Аё устод! Мо ҳаргиз фаромӯшат нахоҳем кард,
Чу шамъе дар дили шогирд хомӯшат нахоҳем кард.
Соли 1959 пас аз хатми мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ хуҷҷатҳоямро ба факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, ҳоло ДМТ супоридам, чунки фанни химияро хеле дӯст медоштам ва мехостам, асосҳои ин илми чаҳониро омӯхта, мутахассиси баландихтисос шавам ва ба халқу ватани худ хизмати шоиста намоям.
Вақти супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар донишгоҳи номбурда расид. Мо довталабон имтиҳони авалинро аз фанни химия супоридем. Устодони имтиҳонгир Баситова Саодат Муҳамедовна ва Яқубов Ҳомид Мӯҳсинович буданд ва ному насаби онҳоро пас аз супоридани имтиҳони фанни химия дар дафтарчаи имтиҳониам дидем.
Бояд зикр кард, ки шиносоии ман бо номзади илмҳои химия, профессор Баситова Саодат Муҳамедовна ҳамон вақт сар шуда буд. Дар ёд дорам, муаллима дафтарчаи имтиҳониро ба ман дода гуфта буданд: «Шумо ба саволҳои билет ва саволҳои иловагӣ ҷавобҳои хеле хуб додед. Мо ба Шумо баҳои «аъло» гузоштем.
Боварӣ дорам, ки дар факултети химия бо баҳои хубу аъло мехонед».
Соли таҳсили 1959-1960 сар шуд. Устод Саодат Мухамедовна дар ду нимсола ба мо аз фанни химияи ғайриорганикӣ лексия мехонданд. Мо чанд нафар донишҷӯён ба монанди фанҳои дигар имтиҳони химияро дар ин нимсолаҳо (семестри 1 ва 2) бо баҳои «аъло» супоридем. Муаллима аз натиҷаи имтиҳон хеле хурсанд шуда гуфтанд, ки дар баробари омӯхтани асосҳои химия, физика, математика аз курсҳои 3-юм сар карда Шумоён бояд ҳатман ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ машғул шавед. Иҷрои корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ имконият медиҳад, ки оянда олимони намоён ва муваффақ мешавед. Дар курси 4-ум муаллима Саодат Муҳамедована ба мо аз курси тахассусии «Химия ва технологияи металлҳои камёб ва пароканда» лексия хонданд. Ин курс ба ман хеле маъқул буд. Дар назди худ мақсад гузоштам, ки ҳатман кори курсӣ ва рисолаи дипломиамро дар ҳамин мавзӯъ иҷро менамоям.
Ҳамин тавр, солҳои донишҷӯӣ паси сар шуданд ва мо ба курси сеюм расидем. Дар курси сеюм моро барои тайёр намудани омӯзгорону мутахассисҳо ва кормандони илмӣ ба кафедраҳои тахассусї тақсим намуданд. Мувофиқи ин тақсимот бояд ман дар «Лабораторияи илмӣ-таҳкиқотии проблемавии элементҳои нодир ва парешон (радиохимия)» таҳсилро идома дода, тахассуси химик-аналитикро мегирифтам. Ҳамин тавр ҳам шуд. Дар нимсолаи баҳории курси 4 кори курсӣ ва дар курси 5 рисолаи дипломиамро оид ба паҳншавӣ, хосиятҳои физикӣ-химиявӣ, усулҳои аналитикии муайян намудани миқдори мавҷудияти металли камёби галлий (Ga) дар таркиби якчанд намунаҳои гуногуни табиӣ таҳти роҳбарии н.и.х., дотсент Новиков А.И., ки мудири лабораторияи номбурда буд ва курси лексияи «Химияи аналитикиро» ба забони русӣ мехонд, иҷро ва дифоъ намудам. Пас аз хатми донишгоҳ бо фармони Ректори онвақтаи донишгоҳ Раҷабов Солеҳ Ашӯрович (инсони хоксор, шарифу комил буданд, ҷояшон ҷаннат бошад) маро ба ҳамин лаборатория ба сифати лаборанти калон ба кор қабул карданд.
Дере нагузашта, соли 1964 кафедраи химияи ғайриорганикӣ таъсис дода шуд ва мудири ин кафедра дотсент Баситова С.М. интихоб шуданд. Ҳуҷраи кории кафедраи навтаъсис дар назди ҳамон лабораторияи илмӣ қарор дошт ва ҳар саҳар ба кор омада, бо муаллима Саодат Муҳамедовна вохӯрда салом мегуфтем ва аз ҳолу аҳволи ҳамдигар пурсон мешудем. Рӯзе устоди меҳрубону ғамхор Саодат Муҳамедовна маро ба назди худ хонда гуфтанд: «Агар розӣ бошед, Шуморо ба кафедраи худам ба кор мегирам мо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул мешавем. Аз шунидани ин суханон хеле шод шудам, аммо чи гуфтанамро намедонистам.
Андаке андеша карда гуфтам, ки оё Александр Иванович розӣ мешуда бошанд? Муаллима бо як суханони нарму дилгармкунанда фармуданд: «бо Александр Иванович худам гуфтугӯ карда ҳатман ӯро розӣ менамоям». Пас аз гуфтугӯ бо Новиков А.И. устоди зиндаёд Саодат Мухамедовна маро дар кафедраи химияи ғайриорганикӣ ба кор гирифтанд. Аз ҳамон рӯзҳои хотирмону ширин сар карда дӯстӣ ва ҳамкории мо пайванди абадӣ ва ногусастанӣ гирифт. Соли 1966 маро ба вазифаи ассистенти кафедра гузарониданд ва то соли 1970 дар ин вазифа кору фаъолият намуда, бо тавсияи устод аввал ҳамчун унвонҷӯ-коромӯз корҳои илмиро сар карда, ба аспирантураи кафедраи химияи ғайриорганикии ДМТ дохил шудам. Таҳти роҳбарии профессор Баситова С.М. рисолаи номзадиамро дар мавзӯи: «Таҳқиқи пайвастаҳои комплексии молибден ҳамчун модел зимни омӯзши намудҳои мавҷудияти молибден ва рений дар слансҳои сӯзанда» (“Исследование комплексных соединений молибдена в качестве модельных систем при изучении форм нахождения молибдена и рения в горючих сланцах”) иҷро намудам. Азбаски, ҳамон солҳо мӯҳлати фаъолияти кории Шурои диссертатсионие, ки дар назди Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ ба охир расида буд, зарурияти дар ягон Шурои дигар дифоъ намудани рисолаи номзадиам пеш омад. Бинобар ин рисолаамро дар Шурои диссертатсионии Институти технологии ба номи Ленсовети ш. Ленинград (Санкт-Петербург) муҳокима намуда, барои дифоъ роҳхат гирифтам.
Рӯзи 22 декабри соли 1980 (бахшида ба зодрӯзи устоди мӯътабарам) рисолаи номзадиамро дар ҳамон Шурои диссертатсионӣ бояд ҳимоя менамудам. Худи ҳамон рӯз роҳбари илмиам Саодат Муҳамедовна, бо ҳавопаймо аз Душанбе ба Ленинград парвоз карда, ҳангоми ҳимоя дар кори ин Шуро иштирок карданд. Сипас дар назди аъзоёни Шуро баромад намуда, ба рисолаи иҷрошуда баҳои баланд доданд ва дар бораи муаллифи он суханони самимию меҳрубонона гуфтанд. Дар давраи иҷрои рисолаи номзадӣ мо бо устоди зиндаёд Саодат Мухамедовна корҳои илмӣ – таҳқиқотиро оид ба паҳншавӣ ва парокандашавии як қатор элементҳои камёб, аз ҷумла молибден, рений, мис ва ғайра дар таркиби слансҳои сӯзондаи Осиёи Миёна иҷро намуда, натиҷаҳои назаррас ба даст овардаем. Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Душанбе баргашта солҳои зиёде бо устод корҳои илмӣ-таҳқиқотиро идома медодем.
Азбаски, муаллима Саодат Муҳамедовна дар аспирантураи Институти Геохимияи АИ Россия хонда рисолаи номзадиашонро бо роҳбарии академик Виноградов А.П. иҷро намуда буданд, бинобар ин олимони соҳаи химия ва геохимияро хуб мешинохтанд.
Солҳои дар Институти химияи ба номи В.И.Никитин кор кардан ва баъдан ҳамчун мудири кафедраи химияи ғайриорганикӣ бо олимони Федератсияи Россия доимо мукотиба ва ҳамкориҳои илмӣ доштанд. Китобҳои дарсии навбаромада ва журналҳои илмиро бисёр мутолиа мекарданд ва ба мо омӯзгорони ҷавон дода таъкид мекарданд, ки ҳатман онҳоро мутолиа намуда, ҳарчӣ зиёдтар дониш ва малакаи илмию педагогии худро такмил диҳем.
Яке аз хислатҳои наҷиб ва беҳтарини олимаи шинохта устод Саодат Муҳамедовна он буд, ки мехостанд омӯзгорону аспирантон ва унвонҷӯёнро на танҳо бо олимони соҳаи химияи Тоҷикистон, балки бо олимони дигар давлатҳо ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии онҳо шинос намоянд ва аз лексияҳои хондаи онҳо барои такмили донишу малакаю маҳорати педагогиашон бархурдор шаванд. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда, якчанд олимони соҳаи химияи ғайриорганикӣ ва химияи пайвастаҳои координатсиониро барои хондани лексия ба кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химия даъват намудаанд. Аз ҷумла, докторони илмҳои химия, профессорон: А.В. Новосёлова, Желиговская Н.Н. аз Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ), профессорон: Кукушкин Ю.Н., Котегов К.В. аз Институти Технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград (Санкт- Петербург), академик Нӯмонов Эшонқул Усмонович аз Институти химияи ба номи академик Никитин В.И. ва дигарон чандин маротиба ба кафедраи мо омада барои омӯзгорону донишҷӯён лексияҳо хондаанд.
Профессор Саодат Мухамедовна ахтари дурахшони илми химия, устоди баландпарвози таълиму тарбия, шахсияти нотакрор, инсони шарифе буданд, ки барои мо шогирдон намунаи ифтихору ибрат ва сарфарозӣ мебошад. Муаллима на танҳо илми химияи ҷаҳониро медонистанд, балки таҳқиқоти илмии бисёрсолаашон бо илми геохимия низ зич алоқаманд буд. Аз ин лиҳоз дар рушти соҳаи ин ду илми ба хам пайванд таҳкиқотҳои зиёде гузаронида як қатор қонуниятҳои паҳншавӣ ва парокандашавии элементҳои камёб ва нодирро кашф намудаанд. Таҳқиқоти устод ҳамаҷониба буд. Дар баробари омӯзиши хосиятҳои як қатор элементҳои нодир ва пароканда ба монанди молибден, рений, мис, руҳ ва дигарҳо, инчунин муайян намудани қонуниятҳои парокандашавии ингуна элементҳо, таъсири биологии онҳо ба организми зинда, синтез ва таҳқиқи хосиятхои физикӣ-химиявӣ ва биологии пайвастаҳои координатсионии d-металлҳои интиқолӣ барин корҳои илмӣ-таҳқиқотиро бо аспирантону унвонҷӯён иҷро менамуданд. Устод Баситова С.М. бо шогирдонашон корҳои зиёди илмӣ- таҳқиқотиро иҷро намуда ба муваффақиятҳои назаррас ноил гадида буданд.
Натиҷаи таҳқиқоти илмии ба даст омада дар зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва фишурдаи маърузаҳо, монография, китоби дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ихтироотҳо дарҷ гардидаанд. Чанде аз натиҷаҳои таҳқиқоти илмиашон дар раванди таълим ва баъзе аз онҳо дар хоҷагии халқ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Олимаи меҳнатдӯсту закӣ, қавииродаю поквиҷдон Саодат Мухамедовна ҳангоми тадриси дарси химияи ғайриорганикӣ бо хислатҳои беҳтарини инсонпарварӣ, маданияти баланди муошират бо ҳамкорону шогирдон, маслиҳатҳои наҷибона ва рафтори ҳалимона диққати донишҷӯёнро ба худ ҷалб менамуданд. Дар рафти ҳар як лексия онҳоро ба илмомӯзӣ, фурӯтанӣ, ватандӯстӣ, фидокорӣ ва маърифати баланди инсонӣ ҳидоят менамуданд.Бешубҳа, дар байни олимони шинохтаи илми кимиё, профессор Саодат Мухамедовна аз зумрае мебошанд, ки умри бобаракати худро дар тайёр намудани мутахассисони баладихтисос, тарбияи насли наврас, олимону муҳаққиқони замони муосир сарф намуда, саҳми арзандае гузоштаанд.
Соли 1972 дар шаҳри Москва Машварати байналмилалӣ оид ба проблемаи рений баргузор гардида буд. Дар ин машварат (совещание) мо бо устод оид ба паҳншавии молибден, рений, мис ва дигар элементҳо дар таркиби слансҳои сӯзандаи Осиёи Миёна маъруза кардем. Олимоне, ки дар соҳаи химияи рений ва дигар элементҳои кампаҳншуда кору фаъолият менамуданд, ба ин маърӯза таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, саволҳои зиёде доданд ва мехостанд бо мо ҳамкорӣ намоянд. Вале пас аз солҳои 1980 самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра дигар шуда, минбаъд корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба синтез ва таҳқиқи таркиб, сохт ва хосиятҳои пайвастаҳои координатсионии нави молибден ва рений бо лигандҳои органикии нитроген-, оксиген-, сулфур-, сурат гирифт.
Муаллима Саодат Мухамедовна ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аспирантону унвонҷӯён диққати махсус медоданд. Ин буд, ки таҳти роҳбарии бевоситаашон мо 7 нафар аспирантҳо ва унвонҷӯён рисолаи номзадиамонро муваффақона дифоъ намудем. Бо шарофати ғамхорӣ ва меҳнатҳои софдилонаи муаллимаи ғамхору меҳрубон зиёда аз 58 сол инҷониб дар факултети химия аз вазифаи лаборанти калон то дотсент ва профессор расида, кору фаъолият карда истодаам.
Муаллимаи донишманду қавиирода тамоми умри бобаракату дониши илмию педагогии худро барои донишандӯзии донишҷӯён ва тайёр намудани олимони ҷавонон сарф карда барои халқу ватани хеш хизматҳои шоиста карданд.
Чунин шахсиятҳои бузург ба монанди устод Саодат Мухамедовна Баситова дар ҳар як давру замон ягон-ягон ба ин дунёи пуртуғёну пурталотуб меоянд. Имрӯз мо шогирдон ва аҳли кормандони кафедраи хиияи ғайриорганикӣ аз рӯзгори ибратбахш ва осори ғанию бои устоди зиндаёд Саодат Муҳамедовна ба некӣ ёд мекунем. Шоир дар васфи ингуна устодони фидокору меҳнатдӯст гуфтааст:
Эй муаллим! Чашмаи меҳру вафо,
Эй муаллим, шаҳчароғи раҳнамо.
Панди Ту бошад ғизои маънавӣ,
Меҳри Ту андар дили мо гашта ҷо.
Агарчанде мо шогирдон давомдиҳандаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва педагогиашон бошем ҳам, вале ҷои устоди азизу ғамхорамон, ки имрӯз бо мо нестанд, ҳамеша холист.
Устоди хирадмандам, симои зебои Шумо дар дилу дидаи мо ҳамчун ахтарон ҳамеша дурахшон хоҳад монд.
Ёдатон ба хайр, устоди меҳрубони нотакрорам. Бигзор манзили охирататон обод ва чароғаш абадӣ фурӯзон бошад!
Бо эҳтиром ва самимиятдоктори илмҳои химия, профессори кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ Азизқулова О.А.