ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ

314

9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас ба ҳисоб меравад. Сокинони кишвари орому ободи мо имрӯз бо як сари баланд ифтихор аз он доранд, ки 31 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ ба монанди Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидаанд.

Таърих нишон дод, ки истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик Пешвоеро ато кард, ки миллату давлатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба шоҳроҳи сулҳу ободӣ ва оромию осоиштагӣ раҳнамун гардонд. Пешвои миллати тоҷикон хамеша кушиш ба харҷ медиҳанд, то мардум аз зиндагии саодатманду осоишта баҳраманд бошанд ва пайваста дар зери сояи ваҳдату ягонагӣ, барои бунёди ояндаи дурахшони кишвари азизамон, устуворонаву бовиқорона қадам гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро арзишмандтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик муаррифӣ намуда, аз фазилат ва аҳамияти ин унсури давлатдорӣ хеле зиёд зикр менамоянд. Барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он мардумро роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърих ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

Зикр кардан ба маврид аст, ки қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он аз ҷониби гурўҳҳои манфиатхоҳ роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён молиявӣ ба бор оварда буд. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад. Ёд кардан аз гузаштаи талх ва пуртазоди миллат фақат як мақсади муҳимро ба уҳда дорад ва он ҳам баркарор кардан ва иқтидор бахшидан ба ҳуввияти миллии ҳар як фарди ватандўст, мебошад, ки аз ҳар рўйдоди таърихӣ сабақ меомўзад ва барои аз даст нарафтани амнияту озодӣ талош менамояд Ҳамин гуна як фарди ватандўст бо талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои қаҳрамонона ба майдон омад, ки имрўз бо мақоми фахрии Пешвои миллат номдориву сарфарозиаш аз машриқ то ба мағриб расидааст. Бо талошҳои Пешвои миллат 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид ва он рӯзи муборак ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳон таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва барои насли имрӯз, чун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда пешниҳод мекунад.

Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босурат ҳамчун ҳадафҳои дигари стратегӣ дар зарфи 31 соли Истиқлолият бо қабулу амалисозии барномаҳои давлатӣ ва ҷалби шарикони рушд иқдомҳои бузург роҳандозӣ гардида, кишварамон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.Хушбахтона ба назар мерасад, ки имрўз давлати мо дар самти тараққиёти саноатӣ қадамҳои устувор гузошта, аз рўи бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Мушоҳида кардан мумкин аст ки иқтисодиёти Тоҷикистон рўз то рўз рў ба вусъат ниҳода, имрўзҳо ба як кишвари фаъоли содиркунанда табдил гардидааст. Истихроҷи тиллову нуқра, алюминий ва маъданҳои гуногун, истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, нуриҳои минералӣ, сементу ноқил ва автобусҳои замонавӣ камтарин дастовардҳои истиқлолият мебошанд. Ҳамингуна дастовардҳои чашмгир дар соҳаҳои дигар низ баръало мушоҳида мешаванд.

Бо зикри дастовардҳои 31 соли даврони истиқлолият ин нуктаро таъкид намудан бамаврид аст, ки ифротгароӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои муосир, пеш аз ҳама, ба ҳамин арзишҳои ҳаётӣ, ба дастовардҳои даврони мо таҳдид намуданаш аз эҳтимол дур нест. Онҳо пеш аз ҳама ба истиқлолияти давлатӣ, ба мавҷудияти давлати мустақил, сохтори давлатии демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ба суботу амният ва ҳаёти осоиштаи мардум, ба хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои пурқимати миллии мардуми тамаддунсози мо монеаҳои хатаровар эҷод мекунанд. Аз ин рў, муборизаи мо бар муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад.

Дар дунё мардумони мухталифе арзи вуҷуд доранд, ки шумораашон ба миллионҳо расида, дар орзуи миллату давлатдорӣ мебошанд ва бо мақсади расидан ба ин ҳадаф азму талош менамоянд, дар ин роҳ ҳатто ҷони ҳазорон нафар фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам ба ин умеду ормони худ, ки соҳиби ватану давлати озоду обод ва осоишта будан аст, нарасидаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузор бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зеборо ато намудаасту онро шабеҳ ба биҳишт гардонидааст. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои ҳукумату давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем. Ҳама ҳамдилу яктан, дасти ҳам гирифта, дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму нозанини хеш заҳматҳои шабонарўзӣ намоем.

Ҷурабеков У.М., н.и.х., дотсент, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети химияи ДМТ