ИСТЕҲСОЛИ КИСЛОТАИ ХЛОРИД ВА СОДАИ ТЕХНИКӢ АЗ АШЁИ ХОМИ МАҲАЛЛӢ

142

Илм барои конеъ гардондани эҳтиёҷоти гуногун дар истеҳсоли маҳсулот истифода мешавад. Он барои кор карда баромадани усулҳои самарабахш ва аниқтари истеҳсолот имконият дод, ки бо ҳамин хароҷот кам ва ҳосил зиёд карда шавад. Бо истифода аз технологияҳои навтарин, истеҳсолкунандагон метавонанд маҳсулоти дақиқтар, боэътимод ва устувортар эҷод кунанд. Ин ба онҳо имконият дод, ки маҳсулоте ба вуҷуд оваранд, ки ҳарчи бештар камхарҷ ва сифаташ баландтар гардад. Илова бар ин, илм барои беҳтар кардани бехатарии маҳсулот истифода шудааст, онҳоро барои истеъмолкунандагон бехатартар мекунад ва хатари осебро коҳиш медиҳад. Ғайр аз он, пешрафти илм боиси таҳияи усулҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли маҳсулот гардида, ба коҳиш додани таъсири экологии истеҳсолот мусоидат мекунанд.

Дар маҷмӯъ, илм ба тарзи эҷод ва истеҳсоли маҳсулот таъсири калон расонида, онҳоро бехатар ва самараноктар мегардонад.

Умуман, татбиқи илм дар истеҳсоли маҳсулот тарзи зиндагии имрӯзаи моро хеле беҳтар мекунад. Бо истифода аз технологияҳо ва маводҳои навтарин, ширкатҳо метавонанд маҳсулоти инноватсионӣ эҷод кунанд, ки аз ҳарвақта бештар самаранок, камхарҷ ва устувортар бошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат муҳимияти татбиқи илм дар истеҳсолот аз тарафи роҳбарияти олии кишвар хуб дарк карда шуда, вобаста ба амалишавии он чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дастури пайвастани илм бо истеҳсолот дар Тоҷикистон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар чорабинии бахшида ба Рӯзи дониш, саннаи 01.09.2023 дар ноҳияи Данғара бори дигар садо дода, аз ҷумла қайд намуданд, ки: “Робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки аҳаммияти торафт бештар ва мубрам касб карда истодааст”.

Ҳамасола аз тарафи олимону муҳақиқони кишвар ихтирооту навовариҳои сатҳи гуногун пешниҳод шуда истодаанд, ки бо татбиқи онҳо дар истеҳсолот барои пешрафти соҳаи саноати кишвар шароити хубе фароҳам гашта, соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ рушд мекунад.

Яке аз чунин навовариҳо дар партави супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷорӣ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар истеҳсолот ин “Технологияи истеҳсоли кислотаи хлорид ва содаи техникӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва кислотаи сулфат” ба шумор меравад.

Ихтирооти номбӯрда аз тарафи дотсенти кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ, номзади илмҳои техникӣ Раҷабов Ш.Х. дар шароити лабораторӣ омӯхта шуда, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявиии “Илм-фурўғи маърифат” ва Озмуни беҳтарин ихтирокори соли 2022 дар Маркази миллии патентию иттилооти ҶТ, Озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионии соли 2023 дар ДМТ, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон корхонаи истеҳсоли криолит ва фториди алюминий ба кор шурӯъ кардааст (ҶДММ «ТАлКо Кемикал»). Хати технологии корхонаи мазкур амалисозии технологияи истеҳсоли кислотаи хлоридро бевосита аз намаки ошии кони “Тутбулоқ”-и (н. Ёвон) метавонад дарбар гирад. Татбиқи ориентирии чунин технологияҳо метавонад на танҳо арзиши аслии маҳсулоти ҳосилкунандаи корхонаро паст созад, балки метавонад вазъи иқтисодиро дар минтақа беҳбуд бахшад.

Бо назардошти мавҷудияти захираи кофии намаки ошии барои истеҳсоли кислотаи хлориди зарурӣ ва кислотаи сулфат дар минтақа, амалисозии таҷзияи кислотагии намаки ошӣ бо ҳосилшавии кислотаи хлорид ва сулфати натрий меанҷомад, ки ҳамчунон метавонад дар истеҳсоли содаи техникӣ ва масолеҳи сохтмонӣ (гипсокартон) ҳамчун ашёи хоми асосӣ хизмат кунад.

Раҷабов Ш.Х., номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ