Либоси миллӣ як рукни миллат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаву фарҳанги миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси зебоипарастӣ дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксияи “Тоҷикона мепӯшем!” баргузор гардид.
Аксияи мазкур ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, инчунин, тарғиби либоси миллӣ ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ роҳандозӣ карда шуд. Аксияҳои мазкур миёни ҷавонон муҳим буда, дар ҳифзи расму оин, анъанаву сунатҳои ниёгон ва ҳифзи фарҳанги миллиамон мусоидат менамояд. Дар аксияи мазкур кормандон,омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд. Ҳадаф аз баргузории аксия баланд бардоштани фарҳанги либоспӯшии занону бонувон ва аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ миёни ҷавонону наврасон маънидод карда шуд.