Ҳамасола бо ташаббуси садорати факултети химияи Донишгоҳи миллӣ Рӯзи кормандони соҳаи кимиё ва ё Рӯзи касбии кимиёгарон бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бояд гуфт, ки Рӯзи химикон аввалин маротиба соли 1965 ҳамчун ҷашн қабул карда шуд. Сабаби асосии таҷлили Рӯзи химикон ва ташкили муассисаҳои характери химиявидошта дар ҳамон давра, аз он маншаъ мегирад, ки дар аввали солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷониби роҳбарияти ИҶШС шиори “Химикизатсияи тамоми кишвар” қабул карда шуда буд, ки вобаста ба ин аксарияти соҳаҳои химиявӣ рушд намуданд. Дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамон солҳо (1965-1966) инҷониб ин рӯз ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шуд, ки дар асоси он ҳамасола якшанбеи охири моҳи май “Рӯзи кормандони соҳаи кимиё” дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад.
Вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи касбии кимиёгарон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо ва чандин ҳамоишҳои гуногун, аз қабили “кафедраи сол”, “олими сермаҳсули сол”, “лаборанти сол”, “муҳаққиқ (унвонҷӯй, докторани РhD)-и сол”, “магистранти сол”, “донишҷӯи сол”, “гурӯҳи академии сол”, “сардори гурӯҳи академии сол” ва “куратор (сарпараст)-и сол” дар давоми соли ҷорӣ гузаронида шуда дар рӯзи ин ҷашн ғолибон эълон ва ҳавасманд гардонида мешавад.
Имрӯз (30.05.2025) дар фазои чунин чорабинӣ ғолибон аз ҷониби муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ва декани факултети химия Файзуллозода Э.Ф. бо сипоснома, ифтихонома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ Раҷабзода Ф.К. зимни суханронӣ қайд намуд, ки устодони факултети химия бо ҳисси баланди масъулият дар раванди босуръати рушди илм ва техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илми худ кушиши зиёд ба харҷ дода истодаанд. Ҳамин аст, ки мавқеъи факултети химия дар Донишгоҳ ва берун аз он рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст.
Чорабинӣ бо баргузории барномаи фарҳангӣ-фароғатии донишҷӯёни ҳаваскори факултет ба анҷом расид.