ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН – ОМИЛИ ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

4

Имрӯз 18.09.2025 дар доираи силсила мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар соли хониши 2025 – 2026 бо усули “Курс ба курс” ва “Факулта ба факулта” бо курсҳои 1,2,3,4 – и факултетҳои Дорусозӣ, Химия, Тиббӣ, Физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раёсати кор бо ҷавонони ва варзиши шаҳри Душанбе, намояндагони Дастгоҳи марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва шӯъбаи кор бо ҷавонони ДМТ баргузор гардид.