БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН

61

Санаи 29.10.2024 бо ташаббуси шуъбаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон якҷо бо факултети химия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи меъёрҳои Қонуни асосии кишвар бо донишҷӯёни факултети мазкур вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Файзуллозода Э. – декани факултети химия, Одиназода Ш. – сардори шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зисти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иброҳимзод Б.Ф. корманди шуъбаи ҳуқуқ ва Ҳакимов Я.Б. – омӯзгори факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар раванди чорабинӣ масъалаҳои мақсаду ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, аҳаммияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарҳу тавзеҳи меъёрҳои он, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияву қабули Қонуни асосии кишвар ва таъмини кафолатҳои конститутсионии он, муҳиммияти маърифати ҳуқуқӣ барои аҳолӣ, нақши маърифати ҳуқуқӣ дар пешгирии ҷинояткорӣ, муқовимат ба терроризм ва экстремизм ба донишҷӯён шарҳу тавзеҳ дода шуд.