МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ТАРБИЯВӢ

399

Дар заминаи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Нақшаи кории шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон санаи 03.11.2021 маҷлиси тарбиявӣ бо донишҷӯёни курси 1-уми факултети химия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҷлиси мазкур пеш аз ҳама ба баланд бардоштани масъулияти донишҷӯён дар ҷодаи иҷрои вазифаҳои донишҷӯӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳми фаъоли донишҷӯён дар ташвиқу тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, маҳкум кардани амалҳои иғвоангезӣ гурӯҳҳои ифротӣ, риояи қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ ва хобгоҳҳо, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ, ба ҷо овардани эҳтироми хоссаи омӯзгорону калонсолон, риояи фарҳанги муошират, талқини фарҳанги либоси миллӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми самти тарбия вобаста мебошад. Таваҷҷуҳи донишҷӯён ба бархурдор будани онҳо аз унсурҳои муҳимми тарбиявӣ (зиракии сиёсӣ, идеологияи созанда доштан, арҷгузор ба арзишҳои миллӣ будан ва м.и.) ҷалб карда шуд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав ба бахши тарбияи садорати факултет дастур дода шуд, ки бо ҷалби донишҷӯёни фаъол ва забондон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шавад.