Модар! -Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар маънии бузург ниҳон аст. Модарон фариштаи меҳру муҳаббат буда, дар олам бузургтару муқаддастар аз ӯ дигар ҳеҷ мавҷуде нест. Модар аст, ки ҷони худро дар хатар гузошта моро ҷон ато мекунад ва бо шири сафеду шираи ҷонаш бар камоламон мерасонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургиву беназирии Модарро ситоиш намуда гуфтааст: “Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занҳои босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳар чӣ бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт”.
Ман дар симои Модар шахсеро мебинам, ки барои ҳар як инсони рӯи замин ҳаётро офаридааст. Модар аввалин устоди башарият аст, зеро зан-модар бо шири сафедаш фарзандро ба воя расонида, ба ӯ шеваи роҳ рафтан, ҳарф задан ва одам буданро меомӯзонад. Пуштибоне боэътимодтар аз модар дар тамоми дунё вуҷуд надорад. Танҳо зан-модар аст, ки мисли фариштаи нигаҳбон дар тамоми ҳолатҳо аз фарзанди дилбандаш пуштибнӣ карда, ҳаргиз ӯро танҳо намемонад. Саодату сарфарозии мардум аз тинати поку ҳидояти неки модарон ва заҳмати шоистаи занони сарбаланду нозанини мост. Танҳо зани покгавҳар, нексиришт, ватанпарвар, хушахлоқ ва бомаърифат қодир аст бунёдгари ҷомеаи босаодат бошад.
Воқеаън ҳам зан – модар фариштаи рӯи замин, зеботарин муъҷизаи дунё, қиматтарин дурдонаи бебаҳо, шабчароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ аст. Меҳри беҳамтои Модар ба мисли гармии Хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад. Ишқи поки модар ба монанди чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.
Ҳамин аст, ки дар васфи ин олиҳаи зебоӣ шахсиятҳои барҷаставу номдор ва бузургони илму адаб суханҳову офаридаҳои зиёде эҷод кардаанд, ки дар зер чанде аз онҳоро пешниҳоди хонандагон мегардонем.
«Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд».
Эмомалӣ Раҳмон
«Зан қонуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббат ва дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст».
Иқболи Лоҳурӣ
«Якшаба он ранҷ, ки Модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид».
Амир Хусрави Деҳлавӣ
«Тифлию домони Модар хуш биҳиште будааст, То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем».
Абулқодири Бедил
«Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором мекунад».
Ҳеродот
«Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, Модар аст».
Муҳаммад Ҳиҷозӣ
«Чизе, ки зан дорад ва мардро тасхир мекунад меҳрубонии ӯст, на симои зебояш».
Шекспир
«Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст».
Кант
«Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад».
Наполеон Бонапард
«Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати Модар биёбед».
Балзак
«Ёд овар аз он дасте, ки дар шабҳои кӯдакӣ бо навозишҳояш дардҳои туро таскин дод. Ёд овар аз он диле, ки ба хотири ту захмҳо хӯрд ва боз вафодору вафокор монд. Зонуи худро ба замин гузор ва барои Модарат дуо кун».
Шиллер
«Модар воқеан фариштаи зебои олам аст. Чун мо аз модар сухан мекунем, офаринишро ҳам мадди назар дорем. Бузургон мартабаи занро бисёр баланд нишон додаанд. Аз ҷумла, покии миллат, покии зиндагӣ, покии инсонӣ ба зан рабт дорад. Аз зани боиффату донишманд ва бонангу номус, фарзанди бонангу ватанпарвар ба дунё меояд».
Ҳақназар Ғоиб
«Бузургии падару модар аз он иборат аст, ки ҷисмонияти фарзандро ба вуҷуд меорад. Бузургии устод аз он иборат аст, ки маънавиёти ӯро рушду такомул медиҳад».
Муҳаммад Юсуфи Истарабо
«Модар ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқддастарин мавҷудоти ҷаҳон аст».
Кулриҷ
«Бе офтоб гулҳо намешукуфанд, бе муҳаббат хушбахтӣ нест, бе зан ишқ нест, бе модар шоир нест, қаҳрамон ҳам нест. Тамоми ифтихори дунё аз модарон аст».
Максим Горкий
«Модар нафарест, ки зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад. Модар калимаест муқаддас ва мафҳумест чун ин дунё беоғозу беанҷом. Ҳеҷ кас дар зиндагӣ наметавонад муҳаббате амиқтар, самимитар ва воқеитар аз муҳаббати Модари хеш дарёбад».
Оноре де Балзак
«Қалби модар зеботарин ва ҷовидонатарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзанд сафед шуда бошад».
Стафр
«Аз Модар маҳбубтар касе нест».
Расул Ғамзатов
«Мо апаву хоҳар, ҳамсар ва духтарамонро дӯст медорем, аммо дар вақти дардкашидан Модар гӯён фарёд мезанем! Чаро?!».
Н. Некрасов
«Зи гетӣ ҳама панди модар никош,
Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.
Шабу рӯз чун ҷон киромиш дор,
Ки чу ҷон бипарвардаат андар канор».
Абулқосим Фирдавсӣ
«Сар зи Модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи Модарон бошад!».
Абдураҳмони Ҷомӣ
«Модарон зебоии рӯзгору хонадони мо ҳастанд; меҳрубонӣ, тозагӣ, ишқ, муҳаббат ва зан — модар бо ҳам ҳамрадифанд. Месазад, ки ин ҳамаро қадр кард».
Ҷорҷ Ҳорберт
«Тасхири як кишвари бузург аз тасхири қалби кӯчаки зан осонтар аст».
Наполеон
«Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад. Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақомоти баланд расидааст, яқинан зани покдомане моро ҳамраҳӣ кардааст».
Шиллер
«Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад».
Ҳервед
«Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест».
Сибунд
«Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш ғамангез аст».
П. Бауст
«Зан беҳтарин ва охирин тӯҳфаи осмонӣ аст».
Ҷон Милун
«Зан ҳамчу гулест, ки бо каме беэътиноӣ пажмурда мегардад ва бо андак лутф мешукуфад».
Ломартин
«Зан мавҷуде беназир аст. Дар ӯ иффати духтарона, фидогии ба дӯст хос ва ҷасорати Модар муҷассам аст».
Н.А. Некрасов
«Касе, ки ёри вафодори меҳрубон дорад, Саодати абаду умри ҷовидон дорад»
.Амир Хусрави Деҳлавӣ
«Зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст». (Ҳадис)
«Зан чу гулест, ки манзилро хушбӯй мекунад ва чун машъалест, ки хонаро равшан нигоҳ медорад».
Ҳолдеб
«Зану мард ду садои хушеанд,ки бе онҳо торҳои дили инсон рӯҳнавоз нест».
Ҷ. Маздонӣ
«Назокати хоси занона ба мардони некдил ҳамеша болу пар мебахшад».
Д. Роллан
«Зан гирифтан осон аст, вале зандор будан душвор».
Мигел де Унамуно
«Хоксорӣ он чизест, ки занҳоро зебо мегардонад».
Лопе де Вега
Зан, ки моро дӯст дошт, ҳама гуна хатоҳоямонро мебахшад.
Балзак
Зан на танҳо бо дидан хуш карда мешавад, аз чашм дида, зиёдтар бо гӯшат хуш кун.
Томас Фюлер
Таҳияи Раҷабов Ш.Х. – муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети химияи ДМТ