Дар бораи факултет

Факултети химия ба таври мустақил аз соли 1959 инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Аз замони ташкилшавии донишгоҳ (соли 1948), он дар аввал ҳамчун кафедра, баъдан шуъба (соли 1957) ва аз соли 1959 то имрўз ҳамчун факултети мустақил фаъолияташро идома дода истодааст. Роҳбарии кафедраро аз соли 1948 то 1952 профессор Раевский А.С. ба уҳда дошт. Аз соли 1953 то соли 1960 сарварии кафедраи химияро иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи чандин ордену медалҳо, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), номзади илмҳои химия, дотсент Новиков Александр Иванович ба уҳда дошт, ки дар он давра кафедраи химия ҳамагӣ 5 омўзгор ва 3 лаборант дошт.

Баъдан соли 1957 дар асоси кафедраи мазкур шуъбаи химия дар назди факултети биология таъсис дода шуда, аз рўи ихтисоси химия 25 нафар довталаб қабул карда шуд. Соли 1959 шуъбаи химия, ки донишҷўёни аввалинаш курси 3-юмро мехонданд, ҳамчун факултетии мустақил (декан-н.и.х., дотсент Раҷабова Хайрӣ), бо 115 донишҷў аз таркиби факултети биология ҷудо шуда фаъолияташро то ҳол идома дода истодааст.

Бунёдгузорони кафедра, шуъба ва факултети химия. Метавон гуфт, ки аввалин бунёдгузорони кафедра, шуъба ва факултети химия устодони зерин: Раевский А.С., Новиков А.И., Раҷабова Х.Н., Даниленко Е.Ф., Зегелман А.Б., Баситова С.М., Лыскова Ю.Б., ва Нуъмонов И.Н., буданд.

Баъд аз вафоти аввалин декани факултет Хайри Раҷабова (солҳои 1959-1960), то кунун 12 нафар устодони зерин пайи ҳам сарвари факултетро ба ўҳда гирифтаанд, ки ҳар яке дар рушду такомули низоми таълиму илм ва устувор намудани бунёди моддиву техникии факултет саҳми шоиста гузоштаанд:

-номзади илмҳои химия, дотсент Новиков А.И. (1960 – 1961);

-номзади илмҳои химия, муаллими калон Даниленко Е.Ф. (1961–1962);

-номзади илмҳои химия, дотсент Зегелман А.Б. (1962–1968);

-н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Яқубов Ҳ.М. (1968–1989);

-н.и.х., дотсент (баъдан д.и.х., профессор) Юсупов З.Н. (1989– 2000);

-номзади илмҳои химия, дотсент Қудратова Л.Ҳ. (2000– 2006);

-номзади илмҳои химия, дотсент Раҷабов Т.Р. (15.05.2006 –12.09.2007);

-номзади илмҳои химия, дотсент Саидов С.С. (12.09.2007–16.01.2008) иҷрокунандаи вазифа;

-доктори илмҳои химия, профессор Каримов М.Б. (16.01.2008–15.12.2008);

-номзади илмҳои химия, дотсент Саидов С.С. (2008–2019);

-номзади илмҳои химия, дотсент Файзуллоев Э.Ф. аз 30.08.2019 то инҷониб.

Бояд ёдовар шуд, ки академики АИ ҶТ, профессор Раҷабов С.А. ҳамчун ректор дар бунёд ва пешрафти факултет саҳми сазовор гузоштааст. Маҳз дар давраи роҳбарии он факултети химия ташкил карда шуда бо базаи моддиву техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. То соли 1961 дар факултети химия танҳо як кафедра, кафедраи химия амал мекард. Соли 1961 кафедраи химия ба ду кафедра: химияи умумӣ ва химияи органикӣ, соли 1963 бошад, кафедраи химияи умумӣ ба ду кафедра: химияи таҳлилӣ ва радиохимия; химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ тақсим шуд. Соли 1964 кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ ба кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ ва химияи физикӣ ва коллоидӣ ҷудо шуд. Дар соли 1965 кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия ба кафедраи химияи таҳлилӣ ва лабораторияи проблемавии элементҳои нодир ва парешон тақсим шуд. Моҳи июли соли 1969 дар пояи кафедраи химияи ғайриорганикӣ, кафедраи усули тадриси химия таъсис дода шуд. Соли 1992 дар заминаи кафедраҳои химияи органикӣ ва усули тадриси химия кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ ташкил гардид. Кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо соли 1994 дар пояи лабораторияи проблемавии элементҳои нодир ва парешон таъсис дода шуд. Бо фармоиши ректори донишгоҳ соли 2009 кафедраҳои кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо ва усули таълими химия якҷоя шуда, бо номи кафедраи химияи татбиқӣ тули 3 сол фаъолият намуданд, бинобар сабаби номувофиқати дар нақшаи таълимии ихтисоси назди кафедра (02040600-химияи татбиқӣ), бо фармоиши ректори донишгоҳ соли 2012, кафедраҳои усули таълими химия ва химияи татбиқӣ боз ҳамчун кафедраҳои алоҳида фаъолияташонро идома дода истодаанд.

Айни ҳол дар сохтори факултет 7 кафедра амал мекунад:

– химияи органикӣ (1961);

– химияи ғайриорганикӣ (1964);

– химияи физикӣ ва коллоидӣ (1964);

– химияи таҳлилӣ (1965);

– усули тадриси химия (1969);

– пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявӣ (1992);

– химияи татбиқӣ (1994).

Айни ҳол, факултет бо кадрҳои баландихтисоси илмӣ таъмин буда, ҳамасола аз ҷониби устодон ва кормандон мақолаву монография ва китобҳои дарсию ихтироот ба табъ мерасад. Аз соли таъсисёбӣ, то имрўз дар пояи мактабҳои илмии факултет 21 рисолаи докторӣ, 151 рисолаи номзадӣ, 261 ихтироот, 40 монография, 98 китоби дарсию дастурҳои таълимӣ, зиёда аз 4 300 мақолаву фишурдаи мақолаҳо таҳия шуда, инчунин 16 конференсияи байналмилалӣ, 27 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 40 Хонишҳои синоӣ гузаронида шудааст.

Факултет дорои 7 кафедра, 1 китобхонаи анъанавӣ, 1 китобхонаи электронӣ, 32 озмоишгоҳи таълимӣ, 11 озмоишгоҳи илмӣ, 1 маркази интернетӣ, 1 синфхонаи компютерӣ, 2 синфхонаи лингофонӣ, 1 маркази тестӣ, 7 маҳфили илмии донишҷўёни назди кафедраҳо, 6 маҳфили илмии назди профессорону дотсентон ва дастаи олимпӣ мебошад.

Айни ҳол факултет аз рўи 5 ихтисос дар зинаи таҳсилоти бакалавр:

31050102 – химия (касб: химик.омўзгор);

31050101 – химияи татбиқӣ (касб: химик. тадқиқотчӣ);

48010100 – технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот (касб: муҳандис – химик – технолог);

48010300 -технологияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ (касб: муҳандис – химик – технолог);

54010300 – усулҳои физикавю химиявӣ ва асбобҳои назорати сифати маҳсулот (касб: муҳандиси сертификатсия).

4 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура:

31050102 – химия (касб: химик);

31050101 – химияи татбиқӣ (касб: химик. тадқиқотчӣ);

48010100 – технологоияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот (касб: муҳандис – химик – технолог);

48010300-технологоияи химиявии ба энергия шомили табиӣ ва маводи карбонӣ (касб: муҳандис – химик – технолог).

9 ихтисос дар зинаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўйи ихтисос:

6D011200 – (01) – назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия);

6D060600 – (01) – химияи ғайриорганикӣ;

6D060600 – (04) – химияи физикӣ;

6D060600 – (06) – химияи пайвастаҳои калонмолекулавӣ;

6D060600 – (03) – химияи органикӣ;

6D072000 – технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ;

6D072100 – технологияи химиявии моддаҳои органикӣ;

6D073700 – ғанигардонидани канданиҳои фоиданок;

6D073900 – химияи нафт, мутахассис омода мекунад.

Барои таъмини раванди таълим дар факултет бо таҷҳизот ва технологияи иттилоотию иртиботӣ ва иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ 115 адад компютер (аз ин миқдор 62 адад дар синфхонаи таълимӣ), 6 адад тахтаи электронӣ ва видеопроектор, 21 адад принтер, 17 адад сканер насб шуда, барои пешбурди фаъолияти таълимию илмӣ ва методии омўзгорону донишҷўён ба таври васеъ мавриди истифода аст. Аз 115 адад компютерҳои факултет 38 адад ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошад.

Алҳол дар 7 кафедраи факултет 63 нафар омўзгор, аз ҷумла, 7 нафар докторони илм, профессорон, 41 нафар номзадони илм, дотсентон ва 15 нафар ассистентон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.

Дар факултет 903 нафар донишҷў (568 нафар дар шуъбаи рўзона ва 334 нафар дар шуъбаи ғоибона), 25 нафар магистр, 5 нафар докторанти PhD, 6 нафар аспирант ва 7 нафар унвонҷў пайи таълим ва таҳқиқот мебошанд.

Дар факултет 26 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, 24 нафар донишҷў, 1 нафар магистр ва 1 нафар докторанти PhD ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Тибқи квотаи президентӣ 31 нафар донишҷў таҳсил менамоянд, ки аз онҳо (12 нафар писар ва 19 нафар духтар) мебошад. Дар факултет ҷараёни таълим дар шуъбаи рўзона аз рўйи талаботи нақшаҳои таълимии дараҷаи бакалавриат ва магистратура ба роҳ монда шуда дар шуъбаи ғоибона бошад, донишҷўён дар асоси нақшаҳои таълимии дараҷаи бакалавриат (фосилавӣ) ва мутахассис ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Юсупов З.Н.

Юсупов Зуҳуриддин Нуриддинович, 25-уми декабри соли 1946 дар деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор дар оилаи деҳқони косиб ва кишоварз ба дунё омада, 11-уми феврали соли 2010 дар синни 64-солагӣ аз дунё гузаштаанд.

Юсупов З.Н. дар мактабҳои ибтидоии деҳаҳои Навобод, Чуқурак, Чузӣ (ҳоло воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав) то синфи 8 таҳсил карда, баъд мактаби 11-солаи № 6-и деҳаи Тўдаи ноҳияи Ҳисорро, ки ҳоло ин мактаб номи арбоби давлатӣ ва адиб хушзеҳн Ҳабибулло Назаровро дорад. Баъд аз хатми ин мактаб соли 1964 шавқу завқи омўзиши илми кимиё ўро ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин овард ва номбурда худи ҳамон сол ба ин факулта дохил шуда, ихтисоси кимиёи физикиро интихоб кард. Мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии ҳамон замон Ҳ.М.Ёқубов буд, ки З.Н.Юсуповро бо ҷамъи се нафараи донишҷўён барои иҷрои кори дипломӣ ба Донишгоҳи давлатии ба номи А.А.Жданови ш.Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) фиристод.

Юсупов З.Н. ҳанўз аз даврони донишҷўӣ аз соли 1967 бо даъвати роҳбари илмиаш Ҳомид Мўҳсинович Ёқубов дар кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ ҳамчун лаборант ба кор оғоз кард. Ў баъд аз хатми факултаи кимиёи ДДТ ба номи В.И. Ленин соли 1969 фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистенти кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ шурўъ намуда, аз соли 1970 то 1979 ҳамчун муаллими калони ҳамин кафедра фаъолият намудааст. Ў баробари кори таълимӣ ба кори илмӣ-тадқиқотӣ машғул шуда, паҳлўҳои гуногуни илми кимиёро мавриди омўзиш ва таҳқиқ қарор дод. Донишгоҳҳо ва умуман мактабҳои олӣ танҳо ҷойи таълим ва тарбия нест, балки дар ин макон бояд омўзишҳои амиқи илмӣ сурат бигард. Ин буд, ки шавқу рағбати беандозаи боз ҳам амиқтар омўхтани мўъҷизаҳои илми кимиё ўро водор сохт, ки натиҷаҳои илмиашро ҷамъбаст намряд. Бинобар ин ў соли 1975 шомили аспирантураи яксолаи ДДТ ба номи В.И. Ленин шуд ва онро соли 1976 бомуваффақият хатм намуда, соли 1977 рисолаи номзадиашро дар мавзўъи «Омўзиши ташкилшавии мураккаботи координатсионии оҳан(III, II) бо тезобҳои бутан ва изобутан», дифоъ намуд.

Баъд аз ҳимояи рисолаи номзадӣ Зуҳуриддин Юсупов аввал ҳамчун дотсент ва сипас дар асоси озмун соли 1981 мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидӣ интихоб шуд. Аммо моҳи марти ҳамон сол ў ба сафари хидматӣ ба Донишгоҳи Кобули Ҷумҳурии Афғонистон фиристода шуд, ки дар он ҷо вай то 14-уми июни соли 1985 ҳамчун омўзгор фаъолият намуда, ҳамзамон вазифаи мушовири декани факултаи улуми табиии ин донишгоҳро ба ўҳда дошт ва инчунин вазифаи ҷамъиятии назорат ва таъмини мутахасиссони Иттиҳоди Шўравӣ бо нақлиётро иҷро мекард.

Бо фармони вазири маорифи ҶТ академик Т.Н. Назаров барои ташкил кардани озмоишгоҳи кимиёӣ Юсупов З.Н. бо хамроҳии дотсент Раҷабов Латиф соли 1989 ба Донишгоҳи Балхи Афғонистон ба шаҳри Мазори Шариф рафта, дар ташкил кардани озмоишгоҳи кимиёӣ саҳм гирифт. Ў бори дуюм соли 1991 барои озмоиши корҳо ва гузаронидани таҷрибаомўзии донишҷўёни ДДМТ ба ш.Мазори Шариф рафт, ки роҳбарии сафар ба ўҳдаи муовини ректор роҷеъ ба корҳои хориҷӣ Намозалӣ Қурбонов буд. Дар ин сафар ў маводи беҳтарине аз равзаи халифаи чоруми мусалмонон ва имом Алӣ ибни Абўтолиб(к) маводи муҳиме дар бораи таърихи Балх ва Мазори Шариф ҷамъоварӣ кард.

Юсупов Зуҳуриддин солҳои 1987-1988 дар факултаи такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В.Ломоносов донишу маҳорати касбии худро сайқал додааст. Юсупов З.Н. соли 1989 дар маҷлиси васеъи факултаи кимиё ҳамчун декан интихоб гардида, то соли 2000 дар ин вазифа кор кардааст. Ў рисолаи докториашро 15-уми майи соли 1998 ҳимоя намуда, 9-уми апрели соли 2001 дар асоси озмун мудири кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоиди интихоб гардид.

Фаъолияти омўзгории Юсупов З.Н. ҳамеша ба таълифи дастуру воситаҳои таълимӣ пайванд буд. Ў аз соҳаҳои гуногуни илми кимиё, ба монанди кимиёи физикӣ, кимиёи физикӣ ва коллоидӣ, кимиёи коллоидӣ, механика ва кимиёи квантӣ, таърихи кимиё, моделсозӣ ва барномасозӣ дар кимиё ба донишҷўён дарс мегўфт. Мазмун ва мундариҷаи фанни «Моделсозӣ ва барномасозӣ» комилан марбут ба пешниҳоди ў мебошад. Аз оғози кори омўзгорӣ ў ҳамеша кори таълиму тарбияро дар ҳамбастагӣ бо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба иҷро мерасонд.

Самти кори илмии ўро тавлиф (синтез), омўзиш, санҷиши мураккаботи координатсионӣ ва татбиқи онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии ҳалқ ва саноат (кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, зироатшиносӣ, дорусозӣ, паррандапарварӣ, байторӣ ва технологияи кимиёӣ), инчунин омўзиши таърихи кимиёи тоҷик ташкил мекуард. Таҳти роҳбарии ў 8 рисолаҳои номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ, зиёда аз 70 рисолаҳои дипломӣ ва 3 кори магистрӣ ҳимоя карда шудаанд. Профессор Юсупов З.Н. муаллифи зиёда аз 400 маводи илмию методӣ ва 16 патентҳову ихтироот мебошад.

Бояд гуфт, ки Юсупов З.Н. корҳои илмӣ-омўзгории худро таҳти роҳбарии профессор Ёқубов Ҳ.М. оғоз кардааст. Ба сабаби ғамхории профессор Ёқубов Ҳомид Мўҳсинович ў аз мактаби илмии академики АИ Иттиҳоди Шўравӣ Никольский Б.П. бархўрдор гардидааст.

Юсупов З.Н. барои фаъолияти пурмаҳсулу содиқонаи худ сазовори як қатор мукофотҳои минтақавӣ ифтихорномаҳо ва мукофотҳои моддии ДДМТ, Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, инчунин Шўъбаи Новосибирскии АИ Иттиҳоди Шўравӣ ва Нишони аълочии маорифи Тоҷикистон (соли 1992) ва давлатӣ (Ифтихорномаи Донишгоҳи Кобул соли 1983, Ифтихорномаи Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Афғонистон соли 1984), Ифтихорномаи сафири Иттиҳоди Шўравӣ дар Афғонистон соли 1985), Ордени «Шараф»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1998) гардидааст.

Соли 2005 академики АК ҶТ Изатулло Сатторов, ки ҳаммуаллифӣ патенти ҶТ № TJ 404 бо номи «Дибакупроли дорои фаъолияти зиддибактериявӣ ва зиддизамбурўғӣ» бо ҷамъи ин патент ва корҳои дигараш сазовори нишони тиллоии «Созмони байналмилалии ҳифзи моликияти зеҳнӣ» гардид, ки ин аз арзиши байналмилалӣ доштани таҳқиқоти илмӣ ва ихтирооти ин муаллифон дарак медиҳад.

Таҳти рҳбарии ў мўҳққиқони зери корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ иҷро намудаанд: Юсупов Ш.Т., Раҳимова М.М., Муҳаммад Салим Ришод (Миср), Нурматов Т.М., Исмоилова М.А., Саидов С.С., Раҷабов У.Р., Давлатшоева Ҷ.А., Шарипов И.Ҳ., Кандаршина Т.Ф. Ёрмамадова С.Г., Назарова Х.Д., Эшова Г.Б., Имомов Р.Б., Бахтибекова Р., Гуриев М. ва дар самти илми кимиё ва Қурбонов Б.Р. ва Саидмуродов Д.У. дар самти илмҳои таърих. Юсупов З.Н. бо ҳамроҳии модараш моҳи марти соли 1999 барои иҷрои фарзияи ҳаҷ ба шаҳрҳои Макка ва Мадинаи Арабистони Саъудӣ сафар карда буд. Маводи пешниҳодшуда аз Рисолаи “Миси вуҷудаш зар шуд аз кимиёгарӣ”, ки бахшида ба 60 солагии устод Юсупов Зуҳуриддин Нуриддинович омода ва чоп шудааст, оварда шудааст.

профессор Порошин Константин Титович

Аз таърихи бунёдгузори яке аз мактаби илмӣ дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сухане чанд аз фаъолияти академики шинохта, ноиби президенти АИ РСС Тоҷикистон, устоди кафедраи химияи органикии факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, д.и.х., профессор Порошин Константин Титович

Порошин Константин Титович 8-уми январи соли 1907 дар шаҳри Тамбови Федератсияи Россия таваллуд шуда, 13-уми феврали соли 1971 дар синни 64 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кардааст. Химик-органик, профессор, академики АИ СССР (1960). Соли 1931 Институти маҳсулоти ширро дар шаҳри Вологда хатм намуда, солҳои 1932-1936 аспирант дар шаҳри Москва, 1936-1941 ходими калони илмии лабораторияи омўзиши сафедаи АИ СССР, котиби илмӣ ва ҷонишини директор оид ба илм дар Институти маҳсулоти шири ФР буд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Солҳои 1945-1948, докторанти Институти химияи органикии АИ СССР, соли 1952 рисолаи докториашро дар мавзӯи «Таҳқиқот дар соҳаи нобудшавии сафедаҳои аввалия» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Баъдан дар вазфаҳои котиби илмӣ (1948-1955) ва котиби шуъбаи илмҳои химияи АИ СССР (1955-1957) фаъолият кардааст. Солҳои 1957-1960 ходими калони ил¬мии Институти химияи органикии АИ СССР буд.

Аз соли 1960 то соли 1971 ба РСС Тоҷикистон омода дар вазифаҳои зерин фаъолият кардааст: ноиби президенти АИ РСС Тоҷикистон (1960-1971), ҳамзамон дар як вақт вазифаи роҳбари илмии лабораторияи химияи пайвастҳои табӣ ва химияи нафтӣ Институти химияи АИ РСС Тоҷикистонро иҷро намуда, дар факултети химияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин ба вазифаи профессори кафедраи химияи органикӣ (0,5 ҳисса) фаъолият менамуд.

Таҳқиқоти илмии Порошин ба омўзиши сафеда ва пептидҳо бахшида шудааст. Равияи нави соҳаи химияи сафедаҳо аз конденсатсияи аминокислотаҳою алкалоидҳо синтез кардани моддаҳои фаъоли физиологиро дар Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон ба роҳ мондааст. Мавсуф муаллифи зиёда аз 200 асарҳои илмӣ ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ мебошад. Таҳқиқоти илмиаш асосан ба синтези пайвастагиҳои фаъоли биологӣ дар асоси α-аминокислотаҳо, пептидҳо, аналогҳои фосфини пептидҳо, сафедаҳо ва алкалоидҳо ва синтези полипептидҳо бахшида шуда буд. Солҳои зиёд аъзои ҳайати таҳририяи журнали «Ахборот»-и АИ СССР (бахши химия) ва сармуҳаррири «Гузориш»-ҳои АИ РСС Тоҷикистон буд. Бо орденҳои “Ситораи Сурх”, «Нишони Фахрӣ», якқатор медалҳо ва Граммотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Зери роҳбарии К.Т.Порошин зиёда аз 10 нафар шогирдон рисолаи номзадӣ ва 4 нафар (В.А.Шибнев, В.Г.Дебабов, В.К.Буриченко ва Ш.Х. Холиқов) рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд. Холиқов Ширинбек Холиқович аз зумраи шогирдони академик Порошин К.Т. буда, баъдан зери роҳбарии ў мактаби илмии аминокислотаҳо, пептидҳо ва сафедаҳо дар факултет рушд намуд, ки то ҳол ин мактаб фаъолияти назаррас дорад.

Бо ташаббуси д.и.х., профессор, академики АИ РСС Тоҷикистон Порошин Константин Титович аввалин маротиба соли 1966 дар назди кафедраи химияи органикии факултети химия муҳаққиқон барои дарёфти дараҷаи тахассуси илмии “химияи органикӣ” қабул карда шуд, ки аз он замон то ҳол бо ихтисоси мазкур зиёда аз 40 рисолаҳои докториву номзадӣ дар назди кафедраи мазкур омода ва дифоъ карда шуда истодааст.

Дар марҳилаи ташкилшавии кафедраи химияи органикӣ дар факултет соли 1961 дар баробари мудири кафедра, н.и.х, дотсент Нуъмонов Э.У. академик Порошин К.Т. низ ба таври ҳамкор фаъолияташаро оғоз намуда буд. Дар пешрафт ва тараққиёти кафедра саҳми академик Порошин К.Т. хеле калон аст. Маҳз бо ташаббуси ў дар кафедра мактаби илмӣ ба вуҷуд омада, корҳои илмӣ-таҳқиқотии кафедра дар алоқаи зич бо Институти химияи АИ РСС Тоҷикистон, Институти пайвастаҳои элементорганикии АИ СССР, Институти биологияи молекулавии АИ СССР, Институти биоорганикии ба номи Шемякини ш. Москва, Институти иммунологияи ш. Москва ва ғайра ба роҳ монда шуд. Дар факултет омўзиши курси махсуси «Химияи сафедаҳо ва пептидҳо» ва «Асосҳои назариявии химияи органикӣ» аз ҷониби академик Порошин ва шогиридаш, д.и.х., ходими калони илмии Институти биологияи молекулавии АИ СССР Шибнев В.А. хонда шудааст.

Файзуллозода Э.Ф. – н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ

Қодиров М.З. – н.и.х., дотсент, мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ

профессор, академик Нуъмонов Эшонқул Усмонович

Аз таърихи яке аз бунёдгузорони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Сухане чанд аз фаъолияти академики шинохта, аввалин мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.х., профессор, академик Нуъмонов Эшонқул Усмонович

Кафедраи химияи органикӣ, яке аз кафедраҳои асосии факултети химия ба ҳисоб рафта, соли 1961 бо ташаббуси н.и.х., дотсент Нуъмонов Эшонқул Усмонович (баъдтар д.и.х., профессор, академики АИ ҶТ, директори Институти химияи ба номи В.И.Никитини АИ РСС Тоҷикистон) ташкил шудааст, ки зиёда аз 4 сол роҳбарии кафедраро худи устод ба зимма доштанд. Барои таълиму тарбияи донишҷўён инчунин олимони Институти химияи АИ ҶТ, ба монанди докторони илмҳои химия, профессор, академики АИ СССР дар Тоҷикистон, собиқ ноиби президенти АИ РСС Тоҷикистон Порошин К.Т., академики АИ СССР, профессор Калонтаров И.Я., профессор Румянсева З.А., профессор Глазунова Е.М., номзадони илми химия Буриченко В.К., Давидянц С.Б., Тулаганов А.И., Носиров И.М., Демяник А., Сидоренко В.К. маҳз бо даъвату роҳнамоиҳо устод ба факултет ба ҳайси устод омада, фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро гузоштаанд. Дар пешрафт ва тараққиёти кафедра саҳми академики АИ СССР, профессор Порошин К.Т. нақши калон бозидааст. Маҳз бо ташаббуси ў дар кафедра мактаби илмӣ ба вуҷуд омадааст.

Олими шинохтаи тоҷик, академики маъруф Нуъмонов Эшонқул Усмонович зодаи деҳаи Даҳбеди шаҳри Самарқанд буда, 15-уми июни соли 1919 дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Овони кўдакию наврасии ў ба даврони душвори барқарорсозии сохти давлатдории пас аз Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябр рост омада, то таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон сипарӣ гардидааст.

Мавсуф ҳанўз дар синни 6-солагӣ барои савод омўхтан ба мактаби куҳна, яъне мактаби усули нави Абдулқодир Шакурӣ шомил шуда, пас аз 7 соли хониш онро соли 1931 бомуваффақият ба итмом расонидааст.

Бо мақсади гирифтани маълумоти олӣ соли 1936 ба факултети химияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ дохил шуда, онро соли 1941 хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил бори аввал ўро муаллими фанни химия Воҳидов ба озмоишгоҳи химиявӣ мебарад. Дар рафти машғулият нохост ба либоси Эшонқул ва ҳамсабақонаш қатраи равғани эфир мечакад. Бўйи хуши равғани эфир-моеи зудбухоршавандаи равғаннамуди беранг ё зардранги бўяш тез, ки аз баргу меваи баъзе растаниҳои хушбўй ҳосил мекунанд, дар атриёт ва тиб истифода мешавад, ба машомаш хеле писанд меафтад. Ҳамин тариқ, донишҷўи 17-сола Эшонқул Нуъмонов касби химик шуданро ба худ якумрӣ пеша менамояд.

Эшонқул Нуъмонов солҳои 1939-1940 аз факултети химияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ рухсатии академӣ гирифта, ба шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) меояд ва дар мактаби миёнаи №1, ки дар мавзеи Яккачинор воқеъ буд, ба толибилмон аз фанҳои химия, физика, математика, инчунин, ба муаллимони ғоибхони курсҳои тайёрӣ аз фанни математика дарс гуфтааст. Он айём ў ҳамчун муаллими ҷавону ояндадори химия ном бароварда буд ва аксар волидайн мехостанд, ки маҳз фанни химияро ба фарзандонашон Эшонқул Усмонович тадрис диҳад. Зеро ў қобилияту истеъдоди хонандагонро ба инобат гирифта, асосҳои ин фанро ба онҳо пурра меомўзонд ва шавқу завқашонро нисбат ба ин фанни дақиқ боз ҳам афзун менамуд. Муаллим зимни тадрис ба шогирдон ибораи маъмули «Химия-нони саноат аст»-ро, ки аслан ба қалами Михаил Василевич Ломоносов мутааллиқ аст, бештар ба забон меовард.

Ҳамин тавр, Эшонқул Нуъмонов ҳамчун равшангари роҳи маърифат ва хирад маҳсуб меёфт, ки тамоми умри бобаракати худро баҳри бедории маънавӣ ва худшиносии миллӣ бахшида, чун устоди сахтгиру серталаб бо ақлу фаросати баланд дар он солҳои душвор бо меҳрубонию самимияти ба худ хос, дили ҳазорон шогирдонро чун шамъи рўзгор нуру рўшноӣ бахшида, эшонро ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят карда аст.

Аз ин ҷост, ки ҳанўз аз ҳамон даврон аҳли маориф ва илми тоҷик Эшонқул Нуъмоновро ҳамчун шахси соҳибмаърифату донишманд, инсони некном, омўзгори болаёқату соҳибтаҷриба мешинохтанд ва арҷ мегузоштанд.

Оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор намуд. Овози ғамгинонаи наттоқи нотакрор Левитан хатари таҳдид ба Ватанро эълон мекард, ҳеҷ як фарди меҳандўстро бетараф гузошта наметавонист. Вақте фашистони хунхор моҳи ноябри соли 1941 ба дили Ватан-шаҳри дилорои Маскав наздик мешуданд, шиори панфиловчиёни диловар «Отступать некуда, позади Москва» он рўзҳои хатарзо аз қалби ҳама садо дода буд. Зеро он шабу рўзҳо дар рафти задухўрдҳо озод намудани ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватани азизамон бори хеле гарон маҳсуб меёфт.

Омўзгори 22-сола Эшонқул Нўъмонов низ бетарафӣ зоҳир накарда, ихтиёрӣ ба фронт рафт. Аз моҳи январи соли 1942 то моҳи майи соли 1945 дар майдони ҳарбу зарб ҳамчун лейтенанти ротаи миномиётчиён қаҳрамонона фидокориҳо нишон дода, борҳо аз зери обу оташ гузашта, барои мудофиаи ватани ҷоноҷони худ синаро сипар кард ва борҳо ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.

Баъди бозгашт ба Ватан боз ором нанишаста, меҳри шогирдону баланд бардоштани ихтисосу муҳаббат ба донишомўзиаш боло гирифта, моҳи июли соли 1945 ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи факултети табиатшиносии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (ҳозира ДДХуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров) супорида, моҳи июни соли 1947 онро муваффақона хатм менамояд. Сипас фаъолияти меҳнатиро ҳамчун лаборанти калони Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшида, то соли 1949 дар ин даргоҳи бонуфузи илми тоҷик фаъолият намуд. Соли 1948 бо тавсияи устодаш, директори ҳамонвақтаи институт Василий Иванович Никитин ба аспирантураи Институти химияи органикии Москва ба номи Н.Д. Зелинскийи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ дохил шуда, соли 1952 рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Таъсири фишори фавқулбаланд ба хосияти катализаторҳои сахт» таҳти роҳбарии Л.Ф. Верешагин дифоъ кард.

Фаъолияти худро пас аз ҳимояи рисолаи илмӣ соли 1952 ба ҳайси мудири лабораторияи химияи нефти Институти химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон то соли 1971 ва ҳамзамон ба сифати мудири кафедраи химияи умумии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино (1952-1959) идома мебахшад. Дар давоми ин солҳо (ду даъват) вакили Шўрои депутатҳои халқии шаҳри Сталинобод (Душанбе) низ интихоб шудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро устод Эшонқул Нуъмонов ба таври ҳамкор (аз сабаби он ки корманди асосии Институти химия буданд), дар факултети химияи ДМТ аз соли аввали таъсисёбиаш соли 1959 оғоз намуда, то солҳои 1989-1990 идома додааст. Лозим ба тазаккур аст, ки қайд намоем устод Эшонқул Нуъмонов яке аз бунёдгузорон ва нахустин мудири кафедраи химияи органикии факултети химияи ДМТ ба ҳисоб рафта аз соли аввали ташкилшавии каҷедра 1961 то соли 1965 роҳбарии онро ба зимма доштанд.

Хизматҳои устод Нуъмонов Э.У. барои ташкили баззаи моддиву техникӣ, ҷалби устодон ба кафедра ва бо адабиётҳои илмиву таълимӣ муҷаҳазонидани кафедра назаррас мебошад. Бо талош ва заҳматҳои шабонарўзии устод аввалини китоби дарсии химияи органикӣ соли 1973 аз забони русӣ (Органическая химия. Зери таҳрири УВ АИ СССР профессор Петров Анатолий Александрович) ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, ки то имрўз устодону кормандон ва донишҷўёни факултет онро васеъ истифода мебаранд.

Тайи солҳои фаъолият дар Инстиути химия устод вазифаҳои зеринро бар душ доштанд: мудирии озмоишгоҳ (лаборатория)-и химияи нефт, аз соли 1971 то соли 1988 директори Институти химия, то соли 1988 таҳти сарварии хирадмандонаи ин абармарди илму маърифат Институти химия яке аз марказҳои бузурги илми химия дар ИҶШС ба ҳисоб мерафт. Дар давраи фаъолияти назарраси устод Институти химия ба яке аз институтҳои пешқадам табдил ёфта, аз ҷиҳати омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ҷойи аввалро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҷойи намоёнро дар иттифоқ ишғол менамуд. Илова бар ин, дар давраи роҳбарии Эшонқул Нуъмонов заминаҳои моддию техникии Институт хело ҳам мустаҳкам ва олимони тоҷик дар ин муддат ба як идда дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардида, рушду нумўи илми химияи ватаниро таҳким бахшида буданд.

Беҳуда нест, ки ҳар сол дар Институти мазкур ба хотири гиромидошти хотираи неки Директори собиқадори он Эшонқул Нуъмонов мунтазам «Хонишҳои Нуъмоновӣ» гузаронида мешаванд. Ин падида гувоҳ аз мавқеи босазо ва обрўю нуфузи академик Нуъмонов мебошад. Эшонқул Нуъмонов ҳарчанд соли 1988 бо хоҳиши худ аз мансаби директори институт рафта бошад ҳам, аммо бо хоҳиши шогирдон то рўзи вафоти худ-29-уми ноябри соли 1992 ҳамчун директори ифтихории он ба шумор мерафт.

Фаъолияти илмӣ ва омўзгории устод Нуъмонов бисёр густурда ва доманадору шоиста аст. Ў соли 1972 дар мавзўи «Элементҳои гетероатомии нефти депрессияи Тоҷикистон» рисолаи докториашонро ҳимоя намудаанд. Устод ҳамчун узви фаъоли Шўрои Умумииттифоқӣ оид ба нефтохимия ва раиси Раёсати тоҷикистонии Ҷамъияти Умумииттифоқии химияшиносони ба номи Д. И. Менделеев (Москва) дар бисёр симпозиуму конференсияҳои мамолики Олмон, Венгрия, Чехословакия, шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) Ригаю Таллин, Тифлису Батумӣ, Грозний, Уфа, Гуреву Новосибирск ва ғайра фаъолона ширкат варзидааст. Академик Э. У. Нуъмонов муаллифи беш аз 300 асару мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, аз ҷумла монографияи «Компонентҳои гетероатомии нафтҳои депрессияи Тоҷикистон» (соли 1974) мебошад.

Ба ҳайати узви Шўрои илми химия ва технологияи пайвастагиҳои органикии сулфури назди Кумитаи давлатии илму техникаи Шўрои Вазирони ИҶШС, Шўрои илмӣ оид ба химияи нефти назди Шуъбаи умумӣ ва химиияи техникии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистӣ, Шўрои минтақавии химияи нефти Қазоқистон ва Осиёи Миёна, раиси бахши химияи Кумитаи истилоҳоти назди Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, раиси Шўрои минтақавии махсуси дифои рисолаҳои номзадӣ барин вазифаҳои ҷамъиятиро фаъолона ба иҷро расонида аст.

Эшонқул Нуъмонов аз майдони набард ҳамчун ҷанговари асил бо ордену медалҳои зиёд баргашта аст. Чунончӣ ў дорандаи ду ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаҳои 1 ва 2, инчунин, ордени «Ситораи Сурх», медалҳои «Барои Ғалаба бар Олмон», «Барои фатҳи Берлин», «Барои озод кардани Прага», «25-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ», Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва соли 1978 бо унвони ифтихории «Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Шодравон Эшонқул Нуъмонов шахси фидоии илм ва меҳнатдўст буда, пайваста бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ заҳмат мекашиданд. Устод то вопасин лаҳзаҳои умри бобаракати хеш, барои рушди маориф ва илми тоҷик хидмати босазо карда, дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо карда буд. Рўзгор ва осори устод барои шогирдон, олимону омўзгорон ва насли имрўза намунаи ибрат ба шумор меравад. Хотираи неки ин фарди ватандўст, олими асил, марди соҳибхираду донишманд ва инсони равшанзамир ҳамеша дар қалбҳои дустону ҳамкасбон ва шогирдону пайравони роҳи химияи тоҷик боқӣ хоҳад монд.

Файзуллозода Э.Ф. –декани факулети химияи ДМТ

Раҷабов С.И. – директори Институти илмию таҳқиқотии ДМТ

профессор, Баситова Саодат Мухаммедовна

Аз таърихи яке аз бунёдгузорони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

БАСИТОВА САОДАТ МУХАММЕДОВНА

Баситова Саодат Мухаммедовна 22.12.1920 дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда, 01.06.2001 дар шаҳри Душанбе аз дунё гузаштаанд. Номзади илмҳои химия (1951), профессор (1992). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш. Тошканд) ва аспирантураи Институти геохимия ва химияи таҳлилии АИ ИҶШС (1951). Ходими хурди илмии филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941-1944), ходими калони илмии Институти химияи АИ ҶТ (1949-1953). Мудири лабораторияи химияи ғайриорганикӣ ва таҳлилии Институти химияи АИ ҶТ (1957-1960).

То соли 1961 дар факултети химия танҳо як кафедра, кафедраи химия амал мекард. Соли 1961 кафедраи химия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ба ду кафедра: кафедраи химияи умумӣ (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ва кафедраи химияи органикӣ (мудир: н.и.х., дотсент Нўъмонов И.У.), соли 1963 бошад, кафедраи химияи умумӣ ба ду кафедра: кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) ва кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ (мудир: н.и.х., дотсент Баситова С.М.) тақсим шуд. Соли 1964 кафедраи химияи ғайриорганикӣ ва физикию коллоидӣ ба кафедраҳои химияи ғайриорганикӣ (мудир: н.и.х., дотсент Баситова С.М.) ва химияи физикӣ ва коллоидӣ (мудир: н.и.х., муаллими калон Яқубов Ҳ.М.) ҷудо шуд.

Кафедраи химияи ғайриорганикӣ бо ташаббуси номзади илмҳои химия, дотсент (баъдан и.в.профессор (соли 1992)) Баситова Саодат Мухаммедовна соли 1964 ташкил шудааст, ки дар ин вазифа муаллима зиёда аз 11 сол, яъне то соли 1975 фаъолият намудаанд.

Бо ташаббуси профессор Баситова С.М. аввалин маротиба соли 1968 дар назди кафедраи химияи ғайриорганикӣ муҳаққиқон барои дарёфти дараҷаи тахассуси илмии “химияи ғайриорганикӣ” қабул карда шуд, аз он замон то ҳол бо ихтисоси мазкур зиёда аз 40 рисолаҳои докториву номзадӣ дар кафедраи химияи ғайриорганикӣ омода ва дифоъ карда шуда истодааст.

Саҳми Баситова С.М. дар созмон додани озмоишгоҳҳои илмӣ-таълимӣ ва ташаккули ҳайати омўзгорони кафедраи химияи ғайриорганикӣ хеле калон аст. Профессор Баситова С.М. аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ, курсҳои тахассусии “Химияи элементҳои нодир” ва “Химияи пайвастҳои координатсионӣ” то соли 1999 дарс гуфта, дар тули ин солҳо равобити худро пайваста ба шунавандагони Институти такмили ихтисоси шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ мустаҳкам намуда, дастовардҳои методии худро баён кардааст. Ў роҳбари илмии рисолаҳои диссертатсионии Ф.Ш. Шодиев, Е.Ф. Засорина, Н.А.Шатковская, О.А. Азизқулова, Р.Д. Юрина, Н.Ҳ. Ашурова, Р. Эгамбердиев ва К.Г. Яъқубов буд. Бо кушиш ва пешниҳоди ў хатмкунандагони факултети химия А.О. Аминҷонов, Ю.Б. Лыскова, Т.Р. Раҷабов, И.Б. Шоймуродов, Ф.Х. Ҳакимов ва чанд нафари дигарон рисолаҳои номзадии худро дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Воронеж дифоъ намуданд.

Барои такмили савияи дониши омўзгорон бо ташаббуси Баситова С.М., омўзгорони кафедра: Ю.Б.Лыскова, Шодиев Ф.Ш., Азизқулова О.А., Болдырева Л.В., Юсупова Л.В., Раҷабов Т.Р., Ҳакимов Ф.Х. ва дигарон чандин маротиба курси такмили ихтисосро дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов, Институти технологии ба номи Ленсовети шаҳри Санкт-Петербург, инчунин мактабҳои умумииттифоқӣ роҷеъ ба химияи ғайриорганикӣ, ки дар шаҳрҳои Маскав, Черноголовка, Юрмала (Латвия), Новосибирск, Тошканд ва Алма-Ато ҷойгиранд, гузаштаанд. Ба ин васила муносибатҳои дуҷониба барқарор шуда олимони шинохтаи Иттиҳоди Шўравӣ: академики АИ Иттиҳоди Шўравӣ Александра Василевна Новоселова, профессор Наталя Николаевна Желиговская, ҳарду аз Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов профессор Наил Сибгатович Ахметов аз Институти технологияи химияи шаҳри Қазон, доктори илмҳои химия, профессор, академики Академияи илмҳои табиии Россия Юрий Николаевич Кукушкин ва дотсент Ким Вениаминович Котегов, ҳарду аз Институти технологии ба номи Ленсовети шаҳри Санкт-Петербург барои ҳамкорӣ намудан, даъват шудаанд.

Аксарияи рисолаҳои диссертатсионии кормандони кафедра, ба монанди И.Ш. Шоймуродов Л.С. Юсупова, Ф.Ҳ. Ҳакимов, А.О. Аминҷонов, Н.Қ.Қобилов, О.А. Азизқулова, Н.А. Шатковская, Т.Р. Раҷабов, С.М. Сафармамадов, К.У. Аҳмадов, Н.М. Қурбонов, Маҳмуд Муҳаммад Машъалӣ, С.Ч. Гагиева ва дигарон дар марказҳои илмии шарҳои Масква, Санкт-Петербург, Иваново ва Воронеж ҳимоя карда шудаанд.

Зери роҳбарии бевоситаи муаллима Баситова С.М. 7 нафар муҳаққиқ рисолаи номзадӣ ҳимоя карадаанд. Муаллиф ва шариктаълифи зиёда аз 200 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 1 монография, 6 дастури таълимӣ ва 2 ихтироот мебошад. Таълифоташ дар маҷаллаҳои чопии кишварҳои хориҷӣ ва Ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд. Дорандаи ордени «Знак Почёта» (1954), ордени «Байрақи Сурхи меҳнат» (1960), медалҳои «За доблестный труд» (1970), «Барои муваффақияти меҳнатӣ» (1954), медали нуқраи Комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (1973), “Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон” (1968), Ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон (1943, 1964), Президиуми АИ ҶТ ва УДТ ба номи Ленин буд.

Файзуллозода Э.Ф. – н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ

Аз таърихи яке аз бунёдгузорони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

НОВИКОВ АЛЕКСАНДР ИВАНОВИЧ

Моҳи марти соли 1955 номзади илмҳои химия, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дорандаи чандин ордену медаллҳо, Новиков Александр Иванович аз Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-петербург) ба Университети давлатии Тоҷикистон фиристода шуд. Новиков А.И. хатмкардаи ДДЛ ба номи А.А. Жданов буд. Новиков А.И. соли 1955 мудири кафедраи химия таъйин шуд. Худи ҳамон сол ба ташкили корҳои кафедра, аз қабили интихоби кадрҳои омўзгорӣ, лаборантон (кормандони ёрирасон) ва таъмини таҷҳизоти моддию техникӣ оғоз шуд. Барои васеъ кардани утоқҳои корӣ, таҷҳизонидани онҳо барои корҳои лабораторӣ (ташкили системаҳои обтаъминкунӣ, қувваи барқ, вентилятсия, мебели лабораторӣ ва ғайраҳо) фармоиши асбобҳо, маводи химиявӣ, зарфҳои химиявӣ, адабиёти таълимӣ, илмӣ ва ғайраҳо кўшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд. Дере нагузашта, аллакай дар соли 1956, ба Университети давлатии Тоҷикистон журналҳои илмӣ бо якчанд бахшҳои химиявӣ, китобҳо, монографҳои илмӣ, асбобҳо аз он ҷумла, асбобҳои радиометрӣ ва изотопҳои радиоактивӣ, мавод ва зарфҳои химиявӣ ворид шуданд. Соли 1956 ин соли ташкилёбии китобхонаи илмиву таълимӣ оид ба бахшҳои химиявӣ ва оғози кор бо элементҳои радиоактивӣ дар УДТ ба ҳисоб меравад. Аввалин маротиба бо изотопҳои элементҳои радиоактивӣ дар Тоҷикистон Новиков А.И. кор кардааст. Курсҳои пурраи дарсҳои лексиониро аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ, химияи таҳлилӣ, химияи физикӣ, химияи коллоидӣ, химияи электрикӣ ва курсҳои махсуси химияи радионуклидҳо ва химияи таҳлилиро дотсент Новиков А.И. мехонд. Ҳамаи курсҳои лексонии мазкур асосан аз рўи барномаи таълимии Донишгоҳи давлатии Леинград ба номи А.А. Жданов омода шуда буд.

Ташкили корҳои мазкур барои таъсиси шуъбаи химия замина гузошт ва бо ҳамин мақсад соли 1957 бо пешниҳоди мудири кафедраи химия н.и.х., дотсент Новиков А.И. ва дастгирии ректори донишгоҳ академик Раҷабов С.А. шуъбаи химия бо ихтисоси 2018-химия дар назди факултети илмҳои табиии донишгоҳ ташкил карда шуд.

Якуми сентябри соли таҳсили 1957-1958 25 нафар довталаб барои таҳсил дар шуъбаи химияи университет ҳамчун донишҷўи курси якум қабул карда шуданд. Соли таҳсили 1958-1959 ҳам шуъбаи мазкур 25 нафар довталабро қабул намуд, пас аз он соли 1959 бо қарори Шўрои олимон ва фармони ректор, академик Раҷабов С.Р. шуъбаи мазкур ба таври расмӣ ба факултети химия табдил ёфт ва нақшаи қабули худро барои 60 нафар (дар шуъбаи рўзона 30 нафар гурўҳи тоҷикӣ ва 30 нафар гурўҳи русӣ) довталабон тасдиқ намуд.

Аз 1-уми сентябри соли 1959 факултети химия (декан: н.и.х., дотсент Раҷабова Хайрӣ Насриддиновна) бо 115 нафар донишҷў дар ихтисоси 2018-химия ва кафедраи химия (мудир: н.и.х., дотсент Новиков А.И.) аз таркиби факултети илмҳои табиии донишгоҳ бароварда шуда ба таври мустақил дар Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин фаъолияташро идома дод.

Барои ташкили шуъба ва баъдан ба таври мустақил фаъолият намудани факултети химия саҳми н.и.х., дотсент Новиков Александр Иванович арзанда аст. Маҳз бо талош ва заҳматҳои ў кафедраи химия (таъсис соли 1948) ба шуъба ва баъдан ба факултет табдил ёфт. Омодаву таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ ва тайёр намудани матни лексияҳо аз фанҳои ҳатмии химиявӣ, ташкили одитарин таҷҳизоти лабораторӣ аз фанҳои химияи ғайриорганикӣ, таҳлилӣ, органикӣ ва физикӣ маҳз дар давраи мудирии Новиков А.И. ба роҳ монда шудааст. Аз сабаби он ки Новиков А.И. хатмкардаи факултети химияи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов (ҳоло Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург) буд, ҳамаи мавод ва барномаҳои таълимиро аз донишгоҳи номбаршуда, ки дар он замон таърихи 231 сол дошт, овардааст. Гуфтан мумкин аст, ки таҳкурсии асосии факултети химияи донишгоҳ, яъне ҳамаи маводи таълимӣ, китобҳои дарсӣ, адабиёти илмиву таълимӣ, барномаву нақшаҳои таълимӣ аз фанни химия маҳз дар давраи роҳбарии дотсент Новиков А.И. (мудири кафедра 1955-1957, мудири шуъба 1957-1959 ва декани факултет 1960-1961) аз Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов оварда шудааст.

Соли 1963 дар факултети химияи УДТ ба номи Ленин кафедраи химияи таҳлилӣ ва радиохимия ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро дотсент Новиков А.И. ба ўҳда дошт. Баъдан соли 1965 ин кафедра ба кафедраи химияи таҳлилӣ ва лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии радиохимия тақсим шуд. Бунёдгузори кафедраи мазкур низ н.и.х., дотсент Новиков Александр Иванович буда, солҳои 1965 – 1966 роҳбарии кафедраро ба зимма дошт.

Соли 1965 бо ташаббуси н.и.х., дотсент Новиков Александр Иванович ва фармони Вазорати маорифи халқи РСС Тоҷикистон лабораторияи илмӣ – таҳқиқотии радиохимия (бо 13 штат) ташкил карда шуд, ки кормандонаш асосан аввалин хатмкунандагон ва донишҷўёни курсҳои болоии факултети химияи УДТ ба номи В.И. Ленин буданд. Ҳамзамон бо ташкил намудани лабораторияи на он қадар калон барои таъсис додани лабараторияи проблемавии радиохимия ҳуҷҷатҳо тайёр карда шуданд.

Бо қарори (Кумитати давлатии оид ба илм ва техникаи СССР) (КДИТ СССР) ва Шўрои Вазирони РСС Тоҷикистон бо дастгирии Кумитаи давлатӣ оид бо истифодаи энергияи атомии СССР, Шўрои илмии химияи таҳлилии АИ СССР ва Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси СССР аз 15 июли соли 1965 лабораторияи проблемавии радиохимияи элементҳои нодир ва пароканда таҳти роҳбарии дотсент А.И. Новиков (штат 28 воҳид, буҷети давлатӣ –100 ҳаз. рубл дар як сол) таъсис дода шуд.

Дар назди лаборатория вазифаҳои зерин гузошта шуда буданд (супориши КДИТ СССР):

– Омўзиши ҳосилшавӣ, сохт ва хусусиятҳои пайвастаҳои бадҳалшавандаи навъи гидроксидҳо ва намакҳои асосӣ;

– Омўзиши таҳшиншавӣ ва якҷоятаҳшинкунии миқдори хурдтарини элементҳо бо гидроксидҳо ва намакҳои асосӣ бо мақсади коркарди усулҳои консентронидан, ҷудокунӣ ва тозакунии амиқи моддаҳо.

Қарор ва фармон оид ба ташкили лабораторияи проблемавии радиохимия иҷрои як қатор корҳои муҳимро ҷиҳати таъмини таҷҳизотҳои махсуси лабораторӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳо бо моддаҳои радиоактивӣ мувофиқи талаботҳои техникаи бехатарӣ (сохтани системаҳои махсуси ҳавокашӣ, обтаъминкунӣ, канализатсия, таъминоти барқ, сингализатсияҳои махсус, руйпўшкунии фарш бо пластикатҳо, сохтани воситаҳои назоратӣ, муҳофизат аз радиатсия ва дигар корҳо), ҷиҳозонидани лаборатория бо таҷҳизотҳои замонавӣ, реактивҳо, изотопҳо, маводҳо, зарфҳои химиявӣ ва бисёр дигар воситаҳои маводӣ-техникиро талаб менамуд.

Дар қатори корҳои номбаршуда яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим барои ҳалли бомуваффақияти масъалаҳои гузошташуда тайёр кардани мутахассисони дараҷаи баландихтисос ба шумор мерафт. Барои ҳамин, як гурўҳи хатмкунандаҳони факултети химия, ки ҳанўз аз давраи донишҷўияшон дар лабораторияи номбурда фаъолият менамуданд, таҳти роҳбарии А.И. Новиков ба аспирантура фаро гирифта шуданд. Ба як қатор кормандони кафедра ва лаборатория, ки дар ҳалли супоришҳои мавзўи илмии лаборатория саҳми назаррас доштанд, мавзўъҳои диссертатсионӣ пешниҳод карда шуданд. Сар карда аз соли 1967 таҳти роҳбарии дотсент А.И. Новиков якчанд нафар рисолаҳои илмии худро тайёр ва ҳимоя намуданд: Т.А. Рыбалко, Б.О. Ҳамидов, И.А. Старовойт, Л.Н. Гордеева, Л.С. Веселаго, Л.А. Егорова, С.Р. Рустамов, Н.В. Копилова, Л.К. Гончарова, В.И. Рузанкин. Дар лабораторияи радиохимия корҳои курсӣ ва дипломӣ бомуваффақият аз тарафи зиёда аз 100 хамткунанда иҷро ва ҳимоя шудааст.

Соли 1981 дар натиҷаи муттаҳид намудани лабораторияи радиохимияи татбиқӣ ва лабораторияи проблемавии радиохимияи элементҳои нодир ва пароканда шуъба бо номи «Радиохимияи элементҳои нодир ва парешон» ташкил карда шуд, ки мудираш аз он сол то соли 2008 н.и.х., дотсент Ҳомидов Б.О. буд. Баъди мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорат ва нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ мутахассисони варзида намерасиданд. Аз ин сабаб, дар асоси фармони Ректори донишгоҳ таҳти № 239-9 дар моҳи июли соли 1994 дар пояи шуъбаи радиохимияи элементҳои нодир ва парешон кафедраи химияи татбиқӣ ва радионуклидҳо таъсис дода шуд. Таҳқиқоти шуъба ва кафедра ба ҳалли ду мушкилот: радиохимияи умумӣ ва радиохимияи татбиқӣ бахшида шуда буд.

Дар муддати фаъолияти лабораторияи «Проблемавии радиохимияи элементҳои нодир ва пароканда» зиёда аз 12 номзади илми химия тайёр карда шудааст.

Дар вобастагӣ бо ин, сорбсияи аксарият элементҳои системаи даврӣ (зиёда аз 80) бо сорбентҳои ғайриорганикӣ – гидроксидҳо ва оксидҳои оҳан, манган, сирконий, магний, титан, алюминий, силитсий, қалъагӣ ва ғ., омўхта шуданд. Сорбсия маводҳои зерин муфассал омўхта шудаанд: маводҳои технологияи ядроӣ – уран, плутоний, торий, нептуний, америтсий; маҳсули тақсимшавии ядроӣ – радионуклидҳои стронсий, иттрий, сезий, барий, лантан, серий, прометий, сирконий, ниобий, рутейний, родий, палладий, молибден, ва дигар элементҳо; маводҳои конструксионӣ – оҳан, манган, ванадий, хром, кобалт ва дигар элементҳои нодиру пароканда – бериллий, рубидий, сезий, галлий, индий, таллий, гафний, германий, ванадий, ниобий, тантал, волфрам, рений, нуқра, тилло, осмий, иридий, платина, аналогҳои имконпазири элементҳои ниҳоят вазнин – симоб, сурб, висмут, полоний ва ғ. Элементҳои номбаршуда компонентҳои маводҳои техникаи муосир ва объектҳои сершумори табиӣ буда метавонанд.

Файзуллозода Э.Ф.-н.и.х., дотсент, декани факултети химияи ДМТ