ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ

11

Ҳифзи пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии об мебошад, на танҳо вазифаи як давлат, балки масъулияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.Мо бояд ба наслҳои оянда табиати поку оби софро мерос гузорем.

Эмомалӣ Раҳмон

Об асту ҳаёт пойдор аст,

Об асту замину кишту кор аст.

Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,

Дар дасти оби файзбор аст.

Об ин неъмати бебаҳо буда, онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шахс мебошад . Инсон тамоми лаҳзаи ҳаёташ бо об зинда аст. Обро инсон барои нӯшидан, пӯхтани хӯрок, шустӯшуи либосҳо, тоза кардани кучаву маҳал истифода мебарад.Мо шукргузорӣ аз он мекунем, ки Тоҷикистони азиз дорои обҳои ширин, табобатӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои ҷаҳон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги об башумор меравад. Аз ҳисоби ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон ҷойи 8-умро мегирад. Дар кишвари азизамон 25 ҳазор дарё ва дарёчаҳо, зиёда 10 ҳазор пиряхҳо ва 1300 кул мавҷуд аст.

Мушкилоти норасои оби тоза, безараргардонӣ ва самаранок истифода бурдани он, инчунин пешгирии хатарҳои марбут ба об, Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор сохт, ки то дар ҳалли масъалаҳо ташаббусҳо нишон диҳад. Бо пешниҳоди сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 54 уми Маҷмааи умумии СММ, оиди эълон намудани соли 2003 Соли байналмилалии “Оби тоза”, ки 1 уми октябри соли 1999 сурат гирифта буд, қадамҳои нахустини Тоҷикистон дар масъалаи об мебошад. Муҳимияти эълон намудани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилали “ Оби тоза”-ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нобаробарӣ дар дастрасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оби тоза арзёбӣ намуданд: “…мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надоранд”.

Пешниҳоди сарвари кишварро дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳид нағз пазируфта, доира ба ҳалли санади ҳуқуқӣ масъалагузорӣ намуданд.

Мушкилоти марбут ба об ба сифати масъалаи муҳими глобалӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи Тоҷикистон, СММ ва дигар давлатҳову ташкилотҳои минтақавию байналмиалалӣ қарор дорад.

Дар ҳақиқат об манбаи хаёт буда, истифодаи оқилонаи он барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳамаи одамон муҳим аст. Маврид зикр аст, ки бо қарори Асамбелияи 55-уми Генералии Созмони Милали Мутаҳид солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об-барои ҳаёт” эълон гардид, ки дар ин кор саҳми Пешвои миллати тоҷикон басо бузург аст.

Дар мувофиқа бо ин даҳсола, бо ибтикори Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-10 июни соли 2010 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии амалиёти “ Об барои ҳаёт” бо иштироки фаъоли 193 кишвари аъзои узви СММ, зиёда аз 60 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ, созмонҳои молиявӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Мувофиқи ҳисоби олимон, имруз ҳаҷми умумии гидросфера 1,5 миллиард км3-ро ташкил медиҳад, вале мутаассифона аз ин миқдор обҳои нушокӣ дар гидросфера 360 ҳазор км3, ё ин ки 25 % рост меояду халос. Дар қитяи Осиё як миллиард, Африка 350 млн , Америкаи Лотинӣ зиёда аз 100 млн нафар аҳолӣ аз норасои оби нушокӣ азият мекашанд. Олимон исбот карданд, ки инсон дар як шабонарӯз 20-25 литр об истеъмол менамояд. Аз ин бар меояд, ки қадру манзалати обро аз ҳама неъматҳои қиматбаҳо болотар монем ва муқаддас шуморем.

Боиси хушҳоли аз он мекунем, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони милали мутаҳид бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатъномаи худро оид ба эълони даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028 қабул намуд. Татбиқи барномаҳои марбут ба об натанхо барои манфиатҳои Тоҷикистон, балки барои мамлакатҳои дуру наздике, ки аз норасои оби тоза дар руйи сайёра танқиси мекашанд, пешниҳод гардиданд.

Мақсади қабули барнома самаранок истифодаи об, дастрасии оқилона ба оби тоза ва таъмини рушди устувории захираҳои обӣ роҳандозӣ шудааст.Дар ҷаҳон беш аз 2 миллиард нафар инсон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надорад. Барои дар амал татбиқ намудани даҳсолаи байналмилалии амал “ Об-барои рушди устувор” 2018-2028 барномаҳои гуногун ташкил ва баррасӣ шудааст.

Зарурияти қабули Қатъномаи мазкур барои ҳалли масъалаи зеррин дар сатҳи ҷаҳон асос мегардад: афзоиши аҳолию раванди шаҳрнишинӣ, биёбоншавӣ, хушксолӣ ва тағйиёроти иқлим, инчунин, набудани имконот барои таъмини истифодаи мақсадноки об ва дар оянда авҷ гирифтани мушкилоти марбут ба набудани дастрасӣ ба оби нӯшокии беҳтар, хизматрасонии асосӣ дар соҳаи нобаробарӣ ба дастрасӣ, офатҳои гидрологӣ.

Татбиқи барномаҳо бо таъқиди он, ки манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоатӣ, гуруснагӣ, бемориҳои сироятие, ки аз истифодаи оби ифлос пайдо мешавад (аз ҷумла мамлакатҳои Африқо) равона карда шудааст.

Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, Тоҷикистон-кишвари ташаббускор, таъсиргузор дар пешбурди ҷаҳони имруза ба обу иқлим эътироф гардида аст. Бо пешниҳоди кишвари азизамон дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Мутаҳид соли 2025-“Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва ҳамчунин 21 марти ҳарсол “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” эълон гардид.

Ҳифзи пиряхҳо барои нигоҳ доштани манбаъҳои асосии захираҳои оби ширин дар сайёра ва таъмини аҳоли қураи замин бо оби тозаи нушокӣ мебошад. Дар даҳсолаи охир то 30 % пиряхҳои Тоҷикистон об шуданд ва ин раванд, мутаассифона, то ҳол давом дорад. Аз ҳамин сабаб обшавии пиряхҳо яке аз масъалаҳои зарурӣ ва нигаронкунанда дар сатҳи сайёра буда ҳангоми пешгири накардани экосистемаи сайёра оқибатҳои манфиро ба бор меорад.

Аз ин лиҳоз, ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи пиряхҳо ва бартараф кардани норасои оби тоза аз суйи ҷомеаи ҷаҳонӣ сари вақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро бо тағйирёбии экосистема ҳушдор намуданд.

Иқдоми Пешвои миллат-сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо, кишварҳои дунёро ба андешидани тадбири судманд ва зарур водор намуданд.

Ҳанӯз соли 2009 дар пойтахти Дания Копенгаген зимни суханронии Сарвари давлат дар конференсияи 15-уми ҷонибҳои Уонвенсияи СММ оид ба тағйиёби иқлим зарурати таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шуд.

Дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Маҷмаи умуми СММ, нақша-чорабиниҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ гардида, барои дар оянда татбиқи он масъалаҳои заруриро матраҳ карданд.

Санаи 14 декабри соли 2022 бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ, соли 2025-ро ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” пешниҳод гардид. Ин ҳама аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон ва аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад. Инчунин , соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфренсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд, ки бозгӯ аз пешсафии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба шумор меравад.

Дар асоси санадҳои қабулшудаи давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба Фонди эътимоди ҳифзи пиряхҳо бо ходимони Дабири кулли СММ ва ниҳодҳои дахлдори ин созмон даъват ба амал оварда шудааст. Мақсади асосии Фонд, ҷалби дастгирии давлатҳо аз ҳолатҳои фавқулодда дар руйи сайёраи Замин пешбини шуда аст.

Ҷомеаи ҷахонӣ санадҳои зиёди таърихию байналмилалӣ вобаста ба соҳаҳои гуногун доро мебошад, вале бояд қазоват кард, ки бо ҷонибдории 193 кишвари ҷаҳон, эътироф гардидани рӯзи алоҳидаи ҷаҳонии пиряхҳо ва ин ҳам бо ташаббуси як давлате, ки на узви шурои амнияти СММ асту на дорои захираҳои маблағгузорӣ, молӣ ва дигар зарфиятҳои фишороварӣ, воқеан кори саҳл нест. Ин эътироф дар воқеъ эътирофи нуфӯзи байналмилалӣ ва эътибори баланди сиёсии Пешвои тоҷикон ба шумор меравад. Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳифзи пиряхҳои сайёра ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ шоистаи таҳсин аст.

Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки об дар ҳаёти инсон мавқеи аввалиндараҷа дорад. Он натанҳо сарчашмаи ҳаёт, балки асоси рушди ҷомеа, иқтисод ва муҳити зист мебошад. Мо бояд нисбати об ҳисси баланди масъулият ва маърифати экологӣ дошта бошем. Обро ҳифз кунем, онро ифлос накунем ва ба фарзандонамон ҳамчун як ганҷи нодир мерос гузорем.

Зеро об- ҳаёт, об-покӣ, об-ҳасти инсон ва табиат аст.

Об зиндагист…

Об мисли инсон эҳсос дорад,

Шод мешавад, вақте онро ҳифз мекунӣ,

Нолиш мекунад, вақте ифлосаш месозӣ.

Агар ба об гӯш диҳӣ,

Садои шиканандаи табиатро мешунавӣ.

Он бо сангҳо суҳбат мекунад,

Дар дили пиряхҳо розҳо нигоҳ медорад.

Об мисли акши модар софу беолоиш аст,

Мисли нафаси кудак поку самимист.

Он метавонад ҳама чизро шуяд,

Ҷуз беэтиҳтиёти моро.

Расулзода Ф.Ю., Аловуддинова Ш.А., унвонҷӯёни кафедраи усули таълими химияи факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон