ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТ АСТ!

106

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти № 254 муқаррар мекунад.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст: Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умед ба ояндаи нек ва сазовори эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз гузаштагонамон мерос монда, таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум мебошад.

Парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст, ки мазмуну моҳияти муҳимро соҳиб шудааст.

Мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бе парчам тасаввур кардан номумкин аст.

Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партавафкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст.

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, ки узви ҷумҳуриҳои иттифоқ буд, давраи нав оғоз ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу озод парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кард.

Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ ҳисоб меёбад. Хулоса, дар ҳама давру замонҳо парчам чун рамзи давлат, салтанат, ғуруру ифтихор аз даст ба даст мегузарад.

Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукуҳу тантана таҷлил мегардад.

Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе парафшонӣ мекунад, боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯст мебошад. Қомат афрохтани Парчами миллӣ бо кулли биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза мебахшад. Мавзеи ҷойгиршавии Парчами миллӣ дар шаҳри Душанбе «Майдони парчам» номгузорӣ шудааст. Ҳамин тариқ, 2 апрели соли 2014 дар маркази вилояти Суғд Парчами давлатии Тоҷикистон бар пояи баландиаш 55 метр, моҳи июни соли 2016 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ Парчами миллӣ бо баландии 30 метр, моҳи октябри соли 2016 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва баъдан дар марказҳои дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо иштироки ҳазорҳо нафар сокинону меҳмонон парчамҳои давлатӣ барафрохта шуданд.

Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву сиёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар инсоне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои варзишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.

Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.

Муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне эҳтиром ва қадрдонии Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».

Қодиров М.З., Ашуров С.Ғ., устодони кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ