24 НОЯБР – РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1369

Ҷашни Рӯзи Парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд. Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.

Эмомалӣ Раҳмон

Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарордошта, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил Парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул намоянд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24-уми ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”” Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябр бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба ин ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.

Дар навбати худ, дар баробари Нишон, Артиш ва асъори миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст.

Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Қарори № 892 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст:

1. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Тоҷ ва ситораҳои парчам дар шакли росткунҷае ҷой дода шудааст, ки паҳлуи амудиаш 0,8 ва паҳлуи уфуқиаш 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой мегиранд.

3. Тоҷи баландиаш 0,55-и паҳнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

4. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зайл афрохта мешавад: дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ;дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҷлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис; дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст; дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, – мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар биноҳои раъйдиҳӣ – дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ; дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ; дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин ҳангоми гузаронидани маросимҳо ва дигар чорабиниҳои тантанавӣ, ки мақомоти давлатӣ мегузаронанд, афрохтан мумкин аст.

5. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), ҳамчунин дар хонаҳои (кабинетҳои) кории Президенти Ҷумҳурии Точикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва хонаҳое, ки вакилони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобкунандагонро доимо қабул мекунанд, ҷойгир карда мешавад.

6. Ҳангоми мотам бо Қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шакли мотамӣ афрохта шуда метавонад. Дар ин маврид ба чӯбдасти (меҳвари фулузӣ) парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад. Дар сурати бо чӯбдаста афрохтани парчам ҳангоми мотам парчам ба андозаи 1/3-и дарозии чубдаста хам карда мешавад.

7. Тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар киштиҳои ҳавоие, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҷойгир мешавад.

8. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад доимо дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо, дар болои биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳо, инчунин тасвири он ба мақсади ороишӣ ба сифати рамзи давлатӣ ва миллӣ тавре истифода гардад, ки дар ин маврид нисбат ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳурматӣ содир нашавад.

9. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тасвири он қатъи назар аз андозаҳои онҳо доимо бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки ба ҳамин Низомнома замима мегардад, мутобиқат дошта бошад.

10. Ашхосе, ки ба таҳқири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкоранд мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

11. Тартиби тайёр кардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи тоҷикистониёнро дар остонаи ин ҷашни фархунда – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Орзумандем, ба бахти мо, давлати ин миллати наҷиб, ки тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву истиқлол бар машоми ҷонаш вазидан дорад, бардавом монад. Умедворам, ки суруди миллии ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва Парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Ҷурабеков У.М. – н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикӣ, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети химияи ДМТ,

Абдулҳаева М.И. – н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ