ДИССЕРТАТСИЯИ БЕҲТАРИН

54

Аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон диссертатсияи доктории Самандарзода Насрулло ДИССЕРТАТСИЯИ БЕҲТАРИН дониста шуд.

Санаи 25.10.2024 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки васеи олимон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини соҳибистиқлолии илмии Тоҷикистон” бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ ва 10-солагии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба ин муносибат маросими супоридани Ифтихорнома, сипоснома ба олимону зиёиён ва муҳаққиқон доир гардид.

Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлатзода С.Х. диссертатсияи Самандарзода Насрулло Юсуф дар самти илмҳои Химия ва таҳкими нерӯи илмии кишвар БЕҲТАРИН ДИССЕРТАТСИЯ дониста шуд.