ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

9

Имрӯз (10.09.2025) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ сарпарасти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонзода Далер, декани факултети химия Файзуллозода Э., мудири шуъбаи тарбия, дотсент Саидов Ҳ., муовини декан оид ба тарбия Гулов А. ширкат варзида, бо андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои дигари амниятӣ суханронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки мубориза бо ин хатарҳо бояд на танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, балки бо саҳми фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ сурат гирад.

Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳ судманд буданд. Ин ҳам бошад, масъалаҳои таълиму тарбия, иҷрои бечунучарои талаботҳои ҷойдоштаи Донишгоҳ, таҳсили самаранок, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, эҳтироми бузургсолон, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам буданд.

Таъкид шуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар раванди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва муқовимати муассир бо терроризму экстремизм аҳаммияти бузург доранд.