Бобокалонов Тоҷиддин Баротмаҳмадович. 28-уми майи соли 1989 дар ноҳияи Хуросон таваллуд шудааст. Ихтисосаш: Химик. Муаллим. Номзади илмҳои химия, ассистенти кафедраи химияи таҳлилӣ. Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)-ро бо дипломи «аъло» хатм намудааст. Аспиранти шўъбаи ғоибонаи кафедраи химияи таҳлилии факултети химияи ДМТ (2014-2018). Соли 2012 пас аз хатми факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) бо дархости факултети химияи ДМТ ва роҳхати Вазорати маорифи ҶТ ба ҳайси ассистенти кафедраи химияи таҳлилии ДМТ ба кор қабул гардидааст.
Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 2009-2012 лаборант-маъдангудози «Лабораторияи марказӣ»-и Саридораи геологияи назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2011-2012 омўзгори фанни химияи МТМУ№79-и ш. Душанбе, солҳои 2012-2021 ассистенти кафедраи химияи таҳлилӣ, солҳои 2015-2016 ба тариќи њамкор омўзгори фанни химияи МТМУ№23-и ш. Душанбе, солњои 2015-2021 мутасадии маҳфили илмии донишҷўёни кафедраи химияи тањлилї бо номи «Аналитик», солҳои 2018-2021 роҳбари ҶИД-и факултети химия, солҳои 2016-2021 ходими хурди илмии ИИТ-и ДМТ, аз 17.03.2021 то 27.08.2022 ба вазифаи мушовири академии дараљаи дуюм дар шуъбаи рўзонаи факултети химия (бо нигоҳдошти 0,5 ҳисса ассистенти кафедраи химияи таҳлилӣ) кор ва фаъолият намудааст. Аз 27.08.2022 то инҷониб дар вазифаи мушовири академии дараҷаи якум дар шуъбаи рўзонаи факултети химия (бо нигоҳдошти 0,5 ҳисса номзади илмҳои химия, ассистенти кафедраи химияи таҳлилӣ) кор ва фаъолият намуда истодааст.
Аз соли 2014 то 2018 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Комплексные соединения железа(III) с тиосемикарбазидом и 1-формил-3-тиосемикарбазидом» – «Пайвастҳои комплексии оҳан(III) бо тиосемикарбазид ва 1-формил-3-тиосемикарбазид» ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои химия гаштааст. Бобокалонов Т.Б. муаллифи 23 асарҳои илмӣ, 1 дастури методӣ ва 1 барномаи таълимӣ мебошад.
Солҳои 2014, 2017, 2019 ва 2021 аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии МТОК назди ДМТ ва соли 2018 аз курси такмили ихтисоси муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф” доир ба “Татбиқи муносибати босалоҳият дар фанҳои табиӣ ва технологияи информатсиони” гузашта, соҳиби дипломҳо ва сертификат гаштааст.
Бобокалонов Т.Б. зиёда аз 10 сол собиқаи омўзгорӣ дошта, дар самти таълим низ фаъолияти хуб дорад. Ў дар тули фаъолияташ ба донишљўёни факултетҳои химия, тиббӣ, фарматсевтӣ, геология, биология ва физика дарсҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораториро бо маҳорати хуби педагогӣ мегузаронад. Ў шахси хоксор, ҳалим ва меҳрубон буда, нисбати кор ҷиддӣ ва шогирдон серталаб мебошад. Бо устодон ва донишҷўён муносибати хуб дошта, дар корҳои ҷамъиятии факултет ва донишгоҳ фаъолона иштирок менамояд.
Таърихи кафедра
Соли 1963 кафедраи химияи умумӣ номи худро ба кафедраҳои химияи таҳлилӣ ва радиохимия ва химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ тағйир дод. Аз соли 1965 ин кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия ба кафедраҳои химияи таҳлилӣ ва лабораторияи проблемавии элементҳои нодир ва парешон тақсим шуд. Аз соли 1963 то 1966 мудири кафедра Новиков А.И. буд ва аз соли 1965 то 1967 мудири кафедра Пирогова Т.А., баъд аз соли 1967 то 1969 мудириро Омельченко Е.Д. ба уҳда гирифт. Соли 1968 ба асоси озмун ба вазифаи мудири кафедра н.и.х., дотсент Пометун Е.А. гузашт, ки ӯ ба кафедра дар тӯли 10 сол роҳбарӣ кард. Соли 1979 ба вазифаи мудир н.и.х., дотсент Ваҳобова Р.У. гузашт, ки ӯ низ 10 сол роҳбарӣ намуд. Аз соли 1989 то 1994 ба асоси озмун мудирии кафедра ба н.и.к., дотсент Рустамов С.Р. вогузор гардид. Ва аз соли 1994 то соли 2007 вазифи мудирии кафедра ба дӯши Ваҳобова Р.У. вогузор гашт. Аз соли 2007 то соли 2011 вазифаи мудирии кафедра ба уњдаи н.и.х., дотсент Шеров Қ.М. вогузор гашт. Аз соли 2011 инҷониб ба асоси озмун мудирии кафедраро н.и.к., дотсент Шодиева С.Ф. ба уҳда дошту аз соли 2016-2021 ин вазифаро дотсент Ҳусайнов А.Д. иҷро карданд. Аз соли 2021-2024 н.и.х., дотсент Шеров Қ.М ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2024 то инҷониб Бобокалонов Тоҷиддин Баротмаҳмадович ба ӯҳда дорад.
Дар кафедра бо лексия ва машвараҳо олимони барҷастае, чун академикҳо И.А. Алимарин., Ю.А. Золотов, Ю.А. Карпов, профессорони Донишгоҳи давлатии Моска ва Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Огасян., В.М Иванов, С.Г. Майрановский., Б.П. Львов, В.И. Фадеева ва чанде дигарон баромад карда буданд.
Кафедра таҳқиқоти илмии худро ба асоси як мавзӯъ: «Назорати таҳлилии намунаҳои муҳити атороф ва маводи техникӣ» анҷом медиҳад. Роҳбари илмии ин мавзӯъро н.и.х., дотсент Ҳусайнов А.Д. ба уҳда дорад. Таҳқиқоти илмӣ дар ин мавзӯъ дар се самт иҷро мешавад: 1.Тариқаҳои оптики таҳлил – роҳбари илмӣ: н.и.х., дотсент Шеров Қ.М. Дар солҳои аввал дар ин самт дотсентон: Пометун Е.А., Муродова Ф.А, Барамыкова Г.И. ва корманди илмӣ Дусматова А.Д. кор мекарданд. 2.Тариқаҳои электрокхимиявии таҳлил – роҳбари илмӣ: Ваҳобова Р.У. Иҷрокунандагон: дотсентон Рачинская Г.Ф., Раҳмонбердиев А.Ҷ., Норова М.Т., н.и.х., муаллими калон Ҳамзаева Г.Ч. ва омӯзгороне, ки ба хориҷ рафтаанд, муалими калон Лыкова Ф.П. ва н.и.к. Ёрбеков С.Х. Ҳоло роҳбарии ин қисмро дотсент Ҳусайнов А.Д. ба ӯҳда дорад. 3. Тариқаҳои ғализониш ва ҷудосозӣ – роҳбари илмӣ: дотсент Шодиева С.Ф., инчунин дар ин самт собиқ дотсент Рустамов С.Р. узви вобастаи Академияи байналмиллалии инженерии ҶТ кор мекард.
Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии кормандони кафедра дар зиёда аз 19 шаҳодатномаи ихтироотӣ ва патентҳо, зиёда аз 630 мақолаҳои илмӣ ва ғайра дар саҳифаҳои маҷаллаҳои умумииттифоқӣ, байналмиллалӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нашр шудаанд.
Аз ҷониби омӯзгорони кафедра 4 китоб ва 12 воситаҳои таълимро нашр кардаанд. Айни замон аз ҷониби устодони кафедра 5 китоби дарсӣ ва 6 дастури методӣ рӯи чоп аст. Дар айни замон корҳои зерини илмӣ ба иҷро расидааст: тарзҳои инструменталӣ ҳасос, зуд ва саҳеҳ муайян кардани олудагиҳо дар намунаҳои табиӣ (об, ашёи маъданӣ, хок), ҷинсҳои кӯҳӣ, дар металлҳои холис (Al, Ba, Ca, Sr,) ва хӯлаҳои онҳо, дар маводи ғизоӣ коркард шудаанд. Барои иҷроиши корҳои илмӣ дар кафедра усулҳои зерини таҳлил истифода мекунанд: атомнӣ-эмиссионнӣ, атомнӣ-абсорбсионӣ, фотометрияи шӯълавӣ, спектрофотометрӣ, полярографӣ, потенсиометрӣ, кондуктометрӣ ва ғайра. Ҳамчунон аз тариқаи ғализониш ва ҷудосозӣ, ки имкон медиҳад дараҷаи муайян кардани ионҳоро коҳиш бахшад, масалан барои мушоҳидаи элементҳое чун, Mo, W, Cr, Ag, Os, Pd, Pt ва ғайра дар объектҳои гуногуни мураккаб. Натиҷаи ин таҳқиқот бо ҳимояи 12 кори илмии омӯзгорони кафедра барои унвони номзади илмҳо ва 600 корҳои дипломӣ анҷомид. Фориғтаҳсилони кафедра дар Пажуҳишгоҳҳои Академияи илмҳои ҶТ, лабораторияҳои дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ кор мекунанд.
Аз соли 1970 то 1992 дар кафедра корҳо ба асоси шарномаҳои хоҷагӣ, ки бо муассисаҳои шаҳрҳои Москва, Зеленоград, Исфара баста шуда буданд, тариқаҳои таъини 18 олуда аз қабили Cu, Pb, Cd, Zn, Sb, Bi, S, N2, O2, Ag, Au, Co, Ni, Ti ва ғайра дар металлњои софи дараҷаи махсус ва хулаҳои дар асоси он (Al, Ca, Ba, Sr, Al – Si, Al – Si – Ti, BaF2, CaF2 ва ғайра) коркард гардид. Дар муассисаи таҷрибавӣ-истеҳсолии Пажўҳишгоҳи химияи АИ ҶТ ва Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар шаҳраки Кондара филиали кафедраи химияи таҳлилӣ ташкил гардид, дар озмоишгоҳи он дастгоҳҳои спектралӣ, маспектралї, рентгенӣ–спектралӣ, кимиёӣ-спектралӣ ва полярографӣ амал мекард. Усулҳои тартибшуда роҷеъ ба таъини элемнтњо дар А – 1977 ва В – 2892-и шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Исфара татбиқ шуданд.
Барои «Коркарди дастгоҳҳои инструменталии тариқаи таҳқиқи олудагиҳо, технология ва истифодаи Al-и тамғаи «СФМ» («ОСЧ»), яъне софкории махсус дар ҳайати муаллифон Ваҳобова Р.У. с. 1987 Ҷоизаи давлатӣ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дода шуд. Иҷрокунандагони асосии шартномаҳои хоҷагӣ, кормандони калони илмӣ: Шатковская Н.А., Шарипов И.Ҳ., Раҳмонбердиев А.Ҷ., Пшеничникова Г.В ва инжинерон: Атабаев Х., Власова А.С., Субҳанқулов З.М, Ҳамзаева Г.Ч., Шеров Қ.М., Прудиус Г.В. ва дигарон буданд.
Иономерҳое, ки дотсент Раҳмонбердиев А.Ҷ. таҳия кардааст, метавонанд ионҳои фтор ва нитратро дар об, объектҳои ғизоӣ, ҳамчунон озонаторҳоро барои безарарсозии об дар лабораторияҳо ва поликлиникаҳои Тоҷкистон, Россия ва Узбекистон мавриди истифода қарор дињанд.
Ҳоло дар кафедра 11 нафар устодони баландихтисос кор ва фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 8 нафар номзадҳои илми химия, дотсентҳо: А.Д. Њусайнов, Г.Ф. Рачинская, Қ.М. Шеров, С.Ф. Шодиева, Ф.Ш. Қурбонова М.Т. Норова, Г.Ч. Ҳамзаева, н.и.х., ассиетент Содатдинова А.С., н.и.х., ассиетент Д.Н. Худоёров ва ассистентњо: Б.Т.Бобокалонов, С.И. Сафаров, , С.Ш. Гадоев мебошанд. Дар қатори устодон 4 нафар кормандони ёрирасон: мудири лабораторияи таълимӣ Давлатшоева Н.А. ва лаборантҳо: Тошболтаева Ҳ., Қудратова Ш.Ҳ., муҳандиси кафедра Далери Ќурбоналї низ ба кори таълиму тарбия машғуланд.
Дар заминаи кафедра аз соли 2013 ихтисоси нав – усулҳои физикию химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот таъсис ёфт, ки њозир кафедра мутахассисонро дар ин самт низ тайёр мекунад.