ФИДОИИ РОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

12

Fозаи ҳусни адо осон намеояд ба даст,

Фикр хунҳо мехӯрад, то ранг мегирад сухан.

Абдулқодири Бедил

Дар тамоми давру замонҳо ҳар халқу миллат бо ашхоси донишманду маърифатпешаи худ ифтихор мекунад, ки албатта ин бесабаб нест. Чунки маҳз тавассути чунин шахсиятҳои кордону хирадманд ҷаҳони маънавиёти худро онҳо ғанӣ гардонида, дар ҳалли муаммоҳои зиндагӣ саҳмгузорӣ менамоянд. Боиси сарфарозист, ки чунин фидокорони илму маърифат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳаёт ба сар мебаранд ва ливобардори илму фарҳанги мо мебошанд.

Яке аз фидоиёни шоҳроҳи илму маърифат шахси хоксору фурӯтан ва олими нуктасанҷу пурмаҳсул, доктори илмҳои кимиё, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ, академики Академияи илмҳои Нию-Йорк, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Олимович Аминҷонов маҳсуб мегардад, ки ҳаёт ва фаъолияти ӯ ҳамаҷониба ибратомӯз аст. Беҳуда нест, ки Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои худ бо зиёиён борҳо таъкид дошта, ки нерӯҳои ақлӣ, яъне аҳли илму маърифат сарвати бебаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Имрӯз Ҷумҳурии мо ҳарчи бештар ба чунин олимони варзида ниёз дорад. Ояндаи дурахшони кишвар низ ба рушди илму техника ва технологияи пешқадам ва ҳамзамон ҷорӣ кардани дастовардҳои илмии олимон дар соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Вақте сухан дар бораи Азимҷон Олимович Аминҷонов меравад, бешубҳа шахсе пеши назар меояд, ки ба маънои томаш сарсупурдаи илму маърифат мебошад. Ҳаёти ин олими шинохта ҷабҳаҳои мухталифро фаро гирифта, ӯро ҳамагон ҳамчун кимиёшиноси варзида ва роҳбари кордону масъул эҳтиром мекунанд.

Дар ҷодаи илм роҳи тайкардаи Аминҷонов А.О. ҳанӯз аз давраи таҳсил дар Донишгоҳи технологии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) ибтидо мегирад. Номбурда таҳти роҳбарии яке аз кимиёшиноси варзидаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки онро дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, академик Юрий Николаевич Кукушкин таҳқиқоти илмӣ гузаронида, соли 1975 дар мавзӯи “Тавлиф ва таҳқиқи пайвастаҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои сулфурдори қатори азолӣ” рисолаи номзадиро муваффақона дифоъ мекунад. Пас аз бозгашт ба Ватан ӯ дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон) озмоишгоҳи илмӣ таъсис дода, дар самти мазкур таҳқиқоти ҳамаҷониба ва муфассалро мегузаронад, ки ин озмоишгоҳ Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он яке аз озмоишгоҳҳои бонуфуз ва пешқадам ба ҳисоб меравад. Тайи бештар аз 40 сол аз ҷониби кормандони озмоишгоҳи илмию таҳқиқотии “Тавлиф ва таҳқиқи пайвастаҳои координатсионӣ”, ки сарварии онро солиёни зиёд шодравон Аминҷонов А.О. ба ӯҳда дошт таҳқиқоти пурарзише ба сомон расонида шуда, ки он аз ҷониби кимиёшиносони маъруфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷа сазовори баҳои баланд гардидааст. Хусусан, олимони машҳури даврони Шӯравӣ, академикон Третяков Ю.Д., Мирсаидов У.М., профессорон Койфман О.И., Ларин Г.М., Мелихов И.В., Фёдоров В.А., Мартиненко Л.И., Салников Ю.И., Кукушкин Ю.Н. ва дигарон ба пажӯҳишҳои аз ҷониби Аминҷонов А.О. анҷомдода баҳои баланд додаанд, ки он аз эътиолфи таҳқиқотҳои арзишманди ин олими асил гувоҳӣ медиҳад.

Аминҷонов А.О. натиҷаи корҳои илмии худро ҷамъбаст намуда, соли 1992 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Пайвастаҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидӣ” дар Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи технологии Санкт-Петербург бомуваффақият дифоъ менамояд.

Пас аз дифои рисолаи докторӣ Аминҷонов А.О. пажӯҳишотро дар ин самт идома дода, ба як қатор муваффақиятҳои намоён ноил мегардад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки бори нахуст қонуниятҳои ҳосилшавии пайвастаҳои координатсионии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидро муқаррар карда, механизми ҳосилшавии ин пайвастаҳоро пешниҳод намояд, ки албатта ин кашфиёт дар соҳаи кимиёи ғайриузвӣ, бахусус дар кимиёи пайвастаҳои координатсионӣ дорои аҳамияти бузург мебошад. Гузашта аз ин даҳҳо номгӯй электродҳои ҷадиди оксиду барқароркунандаи лигандиро таҳия намуд, ки онҳо дар раванди таҳқиқи комплексҳосилкунии ионҳои филизоти мухталиф дар маҳлулҳо ба таври васеъ мавриди истифода қарор дорад. Зимни таҳқиқоти пайваста ба ӯ муяссар шуд, ки қонунияти тағйирёбии устувории пайвастаҳои координатсионии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва тиоамидро вобаста аз табиати лигандҳо, ҳалкунанда, ҳарорат ва таносуби молии моддаҳои таъсиркунанда муқаррар намуда, усулҳои муайян кардани собитаҳои ҳосилшавии пайвастаҳои нави комплексиро дар муҳити тезобҳои ғайриузвии мухталиф пешниҳод намояд. Яке аз таҳқиқоти арзишманди Аминҷонов А.О. ин таъсири лигандҳои триазолӣ бо пайвастаҳои рений (V) мебошад. Номбурда зимни пажӯҳишоти сершумор собит намуд, ки дар ин маврид се намуд табдилот ба вуқӯъ мепайвандад: аввалан, хориҷшавии ионҳои ҳалоген аз сфераи дохилии комплекс, дувум, димершавии комплекс бо ивазшавии ҳамаи ионҳои ҳалоген ва саввум, ба гурӯҳи изотиосианид табдилёбии ионҳои роданид. Албатта ин дастовардҳо дар кимиёи пайвастаҳои комплексии рений (V) беназир буда, ағлаб муҳақиқони варзидаи ватанию хориҷӣ ба ин таҳқиқот баҳои баланд додаанд. Албатта чунин комёбиҳо дар таҳқиқоти Аминҷонов А.О. хеле зиёданд. Танҳо ҳаминро зикр кардан ҷоиз аст, ки аз ҷониби ӯ бештар аз ҳазор пайвастаҳои комплексии нави филизоти интиқолӣ бо лигандҳои узвӣ тавлиф ва мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтаанд. Худи ҳамин гувоҳи он аст, ки дар ҷодаи пажӯҳишоти илмӣ Аминҷонов А.О. мавқеи намоёнро ишғол мекунад.

Мусаллам аст, ки ҳар олим кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастовардҳояш ҳарчи бештар дар амал татбиқ гардад, чунки:

Илми боамал судманд бувад,

Илми беамал пойбанд бувад.

Аз ҳамин сабаб ҷониби дигари фаъолияти А.О. Аминҷоновро дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ ташкил медиҳад. Дар ин самт низ номбурда ба як қатор комёбиҳо мушарраф гардидааст.

Профессор Аминҷонов А.О. бори аввал доир ба таъсири пайвастаҳои комплексии рений (V) ба устувории физикию механикии як қатор полимерҳо таҳқиқоти муфассал гузаронида, собит намуд, ки бо зиёдшавии адади молекулаҳои ин пайвастаҳо хосияти механикии полимерҳо меафзояд. Инчунин муқаррар гардид, ки қонуниятҳои таъсири механикии пайвастаҳои комплексии рений (V) аз табиати лигандҳои истифодашаванда вобаста мебошад. Профессор Аминҷонов А.О. дар таҳияи асосҳои илмии технологияи ваакумӣ ва автоклав-ваакумии ҳосилшавии маводи композитсионии дорои хосиятҳои худхомӯшкунӣ, нисбат ба зангзанӣ (коррозия) ва аз ҷиҳати механикию диэлектрикӣ устувор, ки ба талаботи соҳаҳои мошина ва мушаксозӣ, электроника, авиатсия ва сохтмон ҷавобгӯ мебошад, саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ муқаррар намудааст, ки пайвастаҳои комплексии филизоти интиқолӣ дар шаклгирии полимерҳо, дорои структураи муайян гирифтани олигомерҳо ва полимерҳо нақши муҳимро мебозанд.

Омӯзиши хосиятҳои биологии миқдори зиёди пайвастаҳои комплексии рений (V) нишон дод, ки фаъолияти онҳо аз табиати лиганди узвӣ, миқдори лигандҳои координатсияшуда, сохти пайвастаи комплексӣ ва монанди инҳо вобастагии калон дорад. Дар натиҷаи таҳқиқот муқаррар карда шуд, ки пайвастаҳои комплексии рений (V) бо лигандҳои амидӣ ва триазолӣ фаъолнокии тиреотропӣ, нейротропӣ (антогонизм ба витамини В6) рентгеноконтрастӣ зоҳир намуда, таъсири зардаронӣ адаптогенӣ (қобилияти ҳифзкунии узвиёт аз таъсири нурҳои ионизатсияшуда), зиддиҷароҳатии меъда, анаболикӣ, фунгитсидӣ ва танзимкунандаи рӯиши растаниҳоро доранд. Бо истифодаи пайвастаи комплексии рений (V) бо лигандҳои тиадиазолӣ биотести боэътимоди ҳассосияташ баланд ва зудмуайянкунандаи витамини В6 таҳия карда шудааст.

Таҳияҳои илмии профессор Аминҷонов А.О. дар истеҳсолот барои таъмини назорати раванди сахтшавии маводи композитсионӣ дар асоси ЛБС-4 дар ДНИИТМ (Днепропетровск), барои кӯтоҳ кардани мӯҳлати коркарди ҳароратии маводи композитсионӣ дар ВСО–200 дар КиАПО, КМЗ (Киев), барои дароз намудани мӯҳлати истифодаи лӯлаҳои филизӣ дар шаҳри Селиноград, инчунин дар раванди илму таълим ба таври васеъ истифода бурда мешаванд.

Бояд ҳаминро зикр намоем, ки профессор Аминҷонов А.О. дар тӯли солҳои зиёд дар Донишгоҳ ба корҳои илмие, ки дар асоси ҳисоби хоҷагӣ бо фармоиши корхонаҳо мухталифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иҷро мешуданд, роҳбарӣ намудааст.

Эътирофи баланди илмии олими шинохтаи тоҷик профессор Аминҷонов А.О. дар миқёси байналмилалӣ он аст, ки аз асарҳои илмии ӯ олимони давлатҳои гуногун дар навиштани монографияҳо ва мақолаҳои илмӣ истифода мебаранд. Номбурда дар муаррифӣ намудани илми кимиёи тоҷик низ хизмати шоиста кардааст. Ӯ дар сипозиумҳо, конференсияҳо ва машваратҳои илмии дараҷаҳои гуногун дар кишварҳои хориҷаи дуру наздик бо маърӯзаҳои пурмeҳтаво ширкат варзида, комёбиҳои илми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.

Яке аз самтҳои фаъолияти профессор Аминҷонов А.О. ихтироъкорӣ мебошад. Аз ҷониби ӯ зиёда аз 50 ихтирооту шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва патентҳо барои кашфиёт гирифта шудааст, ки ба шумораи ками олимон чунин дастовард насиб мегардад. Профессор Аминҷонов А.О. муаллифи зиёда аз 600 номгӯй асарҳои илмӣ, аз ҷумла 8 монография ва 10 воситаи таълимӣ мебошад. Теъдоди зиёди асарҳои илмиаш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии мамолики гуногуни дунё ба табъ расидааст.

Профессор Аминҷонов А.О. мактаби илмии худро ташкил дод, ки фаъолияти он на танҳо дар Ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам маълум аст. Дар ин озмоишгоҳ имрӯзҳо кормандон, устодон докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯён пурмаҳсул фаъолият менамоянд.

Саҳми профессор Аминҷонов А.О. дар тайёр кардани кадрҳои илмию педагогии баландихтисос низ калон аст. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 18 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Хизматҳои бисёрсолаи пурсамари ӯро дар соҳаи илм, татбиқи амалии натиҷаҳои корҳои илмиаш дар истеҳсолот ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмию педагогӣ ба ҳисоб гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро соли 1994 бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонидааст.

Профессор Аминҷонов А.О. ғайр аз корҳои илмию таҳқиқотӣ, инчунин фаъолияти назарраси педагогӣ бурда, ҳамчун профессори кафедраи кимиёи ғайриузвии факултаи кимиёи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланди илмию методӣ ба донишҷӯён дарсҳои шифоҳӣ мегузаронд. Китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии аз ҷониби мавсуф интишоргардидаро донишҷӯёни факултаҳои кимиёи муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ васеъ истифода мебаранд.

Ҳамчун олими варзидаи соҳаи кимиё профессор Аминҷонов А.О. дар миқёси байналхалқӣ эътироф карда шудааст. Ӯ академики Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ ва академики Академияи илмҳои Нию-Йорк интихоб гардидааст. Барои дастовардҳои илмиаш соли 2005 бо нишони нуқрагии Маркази байналмилалии тарҷумаҳолӣ “LEADING Educators of the Word” (Кембриҷ, Англия) сарфароз гардонида шудааст. Ӯ соли 1989 директори намоишгоҳи байналмилалии «Маорифи халқи Тоҷикистони Шӯравӣ ба хоҷагии халқ» таъин шуда буд. Ин намоишгоҳ дар шаҳри Улан-Батор (Ҷумҳурии халқии Муғулистон) бомуваффақият ва дар сатҳи баланд маърази тамошои бинандагон расонида шуда буд.

Профессор Аминҷонов А.О. дар баробари корҳои илмию омӯзгорӣ солиёни зиёд ба фаъолияти илмию ташкилӣ бомувафақият машғул буд. Саҳми ӯ дар мукаммалсозии сохтори қисми илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон калон аст. Бо ташаббуси ӯ солҳои гуногун дар сохтори қисми илмии Донишгоҳ чандин шуъбаҳо ташкил карда шуда буданд, ки онҳо то ҳол пурмаҳсул фаъолият доранд. Ӯ барои ба роҳ мондани нашри маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳ» ва дар назди Донишгоҳ ташкил намудани Институти илмию таҳқиқотӣ саҳми босазо гузоштааст. Бо ташаббуси ӯ солҳои зиёд ҳаҷми корҳои илмию таҳқиқотии аз ҳисоби буҷаи давлатӣ иҷрошаванда хело зиёд шуда, иҷрои корҳои илмию шартномавӣ аз нав ба роҳ монда шуд. Номбурда дар тайёр ва нашр кардани ҳисоботҳои солонаи илми донишгоҳ, китоби ҳарсолаи «Наука в ТНУ» (бо забони русӣ), тайёр кардани номгӯи дастовардҳои олимони ДМТ ва ташкил кардани вохӯрии олимони Донишгоҳ бо намояндагони як қатор корхонаҳои саноатӣ (солҳои муовини ректор оид ба корҳои илмӣ будан) фаъолона ширкат меварзид.

Профессор Аминҷонов А.О. дар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ ва берун аз ҳудуди он фаъолона иштирок менамуд. Ӯ ба ҳайси ҷонишини раиси Шӯрои олимони Донишгоҳ, аъзои Шӯрои диссертатсионии Пажӯҳишгоҳи кимиёи ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ, раиси комиссияи ташхисии корҳои илмию таҳқиқотӣ, ҷонишини самуҳаррири маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳ» дар такмилу беҳтар гардидани сифати маводҳои чопӣ саҳми намоён гузоштааст.

Дареғо, ки умр ба профессор Аминҷонов А.О. вафо накард ва дар айни камолот ӯро аз байни мо рабуд, вале хизматҳои намоёни шодравон ҳамеша аз ҷониби аҳли илму маориф ёдоварӣ мешаванд ва аз рӯзгори ибратомӯзи мавсуф наслои оянда барои рушду такомули маҳорати роҳбарию олимии худ истифода хоҳанд кард. Ёди неки ин олими тавоно ва инсони хоксору поксиришт ҳамеша дар дилу дидаи аҳли илму маърифат аст. Чуноне шоир фармудааст:

Пас аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.

Каримзода М.Б., Файзуллозода Э.Ф., Бекназарова Н.С., устодони ДМТ