Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон имрӯз (29.11.2025) дар факултети химияи ДМТ ҷаласаи волидайни донишҷӯёни курсҳои якум баргузор гардид, ки дар он аксарияти волидайни донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҷаласи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои роҳбарияти олии кишвар ва ҳамкории пайваста ва густурда бо волидайн ҷиҳати тарбияи дурусти донишҷӯён ба роҳ монда шуда, дар он масъалаҳои муҳими таълиму тарбия ва одобу ахлоқи донишҷӯён муҳокимаву баррасӣ гардид.
Аз ҷониби декани факултет Файзуллозода Э.Ф. қайд карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар дигар суханрониҳои худ пайваста аз кулли мардуми тоҷик даъват ба амал меоранд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбияи дуруст ва аввалинро ҳар шахс аз оила (падару модар) мегирад.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста кӯшиш намуда, мақомоти дахлдорро низ вазифадор намудааст, ки дар ин самт ҷиддӣ кор баранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва олимону донишмандон дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд.
Мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки нисбат ба тарбия ва ояндаи фарзандон хунукназарӣ намуда, бетарафӣ ихтиёр мекунанд, онҳоро ба ҳоли худашон мегузоранд, ки ин амал боиси ба ҳар кори нодуруст ва кирдорҳои номатлуб даст задани онҳо мегардад. Гарчанде имрӯзҳо бисёре аз падару модарон барои тарбияи дурусти фарзандон ва дониши хуб гирифтани онҳо кӯшиш менамоянд, дар ин баробар волидоне низ ёфт мешаванд, ки дар ин самт беэътиноӣ мекунанд.
Дар охир ба он волидайне, ки фарзандонашон то ин давра, дар факултет рафтори намунавӣ ва хониши хубу аъло нишон додан бо Сипосномаи факултет қадрдонӣ шуданд.
Баъдан сарпарастони гурӯҳҳои академӣ оид ба давомот, рафтор ва донишу таълими донишҷӯён ба таври алоҳидагӣ ба волидайн маълумот доданд.












