ВОХӮРИИ ТАРБИЯВИЮ МАЪРИФАТӢ ДАР МАВЗУИ МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

8

Дар факултети химия вохӯрии судманди донишҷӯён бо иштироки намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мушовири ҳуқуқии Донишгоҳ Ҳакимов Ёқуб, дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафа Саидзода Далер, муовини декан оид ба тарбия Гулов А.А., устодон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Нишаст дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025 роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва ташаккули шуури зидди ифротгароӣ миёни ҷавонон буд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз, аз ҷумла хатари терроризм ва экстремизм, аҳамияти риояи қонун, нақши ҷавонон дар таҳкими сулҳу субот ва муқовимат бо хатарҳои замони муосир суханронӣ намудаанд. Зикр гардид, ки мубориза бо падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ вазифаи танҳо сохторҳои давлатӣ набуда, балки талоши ҳамагонӣ ва иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрванди кишварро талаб менамояд.