Таҳлили сарчашмаҳои бунёдӣ нишон медиҳанд, ки халқу миллатҳои дунё ба тавр ва василаю роҳҳои гуногун марҳилаҳои мухталифи таърихиро тай намуда, дар паҳнои гуногунии арзишӣ ва мафкуравию ақидатӣ қисме аз онҳо маҳв гардида, қисми дигар тағйири шакл намуда, халқу миллатҳои дигар ба сатҳи олии инкишофи миллии худ расида, раванди рушди ҷаҳонро таъмин намудаанд. Дар ин паҳнои тӯлонии таърихӣ халқу миллатҳое ҳастии худро ҳифз намудаанд, ки бунёди худро ба илму эҷод ва таҳқиқу пажӯҳиш пайвастагии ногусастанӣ бахшида, давраҳои инкишофи таърихиро тавассути кашфиёту навовариҳо ва тарҳгузорию бунёдсозиҳо фатҳ намудаанд. Ин пайвастагӣ заминаи эҷоди арзишҳои зиёди моддию маънавӣ гардида, миллатҳои фарҳангиро ба вуҷуд овардааст. Миллати тоҷик низ дар ҳамаи давраҳои таърихӣ бо илму фазилат, таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ, эҷоду пажӯҳиш ва навоварию маърифатпарварӣ тавонистааст дар баробари ҳифзи асолати худ дар бунёди тамаддуни ҷаҳонӣ нақши арзишманд гузорад.
Бо дарк ва ҳифзи хотироти таърихии давлатдорию давлатсозӣ ва миллатсолорӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ низ давлату Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро аз василаҳои асосии ватансозӣ ва рушду тараққиёти давлат интихоб намуда, марҳила ба марҳила ин соҳаро ҳамаҷониба таҳким бахшида истодаанд. Дар сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҷойгоҳи меҳварӣ дошта, қисми асосии буҷети давлатӣ маҳз ба ҳамин соҳа нигаронида шудааст. Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста қайд намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки “… ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад”.
Дар ин радиф, бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва тарбияи онҳо, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ ва саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон ва тақвияти завқи зебоипарастии онҳо тайи чанд соли охир таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ шудааст.
Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав тайи 4 сол аст, ки баргузор гардида истодааст.
Низмономаи озмуни мазкур соли 2023 ва 2024 бо як қатор тағйиру иловаҳо қабул шуд, ки аз рўйи он озмун баргузор гардида истодааст. Тағйиру иловаҳои қабул шуда асосан инҳоанд: муассисаҳои типи нав (литсейҳо ва гимназияҳо) аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷудо гардида, дар ин замина 7 зерноминатсия ва 42 ҷой зиёд шуда, шумораи умумии ҷойҳо аз 90 адад дар соли 2022 ба 132 ҷой зиёд гардид. Бо ин мақсад маблағи баргузории даври чоруми озмун 910 000 (нуҳсаду даҳ ҳазор) сомонӣ зиёд карда шуд. Ҷойи сеюм аз 2 нафар ба 3 нафар зиёд карда шуда, шумораи ҷойҳо аз рӯйи ҳар номинатсия аз 5 ҷой ба 6 ҷой зиёд карда шуд. Ба иштирокчиёни даври чоруми озмун (хонандагони синфи 11) имтиёз дода шудааст, ки ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар бе озмун ба тариқи ройгон қабул карда шаванд. Шумораи ҷойҳо барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври чоруми озмун ҷойҳои 1,2,3 ва Шоҳҷоизаро соҳиб мешаванд 84 ададро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 49 ҷой зиёд мебошад. Маблағ умумӣ барои баргузории даври чоруми озмун 4 085 000 (чор миллиону ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 1 740 000 (як миллиону ҳафтсаду чил ҳазор) сомонӣ зиёд мебошад.
Маҷмуи тадбирҳои ба таври мунтазам андешидашаванда дар соҳаи маорифи кишвар далели зотан соҳибтамаддун ва илмсолор будани миллати мо мебошад. Илмгароӣ ва фарҳангсолорӣ ба шуғл ва одати доимии миллати мо табдил ёфта, таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим заминаҳои мусоиди рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро фароҳам оварда, бо пешрафти ин соҳа ояндаи дурахшони Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Дар маҷмуъ, ҳар як аъзои ҷомеаи кишвари моро зарур аст, ки дар радифи иқдомоти беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас саҳми худро гузоранд ва робитаи пайвастаю ногусастаниро бо мактабу маориф ба таври доимӣ ба роҳ монанд. Чунки рушди соҳаи маориф натанҳо заминаи рушди давлат, балки асоси рушди пешрафти ҳар як фард ва оила мебошад.
Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ