ҲАДАФҲО АЗ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

21

Аз таҷрибаи андухтаи кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон бар меояд, ки кишваре таваҷҷуҳи асосиро ба самти илму маориф равона кардааст, дар натиҷа аз мушкилиҳои мавҷудбудаи давлату ҷомеа, аз қабили бунёди корхонаҳои саноатӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ ба шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи иқтисоди кишвар ва ғайра раҳоӣ ёфтааст. Инро метавон далели раднопазири маҳаки асосии он кишварҳо номид, зеро илму маърифат ин маҷмўи донишҳоест, ки ба самт ё соҳае равона карда мешавад ва албатта, ки натоиҷи он самараи хубе ба бор меоварад.

Ҳамаи ин аҳдофро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, бо фармони худ аз 31.01 2020, таҳти рақами 1445 солҳои 2020–2040 –ро “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд.

Қадами минбаъда, ин ба ҷараён ворид намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» буд, ки дар ин радиф Пешвои миллат чунин гуфта буданд: «…зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омўзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омўзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм–фурўғи маърифат» гузаронида шавад».

Инак, соли панҷум аст, ки озмуни мазкур бо маром идома ёфта истодааст ва бо мақсади боз ҳам ҷоннок гардиданаш Низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 маротиба аз нав таҷдиди назар карда шуда, ба манфиати довталабони Озмун тасдиқ гардидааст.

Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» ин, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ ба монанди химия, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, яъне илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахассисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад. Ҷомеа бахусус ҷавонон аз ниёгони худ ба монанди Ҷобир Ибни Ҳайён, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва амсоли инҳо, ки аввалин кашшофи баъзе масоили муҳими илмҳои дақиқу табиӣ ва риёзӣ, то зуҳури илм дар ғарб буданд, умқан огаҳӣ пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, баробарарзишӣ дар системаи маориф дар сатҳи байналмилал ба вуҷуд меояд.

Бо вуҷуди ин, озмуни мазкур вобаста ба номитатсияҳои гуногун миқдори муайяни мукофотро дорост, ки ҳар як иштирокчиро бевосита ба худ ҷалб менамояд. Агар ба шакли ақал гӯем дар замири иштирокчиён таҳаввули тафаккур ба самти мусбат ба илмҳои бунёдӣ равона мегардад. Бинобарин, бо эълони озмуни мазкур ҳамаи ин ҷанбаҳо ва ҳадафҳо ба назар гирифта шудааст, ки самараи нек ба бор хоҳад овард.

Чи тавре, ки дар боло зикр гардид дар озмун табақаҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида метавонанд. Маҳз иштирокчиён ё ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурўғи маърифат» бо донишу идеяҳои мукаммалнамудаи худ баҳри рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон метавонанд корхонаҳои нави саноатӣ, ки муҳаррики асосиашон мутахассисони баландихтисос аст, бунёд намоянд. Бунёди корхонаҳои саноатӣ сабабгори аслии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисоди миллӣ мегардад.

Албатта, наметавон гуфт, ки ин ҳама дар чор ё панҷ сол амалӣ хоҳад гашт, вале мутмаинона метавон гуфт, ки ҳар як иштирокчӣ ҳиссаи худро дар ин раванд мегузорад ва ин ҳиссаҳо тадриҷан дар маҷмуъ хеле бузург хоҳад шуд. Аз ин рў, аз натиҷаҳои чорсолаи баргузории озмун бар меояд, ки тамоюли ҷойдошта далоил ба сўӣ ояндаи дурахшон аст, ки воқеан ҳам хушҳолкунанда аст.

Файзуллозода Э.Ф., Самадов А.С., устодони кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ