Мудири кафедра – номзади илмҳои химия,дотсент Баходуров Юсуф Файзуллоевич
Таърихи таъсисёбии кафедра
Кафедраи химияи ғайриорганикӣ соли 1959 таъсис дода шудааст.
Ҳайати омўзгорони кафедра
Кафедра дорои пойгоҳи васеи таълимию илмӣ мебошад. Дар айни замон дар кафедра 16 омўзгорони баландихтисос фаъолият мекунад, ки аз онҳо 2 нафар доктори илмҳои химия, профессор О.А. Азизқулова, С.М., Сафармамадов, дотсентон: Т.М. Нурматов, Т.Р. Раҷабов, Н.С. Бекназарова, Ю.Ф. Баҳодуров, К.С. Мабаткадамзода, М.И. Абдулҳаева, Б.Т. Бобоева, У.М. Ҷурабеков ассистентҳо: н.и.х. З.А. Шоедарова, н.и.х. Х.С. Давлатова, А.Ш. Эгамбердиев, Ф.Р. Њамидова, Б.Ф. Абдураҳмонов, Г.Н. Солеҳова.
Фаъолияти таълимӣ
Кафедраи химияи ғайриорганикӣ, кафедраи мутахассистайёркунанда буда, аз соли 1968 сар карда, кадрҳои баландихтисоси илмӣ аз рўи ихтисоси «Химияи ғайриорганикӣ» тайёр менамояд. Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқ дар заминаи кафедра соли 2005 тайёр кардани мутахассисон аз рўи ихтисоси «Химия ва технологияи металлҳои ранга» ба роҳ монда шуд. Солҳои 1970-2017 олимони машҳур барои лексия ва гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ олимони намоён даъват карда шуданд: академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ Александра Васильевна Новосёлова, профессор Наталия Николаевна Желиговская, профессор Наил Сибгатович Ахметов, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи илмҳои табии Русия Юрий Николаевич Кукушкин, профессор Дегтев Михаил Иванович, дотсент Ким Вениаминович Котегов, профессорҳо Шарнин Валентин Аркадевич, Койфман Оскар Иосифович, Сливинский Евгений Викторович, Березин Михаил Борисович, Кустов Андрей Владимирович ва дигар олимони маъруф.
Кафедраи химияи ғайриорганикӣ дар тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос фаъолона иштирок менамояд. Ҳар сол зиёда аз 20 донишҷўёни курсҳои 4-ум ва 5-ум корҳои курсӣ ва рисолаҳои илмиро иҷро мекунанд. Дар айни замон дар кафедра 2 нафар аспирант ва 2 унвонҷў корҳои илмӣ-таҳќиќотиро бурда истодаанд. Дар давраи солҳои 1997-2019 зиёда аз 10 аспирантҳо ва унвонҷўён рисолаҳои номзадӣ ва докториро бомуваффақият ҳимоя карданд (аз ҷумла О.А. Азизқулова, С.М. Сафармамадов, Л.Р., Холиқова, Э.Дж. Ғозиев, Н.Г. Кабиров, Ю.Ф. Баҳодуров, К.С. Мабатқадамова, М.И. Абдулҳаева Б.Т. Бобоева, У.М. Ҷурабеков, З.А. Шоедарова, Х.С. Давлатова). Ҳамзамон дар баробари корҳои илмию таҳқиқотӣ дар кафедра корҳои методӣ низ барои баланд бардоштани сифати таълим бомуваффақият иҷро мешаванд. Устодони кафедра 7 китоби дарсӣ ва зиёда аз 40 дастури таълимию методӣ ба табъ расондаанд, ки донишҷўён дар раванди таълим аз он истифода мебаранд.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ
Фаъолияти илмию тадқиқотии кафедра бо номи профессор Баситова С.М. алоқаманд аст. Саодат Муҳаммедовна шаш номзади илмро тайёр кардааст. Профессор Аминҷонов А.О дар рушди кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос барои донишгоҳ ва дар маҷмўъ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаааст. Аз ҷониби ў мактаби илмие таъсис дода шудааст, ки то имрўз фаъолият дорад ва мутахассисони химияи ғайриорганикӣ омода карда истодаанст. Таҳти роҳбарии Аминҷонов А.О., 18 рисолаҳои номзадӣ ва 4 рисолаҳои докторӣ тайёр карда шуданд. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳти роҳбарии профессорон Азизқулова О.А. ва Сафармамадов С.М. бомуваффақият иҷро шуда истодаанд. Њайати профессорону омўзгорони кафедра усулҳои синтез коркард шуда, таркиб ва сохти беш аз 3000 пайвастҳои нави координатсионии як қатор металлҳои интиқолӣ бо лигандҳои органикӣ муайян карда шудаанд. Усулҳои нодирии ҳосилкунии пайвастҳои комплексии металлҳои гузаранда, ки дар таркибашон атсидолигандҳои гуногун, дар сфераи дохилии координастсионӣ мавҷуданд, пешниҳод карда шудааст.
Бори аввал як силсила ҷойивазкунии мутақобилаи лигандҳо ва як қатор атсидолигандҳои ноустувор барои химияи пайвастҳои координатсионии рений (V) муайян кардашудааст. Механизи термолизи пайвастҳои комплексии ренийи (V) ошкор карда шудааст. Тақрибан бисто электродҳои лигандии нави оксидубарќароршавӣ коркард карда шудааст, ки ҳоло барои омўхтани равандҳои комплексиҳосилкунии ионҳои металлҳои гуногун дар маҳлулҳо васеъ истифода мешаванд. Дар тағйирёбии бузургиҳои собитаҳои ҳосилшавии пайвастҳои комплексии рений (V) ва молибден (V) бо лигандҳои тиоамид вобаста аз ҳарорат ва консентратсияи кислотаҳои галогенгидрогенӣ ќонуниятҳои мувофиќ ошкор карда шуданд. Дар тағйирёбии устувории пайвастҳои комплексии ренийи (V) вобаста аз табиати лиганди органикӣ ќонуният ва ќатор муайян карда шуд. Усули муайянкунии собитаҳои ҳосилшавии пайвастҳои комплексии рений (V) ва молибден (V) дар муҳитҳои кислотаҳои галогенгидридҳои консентратсияашон паст пешниҳод карда шуд. Нишон дода шудааст, ки таҳти таъсири аммиаки газӣ ба комплексҳои рений (V) се намуди реаксия мегузарад.
Ба реаксияҳои навъи якум реаксияҳое дохиланд, ки танҳо бо фишурда баровардани ҷудошавии ионҳои галогенидӣ аз сфераи дохилӣи комплексҳо мегузаранд, ба реаксияҳои намуди дуюм реаксияҳои димеризатсияи пайвастҳои комплексӣ бо ивазкунии ҳамаи лигандҳои галогенидӣ ва ба навъи сеюм бошад, реаксияҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи онҳо ионҳои роданидӣ таҳти таъсири NH3 ба гурўҳи тиоамидӣ табдил меёбанд. Бори аввал дар самти омўзиши таъсири пайвастаҳои координатсионии рений (V), молибден (V), мис (II) ва никел (II) ба устувории радиатсионӣ ва электризатсия кунонидани як қатор полимерҳо тадқиқотҳои васеъ гузаронида шуданд.Таъсири ғайриоддии зиддирадиатсионӣ комплексҳои рений (V) ошкор гардид, ки ба зиёд шудани коэффитсиенти устувории радиатсионии полимерҳо ҳангоми таъсири НУ ва γ радиатсия алоқаманд аст.
Қонуниятҳои мувофиқ дар самаранокии хусусиятҳои зидирадиатсионӣ ва антистатикии пайвастҳои комплексии рений (V), вобаста ба табиати лигандҳои тиамидӣ, ошкор карда шуд. Муайян карда шуд, ки пайвастҳои комплексии рений (V) нисбати маводҳои полимерӣ ва дар шароити деструксияи фотомеханикӣ хосиятҳои зидирадиатсионӣ доранд. Маълум шуд, ки ин комплексҳо ќобилияти беҳтар намудани хосиятҳои физикию механикӣ ва электрофизикии полимерҳоро дар шароити вакуум ва зери таъсири газҳои гуногун ва омехтаҳои онҳоро доранд.
Мактаби илмии Аминҷонов А.О дар коркарди асосҳои илмии технологияҳои шаклгирии вакуум ва вакуум – автоклавӣ саҳми назаррас гузоштааст, ки ин имкон медиҳад маводи композитсионии дорои дараҷаи муайяни хосият ба даст оварда шавад: худхомўшкунанда, ба зангзанӣ тобовар, дорои хусусиятҳои баланди диэлектрикӣ ва механикӣ, ки ба талаботи соҳаҳои электронӣ, сохтмонӣ, авиа ва мошинсозӣ, соҳаи ракетаю кайҳонӣ мувофиќат мекунад. Муайян карда шуд, ки пайвастҳои координатсионии баъзе металлҳои гузаранда дар консентратсияи паст ба идоракунии маќсадноки сохтор ва хосиятҳои системаҳои олигомерӣ ва полимерҳои калонмолекулавии хаттӣ мусоидат мекунанд. Онҳо ба илова кардани структураҳои зарурӣ ва хосиятҳои полмерҳои турӣ бо ихтисодшавии якбораи ҳалќа ва коркарди термикии онҳо мусоидат мекунанд. Воситаҳои техникӣ ва усули озмоиши назорати мустаҳкамии раванди ташаккули полимери турӣ бо усули электрофизикӣ коркард карда шудааст.
Қисми дигари таҳқиқоти илмӣ ба омўзиши фаъолияти биологии пайвастҳои комплексии синтезкардашуда бахшида шудааст. Муайян карда шуд, ки координатсияи лигандҳои органикӣ ба металл боиси пастшавии заҳролудшавии онҳо мегардад. Нақши радикалҳои алкилӣ ва мавқеи онҳо дар молекулаҳои пайвастҳои гетероциклии қатори азолӣ оид ба дараҷаи заҳролудшавии пайвастҳои комплексии рений (V) ошкор шудаанд. Мавҷудияти фаъолнокии тиреотропӣ, таъсири адаптогенӣ, талхадонӣ (таъсири муҳофизатӣ ба организмҳои зинда аз радиатсияи ионизатсионӣ), таъсири зиддӣ захмӣ, таъсири анаболитикӣ, хусусиятҳои нейротропӣ (антагонизм ба витамини B6), хосиятҳои зиддирентгенӣ, таъсири фунгисидӣ ва афзоишӣ доранд.
Биотести зуд, боэътимод ва баландэҳсоскунанда барои муайян кардани миқдори витамини B6 бо истифодаи пайвасти комплексии дукарата ивазшудаи оксобромо-тиосемикарбазиди рений (V) таҳия шудааст. Натиҷаҳои пажўҳишҳои илмии кафедра аз тарафи умум эътироф ва ба таври васеъ истинод карда мешаванд. Коркардҳои илмии кормандони кафедра дар истеҳсолот татбиқи амалии худро пайдо кардаанд.Кафедра бо бисёр донишгоҳҳо ва пажўҳишгоҳҳои илмӣ ҳамкории зич дорад. Бамонанди Институти химияи маҳлулҳои Академияи илмҳои Русия, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ҷ.Баласагын, Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Фараби, Донишгоҳи давлатии миллии таҳќиќотии Перм, Донишгоҳи давлатии химия ва технологияи Иваново, Донишгоҳи давлатии технологии Сибир, Институти химия ва технологияи химиявии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон. Айни замон, омўзгорон ва кормандони кафедра дар мавзўи «Тадқиқоти илмӣ ва амалӣ дар соҳаи коркарди технологияҳои нав ва мукаммалгардонии технологияҳои мавҷудбудаи маводҳои ғайриорганикӣ ва омўзиши химияи ҳамоҳангсозии металлҳои интиќолӣ бо лигандҳои сулфур ва нитрогендор» бомуваффақият кор мекунанд. Аз тарафи онҳо як қатор пайвастҳои нави координатсионии металлҳои гуногун бо лигандҳои органикии ҳалқагии нитрогендор ва сулфурдор синтез ва омўхта шудаанд. Ҷиҳатҳои амалии истифодаи пайвастҳои ҳамоҳангсозии синтезшуда ҷустуҷў карда мешаванд.
Ҷабҳаҳои амалии истифодаи пайвастҳои координатсионии синтезшуда ҷустуҷў карда мешаванд. Дар солҳои гуногун зиёда аз 15 конфронсҳои Байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии кормандони кафедра дар зиёда аз 60 ихтироот ва патентҳо, инчунин зиёда аз 2000 мақолаҳои илмӣ ва маводҳои конфронс инъикос ёфтааст. Дастовардҳои илмии профессори кафедра А.А. Аминҷонов бо нишони нуқрагини маркази машҳури байналмилалии биографии “LEADING Educators of the World” (Кембриҷ, Англия) сарфароз гардонида шудаанд.