ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

449

Дар таърихи ҳар як халқ воқеаҳое ҳастанд, ки онҳо дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ ва таъмин намудани самти ҷараёни минбаъдаи ҷомеа нақши калидӣ мебозанд. Дар таърихи халқи тоҷик ҳамин гуна воқеаи муҳим ва тақдирсоз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он рӯзҳои 16-ноябр -2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид.

Ин иҷлосия дар замоне ба кори худ оғоз намуд, ки вазъияти сиёсию иқтисодии мамлакат хеле мураккаб гардида, сохтори ҳокимияти давлатӣ фалаҷ шуда буд ва хатари парокандагии давлат ва аз байн рафтани миллати куҳанбунёди тоҷик ба миён омад. Дар давраи мудҳиш ва фоҷиабор диққати тамоми мардуми кишвар ба ҷараёни кори иҷлосия ва қарорҳои қабулнамудаи он нигаронида шуда буд. Одамон ҳама дар андешае буданд, ки намояндагони мардумӣ, шахсиятҳои шинохтаи кишвар, роҳбарони ҳаракату созмон ва ақаллиятҳои мамлакат барои наҷоти давлатдории миллӣ, пешгирии қатлу куштор ва муътадил гардонидани вазъи ноороми мамлакат чӣ тасмимоти самарабахше мегиранд.

Иҷлосияи ХVI масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист мудохилаи ошкори душманони хориҷиро маҳкум намуда, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Дар воқеъ, Иҷлосияи 16-ум умеду орзуҳои мардумро бароварда сохта, қарорҳои муҳим қабул карда, дар таърихи мамлакат саҳифаи пурифтихоре боз намуд.

Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI дар он аст, ки ташаккули идеяи ваҳдати миллӣ ва ягонагӣ маҳз дар ҷараёни кори он ба миён омада буд. Пайдоиши ин ғоя худ як зарурияти таърихӣ ба ҳисоб мерафт, ки қодир буд халқи парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъ созад. Идеяи ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон сокинони мамлакат ҷой гирифта, заминаи бунёди сулҳро тақвият бахшад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳони муосир ҳамчун кишвари қадимаи тамаддунофар, дорои таърихи бузург ва фарҳанги оламшумул мешиносанд. Маҳз бо ташаббускориҳои Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар сатҳи балан ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.

Бо гузашти солҳо моҳияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ боз ҳам бештар дарк шуда, халқи мамлакат ба намояндагони мардумӣ ба талошварзони тақкими ҳокимияти миллӣ арҷ мегузорад. Намунаи олии арҷгузории мардум аз хидматҳои шахсияти таърихӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат” мебошад, ки мартабаи волои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаро мегирад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мартабаи олитарини давлатдорию миллатдорӣ бо талошу ҷонбозиҳояшон дар роҳи бунёди давлати навин, сулҳоварӣ ва ҳифзи давлату миллат расидаанд.

Воқеан ҳам иҷлосияи таърихие, ки мо 31-солагии онро ҷашн мегирем, баъди истиқбол гирифтани иди пуршукӯҳи 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад ва дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бениҳоят бузург дорад. Маҳз ҳамин анҷуман оғози наҷоти давлатдории миллӣ, якпорчагӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гашта, тавонист ба ҷаҳониён хиради азалии миллати тоҷик – таҳаммулпазирию башардӯстӣ, қобилияти сулҳофарӣ ва давлатсозии онро собит созад.

Бояд қайд намуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсионии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмиву ризояти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Маҳз ба шарофати ин рӯйдоди муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро боз ҳам қавитар ва мустаҳкамтар намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

Имрӯз бо қаноатмандии бузург метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба миён овард, худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандонро дар сатҳи баланд ташкил ва арзёбӣ намуд.

Иҷлосия барои ҳамаи аҳолии Тоҷикистон як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва рӯ овардан ба волоияти қонун ва иҷрои нақшаҳои азими офарандагӣ гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайваста дар амал татбиқ меёбанд.

Норова Муаттар Турдиевна,доктори илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ