(бахшида ба 1160 солагии мутафаккири тоҷик Закариёи Розӣ)
Ягона роҳе, ки ҷавонон миллатро пеш мебаранд, ин дониши хуби онҳост. Тарбияи ҷавонон аз муҳит ва шароити ҷамъият вобастагии зич дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи ибни Яҳёи Розӣ (865 – 925) – олими энсиклопедисти барҷаста, кимиёгар, файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон ва табиатшиноси машҳури асрҳои VIII-IX-и форсу тоҷик ба шумор меравад. Розӣ аз овони ҷавонӣ бо омӯхтани илму адаб ба василаи китобу навиштаҷот, маҳфилҳо ва баҳсу мунозирот дилбастагии махсусе доштааст. Мутафаккир китобҳои зиёде эҷод кардааст. Асарҳои ӯ ва корҳои илмию таҷрибавии ӯро бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума намудаанд. Як қатор олимони Аврупо ба корҳои Закариёи Розӣ баҳои баланд дода, ӯро олим ва донишманди бузург, асосгузори илми кимиё шуморидаанд.
Олими шаҳири тоҷик, яке аз ситораҳои пурҷилои фарҳангу тамаддуни асрҳои VIII-IX Закариёи Розӣ ба ҷавонону наврасон хислатҳои хамидан инсонӣ – иффат, сидқу сафо, покизагии ахлоқ, накукорӣ ва накуном зистанро бо ақоиду афкори муътамади илмӣ баён намудааст.
Закариёи Розӣ тарғиб менамояд, ки инсон фарди ҷамъиятӣ буда, яке ба дигаре вобастаи ҳам моддиву ҳам руҳи дорад. Вай ҳамчун файласуфу ҳаким вазифаи муқаддаси худ мешуморад, ки инсонро ба руҳияи ҷамъиятӣ, иттифокмаидӣ тарбия намояд. Дар ин бобат вазифаи анҷомдодаи аҳли файласуфони гузаштаро хотирнишон намуда, дар фасли нуздаҳум «Тибби руҳонӣ» вазифаи файласуфу ҳакимони муосир ва минбаъдаро ошкор месозад: «Он рафтор ва сирате, ки аҳли фалосифа ва ҳукамо бар он будаанд, ба таври муъҷаз ва дар доираи адолат бо мардум муомила мекарданд. Онҳо аз мардум фазилатро талаб мекарданд ва мардумро худ роҳнамоӣ мепаймуданд. Мардумро ёд медоданд, ки лутфу марҳамат бо якдигарашон дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум кушиш намояд».
Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон ниёзи инсоният ба таълиму тарбия вуҷуд доштааст ва ин эҳтиёҷот ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт.
Закариёи Розӣ дар таърихи илми ҳикмату адаб ва таълиму тарбия ҳамчун назариётчии бемисл вонамуд гардида, асосҳои моддиву маънавии тарбияро муайян намуда, равишҳои такомули ахлоқи хамидаро нишон додааст. Асари муҳиме, ки дар ҳар давру замон баҳри беҳбудии зиндагии ҳар як шахе ҳамчун дастуруламал хидмат намуда, доиратулмаорифи ахлоқи башарият ба шумор меравад, «Тибби рухонӣ» мебошад, ки аз бист фасл иборат аст. Ҳар як фасли он ба як рукни асосӣ ва машҳури халқу рафтори зиндагӣ бахшида шудааст. Дар мақолаи мазкур маҳз он рукне, ки ба таълиму тарбияву илм алоқаанд аст, аҳамият дода шуд.
«Тибби руҳонӣ» на танҳо асари фалсафӣ, тарбиявӣ- ахлоқӣ, балки яке аз осори муҳимми таълиму тарбия буда, дар таърихи илм мавқеи намоёнеро ишғол менамояд. Ҳангоме ки мавзуи асар барои тарбияи инсон муайян карда шудааст, пас, масъалан ошкор намудани муносибатҳои носеҳу пандгир, омӯзгору донишҷӯй ва мураббию атфол дар маркази диққати Закариёи Розӣ меистад. Муаллиф олами инсониро ба ду гурӯҳи бузург — яке гурӯҳи носеҳону омӯзгорон, ки аз ҷиҳати донишу хирад пешдастӣ доранд ва дигар гурӯҳи шогирдону донишҷӯён ва аҳли насиҳатҷуён, ки аз ҷиҳати донишу хирад ва таҷоруби зиндагӣ пояи онҳоро надоранд, тақсим менамояд. Дар натиҷа ҷамъи инсон на танҳо аз ҷиҳати моддӣ, иҷтимоӣ мутеи ҳамдигаранд, балки аз ҷиҳати маънавиёт низ ба якдигар эҳтиёҷманданд. Донишманд тарзу роҳҳои ба камолоти фазилат расидани шахсро нишон дода, пеш аз ҳама қайд мекунад, ки таълиму тарбияи насл вазифаи аввалини одамизод мебошад. Чунин дастуруламали мутафаккир барои мураббию омӯзгорон ҳоло ҳам муфид аст: «Мураббиро лозим аст, ки ба камбудиҳо ва ҳар айбе, ки он шахс дорад, нишон диҳад ва ҳаргиз аз тарбиягир малол нашавад ва ба вай бо назари истеҳзо нигоҳ накарда, безору дилгирии худро нишон надиҳад. Балки баръакс, дар ҳузури он шахсе худро хурсанд нишон диҳад ва ҳарфҳое, ки аз у мешунавад, бо тамкину ҷиддият бишунавад. Он суханон чи хеле, ки набошанд, шунавида, худро масрур зоҳир намояд. Аммо агар ӯро дар ҳолате дид, ки чизеро аз рӯйи хиҷолат аз мураббӣ пинҳон мекунад ва ё дар баёни чизе ё шарҳ додани қабоҳати он чиз азоб мекашаду онро комилан зоҳир карда наметавонад, онгоҳ оқил худро нигарону ғамгин нишон диҳад. Инчунин ӯро воқиф намояд, ки ин чизро аз ӯ интизор набудааст, балки мураббӣ аз у чизеро мехохад, ки ба рӯйи у намудор аст ва онро ба таври саҳеҳ бигуяд ва вайро аз он чиз огоҳ созад». Омӯзгор ҳолатҳои руҳии донишҷӯро ба ҳисоб гирад ва дар олами илми таълиму тарбия ҳамчун санъатвари моҳир рафтор бикунад: «Аммо агар донишҷӯро дар ҳолати дигаре бинад, ки дар баёни чизе хеле муболиға ва тактеъву паст мекунад, дар ҳоле, ки ҳақиқати он ба ин андоза нест, дар чунин маврид ҳам, оқил набояд ғазабнок гардад. Ӯро таъриф кунад, гарчанде вай муболиға карда бошад ҳам, ба ӯ хушнудӣ ва чеҳраи кушод зоҳир намояд. Дар ин ҳолатҳо марди окил, яъне мураббӣ саволҳои нав ба нав гузошта, масъаларо тавзеҳ кунад. Зеро ки табиату ахлоқи носозгор, мумкин аст, пайдо шуда бошад».
Баробари ин мутафаккир таъкид мекунад, ки мураббию омӯзгор аз тамоми чабҳаҳои зиндагии толибилмони худ бохабар бошад. Ингуна ҳолат имконият фароҳам меоварад, ки шогирд пурра ба ихтиёри устод гузашта, ӯро ҳамчун шахси роздону қарини худ шуморад: «Инчунин оқил бояд аз тарбиягири худ бохабар бошад ва бидонад, ки ҳамсояҳо бародарон ва касоне, ки бо ӯ муомила доранд, дар бораи вай чӣ мегуянд ва дар чӣ ҳолате ӯро таърифу дар чӣ ҳолате ӯро наҳ мезананд».
Соҳибэҳтирому баландқадр будани омӯзгоронро яке аз омилҳои асосии таълиму тарбия меҳисобад: «Инчунин, мураббӣ ба шогирд таълим диҳад, ки он гуфтаҳои вай барои у беҳтарини чизҳо ва собиттарини насиҳатҳост, ки ӯ медонад. Чунин таваҷҷуҳи оқил бар вай эҳтирому шукри зиёд аст, ки ингуна шахси оқил уро дарси зиндагӣ меомузад». Закариёи Розӣ дар кори таълиму тарбия саҳлангории чи омӯзгору чи толибилмро наҳ зада менависад: «Оқил бо у сарсариву руякӣ суҳбат накунад. Оқил он шахсро огоҳонад, ки агар ба таълимоти вай саҳлангорӣ намуда, ба чизи баде гирифтор шавад, онгоҳ бидонад, ки вайро хашмгин карда, уро фиреб додааст. Дар натиҷа ба маломати оқил гирифтор гардиданаш воҷиб аст».
Мутафаккир хусусияти анъанавӣ доштани таълиму тарбияро хотиррасон намуда, ишора мекунад, ки ҳар як қавм, халқ унсурҳои таълимӣ бо мурури замон ҳосилшударо дороест, ки омӯзгор дар вақти омӯзонидан ингуна ҳолатҳоро сарфи назар накунад: «Равшан аст, ки дар ин хусус дар байни миллатҳо фарқияту тафовутҳои зиёд ҷо дошта, яке ба дигаре монандӣ надоштанашон имконпазир аст».
Бекназарова Н.С., н.и.х., дотсенти кафедраи химияи ғайриорганикии факултети химияи ДМТ