ТАҲҚИҚОТИ НАВ ДАР САМТИ ОМӮЗИШИ ПАЙВАСТАҲОИ КОМПЛЕКСӢ

30

Имрӯз (17.09.2025) дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Пайвастаҳои комплексӣ ва ҷанбаҳои истифодаи онҳо» баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва марказҳои илмии дохиливу хориҷи кишвар ширкат варзиданд.

Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини ректори ДМТ оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. оғоз ёфт. Профессор Сафармамадзода С.М. дар баромади худ аҳаммияти баланди илмҳои кимиё ва татбиқи пайвастаҳои комплексиро дар самтҳои гуногуни ҳаёт ва саноат таъкид карданд. Ӯ иброз намуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо барои густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи олимон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки ҳадафи асосии конференсия муҳокимаи навтарин дастовардҳо дар соҳаи химияи пайвастаҳои комплексӣ, муаррифии натиҷаҳои пажӯҳишҳои илмии муосир ва баррасии ҷанбаҳои амалӣ ва татбиқшавандаи ин навъи пайвастагиҳо буд. Дар доираи конференсия аз ҷониби олимону мутахассисон масъалаҳои мубрами соҳа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Бахши аввали конференсия бо натиҷагирии муҳимми илмӣ ва тавсияҳои амалӣ барои минбаъд тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди тадқиқот дар самти химияи пайвастаҳои комплексӣ анҷом ёфт.