ШОДБОШӢ

14

Ёров Муродбек Ёрович, номзади илмҳои химия, муаллими калони кафедраи усули таълими химияи факултети химияи ДМТ барои дастовардҳои арзишмандаш дар соҳаи техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар самти адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозӣ, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, техника, технология ва навоварӣ (инноватсия) дар соли 2024 сазовор дониста шуд.

Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ устод Ёров М.Ё.-ро барои мушарраф шудан ба дастоварди арзишманд табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳои шоёнро таманно доранд.

Муаррифнома: Ёров Муродбек Ёрович баъд аз хатми МТМУ №5-и ба номи А.Бедили н. Айнӣ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи рӯзонаи ихтисоси химияи татбиқии факултети химияи ДМТ супорида, соли 2012 Донишгоҳро бо баҳои хубу аъло, бо ихтисоси «Химик. Муҳандис» хатм намуд.

Баъди хатми Донишгоҳ дар кафедраи пайвастаҳои калонмолекулӣ ва технологияи химиявии факултет ба ҳайси лаборанти кафедра (2012-2013), мудири анбори маводҳои химиявӣ (2013-2015), ассистенти кафедраи усули таълими химия (2015-2021), номзади илмҳои химия, муаллими калони кафедраи усули таълими химия (2023 инҷониб), раиси Шурои олимони ҷавони факултети химия (2018-2025), раиси Шурои кураторони факултети химия (2025 инҷониб) фаъолият намуда истодааст.

Аз 01.08.2024 ҳамчун мутахассис дар барномаи ЮНЕСКО ““Таҳкими муносибати босалоҳият ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ” дар раванди таълими фанҳои табиӣ ва риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз химия барои омода намудани китобҳои химия барои Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Ёров М.Ё. соли 2023 диссертатсияи номзадии худро дар мавзуи “Синтез ва табдилоти ҳосилаҳои нави 1,3-диоксоланҳои дорои бақияи фурфурол” бомуваффақият ҳимоя намуда, муаллифи 2 дастури методӣ, зиёда аз 30 мақолаю фишурдаи мақолаҳо, 2 барномаи таълимӣ ва1 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.