БЕГОНАПАРАСТӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

181

Фарҳанг ҳастии миллат аст!

Эмомалӣ Раҳмон

Тақвият бахшидан ва пайравӣ намудани арзиш ва муқаддасоти миллӣ ин вазифаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Омӯзиши таърихи ниёгон ва арҷ гузоштан ба мероси арзишманди гузаштагони соҳибмаърифату соҳибандешаамон низ аз худшиносии миллӣ огоҳ будани моро нишон медиҳад.Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, халқи тоҷик дар гузашта донишмандон ва шахсиятҳои пурқуввату намунавие дошт, ки то имрӯз боиси ифтихори ҳар як фарди бофарҳанг ва меҳандӯст ба шумор мераванд. Фарҳанг ва тамаддуни халқи шарафманди Тоҷикистон яке аз қадимтарин ба шумор рафта, дар тамоми сайёра аз бузургӣ ва нақши он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ меомӯзанд ва ҳатто мавриди истифода қарор медиҳанд. Фарҳанги мардуми мо иборат аз эстетикаи либоспӯшӣ, одоби муошират, созу навои мусиқӣ, ҷашну маросимҳо, тарзу усули меҳмоннавозӣ ва монанди инҳоро фарогир аст. Халқ ба ҷаҳониён тавассути фарҳанги воло ва маданияти бузург номашро ва ҳастияшро пешниҳод менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз ҷавонони мо бештар ба фарҳанг ва маданияти давлатҳои бегона такя мекунанд. Махсусан, эстетикаи либоспӯшӣ, ки нишондиҳандаи муҳими муҳаббат ва эҳтироми миллат аст, ҷойгоҳи хосеро ишғол кардааст. Сабаби ин дур мондан ва надоштани огоҳӣ аз таърихи фарҳангу тамаддуни оламшумул ва беэҳтиромӣ нисбати он аст. Моро зарур аст, ки дар тафаккури ҷавонон, ки қишри осебпазири ҷомеа мебошанд, ин масъаларо гузорем ва ба эшон барои дар оянда ба чунин хатогиҳо роҳ надодан ибрате бошем. Либосҳои ба маданияти халқи мо алоқамандие надошта, рафта – рафта ҳисси бегонапарастиро дар мо бедор менамоянд ва моро аз тафаккури миллиамон дур месозанд.

Таърих гувоҳ аст, ки зан – модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ин либоси миллӣ ба ҳисоб мерафт. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман симои занон бо сарулибоси хоссаи зебо пеши назар падид меояд, ки ба модарону бонувони миллат ҳусну ҷамоли зебоеро тақдим менамояд. Чуноне ки гуфтаанд: Зан – олиҳаи ҳусн аст.

Мутаассифона, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, тарғиби либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба як вазъи ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни баъзе занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн мекунанд. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз дар тамоми ҷабҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз суханварони мумтоз, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллии худ ифтихор намоем, зеро либоси миллӣ аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ оинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос меёбад.

Фарҳанги мусиқии тоҷикӣ, ки хеле пеш фалак, инчунин, шашмақом бо суръат пешрафта буд, аммо имрӯзҳо ба онҳо таваҷҷуҳ кам аст. Имрӯз рӯ овардаанд ба мусиқиҳои дигар давлатҳо, ки он боиси нест шудани мусиқиҳои тоҷикона гашта истодааст. Агар мо дида бароем «Шашмақом» дараҷаи баланди мусиқии тоҷик мебошад, ки асолати мусиқии касбии классикиро дар худ муҷассам сохтааст ва он ҳамчунин яке аз системаҳои пурвусъати мақомот дар мусиқии Шарқ аст.

Ҷашну маросимҳоямон бошад хеле бисëранд, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон, ки мардуми тоҷик онҳоро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун якеаз оинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд. Ин ҷашнҳои бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардидаанд, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб карда ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешаванд.

Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург вабоиси сарбаландиву сарфарозӣ аст. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашнҳо саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Ин масъала, хусусан, дар замони мо, ки инсоният бар асари равандҳои ҷаҳонишавӣ ва гармшавии иқлим бо мушкилоти бесобиқа рӯ ба рӯ омадааст, аҳаммияти фавқулода дорад. Маҳз ҳамин омил боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯзро ба сифати ҷашнҳои ҷаҳонӣ эътироф кард ва таҷлили онро дар манотиқи мухталифи сайёра тавсия намуд.

Ҳадаф аз баррасии мавзӯи мазкур дар он арзёбӣ мегардад, ки ҳар як шаҳрванди моро зарур аст, ки барои аз байн нарафтан ва ҳифзу нигоҳдошти фарҳанги бузургамон, ки амонат аст аз гузаштагони донишманду хирадманд, саҳмгузор бошанд. Нагузорем, ки маданияти бегонаи бемазмун ҷои фарҳанги воломақоми моро иваз намояд. Сиёсатшиносон бар он назаранд, ки барои тору мури миллат ё давлате, нахуст зарур аст фарҳанги онро аз байн бурд, то кор барои нести кишвар осон гардад.

Усмоналӣ Сафаралиев, донишҷӯи факултети химия