АЗ БОЗДИДУ ОМӮЗИШ ТО ТАҲСИЛУ ТАҲҚИҚ

162

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нуфузу эътибори баланди илмиву таълимиаш дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа мавқеи намоён дорад. Ҳамин аст, ки айни ҳол бо зиёда аз 350 муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бисёре аз масъалаҳои мубрами таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва амсоли он ба манфиати ҷонибҳо ҳал шуда истодааст.

Қобили қайд аст, ки солҳои охир рушди ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти табодули устодону донишҷӯён, баргузории ҳамоишҳои байналмилалӣ ва амсоли инҳо бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ба марҳилаи нави рушд гузашта, ин тасмимҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Дар ин зимн гурӯҳи зиёди устодону донишҷӯён пайваста аз пойгоҳҳои илмиву таълимӣ ва техникиву инноватсионии донишгоҳҳои пешқадами хориҷи кишвар дидан намуда, таҳқиқотҳои муштарак гузаронида истодаанд. Албатта, махсус бояд зикр намуд, ки ҳамаи ин тадбирҳо аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти такмили донишҳои амалию назариявӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта маншаъ мегирад.

Бо ташаббуси ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва дар доираи шартномаи ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии Томски Федератсияи Россия банда давоми як моҳ аз манфиати ин ҳамкориҳои ҳасана бархурдор шудам, ки воқеъан ҳам, бояд ба роҳбарони Донишгоҳҳо изҳори ташаккурӣ гӯям.

Донишгоҳи давлатии Томск, дар рӯйхати панҷгонаи Донишгоҳҳои пешқадами Федератсияи Россия қарор дошта, шарики боэътимоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар минтақаи Сибири ғарбии Федератсияи Россия мебошад. Пойгоҳи мустаҳками таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, техникиву инноватсиониаш сабаб шудааст, ки имрӯз дар ин Донишгоҳ аз 67 давлатии ҷаҳон, ҳудудан 4 000 донишҷӯву муҳақиқ таҳсилу таҳқиқ менамояд.

Дар ин давраи таҷрибаомӯзӣ мо тавонистем ба қадри имкониятҳои мавҷуда, аз пойгоҳи илмии факултети химияи он истифода намоем. Ҳамзамон, барои бозҳам боло бурдани донишҳои муосири химиявӣ аз чор фанни таълимии муосири химиявии он баҳравар гаштем.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Донишгоҳи мазкур, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон наздик ба 200 нафар (аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 15 нафар магистранту аспирант) таҳсилу таҳқиқ менамояд, ки аз дониши онҳо устодонашон қаноатманд мебошад.

PS.: Миннатдории худ ва кули магистрантону аспирантонро ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати муҳайё намудани ҳамкориҳои судманд ва ба раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. барои дастгирӣ ва ғамхориҳояшон нисбат ба ҷавонону нерӯҳои зеҳнӣ мерасонем.Файзуллозода Э.Ф., устоди факултети химияи ДМТ