ЁДАШОН ҲАМЕША ГИРОМИСТ!

53

(Бахшида ба Рӯзи омӯзгор)

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,

Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

Ҳусайн Воизи Кошифӣ

Олимон ганҷи бебаҳои халқу миллатҳо мебошанд ва ғановати моддию маънавии миллат ба онҳо марбут аст. Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон олимони зиёде паи кашфи муаммоҳои сарбастаи соҳаҳои гуногуни илм талош доранд, то дар инкишофи илм ва баланд бардоштани маънавиёту иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд. Танҳо ашхосе дар қалби мардум маскан мегиранд, ки аз сидқи дил, бо камоли кордонию бурдборӣ ба нафъи халқу ободии мамлакат меҳнат карда бошанд.

Яке аз симоҳои барҷастаи илми тоҷик, устоди бузургвор ва марди фозилу соҳибмактаб-доктори илмҳои химия, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи байналхалқии мактабҳои олӣ, академики Академияи илмҳои шаҳри Нию-Йорк, дорандаи нишони нуқрагии Маркази Байналхалқии тарҷумаҳолӣ «LЕADING Еducators of the World» (Кембриҷ, Англия), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, марҳум Аминҷонов Азимҷон Олимович, ки тамоми умри пурбаракати хешро ба манфиати ҷомеа, рушду илму маърифат сарф намудааст, мебошад. Зиндагиномаи ин донишманди фозил ибратомӯз аст.

Устоди пурғайрат тайи 40-соли фаъолияти илмию таҳқиқотии хеш зиёда аз 700 асари илмӣ, аз ҷумла 6 монографияву китобҳои таълимӣ навиштаву нашр намуда, муаллифи 30 ихтирооту патентҳо низ мебошанд. Дар тайёр намудани мутахассисони ҷавон шабу рузи хешро ба мутолиа ва навиштан мегузарониданд. Барои наслҳои ҷавон чандин китобҳову дастурҳои таълимӣ, монографияву мақолаҳои илмӣ мерос гузоштаанд. Устоди шодравон аз зумраи олимону устодоне буданд, ки дар рушду ривоҷи илми химияи тоҷик нақши муассир гузоштанд ва яке аз асосгузорони мактаби илмии «Химияи пайвастҳои координатсионӣ» дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошанд. Бо тадқиқотҳои илмӣ, татбиқи амалии натиҷаҳои илмиаш дар истеҳсолот ва усулҳои пешниҳоднамудаашон доир ба тавлифу таҳқиқи таркиб ва сохти пайвастаҳои комплексӣ дар байни олимони соҳаи химияи пайвастаҳои координатсионии ватанӣ ва хориҷӣ шинохта шудаанд. Аз ҷониби устод усулҳои ҳосилкунӣ ва таҳқиқи таркиб ва сохти бештар аз 2300 пайвастаҳои нави комплексии металлҳои интиқолӣ бо лигандҳои органикӣ омӯхта ва пешниҳод гардидааст. Дар мактаби илмӣ устод 18 нафар шогирдони маҳаллию хориҷӣ бо муваффақиятҳои калон рисолаҳои номзадию докториро дифоъ намуда, соҳиби дараҷаи илмӣ гаштаанд.

Ҳар рӯзи кору зиндагии устод Азимҷон Олимович рӯзе буд, хотирмону намуна барои шогирдону ҳамкорон. Устод ҳамчун роҳбари кордону масъул ва шахси хоксору ботаҳаммул дар байни олимону донишмандони ватанию хориҷӣ соҳиби обрӯю эътибори хоса гардида буданд. Гуфтан ба маврид аст, ки хислатҳои ҳамидаи устод чун меҳрубонӣ, хушмуомилагӣ, ботамкинӣ, ширинсуханӣ, маърифатпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ ҳамеша раҳнамои кору фаъолияти мо шогирдон ҳаст. Ҳангоми дар озмоишгоҳ бо шогирдон кор кардан аз сари субҳ баъзан то нимаҳои шаб ва ҳатто рӯзҳои якшанбе машғули озмоишу таҷрибаҳои химиявӣ шуда, эҳсоси хастагӣ намекарданд ва боре ҳам аз чизе шикоят наменамуданд. Мо аз устод ҳамин заҳматқариниро омӯхтаем ва дар ин ҷода барои мо намуна мебошанд. Дигар ин, ки устод шахси фидоии роҳи илм ва олими ҳақиқӣ буданд. Инро на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки олимони маъруфи дигар давлатҳо низ эътироф кардаанд. Нисбати шогирдон дар иҷрои корҳои илмӣ ниҳоят сахтгир, серталаб ва дар баробари ин, бо ҳар яки мо ҳамчун фарзанд муносибат мекарданд. Дар зиндагӣ маслиҳатгар ва роҳнамои кору рӯзгорамон буданд. Азимҷон Олимович ҳамеша ба мо дарк намудани масъулияти баландро ба кор талқин менамуданд, ки ин хислати хоси худи устод буд.

Ҳамчунин, устод шахси дақиқназар, пухтакор ва хушсалиқа буданд, ба мо шогирдон низ ҳамин хислатҳоро талқин менамуданд. Ҳамин насиҳатҳои устод буд, ки шогирдонро ба меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат ва ҷиддият водор намуда, кӯшиш менамуданд аз ҷиҳате ба ӯ монанд бошанд ва дар натиҷа аксари шогирдонашон дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил шуда, рисолаҳои илмии худро пеш аз мӯҳлат ё сари вақт ҳимоя менамуданд.

Устоди зиндаёд ҳамеша таъкид менамуданд, ки шогирдон тифоқу дастгири ҳамдигар бошанд. Новобаста аз он, ки мо шогирдон аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва миллату халқиятҳои гуногун будем, то имрӯз бо ҳамдигар муносибати хуб дорем, ки маҳз натиҷаи насиҳатҳои ин марди накӯном ва зиндаёд аст. Имрӯз шогирдони устод дар соҳаҳои гуногуни илму истеҳсолот дар дохилу хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд ва ҳаргиз номи ин шахси накӯкор, инсондӯст ва садоқатмандро фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҳамагон омодаанд ба мисли устоди зиндаёди худ барои оянда ва гулгулшукуфоии Ватану кишварамон садоқатмандона хизмат намоянд.

Ҳамаи ин хислатҳои неки устодро, банда ҳамчун шогирд, дар муддати фаъолияти хеш дар ин боргоҳи илму дониш-ДМТ (солҳои 1986-2015) мушоҳида намудаам.

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Хотираи неки устод дар қалби ҳамаи мо шогирдон абадӣ боқӣ монд.

Бекназарова Н.С. н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ