ШАШУМИН МАҚОЛАИ СКОПУСӢ ДАР СОЛИ 2024

4
Устодону муҳаққиқони факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шароиту имкониятҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раёсати Донишгоҳ барои таҳсилу таҳқиқ муҳайё намудаанд, мақсаднок истифода менамоянд. Ҳамин аст, ки пайваста кӯшиш мекунанд, ки дар арсаи байналмилалӣ обрӯи илми тоҷик баланд карда шавад.
Шаҳодати гуфтаҳо он аст, ки донишҷӯёну устодони факултет дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалии соҳавӣ ҳамеша иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Чопи китобҳои дарсӣ, монографияҳо ва мақолаҳои илмии муштарак бо олимони хориҷӣ аз ҳадафҳои муҳими дигари факултет дар бахши робитаҳои байналмилаӣ мебошад.
Нашр намудани мақолаҳои илмӣ аз ҷониби устодону муҳаққиқони факултет дар маҷаллаи хазинаи Скопус (Scopus) ба ҳукми анъана даромада, аз арзишмандтарин корҳоест, ки факултет ва донишгоҳ онро истиқбол мегирад.
Инак дар соли 2024, ин шашумин мақолаи илмии устодону муҳаққиқони факултет ҳаст, ки дар маҷаллаи хазинавии Скопус аз чоп баромад.
Муаллифони мақолаи мазкур устодони кафедраи химияи таҳлилӣ, д.и.т., профессор Норова М.Т. ва н.и.т., муаллими калон Идиев И.Ш. мебошанд.
Садорат ва коллективи устодону кормандони факултети химияи ДМТ устодон Норова М.Т. ва Идиев И.Ш. – ро ба ин дастоварди муҳими илимиашон табрику таҳният намуда, ба фаъолияти минбаъдаашон муваффақияту пешравиҳоро таманно доранд.