ҲАМКОРӢ

188

Имрӯз бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва факултети технологияи моддаҳои ғайриорганикии Филиали Донишкадаи химико-технологии шаҳри Янгиери Ҷумҳурии Ӯзбакистон устодони Филиали мазкур Махкамов Ҳусниддин ва Бурҳонов Доврон ба факултети химия ташриф оварда бо декани факултет Файзуллозода Э.Ф. оид ба базаи моддиву техникӣ ва имкониятҳои мавҷудаи факултет сӯҳбат оростанд.

Баъдан ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳои минбаъдаро дар доираи Шартномаи ҳамкории байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Филиали Донишкадаи химико-технологии шаҳри Янгиер ба роҳ мемонанд.