ТЕХНОЛОГИЯИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ ДАР ИЛМИ КИМИЁ

19

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди илм, технология ва иқтисоди рақамӣ, солҳои 2025-2030-ро солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ эълон намуданд. Ин ташаббус на танҳо аҳамияти иқтисоди рақамиро ҳамчун заминаи рушди устувор ва рақобатпазирии миллӣ нишон медиҳад, балки ба тавсеаи татбиқи технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ дар тамоми бахшҳои иқтисод ва илм, аз ҷумла илмҳои кимиёӣ, мусоидат мекунад.

Илми кимиё, ки яке аз соҳаҳои калидии илмҳои дақиқ маҳсуб мешавад, метавонад бо истифодаи технологияи рақамӣ ва инноватсионӣ бештар рушд ёбад. Дар замони муосир технологияҳои рақамӣ ба рушди таҳқиқот ва истеҳсолоти кимиёӣ мусоидат мекунанд.

Технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ яке аз муҳимтарин омилҳои таҳаввулоти илми кимиё дар асри XXI мебошанд. Онҳо на танҳо равандҳои таҳқиқотӣ ва истеҳсолиро тағйир медиҳанд, балки усулҳои нави ҳалли мушкилоти илмӣ ва амалро пешниҳод мекунанд.

Истифодаи технологияҳои рақамӣ, аз қабили симулятсияҳо ва моделсозии компютерӣ, ба муҳаққиқон имкон медиҳад, ки равандҳои кимиёиро дар муҳити рақамӣ пешгӯӣ ва таҳлил кунанд. Бо истифода аз нармафзорҳои махсус, кимиёгарон метавонанд хосиятҳои моддаҳоро пеш аз истеҳсол дар лаборатория ва корхонаҳои кимиёӣ дар муҳити рақамӣ таҳқиқ намоянд. Ин равандҳо вақт ва хароҷоти анҷоми таҳқиқоти лабораториро коҳиш дода, натиҷаҳои дақиқтарро таъмин менамоянд.

Бо нармафзорҳои моделсозӣ, мисли Gaussian, мумкин аст реаксияҳои мураккабро пеш аз озмоишҳои воқеӣ таҳлил кард. Симулятсияҳои динамикии молекулӣ барои омӯзиши сохтор ва хосиятҳои моддаҳо истифода мешаванд. Технологияҳои рақамӣ, аз қабили автоматизатсия ва робототехника, истеҳсолоти кимиёиро ба сатҳи нави самаранокӣ мебароранд. Роботҳои интеллектуалӣ метавонанд равандҳои мураккаби синтез ва таҳлилро иҷро кунанд, ки боиси кам кардани хатоиҳо ва афзоиши суръати истеҳсол мешавад.

Ҳамин ҳолат ҷиҳати истеҳсоли маводи доруворӣ бо истифодаи таҷҳизоти интеллектуалӣ ва ҳосил намудани моддаҳои нав бо камтар кардани партовҳо ва сарфаи энергия имконпазир аст.

Илми кимиё яке аз соҳаҳоест, ки дар он маълумотҳои зиёд аз таҷрибаҳо ҷамъоварӣ мешаванд. Бо истифода аз таҳлили маълумотҳои бузург (Big Data), муҳаққиқон метавонанд тамоюлҳоро дар маълумот муайян ва хусусиятҳои моддаҳои навро пешгӯӣ кунанд, далелҳои оморӣ барои тасдиқи натиҷаҳои таҳқиқотӣ таҳия намоянд. Масалан, таҳлили маълумотҳои бузург барои дарёфти пайвастаҳои нави мавриди истифодаи мақсаднок мусоидат мекунад.

Истифодаи технологияи рақамӣ дар таҳқиқоти нанокимиё ба таҳияи маводи инноватсионӣ, аз ҷумла наноқабатҳои функсионалӣ, наносенсорҳо ва нанокатализаторҳо мусоидат менамояд. Наноматериалҳо хосиятҳои физикӣ ва кимиёии беназир доранд, ки барои истифода дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла энергетика ва экология, муҳиманд. Технологияҳои рақамӣ барои таҳияи структураҳои молекулӣ бо дақиқии хеле баланд кӯмак мерасонад.

Технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ ба рушди “кимиёи сабз” ёрӣ мерасонанд. Ин раванд ба коҳиш додани ҳаҷми партовҳои зараровар, истифодаи манбаъҳои барқароршаванда ва таҳияи равандҳои истеҳсолии аз ҷиҳати экологӣ безарар мусоидат мекунад. Истифодаи каталитикҳои рақамӣ барои мӯътадилгардонии равандҳои саноатӣ ва таҳияи маводе, ки ба муҳити зист таъсири кам доранд, равона гардидааст.

Технологияҳои рақамӣ ба муҳаққиқони соҳаи кимиё имконият медиҳанд, ки дар муҳитҳои рақамии глобалӣ ҳамкорӣ кунанд. Платформаҳои рақамӣ, аз қабили пойгоҳҳои маълумотӣ ва нармафзорҳои мубодилаи маълумот дастрасӣ ба захираҳои илмиро васеъ мекунанд. Бо истифодаи технологияи рақамӣ ва таҳлили маълумот, муҳаққиқон метавонанд доруҳои фардӣ барои шахсони алоҳида таҳия кунанд. Ин раванд, ки ҳамчун дорусозии дақиқ (precision medicine) шинохта мешавад, ба рушди соҳаи кимиёи дорусозӣ мусоидат мекунад.

Саноати химия торафт бештар барои кам кардани сарфи энергия, миқдори газҳо ва ҳаҷми партовҳо диққат медиҳад. Рушди устуворро бе технологияҳои рақамӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, ки истеъмоли энергия, миқдори газҳо ва партовҳоро коҳиш хоҳад дод. Технологияи рақамӣ на танҳо самаранокиро баланд мебардорад, балки инчунин барои самаранок фаъолият кардан ва ҷалби кадрҳои соҳибихтисос мусоидат мекунад.

Имрӯзҳо нишондиҳандаҳое, ки ба ифодаи пулӣ алоқаманд нестанд, фаъолона ҷорӣ карда мешаванд. Аз ҳама маъмултарини онҳо миқдори гази карбонат (СО2) дар натиҷаи истеҳсолот мебошад. Технологияҳои рақамӣ назорати ин нишондиҳандаҳоро осонтар мекунанд ва равандро возеҳ ифода менамояд. Дигар нишондиҳандаҳои кор, аз чумла, риояи шартҳои техникӣ ва сифати маҳсулот низ хеле муҳиманд. Агар технология ба беҳтар шудани сифати маҳсулот ёрӣ расонад, инчунин ба кам шудани исрофкорӣ ва баланд бардоштани самаранокй мусоидат мекунад.

Самараноктар кардани истеҳсолотро тавассути истифодаи асбобҳои банақшагирии истеҳсолот ба даст овардан мумкин аст, ки дар ҳар як марҳила миқдори камбудиҳоро кам мекунанд. Воситаҳои банақшагирӣ барои муайян кардани кай ва чӣ гуна истеҳсол кардани маҳсулот дар асоси талаботи истеъмолкунандагон кӯмак менамояд. Инчунин воситаҳои хуби идоракунии коркарди такрорӣ мавҷуданд, ки мушкилоти коркарди бемайлонро ҳал мекунанд.

Илова бар ин, технологияҳои пешрафта метавонанд барои муқоисаи нишондиҳандаҳои партовҳо бо марҳилаҳои раванд истифода шаванд. Масалан, моделсозии рақамӣ барои ба низом даровардани маълумот оид ба ҳар як раванд ва интихоби варианти беҳтарин кӯмак мекунад. Дар истеҳсолоти мавҷуда, қарорҳои рақамӣ метавонанд партовҳо ва ҳаҷми истеҳсолро дақиқ пайгирӣ кунанд. Ин корро дастӣ ба ҷо овардан мумкин нест, зеро бисёр равандҳои мураккабро ба назар гирифтан ва танзим кардан лозим аст. Дар ҳамин ҳол, афзорҳои пешрафтаи рақамӣ ба кормандон имкон медиҳанд, ки таъсири ҳар як тағиротро арзёбӣ кунанд ва чӣ гуна беҳтар кардани онро муайян намоянд.

Ташхиси пешгӯӣ на танҳо як навоварии рақамӣ аст, балки ки самаранокии корхонаи кимиёиро беҳтар мекунад. Он инчунин ба фоидаи истеҳсолкунанда мустақиман таъсир мерасонад, бекористии таҷҳизотро коҳиш медиҳад ва имкон медиҳад, ки дар сатҳи баландтарин кор кунад. Ба ин маъно, нармафзори таҳлили эътимоднокӣ дар нигоҳдорӣ ҳатмист. Дар асоси маълумоти баландтарини иҷроиш, он ба истеҳсолкунанда кӯмак мекунад, ки таҷҳизоти худро то ҳадди имкон самаранок истифода барад ва аз вайроншавӣ ва нокомӣ пешгирӣ кунад. Илова бар ин, ба шарофати ташхиси пешгӯишаванда, имкон пайдо мегардад, ки дар бораи корношоямӣ ё вайроншавии таҷҳизот мутахассисон пешакӣ огоҳ шаванд ва аз ин рӯ, аз ҳолатҳои хатарноке, ки ба бехатарии коргарони корхонаҳои кимиёӣ ва аҳолии маҳаллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад хабардор шаванд ва ин бо технологияе таъмин карда мешавад, ки эътимоднокии протсессҳои истеҳсолотро таъмин мекунанд. Ин ба вазъияти кадрҳо ҳам таъсир мерасонад. Беҳтар кардани бехатарии ҷои кор тавассути истифодаи бемушкилоти таҷҳизот ҷалби кормандонро ба истеҳсолот меафзоёнад.

Технология равандҳои корро такмил медиҳад, яъне кормандон метавонанд масъалаҳоро амиқтар омӯзанд ва аксар вақт ҳатто дар бораи чӣ гуна кор кардани тамоми корхона фаҳмиш пайдо кунанд. Кормандони нав метавонанд бо истифода аз моделиронӣ ба зудӣ дорои касбияти баланд шаванд. Ин барои фаҳмидани равандҳои истеҳсолӣ, дарк кардани масъулияти худ дар ҳолатҳои душвори истеҳсолӣ кумак мерасонад.

Дар баъзе ҳолатҳои истеҳсолӣ мутахассис метавонад ба хатоиҳо роҳ диҳад ва бо истифода аз имкониятҳои технологияи рақамӣ хатоиҳоро бе ягон таъсири манфӣ ба раванди истеҳсолӣ ислоҳ намояд. Мутобиқшавии коргарони навро осон карда, корро ҷолибтар мегардонад. Илова бар ин, нармафзор самаранокии фаъолияти кормандонро афзоиш медиҳад ва идеяи кор дар корхонаи саноатиро комилан тағир медиҳад. Вай корхонаро ба зинаи нави замонавӣ мебарорад ва онро аз душвориҳое, ки мавҷуд буданд, озод мекунад.

Технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ ҳамчун қувваи пешбаранда барои рушди илми кимиё хидмат мекунанд. Онҳо на танҳо равандҳои илмиро самаранок мекунанд, балки ба пайдоиши роҳҳои нави ҳалли мушкилоти экологӣ, истеҳсолот ва тандурустӣ мусоидат менамоянд. Барои истифодаи пурраи потенсиали ин технологияҳо, зарур аст, ки ҳамкории илм, давлат ва бахши хусусӣ таҳким ёбад ва сармоягузорӣ ба таҳқиқоти инноватсионӣ афзоиш дода шавад.

Каримов Р.Қ. – муаллими калони кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ

Суяриён Қ.Ҷ.-дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химияи ДМТ