Таҳти ин унвон имрӯз (24.11.2022) ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори факултети химияи Донишгоҳи миллӣ ҷамъомади тантанавии илмию фарҳангӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э. сухани муқаддимавӣ намуд. Зикр шуд, ки парчами давлатӣ нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ба шумор меравад. Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Комрон Давлатзода доир ба ҷанбаҳои ҳуқуқии Парчами давлатӣ сухан намуда, зикр намуд, ки 30 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI таърихии Шурои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳо Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.