ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

11

Тибқи дастури Раёсати Донишгоҳ санаи 02.12.2025 аз ҷониби Раёсати тарбияи Донишгоҳ: мудири бахши занон ва духтарони Донишгоҳ Олимова Д., сармутахаси бахши занон ва духтарони Донишгоҳ Шарипова М., сармутахасиси бахши ҷавонони Донишгоҳ Сулаймонзода М. ва муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети химия Гулов А.А. барои назорати тартибот ва пурзур намудани корҳои тарбиявӣ дар байни гурӯҳои академии шуъбаи рӯзонаи факултети химия, ҷиҳати бозҳам вусъат додани корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани сифати таълим, риояи қатъии тартибу интизом, қоидаҳои донишҷӯӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки аз қонунгузории соҳаи маориф ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар меоянд, ба роҳ монда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, қи ба риояи саривақтӣ ва бечунучарои талаботҳои зерин риоякарда шавад:

– Сари вақт ва бо омодагӣ ба машғулиятҳои дарсӣ ҳозир шаванд.

– Аз истифодаи телефонҳои мобилӣ дар бино, саҳни донишгоҳ ва рафти машғулиятҳои дарсӣ, безарурият қатъиян худдорӣ намоянд.

– Сару либоси худро дар асоси дастуроти муқарраршуда ороста намуда, аз истифодаи либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона (урён, сатр) қатъиян худдорӣ намоянд.

– Бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан қатъиян худдорӣ намоянд, зеро мувофиқи қисми 16, моддаи 21-и Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» «Дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан, донишҷӯ бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда мешавад».

– Қоидаҳои донишҷӯиро пурра риоя намуда, барои баланд бардоштани эътибори Донишгоҳ талош намоянд.

– Ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ ҳозир шуда, аз истифодаи дафтарҳои суратдор худдорӣ намоянд;

– Аз шабакаи ҷаҳонии интернет оқилона истифода намоянд ва аз воридшавии ғайримақсаднок ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди Viber, OK, Fecebook, Imo, Instagram, Tik-Tok, Telegram ва ғайраҳо, ки боиси вайрон гардидани талаботи қонунгузории мамлакат ва Қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ мегардад, худдорӣ намоянд.

Дар охир ба ҳар як донишҷӯ таъкид карда шуд, ки ҳангоми ба таври дахлдор иҷро накардани талаботҳои зикршуда, нисбати донишҷӯён чораҳои муҷозоти интизомӣ то ҳадди хориҷ намудан аз сафи донишҷӯён андешида мешавад.

Бахши тарбияи факултети химияи ДМТ