ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

35

Аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои Старатегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи ихтироъкорӣ, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ихтироъкорону навоварон, Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» барои солҳои 2023-2024, бо иштироки Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмонзода А.С., вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29-уми ноябри соли равон ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» мунтазам дар ду сол як маротиба аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот» баргузор гардида, мақсади асосии он ҳарчи бештар ҷалб намудани шаҳрвандон ба фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, барномасозӣ, зеҳни сунъӣ ва умуман баланд бардоштани завқи фаъолияти зеҳнӣ мебошад.

Имсол, бо мақсади шинос намудани ихтироъкорон ва навоварон ба имкониятҳои IТ Park Dushanbe ҳамчун платформаи замонавӣ барои амалигардонии ихтироот ва лоиҳаҳои инноватсионӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни мазкур санаи 29-уми ноябри соли равон дар толори IT Park Dushanbe баргузор гардид.

Дар Озмун барои иштирок 88 ариза аз ҷониби ихтирокорон ва навоварони Тоҷикистон пешниҳод шудааст:- 45 адад аз ш. Душанбе;- 18 адад аз в. Хатлон;- 10 адад аз в. Суғд;- 12 адад аз НТМ;- 2 адад аз ВМКБ.

Дар Озмуни мазкур 6 нафар устод: Самиҳзода Ш.Р., Раҷабов Ш.Х., Давлатшоева Ҷ.А., Бобоназарзода Г.Б., Бойназарова Қ.У., Шокаримзода С.М. ва 1 нафар донишҷӯ Шарифов Ғ.Ш. аз факултети химияи ДМТ иштирок намуданд.

Дар натиҷа н.и.т., дотсент Раҷабов Ш.Х. ва докторанти PhD Шокаримзода С.М. аз номинатсияи “Ихтироъкори беҳтарин” сазовори ҷойи 3-юм гашта, д.и.т., профессор Самиҳзода Ш.Р. барои саҳм гузоштан дар рушди фаъолияти ихтироъкорӣ ва омода намудани мутахассисони соҳавӣ бо Сипоснома қадрдонӣ гаштанд.

Озмуни мазкур аз ҷаласаи пленарӣ бо суханронии меҳмонони воломақом оғоз ёфта, сипас маросими қадрдонии ғолибон ва ҷоизадорони Озмун доир карда шуд.

Инчунин, мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши ихтироъ дар таъмини ҳаёти солим” доир карда шуда, иштирокчиён бо маърӯзаҳои соҳавии худ баромад намуда, атрофи масалаҳои ҷойдошта муҳокимаронӣ карда шуд.