ: 1-31050102-Химия).
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
– Диплом № 2688 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 16.05.2019 аз руйи самти технологияи иттилоотӣ-иртиботӣ.
-Диплом № 3674 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18.02.2020 аз рӯйи самти фанҳои табиатшиносӣ -химия.
-Диплом № 0000511 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 20.05.2024 аз рӯйи самти менеҷменти сиёсӣ.
Собиқаи умумии корӣ: 36 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 36 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Химияи физикӣ, Химияи пайвастаҳои координатсионӣ, Химияи маҳлулҳо
Таҷрибаомӯзии илмӣ: Донишгоҳи давлатии Қазон, 1989, 1991.
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Эшова Г.Б. Исследование процессов комплексообразования в системе Fe(II)–Fe(III)–L-Ala–Н2О /Г.Б.Эшова, М. Рахимова, Дж.А. Давлатшоева и др //Вecтн. Моск. ун-та. Сер. 2. Химия. 2025. Т. 66. №3. –С.261-268.
- Типовые программы учебных дисциплин кафедры физической и коллоидной химии. ISBN978-99985-41-57-3. –Душанбе, 2024. -116 с.
- Давлатшоева Дж.А. Салицилатные комплексы Cu(II) и ионные равновесия их формирования. / Дж.А. Давлатшоева // Сборник статей VI Международной научной конференции: «Вопросы физической и координационной химий», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования», 90-летию доктора химических наук, профессора Якубова Хамида Мухсиновича и памяти доктора химических наук, профессора Юсуфова Зухуриддина Нуриддиновича, 75-летию и 53-летию научно-педагогической деятельности доктора химических наук, профессора Рахимовой Мубаширхон(15-16 мая 2024 г.). -Душанбе: Сино, 2024. –С.384-387.
- Эшова Г.Б. Диаграммы распределения и устойчивость аланинатных координационных соединений FeII и FeIII / Г.Б. Эшова, Дж.А.Давлатшоева, Ф.Мираминзода, // Известия Академии наук. Серия химическая, 2024, том 73, № 9. ISSN 1026-3500. –С.2652-2659.
- Эшова Г.Б. Образование гидроксильных комплексов Fe (II) в водных растворах /Г.Б. Эшова, М. Рахимова, Дж.А. Давлатшоева, Ф. Мираминзода //Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. ISSN2413-452X, 2024, №2. –С.145-152.
- Давлатшоева Дж.А. Исследование процессов образования комплексов в гетерогенной системе Сu(0)-Cu(II)- салициловая кислота – сложный растворитель /Дж.А. Давлатшоева //Международная научно-практическая конференция, посвященной 30-летию медицинского факультета Ошского государственного университета, а также 75-летию первого декана медицинского факультета, доктора медицинских наук, профессора Жеенбаева Жолборс Жеенбаевича «Интеграция теории, образования и науки с прикладной медициной». Сборник научных трудов. 1часть. / Ош.гос. ун. – Ош: «Билим», 22-23 июня 2023 г. –С.120-125.
- Davlatshoeva J. A. Processes of Complex Formationin an Fe(II)–Fe(III)–H2Sal–C2H5OH–H2O System /J. A. Davlatshoeva, G. B. Eshova, M. Rakhimova. F. Miraminzoda // Russian Journal of Physical Chemistry A, 2023, Vol. 97, No. 3, pp. 48–54.

РАҲИМОВА МУБАШИРХОН
Вазифа:
Профессори кафедра
Унвони илмӣ:
Профессор
Дараҷаи илмӣ:
Доктори илмҳои химия
Тамос:
E-mail: muboshira09@mail.ru
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Доктори илмҳои химия аз ихтисосҳои 02.00.04 – Химияи физикӣ ва 02.00.01– Химияи ғайриорганикӣ. Диссертатсия дар Институти маҳлулҳои ғайриобии ш. Ивановои ФР ҳимоя шудааст, 24.10.2013.
Фанҳои тадрисӣ:
Кимиёи физикӣ, Асосҳои таҳқиқоти илмӣ, Тариқаҳои физики таҳқиқот, Асосҳои нанохимия, Моделсозӣ дар раванди комплексҳосилшавӣ, Пайвастаҳои комплексии металлҳои интиқолӣ (Самти омодакунӣ: 1-31050102-Химия)
Собиқаи умумии корӣ: 54 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 54 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Химияи физикӣ, Химияи пайвастаҳои координатсионӣ, Химияи маҳлулҳо
Таҷрибаомӯзии илмӣ: Донишгоҳи давлатии Санкт –Петербург, 2023
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Эшова Г.Б. Исследование процессов комплексообразования в системе Fe(II)–Fe(III)–L-Ala–Н2О /Г.Б.Эшова, М. Рахимова, Дж.А. Давлатшоева и др //Вecтн. Моск. ун-та. Сер. 2. Химия. 2025. Т. 66. №3. –С.261-268.
- Типовые программы учебных дисциплин кафедры физической и коллоидной химии. ISBN978-99985-41-57-3. –Душанбе, 2024. -116 с.
- Мираминзода, Ф. Определение констант ионизации лимонной кислоты методом потенциометрии / Ф.Мираминзода, М. Рахимова, Дж.А.Давлатшоева, К.Дж. Суяриён, Г.Б. Эшова // Политехнический вестник. Серия: инженерные исследования. – 2024. – № 2 (66). – С. 99-105.
- Эшова Г.Б. Образование гидроксильных комплексов Fe (II) в водных растворах /Г.Б. Эшова, М. Рахимова, Дж.А. Давлатшоева, Ф. Мираминзода //Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. ISSN2413-452X, 2024, №2. –С.145-152.
- Davlatshoeva J. A. Processes of Complex Formationin an Fe(II)–Fe(III)–H2Sal–C2H5OH–H2O System /J. A. Davlatshoeva, G. B. Eshova, M. Rakhimova. F. Miraminzoda // Russian Journal of Physical Chemistry A, 2023, Vol. 97, No. 3, pp. 48–54.
- Рахимова М. Исследование комплексообразования в системе Fe(II)-Fe(III)- CH3COOH-H2O методом оксредметрии / М. Рахимова, Дж.А. Давлатшоева, Ш.С. Эмомадова, Г.Б. Эшова, Ф. Мираминзода, М.Б. Жоробекова // Журнал физической химии.–Т.96, №12, 2022.-С.1732-1738.

ФАЙЗУЛЛОЗОДА ЭРКИН ФАТХУЛЛО
Вазифа:
дотсенти кафедра
Унвон:
дотсент
Дараҷа:
номзади илмҳои химия
Алоқа: (+992) 938569669
Почтаи электронӣ: e120286@inbox.ru
Маълумоти асосӣ: химик-муаллим.
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия, ихтисоси 02.00.04-химияи физикӣ. Диссертатсия дар шурои диссертатсиони Д 047.003.01 дар назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя шудааст.
Унвони илмӣ: дотсент
Фанҳои таълимӣ: химияи физикӣ, химияи физикӣ ва коллоидӣ, сохти модда (самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ).
Маълумот дар бораи такмили ихтисос:
-Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси «Табиатшиносӣ-химия» (2020);
-Шаҳодатномаи 700800153146- Муассисаи федералии давлатии худмухтори таҳсилоти олии “Донишгоҳи миллии давлатии таҳқиқотии Томск” аз рӯйи барномаи “Микробиология ва метагеномика дар хоҷагии қишлоқ” ва барномаи “Химияи ҷисмҳои сахт ва маводшиносии химиявӣ ва In-situ усулҳои таҳқиқоти сохтори сатҳӣ” (2023);
-Шаҳодатномаи 700800135310- Муассисаи федералии давлатии худмухтори таҳсилоти олии касбии “Донишгоҳи миллии давлатии таҳқиқотии Томск” барои барномаи “Синтези химиявӣ ва модификатсияи кислотаҳои нуклеинӣ” (2023).
Таҷрибаи умумии корӣ: 16 сол.
Таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос: 15 сол.
Самтҳои тадқиқотӣ: Пайвастаҳои комплексии нуқра(I) ва мис(II) бо як қатор аминокислотаҳо дар ҳалкунандаҳои обӣ-органикӣ.
Таҷрибаомӯзии илмӣ:- Донишгоҳи давлатии Томск -2023.
Муҳимтарин нашрҳои илмӣ (дар 3 соли охир):
- Samadov A.S. Influence of the Inductive Effect of the Protolytic Properties of Some Alifatic Amino Acids/A.S.Samadov, J.Y.Khakimov, A.A. Stepnova, E.F.Faizullozoda and A.V.Kuzin //Russian Journal of Physical Chemistry A, 2025, Vol.99, №4. –РР.720-726.
- Файзуллозода Э.Ф. Раҳнамо барои иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» / Э.Ф. Файзуллозода, А.С. Самадов, Ҷ.Н. Ҳакимов // -Душанбе: “ЭР-граф”,2024, -288 c.
- Мираминзода, Ф. Влияние ионной силы рабочего растворана начало формирования цитратных комплексов железа(II) и (III) / Ф. Мираминзода, Э.Ф. Файзуллозода, М.У. Бобозода, М. Рахимова // Вестник Бохтарского государственного университета им. Н. Хусрав. Серия естественных наук. – 2024. – № 2/1 (120). – С. 55-60.
- Файзуллозода Э.Ф. Влияние ионной силы раствора на устойчивость гидроксоглицинатных комплексов Fe (II) и Fe(III) /Файзуллозода Э.Ф., Рахимова М., Г.Б. Эшова, Дж.А. Давлатшоева, Ф. Мираминзода // Сборник статей VI Международной научной конференции: «Вопросы физической и координационной химий», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования», 90-летию доктора химических наук, профессора Якубова Хамида Мухсиновича и памяти доктора химических наук, профессора Юсуфова Зухуриддина Нуриддиновича, 75-летию и 53-летию научно-педагогической деятельности доктора химических наук, профессора Рахимовой Мубаширхон(15-16 мая 2024 г.). -Душанбе: Сино , 2024. –С.213-220.
- Комплексообразование серебра(I) с 1,2,3-бензотриазолом. константы протонизации 1,2,3-бензотриазола.Самадов А.С., Степнова А.Ф., Файзуллозода Э.Ф., Кузьменко А.Н., Плахотная О.Н., Кузин А. В., Суяров К.Д. Хусейнов Х.Я. Вecтн. Моск. ун-та. Сер. 2. Химия. 2023. Т. 64. №3. С. 270-277. DOI: 10.55959/MSU0579-9384-2-2023-64-3-270-277

СУЯРИЁН ҚУРБОН ҶУРА
Вазифа:
Дотсенти кафедра
Унвони илмӣ:
Дотсент
Дараҷаи илмӣ :
Номзади илмҳои кимиё
Тамос:
E-mail.ru: kurbon.suyarov.1958
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои кимиё аз ихтисоси 02.00.04 – Кимиёи физикӣ, Шурои Институти умумииттифоқии илмӣ-таҳқиқотии реактивҳои кимиёӣ ва моддаҳои махсусан холис аз 22.11.1989с., ХМ № 021341.
Фанҳои тадрисӣ:
Кимиёи физикӣ, Тариқаҳои физики таҳқиқот, Механикаи квантӣ ва кимиёи квантӣ, Кимиёи пайвастаҳои координатсионӣ, Асосҳои истеҳсолоти электрокимиёӣ, Назарияи маҳлулҳо, Газҳо, моеъҳо ва моддаҳои сахт, Физика ва кимиёи маҳлулҳоит ғайриобӣ.
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
Шаҳодатнома №658 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 20.12.2012.
Диплом № 2067 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 24.12.2018.
Собиқаи умумии корӣ: 45 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 45 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Кимиёи физикӣ, Кимиёи пайвастаҳои координатсионӣ, Кимиёи маҳлулҳо
Таҷрибаомӯзии илмӣ:
-Университети давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов, факултети кимиё.
-Институти умумииттифоқии илмӣ-таҳқиқотии реактивҳои кимиёӣ ва моддаҳои махсусан холис, шуъбаи «Комплексонҳо».
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Кимиё (воситаи таълимӣ) / Г.П.Хомченко. Мутарҷимон: Ҳ.М.Яқубов, Қ.Ҷ. Суяров, Душанбе: «ЭР-граф»,2022.-519 с.
- Комплексообразование серебра(I) с 1,2,3-бензотриазолом. Константы протонизации1,2,3-бензотриазола /А. С.Самадов, А. Ф. Степнова, Э. Ф.Файзуллозода, К. Дж.Суяров, Х. Я. Хусейнов. Вecтн. Моск. ун-та. Сер. 2. Химия. 2023. Т. 64. №3, С.270-277.
- Ismatov, D.M. Synthesis of complex compounds of iron(II) ions with quercetin in different environments and evaluation of their stability constants / D.M.Ismatov, K.D.Suyariyon, N.Q.Muhamadiev, Sh.I. Ergashova//Central Asian Journal of medical and natural sciences. 2023.–V.04 Issue: 03. -P.476-483.
- Мираминзода, Ф. Определение констант ионизации лимонной кислоты методом потенциометрии / Ф.Мираминзода, М. Рахимова, Дж.А.Давлатшоева, К.Дж. Суяриён, Г.Б. Эшова // Политехнический вестник. Серия: инженерные исследования. – 2024. – № 2 (66). – С. 99-105.
- Сатторов, С. А. Кинетика разложения мусковит-ставролитовых сланцев и гидроксида алюминия смесью кремнефтористоводородной и плавиковой кислот/ С. А. Сатторов, Н. А. Наимов, У. М. Мирсаидов, К. Дж. Суяриён, Дж. Р. Рузиев, Х. Сафиев//Вестник Казанского технологического университета. 2024. Т.27, №6С. 18-23.

ҚУДРАТОВА ЛАТОФАТ ҲУСЕЙНОВНА
Вазифа:
Дотсенти кафедра
Унвони илмӣ:
Дотсент
Дараҷаи илмӣ :
Номзади илмҳои химия
Тамос:
E-mail kfk1964@mail.ru
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия аз ихтисоси 02.00.11– Химияи коллоидӣ.
Фанҳои тадрисӣ:
Кимиёи физикӣ, Механикаи квантӣ ва химияи квантӣ, Сохти модда, Асосҳои таҳқиқоти илмӣ, Химияи пайвастаҳои координатсионӣ, Методологияи таҳқиқоти илмӣ, Моделсозӣ дар раванди комплексҳосилшавӣ (самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ).
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
– Диплом № 2688 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 16.05.2019.
-Диплом № 3674 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18.02.2020.
Собиқаи умумии корӣ: 56сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 56 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Химияи физикӣ, Химияи пайвастаҳои координатсионӣ, Химияи маҳлулҳо
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Қудратова Ш.Ҳ.Омӯзиши устувории термикии экстракти пӯстлохи сабзи чормағз /Ш.Ҳ. Қудратова, А. Бадалов, Л.Ҳ. Қудратова, Ш.Г. Шукурова //Материалы республиканской конференции на тему: «Роль современных методов анализа в развитиие науки и производства» посвященной 20-летию развития естественно-научных и математических дисциплин в области науки и образования(2020-2040 годы). 5 октября 2022 года.-Душанбе, ТНУ, -2022, -С. 27-32.
- Кудратова Ш.Х. Термодинамические характеристики процесса парообразования водно-этанольного и хлороформного экстрактов околоплодника грецкого ореха / Ш.Х.Кудратова, М.Рахимова, Л.Х.Кудратова, А.Б. Бадалов // Сборник статей VI Международной научной конференции: «Вопросы физической и координационной химий», посвященной «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования», 90-летию доктора химических наук, профессора Якубова Хамида Мухсиновича и памяти доктора химических наук, профессора Юсуфова Зухуриддина Нуриддиновича, 75-летию и 53-летию научно-педагогической деятельности доктора химических наук, профессора Рахимовой Мубаширхон(15-16 мая 2024 г.). -Душанбе: Сино , 2024. –С.276-283.

НАЗИРМАДОВ БАДАРҒА
Вазифа:
Дотсенти кафедра
Унвони илмӣ:
Дотсент
Дараҷаи илмӣ :
Номзади илмҳои химия
Тамос:
E-mail kfk1964@mail.ru
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия аз ихтисоси 02.00.04– Химияи физикӣ.
Фанҳои тадрисӣ:
Химияи физикӣ, Химияи коллоидӣ (самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ)
Собиқаи умумии корӣ: 55 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 55 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Химияи физикӣ, Равандҳои сорбсионӣ
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Назирмадов Б. Кимиёи физикӣ / Б. Назирмадов //-Душанбе:”Полиграф-групп”, 2025. -760 с.
- Сорбция платины с гидроксидом циркония / А.Д. Хусайнов, С.Ф.Шодиева, Б.Назирмадов //Материалы республиканской научно- теоретической конференции преподавательского состава и сотрудников ТНУ, посвященной 30- летию Государственной независимости Республики Таджикистана, Героя Таджикистана Мирзо Турсунзаде, 110-летию со дня рождения Народного писателя Таджикистана Сотим Улугзода и «Двадцатилетию изучения и развития естественных, точных и математических наук в сфере науки и образования (2020-2040)» , -Душанбе, 2021 (19-24 апреля).

самадов абдурасул саидович
Вазифа:
Дотсент
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия
Тамос:
E-mail: s.s.rasul@mail.ru тел. +992 111503838
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия аз ихтисоси 02.00.04 – Химияи физикӣ, ШуроидиссертатсионииназдиДонишгоҳи дустии халқҳои Руссия (РУДН), ПДС 0200.002 «Илмҳои химия», Москва, Руссия.
Фанҳои тадрисӣ:
Химияи физикӣ, Тариқаҳои физики таҳқиқот.
(самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ)
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз самти “Курси технологияи иттилоотӣ” (29.12.2016 с).
Собиқаи умумии корӣ: 9 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 9 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Химияи пайвастаҳои координатсионии нуқра ва мис бо лигандҳои сулфурдор, дар маҳлулҳои обӣ
Маводичопиимуҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Samadov A.S. Influence of the Inductive Effect of the Protolytic Properties of Some Alifatic Amino Acids/A.S.Samadov, J.Y.Khakimov, A.A. Stepnova, E.F.Faizullozoda and A.V.Kuzin //Russian Journal of Physical Chemistry A, 2025, Vol.99, №4. –РР.720-726
- Kuzin A.V. Process of magnetite dissolution in orthophosphoric and sulfuric acid solutions according to kinetic and electrochemical methods / A.V. Kuzin, A.V. Lobanov, V.A.Shelonzev, E.A. Eliseeva, A.S. Samadov // Russian Journal of Physical Chemistry B. 2024. Т. 18. № 3. С. 669-674.
- Кузин А.В.ИК-спектроскопия поверхностных фосфатных комплексов на (гидр) оксидных фазах железа (ОБЗОР) /А.В.Кузин, А.С. Самадов, В.А.Шелонцев, Е.А.Елисеева, И.В.Герасимова // Вестник Таджикского национального университета. Серия естественных наук. 2024. № 3. –С. 1-10.
- Комплексообразование серебра(I) с 1,2,3-бензотриазолом. константы протонизации 1,2,3-бензотриазола.Самадов А.С., Степнова А.Ф., Файзуллозода Э.Ф., Кузьменко А.Н., Плахотная О.Н., Кузин А. В., Суяров К.Д. Хусейнов Х.Я. Вecтн. Моск. ун-та. Сер. 2. Химия. 2023. Т. 64. №3. С. 270-277. DOI: 10.55959/MSU0579-9384-2-2023-64-3-270-277

РАХИМОВА НАХТИЯ ОДИНАЕВНА
Вазифа:
Ассистент
Унвони илмӣ:
Дараҷаи илмӣ:
Номзади илмҳои химия
Тамос:
E-mail: (+992) 918-90-90-66
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:Номзади илмҳои химия. Шурои диссертатсионии 73.1.002.03 дар Муассисаи давлатии илмии «Институти химияи ба номи В.И.Никитини АМИТ» аз рӯйи ихтисоси 1.4.4-химияи физикӣ.
Фанҳои тадрисӣ:
Химияи физикӣ, Химияи физикӣ ва коллоидӣ, Химияи коллоидӣ, рН-метрия дар комплексҳосилшавӣ.
(самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ)
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
Собиқаи умумии корӣ: 13 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 13 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Хосиятҳои физикӣ-химиявии хӯлаи алюминий-бериллий AlBе1 бо титан, ванадий ва ниобий
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Типовые программы учебных дисциплин кафедры физической и коллоидной химии. ISBN978-99985-41-57-3. –Душанбе, 2024. -116 с.
- Ганиев И.Н. Сплав алюминия с бериллием (Хӯлаи алюминий бо бериллий) / И.Н. Ганиев, М.З. Курбонова,Н.О. Рахимова, М.Т. Назарова // Малый Патент Республики Таджикистан №TJ1276 //№1801241; заявл.04.04.2022г., опубл 04.02.2022.
- Рахимова Н.О. Влияние добавки титана на коррозионно-электрохимические свойства алюминиевого сплава АБ1 / И.Н. Ганиев, Н.О. Рахимова, М.З. Курбонова, Ф.С. Давлатзода // Неорганические материалы: Москва. –Т.58, -№8, 2022. -С.924-928.
- Рахимова Н.О. Влияние ванадия на анодное поведение алюминиевого сплава АБ1 всреде электролита 0,03%-ного NaCl/Н.О. Рахимова, И.А. Имомов, М.З.Курбонова, И.Н., Ганиев, М.Т. Назарова//Сборник статей первой международной научно-практической конференции “Перспективы развития исследований в области химии координационных соединений и аспекты их применения”,посвященной памяти профессор Баситовой Саодат Мухаммедовны, 80-летию со дня рождения и 60- летию педагогической и научно-исследовательской деятельности докторахимических наук, профессораАзизкулова Онаджон Азизкуловна (30-31 марти 2022). -С. 203-208.

ҶАМОЛИДДИНЗОДА ФАХРИДДИН ҶАМОЛИДДИН
Вазифа:
ассистенти кафедра
Унвони илмӣ:
–
Дараҷаи илмӣ:
ассистент
Тамос:
E-mail: Jamoliddinov_F_90@mail.ru.
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:
–
Фанҳои тадрисӣ:
Химияи физикӣ, Химияи физикӣ ва коллоидӣ, Химияи коллоидӣ (самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ)
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
-Диплом №1021 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 27.12.2014.
-Диплом №5143 Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 07.12.2016.
Собиқаи умумии корӣ: 10сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 10сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: пайвастаҳои координатсионии Re(V) дар маҳлулҳои кислотагӣ бо N-метил-, N-этилтиомочевина.
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Джамолиддинов Ф. Дж. Влияние температуры на устойчивость комплексных соединений Re(V) с N-этилтиомочевиной/ Ф.Дж.Джамолиддинов, С.М.Сафармамадзода, Дж.А.Давлатшоева// Журнал физической химии. 2021. Т. 95. № 8. С. 1175-1179.
- Джамолиддинов Ф. Дж. N-метилтиомочевиные комплексы оксохлоро– рения(V) в среде 6 М HCl при температуре 273 – 338 К/ Дж. Ф. Джамолиддинов// Вестник ТГПУ. // Душанбе. – 2022. -№2 (14).-С. 146-153.
- Ҷамолиддинов Ф. Ҷ. Омӯзиши раванди комплексхосилшавии Re(V) боN-этилтиомочевина дар ҳудуди ҳароратҳои 273-338 К ва мухити 5 мол/л HCI / Ф. Ҷ. Ҷамолиддинов, Ҷ. А. Давлатшоева, С. М. Сафармамадзода, А. С. Самадов //Сборник Статей II международной научно-практической конференции на тему “Современные проблемы химии, применение и их перспективы”, посвященная 60-летию кафедры органической химии и памят д.х.н., профессора Халикова Ширинбека Халиковича. –Душанбе (14-15 мая 2021 г). –С. 253-258.
- Типовые программы учебных дисциплин кафедры физической и коллоидной химии. ISBN978-99985-41-57-3. –Душанбе, 2024. -116 с.

ҲАКИМЗОДА ҶУМАХОН НЕМОН
Вазифа:
ассистенти кафедра
Унвони илмӣ:
–
Дараҷаи илмӣ:
ассистент
Тамос:
E-mail: hjn1997@inbox.ru
Маълумоти асосӣ:
Химик-муаллим
Дараҷаи илмӣ:–
Фанҳои тадрисӣ:
Химияи физикӣ, Химияи физикӣ ва коллоидӣ, Химияи коллоидӣ, Спектрофотометрия дар комплексҳосилшавӣ (самти таълим: 1-31050102-ХИМИЯ)
Маълумот доир ба такмили ихтисос:
-Диплом №3666. Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 2020.
Собиқаи умумии корӣ: 7 сол.
Собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос: 7 сол.
Соҳаҳои таҳқиқоти илмӣ: Омӯзиши хосиятҳои кислотагӣ-асосии аминокислотаҳои алифатӣ дар маҳлулҳои обӣ ва обии спиртӣ
Маводи чопии муҳимтарин (дар 3 соли охир):
- Самадов А.С. Влияние температуры на кислотно-основные свойства β-аланина в водном растворе / А.С.Самадов, Дж.Н. Хакимов, А.Ф.Степнова, Э.Ф Файзуллозода, А.В. Кузин //Журнал физической химии, 2023, том 97, № 4. -С. 512–516.
- Хакимов Дж.Н. Кислотно–основные свойства β–аланина в водном растворе /Дж.Н.Хакимов, А.Ф.Степанова, А.С. Самадов, Э.Ф.Файзуллозода // ХХVI Всероссийская конференция молодых учёных-химиков (с международным участием): тезисы докладов (Нижний Новгород, 18–20 апреля 2023 г.). Нижний Новгород: Изд-во ННГУ им. Н.И. Лобачевского, 2023. – С. 439. ISBN 978-5-91326-796-2.
- Ҳакимов Ҷ.Н. Таъсири ҳарорат ба константаҳои ионизатсияи α– ва β–аланин дар маҳлулҳои обӣ / Ҷ.Н.Ҳакимов, М.Раҳимова, А.С.Самадов, Э.Ф.Файзуллозода //. Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Бахши илмҳои табиӣ.2024. №3. –С. 161-172.
- Типовые программы учебных дисциплин кафедры физической и коллоидной химии. ISBN978-99985-41-57-3. –Душанбе, 2024. -116 с.
- Samadov A.S. Influence of the Inductive Effect of the Protolytic Properties of Some Alifatic Amino Acids/A.S.Samadov, J.Y.Khakimov, A.A. Stepnova, E.F.Faizullozoda and A.V.Kuzin //Russian Journal of Physical Chemistry A, 2025, Vol.99, №4. –РР.720-726.