ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

18

Сафаралиев Усмоналӣ-донишҷӯи курси 4-уми факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун донишҷӯи фаъол, дар Форуми байналмилалии волонтёрон таҳти унвони “Тақвияти шабакаҳои волонтёрӣ барои навоварӣ, рушди малакаҳо ва ҳамбастагии иҷтимоӣ”, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.