Санаҳои бузурги таърихӣ барои мардуми шарифи тоҷик ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар таърихи тоҷикон нақши барҷастае дорад. Тақдири давлат ва истиқлолият қувваҳои солими ҷомеаро ба мубориза барои ҳифз ва ҳимоя намудани манфиатҳои ягонаи давлату миллат ва пойдор намудани адолату қонуният даъват намуд.
Соли 1992 пас аз вохӯрӣ бо неруҳои халқӣ, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват кардани Иҷлосияи XVI дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ қарор қабул намуд. Ин қарорро кулли сокинони ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.
16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шурои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.
Ҳануз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қатъият изҳор намуда буданд, ки: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».
Дар замони буҳрони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иҷлосия як қатор санадҳои ҳуқуқӣ қабул кард, ки онҳо ба фаъол намудан ва таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезагон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи сохтори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи ташкил намудани вилояти Хатлон дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумор буданд.
Иҷлосия бо мақсади хотима додан ба ҷанги дохилӣ, пешгирии фоҷиаи миллӣ, харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилотҳои ҷамъиятиву ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил ва таҳкими мақомоти давлатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар дошта, принсипҳои башардӯстӣ қарор кард, шахсоне, ки аз 27-уми март то 25 ноябри соли 1992 дар муқовиматҳои мусаллаҳона ширкат доштанд, ҷиноят ё амалҳои ғайриқонунӣ содир карда буданд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида нашаванд. Чунин сиёсат бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар буд, ки он барои ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил ноил гардидани кишвари маҳбубамон мусоидат намуд.
Воқеан, Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рисолати таърихии худро то охир ба анҷом расонид ё бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «дар давраи басо душвори сиёсии ҷомеа бо мақсади таъмини ҳарчи зудтари сулҳу ваҳдати миллии тоҷикон, наҷот додани миллат аз вартаи бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, ҳифзи якпорчагии давлати мустақили тоҷикон, муҳаё намудани шароит ва заминаи мусоид барои барқарор намудани иқтисодиёти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобгашта ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон баргузор гардида буд».
Бо назардошти саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.
Ёров М.Ё., н.и.х., муаллими калони кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ






