АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН!

139

Ватан қимматтарин сарват ва волотарин неъмати ноёб аст, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан – модар ин ду мафҳум барои ҳар як фарди бонангу номус азизу меҳрубон ва муқаддасу ноёб аст. Ватандӯстию ватандорӣ ва муҳаббат ба Ватан нишонаҳои имондорӣ мебошанд ва ҳамагон онро бояд аз дилу љон дӯст доранду чун гавҳараки чашм ҳимоя намоянд. Ва ин масъулияти баланду пурифтихор дар тамоми рӯйи олам ва дар ҳама давру замон бар дӯши Артиши миллӣ мебошад. Ватани азизи мо – Тољикистонро низ Артиши миллиаш бо сари баланд ва ифтихору самимият ҳимоя мекунад. Имсол ҳамватанони бонангу номуси мо 31-умин солгарди таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизамонро бо ифтихор љашн мегиранд.

Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо ибтикору хизматҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданашон, дар марҳилаи аввал як қатор иқдомҳои бузургу ояндасози ватандӯстию миллатдӯстиро амалӣ намуданд. Дар ин равия бо Қарори Раёсати Шурои Олӣ “Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 18 декабри соли 1992 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Артиши миллии мо фаъолияти худро дар шароити душвару мураккаби низои дохилӣ, дар ҷойи холӣ вале бо сари баланд ва ифтихори ватандорӣ оғоз намуда, бо кӯшишҳои ҷавонмардонаи Сарвари давлат бо душвориҳо, аз ҳисоби љавонони ватандӯсту садоқатманд мураттаб гардида, санаи 23 феврали соли 1993 бори аввал паради ҳарбӣ дар майдони “Дӯстӣ”-и пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ба таври тантанавӣ баргузор гардид, ки ин сана дар таърихи кишвари мо расман ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон қабул карда шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри устувор ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиш, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии афсарону аскарон ва ҳамаи кормандони ҳарбӣ пайваста ғамхории ҳамаљониба зоҳир менамояд. То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳар сол тибқи нақша машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ гузаронида мешавад.

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо зиёда аз 50 давлатҳои хориҷи дуру наздик ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ дошта, машқҳои муштараки ҳарбӣ, чорабиниҳои ҳарбӣ-варзишӣ ва табодули таҷриба менамояд.

Дар вазъияти душвор ва мушкилу мураккаби ҷаҳони муосир, манфиатҷӯии давлатҳои абарқудрат, пинҳону ошкоро дастгирӣ намудани душманону хоинони давлату миллатҳои гуногун, террористтону экстремистон, аз нав тақсимкунии ҷаҳон, норасоии маводи озуқаворӣ, кам шудани захираҳои табиии баъзе давлатҳо, таҳримҳои иқтисодиву сиёсӣ давлат ва халқи азизи моро водор месозад, ки ба Артиши миллии Ватанамон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон чораҳои зарур ва қатъӣ андешем.

Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, ки 16 декабри соли 2022 қабул гардид, амали саривақтӣ ва дурандешона баҳри тарбияи ватандӯсттонаи шаҳрвандон мебошад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолият буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафти дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи сарҳади давлатӣ ва амнияту оромии давлат, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми Љумҳурии азизамон сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову душвориҳои садди роҳаш бударо бартараф карда, давра ба давра инкишоф ёфт ва бо тамоми лавозимоти зарурӣ мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи бузурги обутобёфта, ба камол расида, матину бошуҷоат, ватандӯсту инсонпарвар ва яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон сол ба сол ва давра ба давра инкишоф ёфта, хеле пурқувват гардидааст. Коршиносону мутахассисони соҳаи артиш Қувваҳои мусаллаҳи Тогљикистонро, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, яке аз қувваҳои мусаллаҳи қудратмандтарини минтақа мешуморанд.

Дар ҷаҳон ягон давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ пойдор буда наметавонад. Чунки ин қувваи бузург ҳифзкунандаи сарҳади давлатӣ ва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст. Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст. Дар баробари ин ҳамагон бояд бидонанд, кимардуми Тоҷикистон бо афсарону аскарони худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷоъ, қавииродаву матинро мебинанд ва боварии комил доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор буда, ҳифзкунандаи давлату миллати азизи худ мебошанд.

Дар яке аз Паёмҳои худ, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.

Хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ хеле бузург аст, зеро ӯ тавонист дар марҳилаҳои хеле мураккаб Стратегияи мушаххаси созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал бароварад. Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем.

Нигоштаҳои боло моро водор месозад, ки ҳамеша барои ҳифзи Истиқлолият, дахлнопазирии марзу буми Ватан, осоиштагиву оромии љомеа омода бошем ва насли ҷавонро барои хизмати содиқона дар сафи Артиши миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия ва ҳидоят намоем.

23 феврал рӯзи Артиши милли Ҷумҳурии Тољикистон! Рӯзи қувваҳои мусаллах, Рӯзи Артиши миллӣ ба ҳамагон муборак!

Мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ Қодиров М.З.