Дар ҷое ки хирад ва ақлоният ҳукм меронад, ҳама мушкилот ҳалли худро меёбанд. Абармарди фарзонаи тоҷик, намоди сулҳ дар дунё, Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оқилӣ, дурандешӣ, сулҳофарӣ, дили бузург ва иқдомҳои созандаи худ ҷаҳониёнро бори дигар дар ҳайрат монд. Дар арафаи Наврӯз ва айёми ҷашнҳои он дар минтақаи Осиёи Миёна бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои сулҳофари мо ҳодисаҳои таърихӣ ва басо фараҳбахш рӯй доданд, ки сазовори ситоиш аст. Рӯйдоди авали таърихӣ ва сарнавиштсоз дар арафаи ҷашни Наврӯз ҳалли оқилонаи мушкилоти марзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон буд, ки аз солҳои Шуравӣ ба миён омада буд ва дар замони соҳибистиқлолӣ идома меёфт. Инак ин мушкилот на танҳо ҳалли қотеонаи худро ёфт, балки он ба дӯстӣ ва бародарии абад табдил гашт ва ҳам ҳодисаи ибратомӯз барои минтақа ва ҷаҳон гардид. Рӯйдоди дигари таърихӣ ва сарнавиштсоз барои минтақа ин даъвати сарони кишварҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ буд. Имзои созишномаи қатъии марзҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, имзои Эъломияи дӯстии абадӣ байни сарони се кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҳодисаҳои фараҳбахш ва нодири ҷаҳон ва таърих ба шумор меравад, ки тимсолаш дар дунё кам аст.
Қабули Эъломияи дӯстии абадӣ ҳуҷҷати нишотоварест, ки барои рушди босубот заминаи мусоид фароҳам меоварад. Ҳамчунин бо қабули ин Эъломия абармарди фарзонаи тоҷик, намоди сулҳ дар дунё, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги ҷаҳониро дар минтақа пешгирӣ кард, ки месазад барои ин хизмати бузурги таърихӣ ӯро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод намоянд.
Шоири забардасти тоҷик устод Рустам Ваҳҳобзода дар байте ин сиёсати наҷиби инсонгароёнаи фарзонамарди тоҷик, Куруши сонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар як шоҳбайте тасвир намуда, қайд менамояд, ки қаҳрамонони ҷанг зиёданд, вале қаҳрамони сулҳу дӯстӣ орзую ормони халқҳост: Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст, Ормони халқ бошад қаҳрамони дӯстӣ. Барҳақ, Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои Наврӯз низ ҳастанд. Чун ҳама оинҳои Наврӯз аз қабили адолат, авфу бахшиш, сулҳу амонӣ, дӯстию бародарӣ, оромиши қалбу равон, шодию нишот, бахту саодат, ҳусни тафоҳум, ҳусни ҳамсоядорӣ, боварӣ ба ояндаи нек, боварӣ ба рушди устувори иқтисодиро барқарор карданд, ки иқдоми наҷиби инсонсолорӣ ва хирадгароӣ маҳсуб мешавад ва намунаи ибрат ба ҷаҳониён мебошад.
Даъвати сарони кишварҳои ҳамсоя ба ҷашни Наврӯз қадами устуворе барои дӯстии қавӣ, пояндагии сулҳу амонӣ барои насли имрӯз ва фардо аст, ки боиси рушди бомароми иқтисодиёти минтақа мегардад. Ин сиёсати наҷиби сарвари давлати мо аз хиради азалии мардуми мо сарманша мегирад ва месазад, ки дар ин замони пуртазод ва пурихтилоф ҷаҳониён ин фарҳангро биомӯзанд.
БАҲОРИ ДӮСТӢ
Фасли сулҳу дӯстӣ омад падид,
Тоҷику қирғиз бишнид ин навид.
Байни ҳар ду халқ ин сулҳу сафо,
Шуд муяссар аз талоши Пешво.
Дӯстӣ дорему дорем ифтихор,
Сарбаландему сарафрозу ба ор.
Нест дар дил кинаву нафрат ба кас,
Тоҷиконро дӯстӣ бошад шиор.
Тоҷику қирғиз паймон сохтем,
Тухми меҳру оштиро коштем.
Мешавад нахли муроди мо бузург,
Ин садоқат мо ба дилҳо доштем.
Кароматуллоҳ САДИРОВ
Баҳодуров Ю.Ф., Мабаткадамзода К.С., устодони кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ