ИҶРОИШИ СТРАТЕГИЯҲО ДАР ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯИ ДМТ

17

Дар ҳошияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ва амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нишасти мазкур дар доираи баргузории нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ ва факултетӣ роҳандозӣ гардид, ки дар кори он устодони факултети ҳуқуқшиносӣ Одиназода Убайдулло, Қурбонзода Муҳаммад ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Шаҳробиддинов Нуриддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Файзуллозода Э.Ф. оғоз шуд. Қайд карда шуд, ки ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд. Коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба шумор рафта, ба амнияти миллии давлатҳо халал ворид намуда, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳоро коста мегардонад.

Философи англис Томас Гоббс қайд намудааст: «Коррупсия решаест, ки он дар ҳама давру замон ва ҳар лаҳзаи майлу дилкашолӣ боиси пайдо шудани нафрат ба тамоми қонунҳо мегардад».

Аз ин лиҳоз, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади пешгирии сабаб ва омилҳои коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 дар Мексика дар конференсияи сиёсии сатҳи олӣ Конвенсия қабул намуд ва бо ташаббуси СММ рӯзи 9-уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (International Day Against Corruption) эълон гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расид, ки дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Сипас аз ҷониби баромадкунандагон атрофи мавзуи нишаст суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо иқдоми сиёсии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда таъсис дода шуд.

Дар ин ҷода баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, таҳти №34 бори аввал Барномаи зиддикоррупсионии давлатӣ “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ба тасвиб расида, баъди ба охир расидани муҳлати амали он, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, таҳти №1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қабул гардид.

Дар илова ба санадҳои номбурда, инчунин бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Инчунин доир ба «Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, устод Шаҳробиддинов Нуриддин қайд намуд, ки дар марҳилаи нави рушди ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳиму умдаи рӯз ин тақвият бахшидани ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ аст ва ин амалҳои созанда рисолати аввалиндараҷаи ҳар як сокини сарбаланду садоқатпешаи Тоҷикистони азиз мебошад. Мутаассифона, дар роҳи чунин амалҳои созанда ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакати азизамон мушкилиҳои муайян мавҷуданд. Аз он ҷумла дар шароити муосир мубориза ба муқобили чунин падидаҳои ифротӣ ба монанди тероризм ва экстремизм ба зарурати воқеӣ табдил ёфтааст. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушикилот, ихтилофу зиддиятҳост, афзудан ва густариши экстремизм ва тероризм ва инчунин дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо дар сатҳи ниҳоят ҷиддӣ ҷой дорад, ва ҳар яки мо бояд дар оянда кӯшиш намоем то ин, ки барои имрӯзу фардои миллатамон ҳамаи ҳолатҳои ба тероризм ва экстремизм тааллуқ доштаро пешгирӣ намоем.

Бахши тарбияи факултети химияи ДМТ