ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДИСТ

374

Имрӯз мебояд асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, ба хусус ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳад. Арзишҳои умумимилӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҷавонон бояд муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳои ояндаи кишвар бошанд.

Ин мавзуъ имрӯз (31.03.2022) миёни устодону донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллӣ аз ҷониби намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бояд таъкид намуд, ки муддатест дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш»-и донишгоҳ миёни устодону донишҷӯён нишастҳои судманд доир мешавад. Дар ташкилоти ибтидоии «Химия»  таҳти унвони «Ҳифзи манфиатҳои миллию суботи сиёсӣ» чунин нишаст гузаронида шуд.

Дар он намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Баҳорзода С., муовини раиси КИИ «Дониш» Ҷ.Шарипов, раиси ташкилоти ибтидоии «Химия» Файзуллозода Э., раиси бахши занони донишгоҳ Маҷидзода Д., раиси шурои кураторони донишгоҳ И.Ашуров ва дигар намояндагони шуъбаи тарбияи донишгоҳ иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ташкилоти ибтидоии «Химия» дар амалӣ намудани барномаҳои КИИ «Дониш»  ва ҳадафҳои созандаи он нақши арзишманд дорад.