ҶАВОНОН ВА МАСОИЛИ ХУДШИНОСИИ ОНҲО

278



Бо мустаҳкам гардидани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол ба таҷрибаи таърихии хеш такя намуда, дар аввали асри XXI музаффариятҳои бузургеро ба даст овард. Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи муосир нав ва тозаҷуёна буда, бар хиради давлатдорӣ ва таҷрибаи таърихи бостонии тоҷикон такя мекунад. Яке аз василаи дастоварди давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бештар ба кўшишу иродаи ҷавонони мамлакат, ки зиёда аз 70 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, вобаста аст.

Зеро бешак тавонмандии ҷавонон дар ҳар кишваре боиси пешрафт ва густариши илму фарҳанг ва маънавиёт мегардад.

Агар ба ҷомеаи имрўзаи ҷавонон бингарем ба ҳадде тағийр ёфтааст, ки гоҳе калонсолон низ санги маломат ба сари эшон «мешикананд», аммо бештари ҷавонон аз файзу ибтикороти Сардори давлат ва он сиёсате, ки комилан бозгўи ниёзҳои миллию давлатии мост, бархўрдоранд ва тамоми фикру зикрашон баҳри ободию созандагии ин сарзамин аст. Пешвои миллати мо ҷавонон ва умуман тамоми тоҷикистониёнро ба худшиносии воқеӣ даъват карда, арзишҳои тобноки тамаддуни қадимаву бостониамонро эҳё намуда истодаанд.

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ халқи мо тавонист саҳифаҳои таърихи деринаи пурифтихорашро зинда созад. Сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодаи равшани амали намудани ормонҳо ва ҳадафҳои аҷдодони бузурги тоҷикон, ниятҳои неку созанда ва инсонпарваронаи пешвоёни маънавию мазҳабӣ, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Деваштич, Имом Абўҳанифа, Имом Бухороӣ, Муҳаммад Ғазолӣ, Балъамӣ, Низомулмулк ва садҳо чеҳраҳои маҳбубу машҳури дигар ва адибону донишмандони ҷаҳоние чун устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино, Низомӣ, Берунӣ, Дақиқӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Румӣ, Умари Хайём, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Аттору Саноӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Соиб, Ҷомӣ, Сайидо, Ҳилолӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ ва дигарон дар худшиносӣ ва тарбияи ахлоқиву маънавии насли наврас ва ҷавонон нақши хоса касб менамоянд.

Ҳамаи ин саҳифаҳои саршор аз диловарию фидокорӣ дар роҳи Ватану миллат, ин ҳама ҷидду ҷаҳди фарҳангсозиву тамаддунофаринӣ барои ҷавонон имрўз ҳам дарси ибрат ва намунаи пайравӣ аст. Ин мероси ғаниву пурбаҳои тарихиву адабӣ барои кишвари мо хеле муҳим ва зарур аст. Зеро бунёди ҷомеаи нав инсони дорои фарҳанги баландро талаб мекунад. Таърихи бой ва осори пурбаҳои адабии ниёгони мо саршори андешаҳои волои ахлоқиву башардўстӣ буда, дар тарбияи эҳсоси ватандўстиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии мардум нақши бузург мебозад.

Ҷавонони ҷумҳурӣ аз тамоми ҷашнвораҳои бузурги давлати соҳибистиқлоли худ: 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999), 10-солагӣ (соли 2001), 15-солагӣ (соли 2006), 20 солагӣ (соли 2011), 25-солагӣ (соли 2016), ва 30 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021), 10-солагӣ ва 20 – солагии рўзи ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (солҳои 2007 ва 2017) ва даҳҳо ҷашнҳои аҳамияти милливу байналмиллӣ дошта, ифтихор намуда, ин ҷашнҳоро бо омодагии зиёд ва фарогир истиқбол гирифтанд. Ин гуна ҷашнҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллии мардум, пеш аз ҳама, ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рўҳияи ватандўстӣ, аҳамияти бағоят муҳим дорад.

Масъалаи ҷавонон имрўз зери назорати махсуси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ба ин масъала Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати доимӣ дода, дар суханрониҳояш нақши созандагии ҷавононро борҳо қайд намудаанд. Вохўрињои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон дар роҳи амалан ба пояи старатегии давлатӣ ва амнияти миллии кишвар гузошта шудани масъалаи ҷавонон қадами муҳиме мегузорад. Хусусан, доир ба самаранок ва моҳирона истифода бурдани таҷрибаи кор бо ҷавонон, таълим ва тарбияи наврасон, истифодаи осори фарҳангӣ дар баланд бардоштани сатҳи фарҳанги умумӣ ва сиёсии ҷавонон аҳамияти бузургеро мегузорад.

Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз мушкилиҳо, мақоми ҷавонон дар арсаи байналхалқӣ меафзояд. Ҳоло барои омўхтани касбу ҳунар ва ҳатто дар донишгоҳу донишкадаҳои пешқадами дунё таҳсил намудани ҷавонон шароит муҳайё шудааст. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки насли наврас бо одобу ҳунар ва меҳнатдўстиаш дар асри XXl шўҳрати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз њам баланд хоҳад бардошт. Бинобар ин, аз тарбия, касбомўзӣ, бо кор таъмин кардани ҷавонон ва дастгирии ин қишири ҷомеа ба рушди ояндаи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бисёр вобастагӣ дорад.

Файзуллозода Э.Ф., номзади илмҳои химия, дотсент, декани факултети химияи ДМТ