КОРРУПСИЯ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

8

Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар баробари экстремизму терроризм барои ҷомеа бениҳоят хавфноканд ва барои татбиқи орзую ормонҳои ватандӯстонаю некбинона баҳри рушди кишвар монеа эҷод менамоянд.

Коррупсия дар миқёси ҷаҳон ҳамчун ҷинояти вазнин ба шумор рафта, ба амнияти миллии давлатҳо халал ворид намуда, рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии онҳоро коста мегардонад.

Философи англис Томас Гоббс қайд намудааст: «Коррупсия решаест, ки он дар ҳама давру замон ва ҳар лаҳзаи майлу дилкашолӣ боиси пайдо шудани нафрат ба тамоми қонунҳо мегардад».

Аз ин лиҳоз, Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади пешгирии сабаб ва омилҳои коррупсионӣ 31 октябри соли 2003 дар Мексика дар конференсияи сиёсии сатҳи олӣ Конвенсия қабул намуд ва бо ташаббуси СММ рӯзи 9-уми декабр рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия (International Day Against Corruption) эълон гардид. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябри соли 2006 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба имзо расид, ки дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими ҳуқуқӣ ба шумор меравад.

Албатта, мақсади ҳар як давлату ҷомеа ва роҳбарияти олии он ташкилу таъмини ҳаёти осудаву оромонаи миллат аст. Аммо барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан, монеаҳои зиёдеро паси сар бояд кард, ки барои бартараф кардани онҳо кӯшишҳои дастаҷамъонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст.

Бо мақсади тақвият додани мубориза бар зидди коррупсия дар кишвар 03.08.2021, таҳти №222 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардид. Дар ҳамин радиф дар Вазорати маориф ва илми ҶТ «Барномаи зиддикоррупсионии Вазорати маориф барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои зиддикоррупсионии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва зерсохторҳои он тасдиқ гардида, мавриди амал қарор гирифтааст.

Соҳаи маориф калонтарин соҳаи иҷтимоии кишвар ба шумор рафта, тарбиятгари ҷомеа мебошад ва омили асосии бақою пояндагӣ ва ташаккули ҳар миллату давлат аст.

Хушбахтона, яке аз омилҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар соҳаи маорифи кишвар – ин фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар он ба таври марказонидашуда имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешаванд. Дар ин марказ ба тариқи квота қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷ аз кишвар баргузор мегардад. Олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ низ тавассути ин марказ сурат мегиранд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки имтиҳонҳои қабул ба муассисаҳои олии кишвар ва хориҷи ҷумҳурӣ, инчунин олимпиадаҳо байни мактаббачагон шаффоф гузаранд.

Довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ интихоби васеи касбро доранд ва метавонад бо донишу малакаи худ донишҷӯи макотибҳои олии ҶТ гарданд, ки ин боиси хушнудист ва шукргузорӣ аз давлату давлатдорист.

Ин гуфтаҳо шаҳодати онро медиҳанд, ки мубориза бо коррупсия аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ берун нест.

Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби васеи иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони муассисаҳои давлатии кишвар пайваста вохӯрӣ баргузор менамоянд. Мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он ба шумор меравад.

Дар яке аз паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ гуфтааст: «Мушкилоти дигаре, ки рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишварро халадор намуда, боиси нигаронии шаҳрвандон шудааст, содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ мебошад. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад».

Албатта, коррупсия мушкилоти умумиҷаҳонӣ аст ва Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Аз ин рӯ, самаранокии барҳам задани ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар ва муқовимат бо коррупсия аз муборизаи якҷояи давлату ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад.

Файзуллозода Э.Ф., декани факултети химияи ДМТ