МУҲАҚҚИҚИ ИЛМИ КИМИЁ

593

Имрӯз (10.11.2021) бахшида ба 30 солгарди Истиқлолоияти давлатӣ дар пояи факултети химия ва Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди хотираи узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илҳои химия, профессор Кимсанов Бӯрӣ Ҳакимович дар мавзӯи «Рушди илми химия ва соҳаҳои истифодабарии он» конференсияи сеюми байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултети химия, дотсент Файзуллозода Э. оғоз гардид. Мавсуф оид ба мактаби илмии доктори илҳои химия, профессор Бӯрӣ Кимсанов суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки саҳми профессор Кимсанов Б.Ҳ. дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогии баландихтисос ва рушди илми ватанӣ дар донишгоҳ беназир аст.

Сипас муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки бо ташаббуси профессор Кимсанов Б.Ҳ. соли 1992 дар факултети химия кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ таъсис дода шуда, то вопасин лаҳзаҳои умр сарварии ин кафедраро ба уҳда доштанд.

Дар идомаи конференсия профессори кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии донишгоҳ Каримзода Маҳмадқул, сармутахассиси шуъбаи комплекси сӯзишворӣ- энергетикии Вазорати саноати энергетикӣ ва иноватсияи Ҷумҳурии Башқордостан, дотсент Фирӯза Кимсанова ва чанде дигар дар мавзӯъҳои Глисерол: таърихи кашф, хосиятҳо ва соҳаҳои истифодабарӣ, Экозаҳролудшавӣ –тавсифи муҳимми иловаҳои муосир барои полимерҳо суханронӣ намуданд.

Дар охир ҳамкурсону ҳамкорони Бӯрӣ Кимсанов ёддошти наҷиб атрофи корнамоиҳо, фаъолияти илмиву таълимӣ ва мактаби илмии профессор Б.Кимсанов, инчунин, атрофи таҳқиқотҳои илмии беназири устод суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар умум зиёда аз 50 маърӯза аз Федератсияи Русия, Олимон, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар муассисаҳои илмиву таълимии ҷумҳурӣ пешниҳод шуда, дар бахшҳои дигари конференсия мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифтанд.